Душанбе, 26.10.2020, 10:13
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Март » 20 » Наврӯз ва ислом: канкоше дар ривоёти ворида дар боби Наврӯз
Наврӯз ва ислом: канкоше дар ривоёти ворида дар боби Наврӯз
13:38

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз пурсишҳое, ки аз дерзамон фуқаҳои исломиро ба худ машғул карда ин буда аст, ки дини ислом, ба унвони як дини ҷаҳонӣ ва комил, бо одобу сунани миллӣ чӣ рафторе дошта аст? Оё онҳоро канор ниҳода ва худ ба сохтани одобу русуми ҷадид пардохта аст, ё на, онҳоро таъйид карда аст, ва ё, на ину на он, балки аз миёни онҳо ба гузиниш пардохта аст?

Ба ҷои муқаддима

Агар ба манобеъ ва сарчашмаҳои исломӣ бингарем, мебинем, ки хости дини ислом, аз реша барчидани басоти сунани миллӣ нест, балки бар он аст, ки суннатҳои миллиро самту сӯй бахшад. Ба иборати дигар ва дақиқтар, ислом танҳо он чиро, ки бо фитрати одамӣ муғойират дорад бармечинад. Масалан, Қуръони карим, ҳурмат ва эҳтироми моҳҳои ҳаромро, ки дар асл расме ҷоҳилӣ буд, пос дошта аст:

"Эй касоне ки имон овардаед! Шаоири Худо ва моҳи ҳаромро ҳалол магардонед, яъне ҳурмати шаоири Худо ва моҳи ҳаромро нигаҳ доред. (Сураи Моида, ояти 2).

Расули Худо (с) мефармояд:

"Касе ки одат ва суннати некеро поягузорӣ кунад ва бад-он амал шавад, подоши амали худаш ва низ ба андозаи подоши дигар амалкунандагон (ба он суннат) ба вай дода мешавад бидуни он ки аз подоши амалкунандагон кам шавад. Ва касе ки суннати бадеро поя гузорад ва бад-он амал шавад, гуноҳи амали худаш ва дигарон бар ӯҳдаи ӯст, бидуни он ки аз гуноҳи дигарон коста шавад”. (Ибни Моҷа, ҷузъи 1, сафҳаи 74 аз Ал-мактабатуш-шомила, Албонӣ ҳадиси мазкурро саҳеҳ дониста).

Ҳазрати Алӣ (к) хитоб ба Молики Аштар, он ҳангом ки ӯро ба сӯйи Миср ба унвони волии он сарзамин раҳсипор медорад, мефармояд:

"Ойини писандидаеро барҳам марез, ки бузургони ин уммат бад-он рафтор намудаанд ва ба василаи он, мардум ба ҳам пайвастаанд ва халқ бо якдигар созиш кардаанд. Ва ойине магузор, ки чизе аз суннатҳои неки гузаштаро зиён расонад, ки дар он сурат подош азони ниҳандаи суннат бошад ва гуноҳи шикастани он бар ту монад”. (Наҳҷул-балоға, с 431).

Инак, намунаҳое аз суннатҳои пеш аз ислом (ҷоҳилӣ), ки мавриди таъйиди ислом қарор гирифтаанд:

  1. Дия дар ҷоҳилият 100 шутур буд ва паёмбари ислом (с) онро таъйид ва имзо намуд;
  2. Занони ҳоиз (ҳайздида) дар ҷоҳилият аз ширкат дар идҳои динӣ ва маросими қурбонӣ мамнӯъ буданд ва ислом низ онро ҳифз кард;[1]
  3. Паёмбар (с) дар Ҳилфул-фузул дар синни 25 солагӣ ширкат кард ва баъдҳо бад-он ифтихор мекард ва мефармуд: "Агар бори дигар бад-он паймон даъват шавам, мепазирам”;[2]
  4. Дар ҳадисе, ҳафт давр будани тавофи хонаи Каъба, ҳаром будани зани падар бар фарзанд ва хумси ганҷ, аз суннатҳои Абдулмутталиб дар ҷоҳилият шумурда шуда ва паёмбар (с) онҳоро таъйид ва имзо намуда аст;
  5. Ҳурмати моҳҳои ҳаром, аз суннатҳои ҷоҳилӣ буд, ки дар ислом имзо шуд;
  6. Ирҷои масоиле чанд ба урф, миқдори нафақа, иститоат дар ҳаҷ ва закот;[3]

Ин шавоҳид гувоҳӣ медиҳанд, ки ойини ислом аз одоту русум он чиро ки хайру салоҳе дар пай дорад, ва ё ин ки мафсадае ба дунбол надорад мепазирад.

Ва аммо одоту русуме, ки бо фитрати одамӣ ва шариати муқаддаси ислом созгор нест ва мафсадае ба дунбол дорад, албатта мавриди таъйиди ислом нест, ба унвони намуна:

  1. Суннате, ки нишонгари як ойини ботил бошад, мисли ҳаром будани ҳамл, сохт ва нигаҳдории салиб. Расули Худо (с) вақте Удай ибни Ҳотамро дид, ки салиб ба гардан дорад, фармуд: "Ин бутро канор бигузор”;
  2. Суннате, ки тарвиҷи хурофа бошад. Ҳалимаи Саъдия вақте дар кӯдакии паёмбар (с) хост мӯҳрае ба бозуи Расули Худо (с) бубандад, бо эътирози паёмбар (с) рӯбарӯ шуд. Расули Худо (с) фармуд: "Худованд нигаҳдори мост ва аз ин мӯҳра коре сохта нест”;
  3. Суннате, ки бо аҳкоми шариат носозгор бошад. Паёмбар (с) бо Зайнаб ҳамсари талоқшудаи Зайд (писархондаи худ) издивоҷ кард то нишон диҳад ин суннати ҷоҳилӣ, ки мегӯяд, "наметавон бо зани писархонда издивоҷ кард”, ғалат аст;

Ҳол ки назаргоҳи куллии дини мубини ислом дар боби одобу русуми бумӣ ва миллӣ рӯшан шуд, ба яке аз расмҳои куҳан ва решадори порсиён, яъне Наврӯз, менигарем.

Наврӯз

Роқими сутур, дар яке аз посухҳои худ ба ҷаноби Фаромарз, ки бо такя бар порае аз гуфтаҳои уламои исломӣ мӯътақид буд Наврӯз мавриди манъи дини ислом аст, бар асоси ҳамон назаргоҳи куллии ислом дар боби одобу русуми миллӣ, ки дар боло ёдовар шудам (ва он ин ки агар суннате бо фитрати одамӣ ва низ додаҳои шариати муқаддаси ислом носозгор набошад, мавриди таъйид ва имзои ислом аст), гуфта будам, ки аввалан, иди Наврӯз, ба унвони нишоне аз ойинҳои ботил мавриди такриму эҳтиром нест, балки рангу бӯйи миллӣ ва бумии он, манзури мардумон аст, ва сониян, дар иди Наврӯз, чизе аз нишонаҳои ботил ва ё хурофа дида намешавад, то мавриди манъи ислом қарор бигирад.

Аммо яке аз бародарони исломиямон, дар радди ҳамин гуфтори камина, аҳодисе чанд бароям овард, ки аз онҳо чунин бардошт мешавад, ки иди Наврӯз мавриди манъи ислом буда аст, ғофил аз ин ки ривоёте ҳам дорем, ки зоҳири онҳо таъйид ва имзои ислом аз ин идро мерасонад.

Ҳол, инсоф аз мо инро металабад, ки ҳар ду даста аз ин ривоётро зикр кунем. Пас, инак, ибтидо ривоёти мувофиқ, яъне ривоёт ва осоре, ки аз зоҳирашон пайдост Наврӯз мавриди таъйиду имзои ислом аст, ва сипас, ривоёти мухолиф, яъне ривоёте, ки мамнӯъ будани ин ид аз назари исломро мерасонад ёдовар, ва он гоҳ, баъд аз баррасии дақиқи онҳо, назари худро иброз медорем.

а) Ривоёт ва осори мувофиқ:

1. Имом Бухорӣ дар Ат-таърихул-кабир аз Ҳаммод ибни Салама аз Алӣ ибни Зайд аз Сиъри Тамимӣ чунин ривоят мекунад: "Барои Алӣ (р) фолуда оварданд. Алӣ (р) пурсид: ин чист? Гуфтанд: имрӯз Наврӯз аст. Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз кунед”. (Ат-таърихул-кабир, Бухорӣ, ҷ 1, с 414).

2. Заҳабӣ дар Сияру аъломин-нубало аз Мукаррам ибни Аҳмади Қозӣ аз Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Шозони Марвазӣ аз падараш аз ҷаддаш ривоят мекунад: аз Исмоил шунидам, ки мегӯяд: ман писари Ҳаммод писари Абӯҳанифа писари Нӯъмон писари Собит писари Марзбон, аз форсҳои озода, ҳастам. Ба Худо савганд, ки ҳеҷ гоҳ дар миёни мо бардагӣ набуд. Падарбузургам (Абӯҳанифа) дар соли 80 қамарӣ ба дунё омада аст. Ҷаддам Собит назди Алӣ ибни Абӯтолиб (р) рафт, дар ҳоле ки хурдсол буд, он гоҳ Алӣ (р) барои ӯ ва фарзандонаш дуои баракат кард, ва мо умедворем дуои Алӣ (р) дар ҳаққи мо ба иҷобат расад”. Сипас, ривоятро чунин идома медиҳад: "Нӯъмон ҳамон касест, ки дар рӯзи Наврӯз барои Алӣ (р) фолуда бурд. Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз созед”. Ровӣ мегӯяд: "Бархе гуфтаанд, ки рӯзи Меҳргон буд ва Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Меҳргон кунед”. (Сияру аъломин-нубало, Заҳабӣ, ҷузъи 6, сафҳаи 395 аз аз Ал-мактабатуш-шомила).

Ин ривоят ҳамчунин дар Вафаётул-аъён, Таҳзибул-асмо, Тақрибут-таҳзиб, Таҳзибул-асмо, Таърихи Бағдод ва дигар манобеи мӯътабар ворид шуда аст.

3. Берунӣ дар Ал-осорул-боқия оварда аст: "Овардаанд, ки дар Наврӯз, ҷоме пур аз ҳалво барои пайғамбар (с) ҳадия оварданд. Он ҳазрат пурсид: "Ин чист?” Гуфтанд: "Имрӯз, рӯзи Наврӯз аст”. Пурсид: "Наврӯз чист?” Гуфтанд: "Иди бузурги эрониён аст”. Фармуд: "Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард”. Пурсиданд: "Аскара чист?” Фармуд: "Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд: Бимиред. Пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфта аст”. Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат кард ва фармуд: "Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд”. (Ал-осорул-боқия, с 230).

4. Фирӯзободӣ дар Ал-қомус оварда аст: "Миқдоре ҳалво барои Алӣ (р) оварданд. Пурсид, ки ин чист? Гуфтанд, ки барои Наврӯз аст. Фармуд, ҳар рӯзи мо Наврӯз аст. Ва дар Меҳргон гуфт, ҳар рӯзро барои мо Меҳргон кунед”. (Ал-қомус, Фирӯзободӣ, ҷ 2, с 279).

б) Ривоёти мухолиф:

1. Имом Бухорӣ дар Ат-таърихул-кабир оварда аст: "Аюб ибни Динор аз падараш гӯяд: Алӣ (р) ҳадияи Наврӯзро намепазируфт”. (Ат-таърихул-кабир, ҷ 4, с 201).

2. Олусӣ дар Булуғул-ираб мегӯяд: "Паёмбар (с) вориди Мадина шуд. Мардумони Мадина ду ид доштанд, ки дар онҳо ба саргармӣ ва хушӣ мепардохтанд. Расули Худо (с) фармуд: ин ду рӯз чист? Гуфтанд: ду ёдгори ҷоҳилият аст. Фармуд: Худованд беҳтар аз онҳоро ҷойгузин карда аст: иди Қурбон ва иди Фитр”. Гуфта шуда, ки он ду рӯз, Наврӯз ва Меҳргон буд. (Булуғул-ираб, ҷ 1, с 364). Ин ривоятро дигарон низ нақл кардаанд.

Пас, чунон ки хонандаи гиромӣ мебинад, дар боби Наврӯз, ривоятҳо мутафовит ҳастанд ва тардиде нест, ки ривоятҳои мутафовит, заминаи шаклгирии орои мутафовитанд.

Аммо, инсоф инро металабад, ки мо бо як диди бетарафона, ба баррасии ривоятҳои мувофиқ ва мухолиф бипардозем, то бубинем кадом даста аз ин ривоёт қобили қабул ҳастанд.

Баррасии ривоятҳо

Ду ривояти мутафовите, ки аз китоби Ат-таърихул-кабир-и Имом Бухорӣ нақл гардид; яке дар таъйиди Наврӯз ва дигарӣ дар радди он, ҳар ду аз эътибор соқит ҳастанд. Аввалӣ ба хотири вуҷуди Алӣ ибни Зайд дар санади он ривоят, ки матрук дониста шуда аст, ва дуюмӣ ба хотири Аюб ибни Динор мулаққаб ба Абӯсулаймони Мактаб дар санади ривояти номбурда, ки маҷҳул ва ношинохта аст.

Албатта, бояд ба ин нукта ҳам таваҷҷӯҳ шавад, ки китоби Ат-таърихул-кабир, гар чи аз осори Имом Бухорӣ аст, вале тамоми ривоёташ мисли ривоёти Саҳеҳи вай, мавриди таъйиду қабул нест.

Ва аммо ривояти манқул дар китоби Ал-осорул-боқия-и Абӯрайҳони Берунӣ, ки дар таъйиди Наврӯз оварда шуда аст, дар ҳеҷ як аз китобҳои мӯътабари ривоӣ нақл нашуда аст, ба илова, Абӯрайҳон санаде барои он зикр накарда аст, аз ин рӯ, он ҳам аз эътибор соқит мебошад.

Боқӣ мемонад ду ривоят дар таъйиди Наврӯз; яке ривояти Исмоил ибни Ҳаммод, ки дар зайли он, ровии ривояти номбурда мегӯяд, Нӯъмон (ҷадди Имом Абӯҳанифа) ҳамон касест, ки дар рӯзи Наврӯз барои Алӣ (р) фолуда бурд ва Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз созед, ки дар санадаш зоҳиран хадшае ворид нест, зеро Заҳабӣ баъд аз нақли он, чизе дар бораи санади он нагуфта аст, ва дигарӣ ривояти Фирӯзободӣ, ки чун дар маъно, наздик ба ривояти Исмоил мебошад, аз ин рӯ, ниёзе нест санадаш баррасӣ гардад.

Ва ҳамчунин боқӣ мемонад ривояти Олусӣ дар радди Наврӯз, ки ҳарчанд аз ноҳияи санад солим аст, аммо дар ин нукта, ки он ду иди замони ҷоҳилият, ки ҳазрати паёмбар (с) ба ҷои онҳо иди Фитр ва Қурбонро ҷойгузини беҳтар донистаанд, Наврӯз ва Меҳргон бошад, тардид вуҷуд дорад. Зеро, таъбирҳои Наврӯз ва Меҳргон дар матни он нест ва зоҳиран ровиён ин дуро аз рӯи эҳтимол (на қатъу яқин) ба ривоят афзудаанд. Аз ин рӯ, Олусӣ пас аз нақли ҳадис мегӯяд: "Гуфта шуда, ки он ду рӯз, Наврӯз ва Меҳргон буд”.

Шавоҳиди дигар дар мамнуъ набудани Наврӯз дар ислом

1. Ба эътиқоди бархе коршиносони табдили гоҳшумор, дар ҷаласаи машваратии ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) барои тақвим, Ҳурмузони тозамусалмон ширкат дошт ва тақвими шамсиро, ки бо Наврӯз шурӯъ мешавад, барои ҳозирон шарҳ кард ва халифа он тақвимро барои умури девонӣ ва хароҷ пазируфт;[4]

2. Хароҷ дар давраи аббосиён бар асоси Наврӯз танзим мешуда аст;[5]

3. Хулафои умавӣ ва аббосӣ, ҳадияҳои Наврӯзро мепазируфтанд, ҳатто дастур медодаанд то барояшон ирсол гардад;[6]

4. Аз дербоз то кунун, Наврӯз дар сурудаҳои шоирони тозигӯ ва порсизабон ҳузури ҷиддӣ дорад, ва ин низ шоҳиде гӯё бар ҳузури Наврӯз дар фарҳанги порсиёни мусалмон аст.

Ҳол, агар боз ҳам касе эътироз кунад ва бигӯяд, ҳамон гуна ки шумо шавоҳид аз ривоёту осор дар таъйиди Наврӯз овардед, ҳамчунин шавоҳид аз суханони фуқаҳо дар радду инкори он низ ҳаст, ки наметавон ба ин роҳатӣ аз канори онҳо гузашт, ба вижа он ки бархе аз бузургони мо, ҷашн гирифтани Наврӯзро куфр қаламдод кардаанд.

Дар посух, мо мегӯем, пас, бояд бипазирем, ки ибрози назар дар ин мавзӯъ, чи ба мувофиқат ва чи ба мухолифат, амрест иҷтиҳодӣ, ва дар умури иҷтиҳодӣ, агар касе ба хато равад, як подош насибаш гардад, ва агар иҷтиҳодаш дуруст аз об барояд, ду подош насиби ӯст, ва дигар, маҷол барои ҷанҷолу сарусадо боқӣ намемонад. Бигузор, касе ки Наврӯзро ғайри шаръӣ медонад, бар раъйи худ бимонад ва онро ҷашн нагирад ва дар ин рӯз аз манзил берун наояд ва мотам гирад, вале агар касе онро, бо таваҷҷӯҳ ба адиллае, ки арз шуд, ҷоиз ва ғайри мамнуъ аз ноҳияи шариат қаламдод кунад, бигузор онро ҷашн гирад, ки агар гуноҳе дар миён бошад, бар гардани ӯст, на он дигарӣ.

Кимиёи саодат


[1] Доиратул-маорифил-исломия, ҷ 8, с 165.

[2] Таърихул-исломис-сиёсия, ҷ 1, с 72.

[3] Назариятул-урф, с 96.

[4] Гоҳшумории ҳиҷрии қамарӣ ва мелодӣ, дуктур Ризо Абудуллоҳӣ, с. 25 ва 26.

[5] Таърихи Табарӣ, ҷ 9, с 218 ва ҷ 10, с 39 ва ҷ 11, с 203.

[6] Таърихи Яъқубӣ, ҷ 2, с 306 ва 313.

Бахш: Суннат | Просмотров: 1248 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 2
27.03.2010
2. Бурханов (istaravshani) [Материал]
То замоне ки мутаассибоне амсоли шумо ба худ оянд.

27.03.2010
1. Алишер [Материал]
Ба Кормандони Кимё гуфтани ҳастам ки то кай то кай то кай то кай шумо бо ин тариқа мардуми ҷоҳилро гумроҳ месозед?
Оё Ҳазрати Али ки даъвой пайравияшро мекунед дини исломро ҳаминхел пеш мебурд?

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz