Чеҳраи барҷастаи сиёсӣ ва динии Тоҷикистон, нақши инқилоби исломии Эронро дар бедории миллатҳои минтақа инкорнопазир донист.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс, дар тавсифи ин рӯйдоди муҳимми сиёсии Эрон гуфт: "Беш аз 30 сол аст, ки кишварҳои минтақа, шоҳиди таҳаввулоти муҳимме таҳти таъсири инқилоби исломии Эрон ҳастанд ба тавре ки дар ҳар як аз рӯйдодҳои муҳимми ин минтақа, метавон нақш ва асари инқилоби исломиро мушоҳида кард”.
... идома »











Нифоқ
хислатест нописанд ва зишт. Мунофиқ, чи диндор бошад ва чи бедин,
манфур аст. Одамиён, замоне осуда ва роҳат хоҳанд зист, ки рӯи замин аз
лавси вуҷуди нифоқу мунофиқ пок гардад. Оре, ҳамон гуна ки диндори
мунофиқ агар ошкоро чеҳраи зишт ва воқеии хешро бармало кунад, мардумон
осуда хоҳанд буд, ҳамин тавр бедини дурӯя, ки ё бадурӯғ хештанро диндор
матраҳ мекунад ва ё касе нишон медиҳад, ки ба дину диндорон эҳтиром қоил
аст, агар аз чеҳраи воқеии хеш парда бардорад ва ошкоро бигӯяд ман
бединам ва ба худою паёмбар коре надорам, бовар кунед одамиён нафаси
роҳат хоҳанд кашид.
Имом Хумайнӣ пеш аз 20 сол гуфта буд, Ҳусни Муборак ҳамохур бо Исроили ҷинояткор аст ва дар роҳи хидмат ба Амрико ва "Исроил”, аз ҳеҷ хиёнате ба миллати худ рӯйгардон нест.





