Душанбе, 26.10.2020, 09:21
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Август » 30 » Ҳолатҳое, ки одамиро бедор ва ба худ огоҳ месозад
Ҳолатҳое, ки одамиро бедор ва ба худ огоҳ месозад
01:51

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мусалмон медонад, ки дар шаби қадр бояд бедор бимонад, шабаш зинда бошад, на мурда. Шаби зинда он шабест, ки инсон онро бо ёди Худо ва муноҷот бо ӯ ба сар барад.

Дар аҳодис омадааст, ки дар қиёмат гузаштаи инсонро ба ӯ нишон медиҳанд. Дар он ҳангом, мавҷудеро мебинад, ки қитъаҳое аз он сиёҳу тира, ва пораҳое низ сафеду дурахшон аст. Тааҷҷуб мекунад ва мепурсад, ки ин чист? Мегӯянд: ин умри туст. Он лаҳзаҳое, ки ин умрро ба ёди Худо зинда нигаҳ доштаӣ, дурахшон ва нуронӣ аст, ва он соатҳое, ки бар хилофи ризои Худо қадам бардоштаӣ, тираву тор аст.

Одамӣ, бо ибодату парастишу муноҷоти Худост, ки ба ӯ наздик мешавад, ва бо наздикӣ ба он зоти бепоён, ба авҷи худ мерасад. Он ҷост, ки мефаҳмад инсоният яъне чӣ, барои чӣ офарида шудааст, камолу саодати воқеӣ ва лаззати бепоён куҷост?

Дуоҳои махсусе аз ҳазрати Паёмбар (с) ва бузургони дин бо санади саҳеҳ барои шабҳои рамазонӣ нақл шудаанд, ки одамӣ, бо замзамаи онҳо дар ин шабҳо, ба вижа шабҳо ва лаёлии қадр, лаззати поённопазиреро дар худ эҳсос мекунад, ба ҳадде ки агар бар ӯ пешниҳод шавад, ки бароят тамоми ин дунё ва мофиҳоро медиҳем ва дар муқобил даст аз замзамаи ин дуоҳо бардор, ҳозир нест бипазирад.

Яке аз он дуоҳо, дуоест маъруф ба "Дуои Абӯҳамзаи Сумолӣ”, ки аз набераи мукаррами паёмбари гиромиямон ҳазрати Имом Зайнулобидин (а) нақл шудааст. Ин дуо, чунон зебост, ки одамӣ бо замзамаи он, аз худ бегона шуда ва ҷуз зоти парвардигор намебинад. Албатта, ин дуо ба забони арабист ва лаззатофаринияш ҳам, замонест, ки одамӣ онро ба ҳамон забони арабӣ ва бо тафаккур ва таваҷҷӯҳи лозим замзама кунад, ва ҳаргиз тарҷумаи он, чи ба форсӣ бошад ва ё забоне дигар, зебоӣ ва умқи онро намерасонад.

Камина, аз миёни тарҷумаҳои форсии ин дуо, ба ҳеҷ тарҷумае, ки ҳадди ақал битавонад гӯшае аз зебоии онро бирасонад, барнахӯрдам, ҳарчанд тарҷумаи Маҳдии Илоҳии Қумшаӣ, шояд аз беҳтарин тарҷумаҳо ба шумор ояд. Аз ин рӯ, сазовор дидам пораҳое аз ин дуоро аз ҳамин тарҷумаи ҷаноби Илоҳии Қумшаӣ барои хонадагони азиз пешкаш кунам. Навиштаи мазбур гунҷоиши нақли ҳамаи ин дуоро надорад, зеро тӯлонист. Ҳол, пораҳое аз ин дуо:

Ба номи Худованди Густардамеҳр,

Худоё! Ман туро ба василаи худат шинохтам ва ту маро бар вуҷуди худ роҳнамоӣ фармудӣ ва ба сӯйи худ хондӣ, ва агар набудӣ, ман намедонистам ту кистӣ.

Ситойиш Худойро, ки ман ӯро мехонам ва ӯ иҷобатам мекунад, гарчи вақте ки ӯ маро мехонад, кундӣ ва коҳилӣ мекунам.

Ситойиш Худойро, ки чун аз ӯ чизе дархост кунам, ба ман ато мекунад, гарчи ҳангоме ки ӯ аз ман қарз мехоҳад, ман бухл меварзам.

Ситойиш Худойро, ки барои ҳар ҳоҷате ҳар гоҳ ӯро хостам нидо хоҳам кард ва ҳар вақте барои розу ниёз бо ӯ хилват тавонам кард ва бидуни ҳеҷ восита ва шафоаткунанда ҳоҷатамро раво месозад.

Сипос Худойро, ки танҳо ӯро ба дуо мехонам, на ғайри ӯро, ва агар аз ғайри ӯ ҳоҷат мехостам, дуоям мустаҷоб намекард.

Сипос Худойро, ки ба ӯ чашми умед дорам, на ба ғайри ӯ, ва агар ба ғайраш умед медоштам, маро ноумед мегардонид.

Ситойиш Худойро, ки кори маро ба ҳазраташ вогузошт ва гиромиям дошт ва ба ғайраш вонагузошт то хорам гардонад.

Ситойиш Худойро, ки бо ман изҳори камоли дӯстӣ фармуд, бо он ки аз ман бениёз буд.

Сипос Худойро, ки аз хатову гуноҳонам ҳилму бурдборӣ кард, чунон ки гӯи гуноҳе аз ман сар назадааст...

Эй Худо! Ту худ фармудӣ, ва сухани ту ҳақ ва ваъдаи ту ҳақиқат аст, фармудӣ, ки ҳар чи мехоҳед, аз Худо, аз фазлу карами Худо бихоҳед, ки Худо ба шумо бандагон ҳамеша меҳрубон аст, ва эй Мавлои ман, ин аз сифотат нест, ки бандагонро амр ба суол кунӣ, ва чун суол кунанд, атои худро аз онҳо дареғ дорӣ, ва ҳол он ки туро бар аҳли мамлакатат атоҳои бешумор аст ва ба воситаи раъфату муҳаббатат ба халқ, неъматат ба онҳо пай дар пай хоҳад буд...

Худои ман! Ҳар гоҳ ба гуноҳони худ менигарам, зор менолам, ва чун ба карами бепоёни ту назар мекунам, умедвор мегардам. Пас, агар маро бибахшӣ, равост, ки ту беҳтарин меҳрубонӣ, ва агар азоб кунӣ, ситам накардаӣ.

Ҳуҷҷати ман бар ҷуръати дархости ҳоҷат аз ту, бо он ки кирдорам ҳама нописанд буда, ҳамоно ба хотири караму бахшиши туст, ва паноҳ оварданам дар ҳоли сахтӣ ба даргоҳи ту, бо бе ҳаёӣ ва бе бокиям, ба мӯҷиби раъфату меҳрубонии туст...

Худои ман! Аз гуноҳонам ба бузургвории зотат даргузар, ки агар бар гуноҳонам касе ғайри ту огоҳ мешуд, он гунаҳ намекардам, ва агар аз таъҷил метарсидам, аз хато иҷтиноб менамудам. Албатта на аз ин рӯ, ки ту аз дигарон дар назарам бе қадру бе аҳамияттарӣ, балки бад-ин сабаб, ки ту беҳтарин пардапӯшон, ва некӯтарин ҳукмфармоён ва бузургтарини бузургворони оламӣ. Туӣ, ки бар айбҳои халқ парда пӯшӣ, ва бар гуноҳонашон бибахшойӣ...

Эй Худои бурдбори бузургвор, эй зиндаи абадӣ, эй бахшандаи гуноҳ, ва эй пазирандаи тавба, эй бузургнеъмату миннат, эй эҳсонкунандаи ҳамешагӣ! Куҷост пардапӯшии азими ту, куҷост афви бузургворонаи ту, куҷост гушойиши наздики ту, куҷост фарёдрасии сареи ту, куҷост раҳмати восиаи ту, куҷост атоҳои некӯи ту, куҷост мавҳибати гуворо ва марҳаматҳои пурбаҳои ту, куҷост фазлу карами беҳадди ту, куҷост неъмати бузург ва эҳсони ҳамешагии ту, куҷост карами ту!?.. Маро наҷот деҳ ва ба ҳаққи раҳматат, аз вартаи ҳалокатам халос кун...

Эй Худо! Ман ҳар гоҳ гуфтам, ки хешро муҳайё ва омодаи тоатат сохтам ва дар пешгоҳи ту ба намоз истодам, он ҳангом маро ба хоб андохтӣ ва ҳоли розу ниёз аз ман бозгирифтӣ. Эй Худо! Чӣ шуд, ки ҳар чи бо худ аҳд карда ва гуфтам, ки аз ин пас кирдорам некӯ хоҳад шуд ва ба маҷомеи аҳли тавба ва мақоми тавбакунандагон наздик мешавам, бало ва ҳодисае пеш омад, ки ба аҳд собитқадам намондам ва он бало миёни ман ва хидматат ҳоил гардид.

Эй сарвари ман! Шояд ту аз даргоҳи лутфат маро рондаӣ, ва аз хидмати бандагият дурам сохтаӣ,

ё шояд дидӣ ман ҳаққи бандагиятро сабук шумурдам, бад-ин ҷиҳат аз дарат маро дур кардӣ,

ё он ки дидӣ, ман аз ту рӯй гардондам, бад-ин сабаб бар ман ғазаб фармудӣ,

ё он ки дар мақоми дурӯҳгӯёнам ёфтӣ, аз ин рӯ, аз назари иноятат дур афкандӣ,

ё шояд дидӣ, ки ман шукргузорӣ аз неъматҳоят намекунам, маро маҳрум сохтӣ,

ё шояд маро дар маҷолиси аҳли илм наёфтӣ, ба хориву хизлонам андохтӣ,

ё шояд маро дар миёни аҳли ғафлат ёфтӣ, бад-ин ҷурм, аз раҳматат навмедам кардӣ,

ё шояд дидӣ, дар маҷолиси аҳли ботил улфат гирифтаам, маро миёни онҳо вогузоштӣ,

ё шояд дӯст надоштӣ дуоямро бишнавӣ, аз даргоҳат дурам кардӣ,

ё шояд ба ҷурму гуноҳонам, мукофот кардӣ,

ё шояд ба бе шарму ҳаёӣ бо ҳазратат, муҷозотам намудӣ...!?

ба ҳар ҳол, агар, эй Худои ман, авф кунӣ, шоиста аст, чун пеш аз ман чи бисёр аз гуноҳкоронро афв кардаӣ, чаро ки лутфу карамат, эй Худо, бартару болотар аз он аст, ки бандагони муқассирро ба кайфар расонӣ, ва ман ба фазлу раҳматат паноҳ оварда, ва аз ту ба сӯйи ту мегурезам, ки авфу бахшишат аз касе ки ба ту гумони нек дорад, ваъдаи қатъист...

(Худоё!) Маро ба дараҷа ва мақоми аҳли тавба ва бозгашт ба даргоҳат бирасон, ва маро бар гиряи ба ҳоли худ ёрӣ кун, ки сахт умрамро ба орзуҳои ботил аз даст додам, ва инак ба ҷое расидам, ки аз хубӣ ва ислоҳи нафси худ, ба кулли ноумедам, пас, аз ман бадҳолтар кист агар бо чунин ҳоле ба ҷониби қабрам мунтақил шавам? Ҳол он ки он хобгоҳро барои худ муҳайё накарда ва бо амали солеҳ фарш дар он бистар нагустардам.

Чаро нагирям, ҳол он ки намедонам масирам то куҷост, ва ба куҷо меравам, ва акнун мебинам, ки нафс бо ман худъа мекунад, ва рӯзгор бо ман макр меварзад, дар ҳоле ки уқоби марг бар сарам пару бол гушудааст?

Пас чаро нагирям? Мегирям бар ҷон доданам, мегирям бар торикии қабрам, мегирям бар тангии ҷои абадии худам, мегирям барои суоли Мункару Накир аз ман, мегирям бар он ҳолате ки аз қабр бараҳна ва хору залил берун омада ва бори сангини аъмоламро бар пушт гирифтаам; гоҳе ба ҷониби рости худ менигарам ва гоҳе ба ҷониби чап, дар он ҳол ки халоиқ ҳар касе ба коре ғайри кори ман машғуланд, ва ҳар шахс дар он рӯз мӯҳтоҷи кори хеш аст, ва аз таваҷҷӯҳ ба ғайр бениёз...

Эй Худо! Агар аҷали ман наздик шуда ва амалам маро ба мақоми қурби ту нарасонида, ман эътироф ба гуноҳонамро асбоби узр гардонидаам.

Эй Худо! Агар ту авф кардӣ, кист сазовортар аз ту ба авф, ва агар азоб кардӣ, кист аз ту дар ҳукм одилтар!?

Худоё! Дар ин дунё ба ҳоли ғурбатам раҳм кун, ва ҳангоми марг бар ғаму ҳасратам, ва дар лаҳад ба танҳоӣ ва ваҳшатам раҳм кун! Ва чун барои ҳисоб номаи амалам гушуда шавад, ба ҳоли зиллатам дар пешгоҳи азаматат тараҳҳум фармо, ва гуноҳонеро, ки аз чашми мардум пинҳон аст, бар ман бибахш, ва лутфе, ки ба он гуноҳонамро мастур кардаӣ барқарор дор.

Боз ҳам тараҳҳум кун он гоҳ ки дар бистари марг афтодаам ва қодир ба ҳаракат нестам ва дасти дӯстон маро ҳаракат медиҳад...

Ва таваззул фармо он гоҳ ки дар вақти ғусл додани ҷасадам дасти ҳамсоягони солеҳ, ба росту чапам мегардонад...

Ва лутфу меҳрубонӣ кун он гоҳ ки хешовандонам атрофи ҷанозаамро баргирифтаанд, ва он гоҳ ки аз ин ҷаҳон рахт барбастам ва дар қабр бар ҳазратат ғарибу танҳо ворид шудам бар ман бибахш, ва дар он манзили тоза бар ғурбатам тараҳҳум фармо...

(Худоё!) Пас ту ба бузургворӣ ва карам, рӯй аз ман магардон ва тақозоям қабул фармо, ки ман ба ин дуо туро хондам ва умеди он дорам, ки дуоям рад нафармойӣ, чаро ки ман ба раъфату меҳрубонии ту огоҳам!

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Дуо ва муноҷот | Просмотров: 921 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/2 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Август 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz