Солҳо
бояд мегузашт то ин мардуми ситамдида фурсати эътироз алайҳи режими
худкомаи Ҳусни Муборакро пайдо кунанд. Онҳо танҳо дар интизори ҷараққае
буданд, ки битавонанд буғзи чанд даҳаи ахири худро бишкананд ва фарёди
хашми худро бароваранд.
Шиорҳо ва мавҷи шабонарӯзии мардуми Миср дар шаҳрҳои Қоҳира, Искандария ва бисёре аз шаҳрҳои бузурги ин кишвар, нишондиҳандаи норизоятии онҳо аз зимомдорӣ ва ҳукумати Муборак аст.
Ҳоло ин буғз шикаста шуда, мардум ... идома »











"Озодӣ,
маъбуди ман аст! Ба хотири озодӣ, ҳар хатаре бехатар, ҳар зиндоне
раҳоӣ, ҳар ҷиҳоде осудагӣ ва ҳар марге ҳаёт аст...” Ин суханон, суханони
марҳуми дуктур Алии Шариатӣ мебошад, ки ба назар мерасад, касе озодиро
некӯтар ва зеботар аз Шариатӣ баён надошта бошад. Оре, Шариатӣ рост
мегӯяд он ҷо ки мегӯяд, ба хотири озодӣ ҳар марге ҳаёт аст. Одамӣ, то ба
ҷое ба озодӣ алоқаманд аст, ки ҳозир аст барои ба даст овардани он,
ҳама чизи хеш ҳатто ҳаёти худро нисори он кунад.





