Ҷумъа, 26.04.2024, 11:08
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 15 » Оё шак хуб аст ё бад?
Оё шак хуб аст ё бад?
10:52

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Он чи одамиро ба думболи улум, фалсафа ва ҳатто дин фиристодааст, ҳақиқатҷӯии ӯ мебошад. Ҳақиқатҷӯӣ, падидаест, ки дастгоҳи офариниш дар ниҳоди одамӣ ба вадиа гузошта. Оғозгоҳи роҳи ҷустуҷӯи ҳақиқат ҳам, "шак” аст.

Оре, одамӣ дар ҷустуҷӯи ҳақиқат, дар оғоз бо падидае ба номи "шак” рӯбарӯ мешавад. Ин ҷо чунин пурсише худнамоӣ мекунад, ки асосан оё шак хуб аст ё бад? Шояд посухи аввалие, ки ба зеҳни инсон хутур кунад ин бошад, ки шак нописанд аст, зеро дар инсон тазалзул ва адами итминон ба вуҷуд меоварад. Шак, монеи расидан ба "яқин” аст. Он чи барои одамӣ матлуб аст, яқин аст, на шак.

Аммо воқеият ин нест; яъне, на ҳама вақт шак нописанд ва мазмум мебошад. Мо ду навъ шак дорем: шакки писандида ва маҳмуд, ва шакки нописанд ва мазмум.

Ҳол, шак, аз ин назар метавонад писандида бошад, ки инсон то шак накунад, ба сӯи яқин ронда намешавад. Мо дар мавриди чизе, то шак накунем, аслан ба думболи ҷустуҷӯи он намеафтем. Масалан, вақте касе ба мо бигӯяд, дар кураи Миррих ҷондор ҳаст, зуд ӯро тасдиқ намекунем, балки дар ибтидо дар мо чунин шакке пайдо мешавад, ки оё ин гузора ҳақиқат дорад ё на? Сипас, ҳамин шак моро водор мекунад дар ин масъала ба ковишу ҷустуҷӯ биафтему ба яқин бирасем.

Касе ки матлаберо, ба маҳзи шунидан аз ин ё он, зуд тасдиқ кунад, асосан инсони солиме нест. Аз ҳамин рӯст, ки тақлиди кӯр-кӯрона нописанд аст. Инсоне, ки аҳли таҳқиқ аст, бояд дар он чи мешунавад, аввал шак кунад.

Оре, як чунин шакке, бе тардид писандида ва маҳмуд аст; албатта, на ба унвони як ҳадаф, балки ба унвони роҳе, ки моро ба яқин бирасонад. Вагарна, шакку тардид, ба унвони як ҳадаф, вайронкунанда аст.

Ногуфта намонад, ки яке аз душманони сарсахти тақлиди кӯр-кӯрона, Қуръони Карим аст. Масалан, Қуръон дар посухи касоне ки мегӯянд: "Мо падаронамонро ба ақоиду ойине ёфтем ва мо ҳам дар пайи онҳо меравем” (Зухруф/23), эшонро ба шак давъат карда, посух медиҳад: "Ҳатто агар онҳо (падарони шумо) мардуми ҷоҳиле буда ва ба ҳақ роҳ наёфта бошанд?” (Моида/104); яъне оё дар сурати ҷоҳилу нодон будани аҷдодатон низ, боз думболрави онон ҳастед?

Ғазолӣ ҳам дар яке аз суханонаш мегӯяд: "Гуфторҳоро фоида ин бас аст, ки туро дар он чи маврусӣ гирифтаӣ (яъне ба тақлид онро дарёфтаӣ) ба шак меандозад то баъд шуморо водор мекунад то ҷустуҷӯ бикунед аз ҳақиқат ва ҳақоиқро дарёбед”.

Мутаҳҳарӣ шакки писандидаро ба навъе дард ташбеҳ карда мегӯяд: "Шакки муқаддас, ки боиси кашфи ҳақиқат мешавад, навъе дард маҳсуб мешавад, вале ин дард на танҳо бад нест, балки боис мешавад инсон пас аз эҳсоси беморӣ, ба думболи илоҷи он бигардад”.

Агар дар инсон эҳсоси дард намебуд, ҳаргиз боқӣ намемонд. Эҳсоси дард, ғайр аз беморӣ аст. Худованд моро чунин офарида, ки вақте дар яке аз аъзои мо мушкиле падид ояд, онро эҳсос мекунем, дард мекашем, ва ҳамин эҳсоси дард, моро водор мекунад ба думболи муолиҷа биравем ва ба пизишк муроҷиа кунем. Бархе аз бемориҳое ҳаст, ки бар асари гирифторӣ ба он, аз одамӣ як чунин эҳсосе салб мешавад ва инсон ҳангоми бурузи мушкиле дар ҷасадаш, асосан эҳсоси дард намекунад. Инсони мубтало ба чунин беморӣ, як дафъа аз по меафтад ва мемирад. Аз ин рӯ, бояд Худоро шукргузор бошем, ки дар вуҷудамон як чунин эҳсосеро ба вадиа гузошта.

Чӣ зебо фармуда Мавлои Рум, он ҷо ки суруда:

Ҳасрату зорӣ, ки дар беморӣ аст,

Вақти беморӣ ҳама бедорӣ аст.

Он замон, ки мешавӣ бемор ту,

Мекунӣ аз ҷурм истиғфор ту.

То ин ки мефармояд:

Ҳар кӣ ӯ бедортар, пурдардтар,

Ҳар кӣ ӯ огоҳтар, рухзардтар.

Асосан, эҳсоси дард на танҳо дар мавриди ҷасади одамӣ некӯст, балки он ҷо ки дар пайкараи ҷомеа беморие буруз мекунад низ писандида мебошад. Бархе ҳастанд аслан аз мушкилоте, ки гиребонгири ҷомеа мешавад, эҳсоси ҳеҷ дарде намекунанд.

Оре, дард доштан бисёр беҳтар аз бедардӣ аст, ки бархе исмашро "саодат” ва "оромиш” ҳам ниҳодаанд. Инсоният, яъне дард доштан.

Ҳол, баҳси мо перомуни шак буд ва гузашт, ки шак барои башар дард аст; дарди руҳ аст.

Аммо шак, он ҷо метавонад нописанд ва мазмум бошад, ки ба унвони ҳадаф қарор гирад, на василаи расонанда ба яқин. Он чи барои инсон матлуб аст, ин яқин аст, на шак. Ин ҳам, ки дастгоҳи офариниш дар ниҳоди одамӣ ғаризаи ҳақиқатҷӯӣ ниҳода, барои он аст, ки ба яқин бирасад, на ин ки шаккро манзилгоҳи хеш қарор диҳад. Шак, агар ба унвони магзилгоҳ қарор дода шавад, вайронгару харобкунандаи инсон хоҳад буд. Бархе ҳастанд, ки дар ҳама чиз шак доранд ва асосан намехоҳанд ба яқин бирасанд. Шаккокият дар ҳама чизро навъе дониш ҳам медонанд. Бинобар ин аст, ки ба ҳеҷ мабдае эътиқод надоранд. Чунин афроде дар ҷомеаи башарӣ мисли ғуддаи саратонӣ ҳастанд, ки кохи инсониятро аз асос хароб мекунанд.

Пас, натиҷа ин шуд, ки шак хуб аст, аммо агар ба он ба унвони васила ва роҳе, ки инсонро ба яқин мерасонад нигариста шавад. Аммо агар шак, худ ҳадаф қарор дода шавад, чунин шакке нописанд ва мазмум хоҳад буд.

Кимиёи саодат

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 598 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz