Душанбе, 26.10.2020, 11:01
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Август » 26 » Сериали Юсуфи паёмбар дар ойинаи таърих
Сериали Юсуфи паёмбар дар ойинаи таърих
01:56

Бо пахши мусалсали эронии "Юсуфи паёмбар” аз симо, баҳсҳои мухталифе дар бораи ин маҷмӯаи телевизионӣ ба вуҷуд омад. Бархе мабоҳиси зебоишиносона ва текникии ин сериалро мавриди таҷзияву таҳлил қарор доданд, ва баъзе аз пажӯҳишгарон ва андешамандон ҳам, нисбат ба татбиқи достон бо ривоятҳои исломӣ мабоҳисеро матраҳ карданд, ки ҳамагӣ дар хӯри таваҷҷӯҳ аст.

Ин мақола ҷанбаҳои таърихии ин филмномаро мадди назар қарор медиҳад ва дар мавриди он баҳс мекунад. Ҳадаф аз ин навиштор, баррасии воқеиятҳои таърихии достонест, ки дар ин сериал ба он таъкид шудааст.

Достони аслии ин сериал аз ду бахш падид омадааст: бахши аввал, ки ривояти аслӣ аст ва баромада аз матни Қуръон ва ривоёти исломӣ мебошад ва шахсиятпардозии он бар мабнои ҳамин мутун аст, мисли ҳазрати Яъқуб (а), Юсуф (а), Бинёмин ва дигар бародарон. Бахши дигари филмнома, ки ҳамон замина ва шахсиятпардозии чеҳраҳои фаръист, бар пояи бархе ривоёти Аҳди Атиқ (Таврот) ва ё ёфтаҳои таърихӣ ва ривоёти таърихии Мисри Бостон аст, ки метавон ба шахсиятпардозии коҳинони маъбад, Эхнатон ва ҳамсари ӯ Нефертитӣ, Бону Тия ва дигарон ишора кард. Бахши аввал ба иллати вуҷуди баёни қуръонӣ мақбул буда ва кӯшида шудааст, ки айнисозӣ гардад. Аммо дар бахши дуюм, бо таваҷҷӯҳ ба набуди ривоёти қатъии таърихӣ, ҳатман воқеӣ ва мунтабиқ бо ҳақоиқ нест, (агар чи метавонад бошад).

Достони Юсуф аз достонҳоест, ки бо тафовутҳо ва шабоҳатҳое, дар Қуръони Карим ва Аҳди Атиқ ба он ишора шудааст. Бинобар ин, илова бар мусалмонон, ин воқеа зеҳни масеҳиён ва яҳудиёнро низ ба худ машғул доштааст. Дар ҷараёни иктишофоти бостоншиносии таърихи Миср дар ду садаи ахир, илова бар аҳдофи илмӣ, навъе нигоҳи динӣ низ мадди назар будааст, ки пажӯҳишгарони ғарбӣ дар пайи татбиқи ривоёти Аҳди Атиқ ва кашфиёти худ буданд. Ду ривояти аслӣ, бо меҳварияти сарзамин ва таърихи Миср, дар Аҳди Атиқ ва Қуръони Карим, ривояти ҳазрати Юсуф (а) ва ҳазрати Мӯсо (а) омадааст. Бинобар ин, адабиёти илмии татбиқӣ дар ин замина, дар мутун ва пажӯҳишҳои ғарбӣ ва исломӣ падид омадааст.

Нависандаи ин филмнома низ, барои пардозиш ва тавсиаи шахсиятпардозии достон, аз бархе манобеи таърихии ҷадид баҳра бурдааст. Албатта дар бораи дурустии ривояти интихобшуда, мабоҳисе вуҷуд дорад, ки дар зайл ба он пардохта мешавад. Дар бораи замони ҳаёт ва даъвати ҳазрати Юсуф (а) ду назария вуҷуд дорад:

1−Юсуфи паёмбар ҳамасри Аменхотепи IV ё Эхнатон:

Ин фармонраво дар соли 1380 қабл аз милод, ба ҳукумати Миср расид. Ӯ фарзанди Аменхотепи III ва Бону Тия буд. Вай ойини яктопарастиро бунён ниҳод. Ӯ, ҳамон гуна ки дар муҷассамаи бостонияш дида мешавад, марде бисёр лоғарандом, бо чеҳраи латиф ва ҳассос ва косаи сари дароз ва бадане бисёр заиф будааст. Бино ба гуфтаи Вилям Дюран дар китоби Таърихи тамаддун, ӯ ба маҳзи ин ки ба шоҳӣ расид, сахт ба мухолифат бо дини Омун ва коҳинон пардохт. Ӯ шахсан инсони фозил ва покдоман буд ва ба мухолифат бо айёшиҳои коҳинон ва занони мисрӣ, ки ба номи ҳамсарони Омун дар воқеъ асбоби ишрати коҳинон буданд, пардохт. Ӯ бо пулпарастӣ ва фасоди коҳинони мисрӣ ба шиддат мухолифат кард ва бо камоли шуҷоат эълом кард, ҳамаи худоёни дини Омун паст ва бутпарастона аст ва ҷаҳонро ҷуз Худои Ягонаи Отун нест. Аз осори мактубе, ки аз ӯ ба ҷой мондааст ва дар зайл меояд, ӯ эътиқод дошт худое болотар аз ҳама дар офтоб аст, ки сарчашмаи рӯшанӣ ва зиндагӣ бар рӯи замин аст. Ӯ номи худро аз Аменхотеп (ба маънои дӯстдори Омун) ба Эхнатон (ё Отун розӣ аст) тағйир дод.

Ин фармонравои Миср бар ин бовар буд, ки Отун парвардигори ҳамаи миллатҳо ва ақвом аст. Ӯ дастур дод номи тамоми худоён ғайр аз Отунро аз навиштаҳо ва сохтмонҳои Миср ҳазф кунанд. Муҷассамаҳои худоён нобуд гардад ва фақат аз Отун як нақш бар амокини умумӣ қарор гирад, ки ҳамон нақши хуршед аст. Масъалаи хуршед яке аз масоили печидаест, ки дар заминаи ақидаи Эхнатон вуҷуд дорад. Эхнатон дар шеъри зебое, ки аз рӯзгори бостон бар алвоҳ ва папирусҳо барҷой мондааст, худои Отунро ин гуна тавсиф мекунад:

Ваҳ, ки баромадани ту аз уфуқ чӣ зебост,

Эй Отуни зебо ва эй сарчашмаи зиндагонӣ!

Дар он ҳангом ки аз машриқ тулӯъ мекунӣ,

Саросари заминро бо зебоии худ пур месозӣ.

* * *

Эй Худои ягона, ки ҳеҷ кас қудрати туро надорад!

Ту заминро он чунон ки хостӣ офаридӣ.

Дар он ҳангом худ танҳо будӣ,

Мардум ва ҷонварони бузургу кучак ва ҳар чи бар рӯи замин аст...

Ва сарзамини Миср ва Нилро дар сарзамини суфло ту офаридӣ.

Вай дастур дод, ки дар саросари Миср Отунро бипарастанд ва ӯро худои якто бидонанд, ки холиқ ва ҳофизи ҳамаи мавҷудот аст. Дар бораи эътиқоди Эхнатон ба Отун, ақоиди мухталифе вуҷуд дорад. Агар чи иддае мӯътақиданд вай хуршедпараст будааст, иддае аз пажӯҳишгарон мӯътақиданд, ки хуршед намоде аз худои ӯ ва самбули раҳмати восиаи ӯст.

Ӯ аз шаҳри Тибс (ё Фивы) − пойтахти Миср мутанаффир буд ва онро наҷас медонист, бинобар ин дастур дод мақомоти давлатӣ ва бузургон, ба ҳамроҳи хонаводааш муҳоҷират кунанд ва шаҳри наве ба унвони пойтахт бунёд кунанд. Яке аз муҳимтарин мухолифони ин муҳоҷират ва дини ҷадиди ӯ модараш Бону Тия буд. Тия шаҳбонуи Мисри Бостон ва бузурги занони фиръавн Аменхотепи III ва модари хонадони Аморина буд. Падару модари ӯ Йуйо ва Туйо, аз бузургон ва динсолорони Мисри боло ва аз шаҳри Мин буданд.

Бар асоси иттилооти дар даст дошта, ӯ пеш аз подшоҳии Аменхотеп, бо вай паймони заношӯӣ баст. То 1385 пеш аз милод, ки Аменхотеп ба подшоҳӣ расид, онҳо шаш фарзанд доштанд, ки аз байни онон дар оянда Эхнатон ба фиръавнӣ расид. Аменхотеп таваҷҷӯҳи хоссе ба Тия дошт ва ба номи ӯ намоишгоҳҳое чанд чохт. Ҳамчунин як кох ва як баҳри маснуӣ барои ҳамсараш фароҳам намуд. Ӯ бар ин асос, аз қавитарин занони Миср буд ва рӯ дар рӯи Эхнатон истод. Дар муқобили Бону Тия, Нефертитӣ ёр ва ғамхори Эхнатон ва мӯъмин ба Отун буд. Аз мутун ва муҷассамаҳои он аср бармеояд, ки Нефертитӣ аз зеботарин занони Миср будааст. Дар бархе аз тасовир, ки аз он рӯзгор ба ҷой мондааст, Эхнатон ва Нефертитӣ дар канори фарзандонашон зери сояи худои хуршед ба ниёиш ва зиндагӣ машғуланд ва Отун онҳоро бо шуои раҳматаш менавозад. Ӯ аз Нефертитӣ фарзанди писар надошт ва фақат ҳафт духтар ҳосили зиндагияш бо ӯ буд. Бар хилофи одати ҷомеаи он рӯзгор барои издивоҷи муҷаддад, вай ин корро накард. Албатта бархе ривоятҳои таърихӣ бар хилофи ин амр гувоҳӣ медиҳанд.

Дар ниҳоят, пас аз баргузории ҷашне ба муносибати барпоии шаҳри ҷадид ва ойини нав, бо ҳузури Бону Тия, Нефертитӣ мафқуд гашта ва таодули руҳии фиръавни ҷавон ба ҳам мехӯрад. Ҳамалоти шадид аз самти Шом низ ӯро бисёр меозорад. Дар ниҳоят, бар асари озорҳои руҳӣ ва шояд тавтиаи коҳинон дар синне камтар аз 30 сол дар соли 1362 пеш аз милод, падруди ҳаёт мегӯяд.

Пас аз ӯ фиръавне ба номи Тутанхамон ба салтанат мерасад. Шаҷараномаи Тутанхамон ҳанӯз ба таври дақиқ шинохта нашудааст ва назарияҳои гуногуне вуҷуд дорад. Масалан муаррихон намедонанд, ки оё ӯ фарзанди Эхнатон аст ё Аменхотепи 111. Тутанхамон дар нӯҳсолагӣ бо сеюмин духтари Эхнатон ва Нефертитӣ, Анхесенпаатон (касе, ки барои Отун зиндагӣ мекунад) издивоҷ мекунад ва пас аз марги Тутанхамон бо кӯмаки коҳинон ба подшоҳӣ мерасад.

Фиръавни ҷавон таҳти таъсири вазираш дастур медиҳад, ки тамоми номҳои Отун ва Эхнатонро аз маъбадҳо пок кунанд ва номи Омунро, ки дар давраи ҳукумати Эхнатон ҳазф шуда буд, дубора ҳак кунанд. Аз он пас, ба дастури коҳинон, бурдани номи Эхнатон, ки "ҷинояткори бузург” шинохта шуда буд, мамнӯъ гардид.

Ӯ пойтахти худро шаҳри Тибс, ки дар замони ҳукумати Эхнатон раҳо шуда буд, қарор медиҳад ва бе он ки подшоҳияш ҷалолу дурахшандагие дошта бошад, ҳудуди даҳ сол ҳукумат мекунад. Вай охирин фиръавн аз насли шукӯҳманди ҳаждаҳум аст ва подшоҳию ҳукуматро ба рамсесиён – насли нуздаҳӯм, ки ҳазрати Мӯсо (а) дар давраи он силсила зуҳур кард, месупорад.

Томас Манн дар навиштани романи Юсуф, ба ин натиҷаи таърихӣ расида буд, ки Юсуфро дар давраи силсилаи ҳаждаҳуми Миср қарор диҳад, ба ин маъно, ки дар он Юсуф бо подшоҳи отунпараст Эхнатон ҳамаср бошад.

Пас, яке аз касоне, ки қабл аз оқои Салаҳшӯр, коргардони сериали Юсуфи паёмбар, аз ривояти зуҳури Юсуфи паёмбар дар асри Эхнатон ҳимоят кардааст, ҳамин Томас Манн дар романи чаҳорҷилдии "Юсуф ва бародаронаш” будааст.

2−Юсуфи паёмбар ҳамасри Апопис:

Дар муқобили назарияи боло, иддаи зиёде бар ин эътиқоданд, ки бино бар бисёре аз шавоҳид ва қароини таърихӣ, ҳазрати Юсуф дар ҳудуди 1600 пеш аз милод зуҳур намудааст. Бинобар ин, вай ҳамасри подшоҳии ҳиксусҳо дар Миср будааст. Ҳиксусҳо мардуме аз нажоди сомӣ ҳастанд, ки нахустин бор дар бахши шарқии шохобҳои Нил падидор гаштанд ва давраи миёнаи дуюмро дар Мисри Бостон бунёд ниҳоданд. Онҳо дар асри ҳафтуми пеш аз милод ба қудрат расиданд ва дар Мисри поён ва миёна, беш аз сад сол фармон ронданд ва насли понздаҳуми фармонравоии Миср ва шояд дудмони ҳафдаҳуми бардадориро дар ин сарзамин бунён гузоштанд.

Аз он ҷо ки онҳо номҳое монанди номҳои канъонӣ доштанд ва барои намуна номҳояшон дарбардорандаи номи эзадони канъонӣ чун Баъл ва Анот буд, бархе гумон мекунанд, ки ҳиксусҳо аз табори канъониён будаанд. Дигар назарҳо дар ин бора бар финиқӣ ё ибрӣ будани онҳо устувор аст.

Вилям Дюран дар "Таърихи тамаддун”, ҷилди 1, саҳифаи 352 (тарҷумаи форсӣ) менависад, шояд рафтани Бани Исроил ба Миср пас аз тасаллути ҳиксусҳо будааст ва тасаввур мекардаанд, чун ин қавм қавме сомӣ аст, дар Миср таҳти ҳимояти онҳо қарор мегиранд. Ин муаррих мӯътақид аст ҳузури Бани Исроил дар Миср, бо даъвати Юсуф аз соли 1650 пеш аз милод оғоз шуда ва бо раҳбарии Мӯсо (а) дар соли 1220 ба поён расид.

Дар китоби "Таърихи ҷаҳон”, навиштаи Ларус ба рӯшанӣ ба ин мавзӯъ ишора шудааст. Дар ин китоб ишора шудааст, ки Апопис фармонравои ҳиксусии Миср Юсуфи иброниро пос дошт ва ба ӯ мақом ва ҷойгоҳ бахшид.

Поёни навиштор

Фароҳамоваранда: Акрамхони Зиёдулло

Кимиёи саодат

Бахш: Паёмбаршиносӣ | Просмотров: 1331 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Август 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz