Ҷумъа, 26.04.2024, 16:15
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июн » 15 » Роҳи халосӣ аз “ҷоҳилияте”, ки моро фаро гирифта
Роҳи халосӣ аз “ҷоҳилияте”, ки моро фаро гирифта
01:09

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Андак нигоҳ ба ҳоли ҷомеаи худ ва ҳамсоягонамон кофист то парда аз рӯйи ин ҳақиқат бардорад, ки фазои ҳоким бар моён, дақиқан ҳамон фазоеро монад, ки рӯзгороне бар ҷавомеи ҷоҳилии пеш аз ислом ҳукмфармо буд; вазъи асафборе, ки ойини рӯшноибахши ислом мардумони он замонро аз он ҳолати ҳалокатбор раҳоӣ бахшид.

Пеш аз зуҳури ислом, дар нимҷазираи Арабистон, поя ва асоси иҷтимои арабро қабила, ва низоми сиёсӣ-иҷтимоии ононро низоми қабилавӣ ташкил медод, ва ин низом дар тамоми шуъун ва ҷанбаҳои зиндагии онон мунъакис буд. Дар ин низом, ҳувияти афрод танҳо бо интисоб ба яке аз қабилаҳо мушаххас мешуд. Бофти зиндагии қабилавӣ на танҳо дар миёни саҳронишинон, балки дар шаҳрҳо низ ба хубӣ намоён буд.

Аҳмад Амин дар ин бора мегӯяд, "Дар миёни араби он рӯзгор «миллият» ва «қавмият», бар асоси мавзӯоте монанди ваҳдати дин ё забон ё таърих маъно ва мафҳум надошт. Қабила иборат аз маҷмӯи чанд хонаводаи хешованд буд ва пайванде, ки афроди онро ба якдигар муртабит месохт ва байни онон ҳамбастагӣ эҷод мекард, пайванди хешовандӣ, ваҳдати нажодӣ ва насаб буд, зеро мардуми як қабила хештанро аз як хун мешумурданд”.[1]

Ойини мубини ислом, бо низоми қабилавӣ ба шиддат мубориза карда, онро аз байн бурд ва ба нажоду насаб, ки асоси низоми қабилавӣ буд, баҳое надод ва ҷомеаи навбунёди исломиро бар асоси «ваҳдати ақида» ва «имон», ки нерӯмандтарин пайванди иҷтимоист, устувор сохт, ва бад-ин тартиб «имони муштарак»-ро ҷойгузини «хуни муштарак» сохт ва ҳамаи мӯъминонро бо ҳам бародар эълом кард:

"Ҳамоно мӯъминон бародарони якдигаранд”,[2] ва бад-ин тартиб, зербинои сохтори иҷтимоии аъроб дигаргун шуд.

Таассуби қабилавӣ

Таърихнигори маъруф Филип Хитти дар китоби "Таърихи араб” менависад: "Ба таври куллӣ, таассуби қабилавӣ дар араби пеш аз ислом монанди ватанпарастии ифротӣ аст”.[3]

Вилям Дюран соҳиби китоби "Таърихи тамаддун” мегӯяд: "Он чиро ки як фарди мутамаддин дар роҳи кишвар, дин ё нажоди худ мекунад, араби бадавӣ (пеш аз ислом) ба хотири қабилаи худ анҷом медод. Ӯ дар ин роҳ ба ҳар коре даст мезад, ҳатто ҷони худро фидо мекард”.[4]

Дар миёни аъроб, рафтори афроди қабилаҳо бо бародар ва амакзодаву хешон ҳамроҳ бо таассуб буд. Араби бадавӣ дар ҳар ҳол аз наздикони худ ҳимоят мекард чи хатокор бошад ва чи дурусткор, чи ситамкаш бошад ва чи ситамкор, фарқе надошт.

Дар назари араб, агар касе аз ҳимояту мусоидати бародару амакзодаи худ кӯтоҳӣ мекард, шарофати ӯ лаккадор мешуд. Дар ин боб мегуфтанд: «Бародари худро ёрӣ кун, хоҳ ситамкаш бошад хоҳ ситамкор». Шоири араб дар ин бора гуфтааст:

Ҳангоме ки бародарашон дар гирифториҳо ононро ба кӯмак биталабад, бе ҳеҷ пурсишу далеле ба кӯмаки ӯ мешитобанд.[5]

Бар ин асос, агар ба яке аз афроди қабила иҳонат шавад, ба тамоми қабила иҳонат шудааст ва афроди қабила вазифадор буданд, ки барои рафъи иҳонат ва зудудани лаккаи нанг то он ҷо ки нерӯ доранд бикӯшанд.[6]

Ойини рӯшноибахши ислом ин гуна таассуби кӯри қабилавиро маҳкум ва онро ҷоҳилона ва ғайри мантиқӣ муарррифӣ кард:

"Ба ёд оред он гоҳ ки кофирони Макка дар дилҳои хеш таассуби ҷоҳилият (ва хашму кинаву такаббури нораво)-ро парварданд, пас Худованд оромиши худро бар паёмбараш ва бар мӯъминон фуруд овард ва калмаи тақворо бо онон ҳамроҳ дошт ва эшон сазовортар ба он ва аҳли он буданд ва Худо ба ҳар чизе доност”.[7]

Паёмбари ислом (с) фармуд: «Ҳар кас ба таассуб даъват кунад ё бар асоси таассуб сухан бигӯяд ё бо рӯҳу фикри таассуб бимирад, аз мо нест».[8]

Ҳам ӯ фармуд: «Бародаратро, хоҳ золим бошад хоҳ мазлум, ёрӣ кун». Гуфтанд: "Ёрӣ кардани мазлум маълум аст, бародари золимро чӣ гуна ёрӣ кунем?” Фармуд: «Аз зулми ӯ пешгирӣ кун».[9]

Интиқомҷӯиҳои қабилавӣ

Аз он ҷо ки дар муҳити Арабистони он рӯз ҳукумати марказӣ ва дастгоҳи додрасӣ вуҷуд надошт, то ихтилофи мардумро бартараф намуда, адолатро барқарор созад, касе ки мавриди ситаму таҷовуз қарор мегирифт, ҳақ дошт шахсан интиқом бигирад ва дар сурате ки таҷовузкунанда аз қабилаи дигар буд, касе ки мавриди зулм қарор мегирифт, ҳақ дошт интиқоми худро аз ҳамаи афроди қабилаи ӯ бигирад ва ин кор дар назди араби ҷоҳилӣ бисёр оддӣ буд.[10] Зеро хатои афрод ба пойи ҳамаи қабила навишта мешуд. Ва чун ҳар фарде аз қабила ба ҳукми хешовандиву ҳамхунӣ вазифадор буд, ки ба афроди қабила (бидуни таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳақ бо онҳост ё на), кӯмак кунад. Ин вазифа ибтидо аз тарафи наздикон ва аъзои хонаводаву қабила анҷом мешуд ва ҳар гоҳ муваффақият ҳосил намешуд ва хатар дафъ намегардид, бақияи тоифаву қабила ба кӯмак меомаданд.

Агар фарде кушта мешуд, хунхоҳӣ вазифаи наздиктарин хешони ӯ буд ва агар мақтул аз қабилаи дигар буд, расми «интиқом» иҷро мешуд ва ҳар як аз афроди қабилаи қотил дар маърази хатар буд, ки ҷони худро ба ивази мақтул аз даст бидиҳад, зеро суннати ҳоким бар араби ҷоҳилият ин буд, ки: «Хунро ҷуз хун намешӯяд», ва хунбаҳое ҷуз гирифтани интиқом пазируфта набуд.

Ба як аъробӣ гуфтанд: Оё ҳозирӣ аз касе ки ба ту озоре расонидааст бигзарӣ ва аз ӯ интиқом нагирӣ? Гуфт: «Ман хушҳол мешавам, ки интиқом бигирам ва ба ҷаҳаннам биравам».[11]

Робитаҳо ва тафохурҳои қабилавӣ

Рақобату тафохури қабилавӣ яке дигар аз рафторҳои араби он рӯзгор буд. Араб ба ҳар як аз арзишҳои ҳоким дар он ҷомеа (ки навъан арзишҳои мавҳуму пуч буд) менозид ва ба хотири доро будани онҳо, ба қабоили дигар фахр мефурӯхт. Гузашта аз сифоте монанди шуҷоат дар майдони ҷанг, бахшандагӣ ва вафодорӣ,[12] молу сарват, шумори фарзандон ва вобастагӣ ба қабилаи қудратманд, ҳар кадом дар назари араби он рӯз, арзиши муҳим ва василаи бартарӣ ва касби ифтихору шараф буд.

Қуръони Карим суханони ононро чунин бозгӯ мекунад:

"Ва гуфтанд: Мо амволу фарзандони бештаре дорем (ва ин нишонаи эҳтирому арзиши мо назди Худост) ва мо муҷозот нахоҳем шуд. Бигӯ: Парвардигори ман рӯзиро барои ҳар кас ки бихоҳад фарох ё танг мекунад (ва ин рабте ба қурбу эҳтироми шумо дар пешгоҳи Ӯ надорад), вале бештари мардум намедонанд. Амволу фарзандонатон шуморо назди мо муқарраб (ва наздик) намесозад ҷуз касоне ки имон биёваранд ва амали солеҳ анҷом диҳанд”.[13]

Рӯзе Хусрав (ва ё худ Кисро) подшоҳи Эрон, аз Нӯъмон ибни Мунзир подшоҳи Ҳира, пурсид: оё дар миёни қабилаҳои араб қабилае ҳаст, ки бар дигарон шарафу бартарӣ дошта бошад? Посух дод: бале. Пурсид: мояи шарафи онҳо чист? Гуфт: ҳар кас ки се нафар аз падарони ӯ пай дар пай раиси қабила бошад ва чаҳорумин нафар аз насли онҳо низ ба риёсат бирасад, дар ин сурат, риёсати қабила ба хонадони ӯ мерасад.[14]

Аъроб дар замони ҷоҳилият ба фузунии афроди қабилаи худ ифтихор мекарданд ва ба ин васила ба қабоили рақиб фахр мефурӯхтанд ва бо онон ба мунофира[15] мепардохтанд; яъне бо шумориши афроди худ муддаӣ мешуданд, ки нафароти қабилаи онон аз қабилаи рақиб афзунтар аст.

Рӯзе миёни ду қабила ин гуна тафохур оғоз шуд ва ҳар як ифтихороти қабилавии худро баршумурда ва ҳар як муддаӣ шуданд, ки ашроф ва нафароти қабилаи онҳо ва вобастагонашон бештар аст, он гоҳ ба саршуморӣ пардохтанд. Шумориши ашрофу афроди зинда корсоз нашуд ва хостори шумориши мурдагон шуданд ва ба иттифоқ ба гӯристон рафтанду ба саршумории мурдагони худ пардохтанд.[16]

Қуръон ин гуна рақобату тафохури ҷоҳилона ва дур аз ақлу мантиқро накӯҳишу маҳкум карда, мефармояд:

"Афзунталабӣ (ва тафохур ба молу афрод) шуморо ба худ машғул сохта (ва аз Худо ғофил намудааст) то он ҷо ки ба дидори гӯрҳо рафтед (ва қабрҳои мурдагони худро баршумурдед) ва ба он ифтихор кардед. Чунин нест, ки мепиндоред, ба зудӣ хоҳед донист”.[17]

Арзиши насаб

Яке аз муҳимтарин меъёрҳои арзишӣ дар миёни араби ҷоҳилият насаб буд, ки барои онҳо бисёр арзишманд буд, ба тавре ки бисёре аз меъёрҳои арзишии онҳо ба насаб бозмегашт.[18]

Дар миёни қабоили араби ҷоҳилият тафохури нажодии шадиде ҳоким буд, ки намунаи боризи он рақобати нажодӣ миёни араби аднонӣ (араби шимолӣ) ва араби қаҳтонӣ (араби ҷанубӣ) буд.[19]

Ба ҳамин ҷиҳат, араб ба ҳифзу шинохти насаби худ аҳамият медод. Нӯъмон ибни Мунзир дар посухи Хусрав гуфт: "Ҳар уммате ҷуз араб аз насаби худ огоҳӣ надорад ва агар аз аҷдоди онҳо бипурсӣ изҳори бехабарӣ хоҳанд кард, вале ҳар арабе падарону бобоёни худро мешиносад ва бегонагонро ҷузъи афроди қабилаи худ намедонад ва худ ба қабилаи дигаре дохил намегардад ва ҷуз падараш ба дигаре мансуб намешавад”.[20]

Бинобар ин, ҷои тааҷҷуб нест, ки илми «насабшиносӣ», ки яке аз донишҳои маҳдуди он рӯзи араб буд, аз арзишу эҳтироми волое бархӯрдор буда ва насабшиносон аз ҷойгоҳи хоссе бархӯрдор буданд.

Олусӣ, ки аз соҳибназарон дар масъалаи «арабшиносӣ» аст, мегӯяд:

"Араби ҷоҳилӣ аҳамияти зиёде ба ҳифзу шинохти насаби худ медод, зеро ин шинохт яке аз васоили улфату ҳамёрӣ буд. Онҳо мӯҳтоҷтарини афрод ба ин шинохт буданд, зеро онҳо қабоили мутафарриқ буданд, оташи ҷанг пайваста дар миёнашон шӯълавар мешуд ва ғорату тороҷ роиҷ буд, ва аз он ҷо ки намехостанд зери бори қудрате бираванд то аз онҳо ҳимоят кунад, ногузир насаби худро ҳифз мекарданд то бар душмани худ пирӯз шаванд, зеро меҳру муҳаббати бастагон ба якдигар ва таассубу ҳимоят аз хешон мӯҷиби улфату пуштибонӣ аз якдигар мегардад ва аз зиллату тафриқа пешгирӣ мекунад”.[21]

Дини ислом ҳар гуна бартарии нажодиро нафй кард. Бо он ки Қуръон дар миёни Қурайш ва араб нозил шуд, аммо ҳаргиз мухотабаш Қурайш ё араб ва амсоли онҳо нест, балки мухотаби Қуръон ҳамаи мардум ва дар мавориди баёни вазоифи мусалмонону мӯъминон аст. Қуръон тафовутҳои нажодиро як амри табиӣ медонад ва фалсафаи ин тафовутҳоро шинохта шудани афрод аз якдигар муаррифӣ мекунад ва тафохур ба нажоду насабро маҳкум намуда, милоки арзишро «тақво» эълом мекунад:

"Эй мардум! Мо шуморо аз як марду зан офаридем ва шуморо шӯъбаҳову қабилаҳо қарор додем то якдигарро бишиносед, (инҳо милоки имтиёз нест, балки бидонед), ки гиромитарини шумо назди Худо ботақвотарини шумост, Худованд Доно ва Огоҳ аст”.[22]

Паёмбари ислом (с) бо таъкид, тафохур ба нажоду насабро маҳкум месохт, ба унвони намуна:

1. Дар фатҳи Макка, ки қалъаи аслии Қурайш (ки худро аз нажоди бартар мепиндоштанд) суқут кард, фармуд: "Мардум! Худованд кибру тафохур ба падаронро, ки дар ҷоҳилият ривоҷ дошт, дар партави ойини ислом аз байн бурд. Огоҳ бошед, ки шумо аз насли Одам ҳастед ва Одам аз хок офарида шудааст. Беҳтарини бандагони Худо бандаест, ки ботақво бошад. Арабият падари касе маҳсуб намешавад, балки забони гӯёӣ аст. Он кас ки амалаш натавонад ӯро ба ҷое бирасонад, насабу шарафи нажодӣ ҳам ӯро ба ҷое нахоҳад расонд”.[23]

2. Дар ҷараёни Ҳаҷҷат-ул-видоъ зимни хутбаи муфассале, ки шомили мавзӯоти муҳимму асосӣ буд, фармуд: «Ҳеҷ арабе бар аҷаме фазилату бартарӣ надорад, ҷуз бо тақво».[24]

3. Рӯзе дар таъйиди суханони Салмон (р), ки дар гуфтугӯ бо Қурайш дар баробари тафаккури нодурусту нажодпарастонаи аъроб бар арзишҳои маънавӣ таъкид мекард, фармуд: "Эй гурӯҳи Қурайш! Шарафу насаби ҳар кас дини ӯст, мардонагии ҳар кас иборат аст аз хулқу хӯйи ӯ ва решаву асли ҳар кас иборат аз ақлу фаҳму дарки ӯст”.[25]

Ҷангҳои қабилавӣ

Агар қатле дар миёни аъроби ҷоҳилият рух медод, масъулияти асосӣ мутаваҷҷеҳи наздиктарин хешовандони қотил буд, ва чун маъмулан тоифаи қотил ба ҳимоят аз вай бармехостанд, ҷараёни интиқом ба ҷангҳои хунин меанҷомид. Ин ҷангҳо, ки ғолибан бар сари масоили ҷузъӣ оғоз мегардид, солҳо тӯл мекашид. Чунон ки ҷанги «Басус» миёни ду қабилаи Бани Бакр ва Бани Тағлиб, ки ҳар ду аз қабилаи Рабиа буданд, чиҳил сол тӯл кашид.

Аҷиб он аст, ки сарчашмаи ин ҷанг, вуруди шутуре аз қабилаи аввал ва мутааллиқ ба зане ба номи Басус ба ҳавзаи қудрат ва чарогоҳи раиси қабилаи Бани Тағлиб ва кушта шудани он буд.[26]

Ҳамчунин, ҷанги хунине ба номи «Доҳис» ва «Ғаброъ» байни Қайс ибни Заҳир раиси қабилаи Бани Абас ва Ҳузафа ибни Бадр раиси қабилаи Бани Фазора, бар сари як мусобиқаи аспдавонӣ даргирифт, ки муддатҳо тӯл кашид. Доҳис ва Ғаброъ номи ду асп буд, ки аввалӣ мутааллиқ ба Қайс ва дуввумӣ мутааллиқ ба Ҳузайфа буд. Қайс муддаӣ шуд, ки аспи вай барандаи мусобиқа шудааст ва Ҳузайфа иддао кард, ки аспи ӯ мусобиқаро бурдааст. Аз ҳамин ихтилофи кучак оташи ҷанг байни ду тараф шӯълавар гашт ва мунҷар ба қатли афроди зиёде шуд.[27] Ин гуна ҳаводис ба «айём-ул-ҳарб» шӯҳрат ёфтааст ва китобҳое перомуни он навишта шудааст.

Қуръон ин гуна таассубу интиқомҷӯиро маҳкум сохт ва меҳвари ҳимояту пуштибониро ҳаққу адолат қарор дод ва таъкид кард, ки мусалмонон бояд барподорандаи ҷиддии адолат бошанд, гар чи ин адолат ба зиёни худи онон ё падару модар ва наздиконашон бошад:

"Эй касоне, ки имон овардаед! Комилан ба адолат қиём кунед, барои (ризои Худо) шаҳодат диҳед, гар чи (ин шаҳодат) ба зиёни худи шумо ё падару модар ва наздикони шумо бошад. Агар (он кас ки барояш шаҳодат медиҳед), бой ё фақир бошад, Худованд сазовортар аст, ки аз онҳо ҳимоят кунад, бинобар ин, аз ҳавою ҳавас пайравӣ макунед, ки аз ҳақ гумроҳ хоҳед шуд ва агар ҳақро таҳриф кунед ё аз изҳори он рӯй гардонед, Худованд ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст”.[28]

Ғорат ва одамкушӣ

Араби ҷоҳилият ва пеш аз ислом нисбат ба мардуми дигар алоқаву эҳсосоти дӯстона надошт ва ин гуна авотиф, аз ҳудуди хонаводаву қабила, ки аъзои он бо якдигар хешовандӣ доштанд таҷовуз намекард. Шуои фикр ва дарку фаҳми араби ҷоҳилӣ дар доираи танги қабила маҳдуд мешуд. Араби ҷоҳилӣ ҳамчун миллатгароҳои ифротӣ ва нажодпарастони имрӯз, ҳама чизро барои худ мехост ва эҳсосоту алоқаи вай дар марҳалаи нахуст мутаваҷҷеҳи манофеи худ ва хешонаш буд.

Маҳрумияте, ки ҳосили зиндагӣ дар саҳро буд, ононро ба ғоратгарӣ вомедошт, зеро сарзаминҳои онон аз неъмати дигар миллатҳо маҳрум буд ва онон ин камбуду маҳрумияти табииро ба василаи ғорату чаповул ҷуброн мекарданд ва роҳзаниву ғорати корвонҳоро на танҳо амри норавое намешумурданд, балки (ҳамчун имрӯз, ки фатҳи як шаҳр ё тасарруфи як вилоятро ифтихор медонанд), навъе ифтихору мардонагӣ мепиндоштанд.[29]

Албатта рақобат байни қабилаҳо низ яке аз сабабҳои ҷангу ғорат буд. Кашмакашу низои қабилаҳо бештар бар сари тасарруфи чарогоҳҳо буд ва гоҳе низ барои ба даст овардани риёсати қабила кашмакашҳои хунине миёни хонаводаҳо рух медод.

Масалан, вақте ки бародари бузург, ки симати пешвоӣ дошт дармегузашт, бародарони дигар ба иқтизои синни худ ба риёсати қабила тамаъ мебастанд. Фарзандони раиси вафотёфта низ ҳаваси мақоми падарро дар дил мепарварониданд, бинобар ин, ағлаб миёни қабилаҳо ва хонаводаҳое, ки аз лиҳози насаб ё маҳалли иқомат ба якдигар наздик буданд, кашмакашҳои сахту хунине рух медод.

Нақши шоирону "рӯшанфикрон”-и ҷоҳилият

Дар ин миён, амалкарди шоирону "рӯшанфикрон”-и он даврон қобили таваҷҷӯҳ аст. Ба гуфтаи муаррих Иброҳим Ҳасан, "шоирон низ бо суханони худ оташи фитнаро доман мезаданд. Онон дар шеърҳои худ мафохири қабилаеро бар забон меоварданд ва аз қабилаҳои дигар айбҷӯӣ мекарданд ва бо зинда кардани ҳаводис, гузаштаро дар зеҳнҳо, руҳҳоро барои ситезаҷӯӣ ва кинатӯзӣ омода мекарданд. Ғолибан низоъҳое, ки миёни афрод рух медод, бар сари масоили кучаку беаҳамият буд. Вақте оташи фитна шӯълавар мегардид, ду қабила ба ҷони ҳам меафтоданд ва дар нобудии якдигар мекӯшиданд”.[30]

Ваҳшигарӣ ва дурӣ аз тамаддун, яке дигар аз сабабҳои ғоратгарии онон буд. Ба ақидаи Ибни Халдун, "ин қавм мардуми ваҳшие буданд ва ваҳшигарӣ дар миёни онон чунон устувор буд, ки ҳамчун хӯю сиришти онон шуда буд. Барои мисол, онон аз ин ҷиҳат ба санг ниёз доштанд, ки аз он дегдон бисозанд, бинобар ин иморатҳоро вайрон мекарданд то деги таомпазии худро рӯи сангҳои онҳо бигузоранд, ё кохҳо ва иморатҳоро ба хотири ин вайрон месохтанд, ки то аз чӯби онҳо барои барпо сохтани чодуру хайма истифода кунанд, ё аз онҳо меху сутун бисозанд. Хӯи онон ғоратгарӣ буд ва ҳар чиро дар дасти дигарон меёфтанд, мерабуданду тороҷ мекарданд. Рӯзии онон дар партави найзаҳояшон фароҳам мешуд. Дар рабудани амволи дигарон ба ҳадди муайяне қонеъ набуданд, балки чашмашон ба ҳар гуна сарват ё коло ё абзори зиндагӣ меафтод, онро ғорат мекарданд”.[31]

Яке аз манобеи даромади онҳо ғорату чаповул буд. Вақте ки ба қабилае юриш мебурданд, шутурони ононро ба яғмо бурда, занону кӯдаконашонро асир мекарданд. Қабилаи дигаре низ ба ҳамин равиш дар камини онҳо менишаст ва дар фурсати муносиб ҳамин балоро бар сари онон меовард. Вақте душмане намеёфтанд, ба ҷони ҳам меафтоданд. Чунон ки Қутомӣ, шоири асри аввали умавӣ, зимни ашъоре дар ин замина мегӯяд:

"Кори мо ғоратгариву ҳуҷум ба ҳамсояву душман аст ва гоҳе агар ҷуз бародари хеш касеро наёбем, ӯро ғорат мекунем”.[32]

Дар он айём ҷангҳое, ки асоси он қисосу хунхоҳӣ байни ду қабилаи Авс ва Хазраҷ буд, чунон дар Ясриб (Мадина) шиддат ва тавсиа ёфта буд, ки касе ҷуръат надошт аз ҳаволии ҳисор ё ҳудуди истеҳкомоти хеш дур шавад. Ин ҷангҷӯиҳо зиндагии араби ҷоҳилиятро фалаҷ карда, ононро аз пой дароварда буд.

Худованд дар Қуръон ин вазъи хунбори ононро ёдоварӣ мекунад ва аз пайванди бародарие, ки дар партави ислом байни онон барқарор гардид, чунин ёд мекунад:

"Ва неъмати (бузурги) Худоро бар худ ба хотир биёваред, ки чӣ гуна душмани якдигар будед ва ӯ дар миёни дилҳои шумо пайванди улфат эҷод кард ва ба баракати неъмати ӯ бо ҳам бародар гаштед ва шумо бар лаби даррае аз оташ будед, ки Худо шуморо аз он наҷот дод. Худованд оятҳои худро чунин барои шумо рӯшан баён мекунад, шояд пазирои ҳидоят шавед”.[33]

Кимиёи саодат


[1] Аҳмад Амин, Фаҷр-ул-ислом, с. 225. Абдулмунъим Моҷид, Ат-таърих-ус-сиёсияти лид-дувалил арабия (Қоҳира: ҷ. 7, с 1982), с. 48.

[2] Сураи Ҳуҷурот, ояти 10.

[3] Филип Хитти, Таърихи араб, с. 39.

[4] Вилям Дюран, Таърихи тамаддун, (Асри имон), ҷ. 4, с. 200.

[5] Аҳмад Амин, пешин, с. 10.

[6] Ҳасан Иброҳим Ҳасан, Таърихи сиёсии Ислом, ҷ. 1, с. 37-38.

[7] Сураи Фатҳ, ояти 26.

[8] Сунани Абӯдовуд, ҷ. 4, с. 332, ҳ 5121.

[9] Саҳеҳи Бухорӣ (бо ҳошияи Синдӣ), ҷ. 2, с. 66. Муснади Аҳмад, ҷ. 3, с. 201.

[10] Ҳасан Иброҳим Ҳасан, пешин, с. 39.

[11] Нувайрӣ, Ниҳоят-ул-араб фӣ фунун-ил-адаб, ҷ. 6, с. 67.

[12] Олусӣ, ҷ. 1, с. 280.

[13] Сураи Сабаъ, оятҳои 35-37.

[14] Олусӣ, ҷ. 1, с. 281.

[15] Мунофира яъне ҳар як нафароти худро ба рухи дигарӣ бикашад. (Олусӣ, ҷ. 1, с. 288). Достонҳои фаровоне аз ин гуна муфохирот дар таърихи араби пеш аз зуҳури ислом нақл шудааст.

[16] Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, Тафсири Ал-мизон, ҷ. 20, с. 353. Олусӣ, ҷ. 1, с. 279.

[17] Сураи Такосур, оятҳои 1-3.

[18] Масалан дар фарҳанги он рӯз агар падари касе араб ва модараш аҷам буд, ӯро бо таънаву таҳқир «ҳаҷин» меномиданд (ки мафҳуми пастӣ ва нохолисии насабро дошт), ва агар баръакс буд, «музарраъ» меномиданд. Ҳаҷин аз ирс маҳрум буд. (Ибни Абдураббиҳи Андалусӣ, Ал-иқд-ул-фарид, ҷ. 6, с. 129). Марди ҳаҷин мебоист бо зане монанди худ издивоҷ кунад. (Муҳаммад ибни Ҳабиб, Ал-муҳбир, с. 310. Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, ҷ. 2, с. 254). Дар асри ислом, аз паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар бораи хунбаҳои ҳаҷин пурсиданд, эшон дар посух фармуданд: «Арзиши хуни пайравони ислом яксон аст». (Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, ҷ. 1, с. 113).

[19] Ҷавод Алӣ, Ал-муфассал фи таърихил-араби қабл-ал-ислом, ҷ. 1, с. 493 ба баъд. Шавқӣ Зайф, Таърих-ул-адаб-ул-арабӣ, Ал-аср-ул-ҷоҳилӣ, ҷ. 7,  с. 55.

[20] Олусӣ, ҷ. 1, с. 149.

[21] Булуғ-ул-ираб, ҷ. 3, с. 182. ҳамчунин: Ал-муфассал фи таърихил-араб қабл-ал-ислом, ҷ. 1, с. 466-467.

[22] Сураи Ҳуҷурот, ояти 13. Тибқи ривояте ва бар асоси бархе тафосир, мақсуд аз калимаи «қабоил» дар ояти боло, воҳидҳои кучаки арабӣ аст, ки ҳар кадом «қабила» номида мешуданд, ва мақсуд аз «шууб» воҳидҳои миллии ғайри арабӣ аст.

[23] Тақрибан ба ҳамин маъно ривояте дар Сираи Ибни Ҳишом, таҳқиқи Мустафо ас-Саққо, ҷ. 4, с. 54 низ мавҷуд аст.

[24] Ҳасан ибни Алӣ ибни Шӯъба, Туҳаф-ул-уқул, ҷ. 2, с. 34.

[25] Кулайнӣ, с. 181.

[26] Муҳаммад Аҳмад Ҷод-ул-Мавлобек, Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ ва Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Айём-ул-араб фил-ҷоҳилия, с 142-168. Ҳамчунин: Ибни Асир, Алкомил фит-таърих, ҷ. 1, с. 523-539.

[27] Абдулмалик ибни Ҳишом, Сират-ун-набӣ, ҷ. 1, с. 307. Ёқути Ҳамавӣ, Мӯъҷам-ул-булдон, ҷ. 1, с. 268. Ибни Асир ва Ҷод-ул-Мавлобек ҳар ду аспро мутааллиқ ба Қайс донистаанд. (Алкомил фит-таърих, ҷ. 1, с. 566-582, Айём-ул-араб, с. 246-277).

[28] Сураи Нисо, ояти 135.

[29] Густав Лобон, Таърихи араб, с. 63.

[30] Ҳасан Иброҳим Ҳасан, пешин, ҷ. 1, с. 38.

[31] Муқаддима, тарҷумаи Муҳаммадпарвини Гунободӣ, ҷ 1, с 285-286.

[32] Аҳмад Амин, пешин, с. 9, Филип Хитти, пешин, с. 35, Ҳамосаи Абӯтамом Ҳабиб Авс Ат-тоӣ.

[33]Сураи Оли Имрон, ояти 103.

Бахш: Ислом ва сиёсат | Просмотров: 1052 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 2.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz