Ҷумъа, 29.03.2024, 16:35
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Август » 23 » Одоби моҳи зиёфати илоҳӣ
Одоби моҳи зиёфати илоҳӣ
16:04

Шояд бархе чунин фикр кунанд, ки меҳмонии Худо фақат дар ин хулоса мешавад, ки як рӯзадор, ҳамроҳи дигар рӯзадорон, дар вақти саҳар ба худдорӣ аз нӯшидану ошомидан пардохта ва дар поёни рӯз ба ифтор бипардозад ва ҳамин масъала ҳамасола такрор мешавад. Аммо ин ба танҳоӣ ҳаргиз кофӣ нест.

Моҳи хайру баракат, моҳи нузули раҳмат, моҳи меҳмонӣ ва зиёфати илоҳӣ, бори дигар моро ба як фазои маънавии ғайри қобили васфе мекашонад, фазое пур аз ишқ ба Худо ва дунёе аз сафову самимият, ки як моҳ ба тӯл меанҷомад. Ин ҷост, ки бар ҳама лозим аст, ки қадри ин зиёфатро бидонанд ва пешопеш худро барои вуруд ба ин меҳмонӣ омода кунанд. Худопарастон медонанд, ки ин зиёфат бо дигар меҳмониҳо фарқ дорад. Дар ин ҷо мизбон Холиқи яктост ва анбиёи илоҳӣ пазироикунандагон ва фариштаогон хидматгузорони ин хон ҳастанд. Дар ин меҳмонӣ, фариштагон пайваста бар муваҳҳидон салом гуфта ва бо кашидани болҳои худ бар рӯзадорон, гуноҳи меҳмононро аз байн мебаранд ва пок мекунанд.

Барои ин меҳмонӣ дари оташи хашми Худованд баста, дари биҳишт ва раҳмати Парвардигор боз ва дасти шаётин ва ханносон ва васвасагарон ғулу занҷир шудааст.

Ин зиёфат дар нигоҳи Паёмбар (с) он қадар муҳим аст, ки дар охирин ҷумъаи Шаъбон мардумро ба омодагиҳои лозим барои вуруд ба моҳи Худо фаро мехонад.

Паёмбар (с) дар азамат ва ҳурмати ин моҳи азиз дар ҷамъи ҳозирони намози ҷумъа чунин фармуд:

"Набояд дар назари шумо моҳи Рамазон ва дигар моҳҳо баробар бошанд, чун ин моҳ назди Худо ҳурмат ва фазилати волотаре нисбат ба дигар моҳҳо дорад”.

Дар ин моҳ бояд тамоми аъзо ва ҷавореҳи мо рӯзадор бошад ва бо адаби хосси худ вориди ин меҳмонии бемонанд шавем. На даст хато кунад ва на по ва на чашму гӯш.

Дар ин зиёфат фақат аз Парвардигор пайравӣ хоҳад шуд, на аз шайтон ё ҳавои нафс, ҳама чиз бояд тағйир ёбад, то бо фазои Рамазон, рамазонӣ шавем.

Паёмбар (с) ва бузургони дии мо барои баҳра ҷустан аз ин файзи бузург, суханон ва раҳнамудҳои бисёр арзишманд, зебо ва дилнишине барои мо ба ёдгор гузоштаанд, ки ба баррасии бахше аз онҳо мепардозем.

Одоби меҳмонии Худо

Шояд бархе чунин фикр кунанд, ки меҳмонии Худо фақат дар ин хулоса мешавад, ки як рӯзадор, ҳамроҳи дигар рӯзадорон, дар вақти саҳар ба худдорӣ аз нӯшидану ошомидан пардохта ва дар поёни рӯз ба ифтор бипардозад ва ҳамин масъала ҳамасола такрор мешавад. Аммо ин ба танҳоӣ ҳаргиз кофӣ нест, чаро ки ҳадаф ин нест, ки мусулмонон фақат чанд соате аз рӯз ва чанд рӯзе аз сол аз хӯрдану ошомидан худдорӣ кунанд, балки дар ин як моҳ бояд ҷиҳод кунанд; ҷиҳоди пайгир ва кӯшиши мустамир дар ростои таҳзиби нафс ва ислоҳи хеш. Ин як моҳ, мадрасаи омӯзиш ва тамрини омӯхтаҳост. Мадрасае барои озмудани фазоили ахлоқӣ ва кӯшиш барои тарки разоили шайтонӣ ва зиддиахлоқӣ, ки аз ҷумла ин фазоил аст:

1. Назорат ва нигаҳ доштани забон:

Забон нишонаи ақл ё ҷаҳли нисон аст ва мояи иззат ё зиллати ӯст.

Аз ин рӯ дар ривоёт ва аҳодиси исломӣ дар бораи нигаҳ доштани ин мавҷуди хурдҷусса, аммо бисёр хатарнок ҳушдорҳои фаровоне дода шудааст. Аз Паёмбар (с) ривоёти мутааддиде расидааст, ки аз ҷумла фармудаанд: "Саломатӣ ва роҳатии инсон дар ҳабс ва нигаҳдории забони ӯст”,[1] ва ё фармудаанд: "Тамоми гирифториҳои инсон аз забони худаш аст”.[2] Дар ривояте омадааст: "Сукут ва нигаҳдории забон нишонаи доноӣ аст”.[3]

Абдуллоҳи Сақафӣ мегӯяд: ба Паёмбар (с) арз кардам, ки бештарин чизе, ки бар ман метарсӣ чист? Паёмбар (с) забонашро ба даст гирифт ва фармуд: "Аз ин”.[4]

Ҳамчунин Алӣ (к) дар васияте, ки ба фарзанди худ Муҳаммад ибни Ҳанафия дошт, фармуд: "Забон монанди саги ҳор аст. Агар онро озод гузорӣ туро хоҳад газид. Басо бар асари калимае, ки инсон бар забон ҷорӣ месозад, неъматеро аз даст медиҳад. Пас бар ту бод забонатро, ки монанди тилло ва нуқра аст ҳифз  ва пинҳон кунӣ”.[5]

Аз ин рӯст, ки Паёмбар (с) бо муҳим шуморидани ин амр, дар хутбаи шаъбонияи маъруфи худ дар Мадина, ки дар охири моҳи Шаъбон эрод фармуд, ин чунин тавсия кард: "Эй гурӯҳе, ки худро омодаи зиёфати илоҳӣ намудаед, забонатонро дар ин моҳ комилан нигаҳ доред ва назорат кунед то дар маҳзари Парвардигор хатое аз ӯ сар назанад![6]

2. Нигаҳдории чашм:

Дуюмин мавриде, ки меҳмон бояд дар ин зиёфати илоҳӣ дар назар гирифта ва риоят кунад, нигаҳ доштани чашм аст.

Паёмбар (с) дар бораи риояти ин нукта мефармояд: "Чашми худро фурӯ нишонед аз он чи ки нигоҳи шумо ба он раво нест”.[7]

Оре, Худованд ба бандагон чашм додааст то бубинанд, аммо на ин ки ба ҳар чиз ва ба ҳар кас назар кунанд. Чашм додааст то роҳи худро биёбанд, ба ғизои фикрӣ ва бадании худ назар афкананд.

Бо ин баён метавон гуфт, як нигоҳи воҷиб дорем, ва ин ҳамон аст, ки гуфта шуд.

Дуюм нигоҳи мустаҳаб аст, ки дар ривоёте ба он ишора шудааст, ки нигоҳ кардан ба умуре чун чеҳраи падар, модар, олим, бародари динӣ, имоми одил, Қуръон ва Каъба ибодат аст.[8]

Ҳамчунин нигоҳ кардан ба об, табиат, сабза ва гулу гиёҳ боиси зудуда шудани ғаму ғусса аз инсон мешавад.

Нигоҳи сеюм он аст, ки аз назари шаръи муқаддас ҷоиз нест, ва он нигоҳ ба номаҳрам аст, ва нигаҳ доштани чашм аз он, яке аз одоб ва шароити ин меҳмонии бузург аст ва Қуръони Маҷид низ дар оёте тамоми мусалмононро ба ин амри илоҳӣ фаро хонда ва марду занро аз нигоҳҳои ҳаром ва ғайри шаръӣ барҳазар доштааст.

Расули Худо (с) мефармоянд: "Рӯзи қиёмат тамоми чашмҳо гирён аст, магар се чашм: чашме, ки аз тарси Худо гиря кунад, чашме, ки аз нигоҳи номаҳрам пӯшонда шавад, ва чашме, ки шабзиндадор бошад”.[9]

3. Назорат бар шунавоӣ:

Ҳамон гуна ки дар байни инсонҳо як низоми ҳуқуқӣ нисбат ба якдигар ҳоким аст, байни аъзои як инсон низ ҳуқуқе ҳаст, ки мебояд ба он ҳуқуқ ҳатман таваҷҷӯҳ бишавад.

Имом Зайнулобидин (р) набераи гиромии Паёмбари акрам (с) рисолае дорад ба номи "Рисолаи ҳуқуқ”, ва дар он зимни панҷоҳ ҳаққе, ки бар як фард матраҳ мефармояд, барои нафс ва забон ва шунавоӣ ва биноӣ ва дасту пой ва шикам ва ғайри он ҳуқуқеро баён кардааст.

Ҳазрат дар бораи ҳаққе, ки шунавоӣ бар инсон дорад, чунин мефармояд: "Ҳаққи шунавоӣ ин аст, ки онро аз шунидани ғайбат ва шунидани ҳар он чи ки шуниданаш бар ӯ ҳалол нест, поку муназзаҳ ва дур гардонӣ”.[10]

Бидуни шак он мизбоне, ки ғайбат ва овозу садоҳои муҳаррик ва муҳаййиҷи қувои ҳайвонии инсонро таҳрим кардааст, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳозир нест касеро ба ҳузур пазирад, ки аз ин муҳаррамот парҳез нанамояд ва ё дар моҳи мубораки Рамазон бихоҳад худро ба ин масоил машғул кунад.

Паёмбари бузургвори Ислом (с) зимни хутбаи шаъбонияи худ ба сеюмин адаб аз одоби ин зиёфати илоҳӣ ишора намуда мефармояд: "Худро аз он чи ки шуниданаш бар шумо ҳалол ва ҷоиз нест дур бидоред![11]

4. Нигаҳ доштани хашм:

Хашму ғазаб, яке аз ҳолоти бисёр зишти инсонӣ аст, ки боиси ҳаракати руҳи ҳайвонии ӯ мешавад, гоҳе ин дахолат ба ҳадде ба пеш меояд, ки қувваи оқила ва фикри солими инсонро мепӯшонад. Ба ин ҷиҳат гуфтаанд, ки ғазаб ҷунунест, ки якбора ба вуҷуд меояд, ва басо, ки марги ногаҳонӣ ҳам дар пай дошта бошад. Яке аз уламо дар васфи хашму ғазаб аз ҳукамо нақл кардааст: "Киштие, ки ба гирдоб афтода ва гирифтори бодҳои шадид шуда бошад, ба наҷот наздиктар аст аз касе, ки шӯълаи ғазабаш ба илтиҳоб омада бошад”.[12]

Албатта ногуфта намонад, ки ду ғазаб дорем, яке нописанд ва мазмум, ва он ҳолатест, ки инсонро аз ҳадди эътидол берун барад ва аммо он ғазабе, ки ихтиёр ва маҳораш дар дасти инсон аст ва ё он хашм барои ризои Худо ва ё барои дифоъ аз ҳақ аз ӯ содир шавад, на танҳо эроде надорад, балки хашми писандидае аст.

Алӣ (к) фармуд: "Ҳеҷ гоҳ Паёмбар (с) барои дунё ба хашм намеомад, аммо ҳар гоҳ аз барои ҳақ ба хашм меомад, аҳадеро намешинохт ва ғазабаш ором намегирифт, то ҳақро ёрӣ кунад”.[13]

Ахбору аҳодиси фаровоне дар мазаммати хашми нописанд ворид шуда ва ҳамаи онҳо далолат бар ин доранд, ки имонро фосид мегардонад, чунон ки сирка асалро фосид мекунад.[14]

Дар ривояте омадааст: "Ғазаб дили марди доноро ҳалок мекунад ва касе, ки молики қувваи ғазаби худ набошад, молики ақли худ нест”.[15]

Пас, дар ин моҳе, ки ҳузур ва ширкат дар меҳмонии Раббуларбобро дорем, бояд илова бар нигаҳ доштани чашму гӯш ва забон, бар хашми худ низ мусаллат бошем.

Дар ривояте, ки дар бораи фазилати моҳи Рамазон мебошад, мехонем: "Ҳар кӣ дар моҳи Рамазон хашми худро фурӯ нишонад, Худованд хашму ғазаби худро дар борааш дар рӯзи қиёмат фурӯ менишонад”.[16]

5. Парҳез аз муҳаррамот:

Бисёре аз гирифториҳои мардум бар асари надоштани тақвои илоҳӣ ва надоштани тарс аз Худованд дар рӯзи қиёмат аст. Аз ин рӯ ба доми бисёре аз гуноҳон, аз ҷумла рӯй овардан ба муҳаррамот меафтад. Бепарда бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир, касе нест, ки бо ҳаромҳои Худованд ошноӣ надошта бошад, магар он ҷоҳили бехабаре, ки ин даста ҳам бисёр андак аст, аммо ағлаби мардум ҳам мавориди ҳаромро медонанд ва ҳам аз таъсири луқмаи ҳаром дар зиндагӣ огоҳанд.

Ва ҳеҷ омиле ба андозаи тақво ва парҳезгорӣ наметавонад инсонро аз иқбол бар муҳаррамот боздорад. Дар моҳи Рамазон, дар моҳи зиёфати илоҳӣ ҳар чи тақвои як рӯзадор бештар шуд, аз муҳаррамот фосила хоҳад гирифт.

Имом Содиқ (р) хитоб ба Муфаззал ибни Умар, дуруст бар ҳамин нукта такя карда ва ба ӯ чунин фармуд: "Кам будани амал, вале ҳамроҳ бо тақво беҳтар аз амали бисёр, вале холӣ аз тақво аст”. Пурсид: "Ин чӣ гуна мумкин аст, ки амал бисёр бошад, аммо тақво дар байн набошад?” Ҳазрат дар посух фармуд: "Бале, намунааш монанди касест, ки ҳамсояашро итъом мекунад ва ба онҳо ирфоқ менамояд ва дигаронро ба хонааш даъват менамояд, аммо дар канори чунин корҳое агар даре аз ҳаром бар рӯи ӯ боз шуд, вориди он мешавад. Ва ин маънои амали бидуни тақво аст. Дар муқобил касест, ки амали андаке дорад, аммо агар даре аз ҳаром боз шавад, вориди он нахоҳад шуд”.[17]

Моҳи Рамазон, моҳест, ки Худо мехоҳад бандагонаш бо чашми пок ва дили поктар ба сӯи ӯ рӯй оваранд, муваҳҳидон ва рӯзадорон бо дурӣ ҷустан аз муҳаррамот дар ин моҳи пурфайз ва раҳмат барои ҳамеша аз ҳаром фосила бигиранд.

Саҳобии ҷалилулқадр Абӯсаиди Худрӣ (р) аз Паёмбар (с) нақл мекунад: "Ҳар бандае, ки моҳи Рамазонро дарк кунад, пас агар рӯзҳоро рӯза бидорад ва озораш ба дигарон нарасад ва чашми худро аз номаҳрамон бипӯшонад ва аз он чи ки Худованд бар ӯ ҳаром карда парҳез намояд, Худованд биҳиштро бар ӯ воҷиб мегардонад”.[18]

Фароҳамоваранда: Акрамхони Зиёдулло

Кимиёи саодат


[1] Зароеул−баён, ҷ.1, саҳ.6

[2] Ҳамон, ҷ.1, саҳ.6

[3] Ҳамон

[4] Ҳамон

[5] Ал−ихтисос, саҳ.223

[6] Фазоилул−ашҳурис−салоса, саҳ.77

[7] Ҳамон

[8] Сафина, ҷ.2, саҳ.596

[9] Биҳор, ҷ.104, саҳ.35

[10] Зароеул−баён, саҳ.206

[11] Фазоилул−ашҳурис-салоса, саҳ.77

[12] Меъроҷус−саода

[13] Ҳамон

[14] Ҳамон

[15] Ҳамон

[16] Ҳамон

[17] Сафина, ҷ.1, саҳ.244

[18] Фазоилул−ашҳурис−салоса, саҳ.103

Бахш: Аҳкоми рӯза | Просмотров: 999 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Август 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz