Панҷшанбе, 28.03.2024, 15:41
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 10 » Кобуси бозгашти Толибон ба қудрат
Кобуси бозгашти Толибон ба қудрат
23:39

Раванди таҳаввулоти ахири Афғонистон нишон аз бозгашти Толибон бар сари қудрат ва нокомии нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико дар саркӯб кардани ифротгароӣ дар ин кишвар дорад.

Чанде пеш буд, ки Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон фармони ташкили Шӯрои Олии Сулҳ барои музокира бо гурӯҳҳои шӯришӣ ва дар раъси онҳо Толибонро барои таваққуфи ҷангу хушунат дар ин кишвар содир кард ва баъд аз иқдомоти аввалия ва эъломи асомии аъзои Шӯрои Олии Сулҳ, дар рӯзҳои ахир, хабари шурӯи музокирот байни гурӯҳҳои шӯришӣ ва дар раъси онҳо Толибон бо давлати Афғонистон мунташир шуд.

Ба навиштаи рӯзномаи Вашингтон Пост, Шӯрои Кувайта ба раҳбарии Мулло Умар, ки Толибони Афғонистонро созмондеҳӣ мекунад, намояндагонеро барои музокира бо давлати Афғонистон таъйин кардааст, ки вазифа доранд дар бораи мушорикати Толибон дар давлат ва эҷоди барномаи замонӣ барои хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон гуфтугӯ кунанд.

Гарчӣ Ҳомид Карзай дар як ҳаракати "қудратмандонае” гуфтааст, ки дар сурате ки Толибон ҳозир шаванд хушунатро канор бигузоранд ва қонуни асосии ин кишварро риоят кунанд, бо онҳо гуфтугӯ хоҳад кард, аммо ҳақиқат ин аст, ки мавзеи Толибон дар ин музокирот ба маротиб қавитар аз давлат аст.

Мавзеи бартари Толибонро метавон дар изҳороти Муҳаммад Акрам раиси идораи Шӯрои Олии Сулҳ ба рӯшанӣ дид. Ӯ гуфтааст, ки Толибон дар тамосҳои телефонии худ эълом кардаанд, ки танҳо дар сурате ҳозиранд пойи мизи музокира биншинанд, ки раёсати ин шӯроро Сибғатулло Муҷаддидӣ бар ӯҳда дошта бошад, чаро ки ба ҷуз ӯ тамоми аъзои ин шӯро бо онҳо ҷангидаанд.

Гарчӣ бо исрор ва пофишории соири аъзои шӯрои мазкур, риёсат бар ӯҳдаи профессор Бурҳонуддин Раббонӣ вогузор гардид, аммо мувофиқати Ҳомид Карзай дар оғоз бо раёсати Муҷаддидӣ бар ин шӯро, ба навъе ҳикоят аз ночор будани давлат ва кӯтоҳ омадан дар муқобили Толибон аст.

Намунаи дигари ақибнишинии давлати Афғонистон дар муқобили Толибонро метавон дар дархости давлати ин кишвар аз СММ мабнӣ бар хориҷ кардани номи бархе аз аъзои Толибон аз феҳристи сиёҳи ин ниҳоди байналмилалӣ ва ҳамчунин озод кардани зиндониҳое, ки ба ҷурми иртибот бо Толибон ба зиндон афтода буданд, мушоҳида кард.

Варои мавзеи заифтари давлати Афғонистон дар музокира бо гурӯҳҳои шӯришӣ барои дастёбӣ ба сулҳ, дар асли муассир будани музокирот ҳам тардидҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад. Гарчӣ мақомоти Афғонистон дар дифоъ аз ташкили Шӯрои Олии Сулҳ ва музокирот бо Толибон, сӯҳбат аз гуфтугӯ бо аносири мӯътадил ва миёнарави ин гурӯҳ ва ҷазби онҳо дар ҷомеаи Афғонистон мекунанд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба доктринаи гурӯҳҳои ифротгаро ва идеологӣ будани онҳо, асосан вуҷуди аносири миёнарав дар байни аъзои ин гурӯҳҳо бо суол мувоҷеҳ аст.

Нуктаи дигаре, ки бояд мадди назар қарор гирад, нокомии нерӯҳои байналмилалӣ дар мубориза бо Толибон ва гурӯҳҳои ифротӣ аст. Ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон на танҳо мунҷар ба тазъиф ва аз байн рафтани Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротгарои Афғонистон нашудааст, балки баъд аз гузашти наздик ба даҳ сол аз ҳазури онҳо, Толибон доияи дозгашт ба қудратро дар сар дорад ва давлати Афғонистон ҳам чорае ҷуз мусолиҳа бо онҳо надорад.

Манбаъ: Strategic Review

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 557 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz