Яке аз уламои барҷастаи Арабистони Саудӣ, бо таъкид бар дурӣ аз таассуботи мазҳабӣ, хостори талошҳои сиёсӣ барои ҳалли ихитилофот байни шиъаён ва аҳли суннат шуд.
Ба гузориши хабаргузории Тақриб, Шайх Ойиз ал-Қаранӣ, бо баёни ин матлаб хотирнишон кард: "Уммати исломӣ ниёз ба тасмим ва рӯйкарди сиёсӣ барои поён додан ба бӯҳрон байни шиъа ва суннӣ дорад”.
Вай бо ишора ба нақши манфии бузургон ва уламои мутаассиби мазоҳиб дар барангехтани ихтилофоти мазҳабӣ, изҳор дошт: "Асос ва пояи мушкилот, ношӣ аз таассуби эшон аст, бинобар ин, ҳокимони арабӣ бояд барои таблиғи фарҳанги мӯътадили исломӣ ва таблиғи саҳеҳи исломӣ, бистарҳои муносибро фароҳам созанд”.
Ин олими салафимаслаки арабистонӣ афзуд: "Худованд моро мусалмон хондааст, на суннӣ ё шиъа ё ҳанбалӣ, шофеӣ ва...”
Шайх Ойиз ал-Қаранӣ бо таъкид бар лузуми эҳтиром ба ақоиди мазоҳиби мухталиф, гуфт: "Набояд нисбат ба дидгоҳҳои шиъа ё суннӣ, вориди муноқиша шуд, чун на шиъаён қодиранд ақоиди аҳли суннатро тағйир диҳанд ва на аҳли суннат метавонанд дидгоҳҳои шиъаро иваз кунанд”.