Панҷшанбе, 28.03.2024, 23:38
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Март » 26 » Хирад, дар ҳар сурат, пойбандӣ ба дину шариатро бармегузинад
Хирад, дар ҳар сурат, пойбандӣ ба дину шариатро бармегузинад
03:32

Нимнигоҳе ба бурҳони шартбандии Паскал

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мутаассифона, бештари мардумон, ҳатто бархе аз андешмандон ва мутафаккирон низ, дар таъйини чигунагии роҳу равиши зиндагӣ, тобеи ҳукм ва доварии ақлу хирад нестанд, балки дар ин замина, бар асоси гумону тахмин кор мекунанд; гӯи ин ки таъйини навъи роҳ дар зиндагӣ, барояшон муҳим набошад.

Мо одамиён, дар зиндагии начандон зиёди хеш дар рӯи замин, ду навъ роҳ бештар надорем: яке, роҳу равишест, ки паёмбарони илоҳӣ нишонамон додаанд ва гуфтаанд, худое ҳаст, охирате ҳаст, ҳисобу китобе ҳаст ва .., аз ин рӯ, бояд ба гунае ки худописанд бошад ва тибқи шариате, ки ӯ таоло бар паёмбаронаш фурӯ фиристодааст зиндагӣ кунед, ба иборати хеле сода, пойбанд ба дину шариати илоҳӣ бошед.

Дигар, роҳе, ки мавриди писанди Худо нест, яъне лоқайд ва озоду раҳо аз ҳар навъ пойбандӣ ба дастурот ва фармудаҳои дину шариат зиндагӣ кунем; на пойбанди анҷоми намоз бошему на гирифтани рӯза ва ...

Мо одамиён, дар гузиниши ҳар як ин ду роҳ барои зиндагӣ, мухторем; касе моро маҷбур ба паймудани ҳеч як намекунад. Аммо, чун инсон ҳастем ва аз неъмати ақлу хирад баҳраманд, на ҳайвон, метавонем дар ин росто, ақлу хирад ба кор гирем ва ҳар ончи ӯ гуфт ва саҳеҳ ташхис дод, баргузинем.

Офаридгор дар китоби фурӯ фиристодаи хеш, далелҳо ва бароҳине мутқан ва хирадписанд бар дурустии роҳе, ки пешкаш кардааст, барпо намуда, ҳамчунин, фалосифа ва андешмандони фаровоне дар тӯли торих, бо такя бар адиллаи ақлӣ, дурустӣ ва сиҳҳати ин роҳро собит кардаанд.

Дар муқобил, касоне ҳам дар тӯли торих ёфт шуда ва ҳамакнун низ ҳастанд, ки гуфтаанд, ончи ки паёмбарон муддаии он шудаанд, "шояд” саҳеҳ набошад, "шояд” афсонаҳое беш набошанд, "шояд” дурӯғ бошанд ва "шояд” ...

Ин "шояд”-ҳо гарчи дар замонҳои пеш аз даврони навзоӣ (Renaissance)[1] низ тавассути бархе камобеш матраҳ мешуданд, аммо пас аз даврони навзоӣ, бештар бар забонҳо ҷорӣ шуда ва муддаиёнаш барои "шояд”-ҳои худ навъе "далел” ҳам иқома мекарданд. Дар он даврон, иддае дар Урупо зуҳур карданд, ки маорифи динӣ аз қабили вуҷуди Худову сиҳҳати паёмбариву паёмбарону вуҷуди охиратро зери суол бурданд ва муддаӣ шуданд, ин маориф исботпазир нестанд, ва асосан, ҳар ончи тавассути таҷруба ва озмоиш қобили исбот набошад, қобили қабул нест.

Албатта, гуфтанд, чунон ки ақл оҷиз аз исботи вуҷуди ҳаққонияти ин маориф мебошад, ҳамчунин, нотавон аз инкори қатъии онҳо низ мебошад. Яъне, ақл, ба иддаои эшон, на метавонад бигӯяд, ин маориф ҳақиқат доранд ва на метавонад бигӯяд, инҳо дурӯғанд, кори ақл дар ин маҷол, фақат сукут аст.

Дар он даврон, Паскал (Blaise Pascal) (1623−1662), риёзидон, физикдон ва файласуфи фаронсавӣ, бо ин ки худ низ муддаӣ буд, маорифи илоҳӣ мубарҳан нестанд, аммо бо истифода аз "назарияи шарбандӣ” (Pascal's Wager), исбот кард, ки "оқилонатар он аст, ки ба вуҷуди Худо эътиқод ва ба гуфтаҳои шариат пойбанд бошем”.

Тавзеҳи назарияи Паскал ба ин сурат аст, ки одамиро яке аз ин ду роҳ дар пеш аст: эътиқод доштан ба Худо, ва эътиқод надоштан ба Худо. Аз сӯе ҳам, ҳар як аз ин ду роҳ, лозимаҳое дорад. Касе ки ба Худованд бовар дорад, бояд бипазирад, ки чун Худованд ҳаким аст, инсону ҷаҳонро беҳуда наёфаридааст, балки аз офариниши он ду, мақсуде дорад, ки ҳамоно ҳидояти инсон ва расондани ӯ ба камоли ниҳоии ӯст. Аз ин рӯ, паёмбаронро барои ҳидояти ӯ фиристодааст. Ҳамчунин пас аз ин ҷаҳон, ҷаҳони дигаре вуҷуд дорад, ки дар он инсонҳо кайфару подоши аъмоли худро мебинанд. Бад-ин сон, эътиқод ба Худо, бо эътиқод ба паёмбарӣ ва шариат ва рӯзи охират, ҳамроҳ мешавад.

Дар муқобил, эътиқод надоштан ба Худо, лозимаҳое дигар ғайр аз ончи гуфта шуд, дорад.

Паскал мегӯяд, ҳол, агар эътиқод ба Худо ва лозимаҳои онро -  ки саодати абадиро дар пай дорад – дар назар бигирем ва онро бо нобоварӣ ба Худо ва лозимаҳои он бисанҷем, эътиқод ба Худо ва пойбандӣ ба шариатро, маъқултар хоҳем ёфт. Зеро дар сурати дурустии эътиқод ба Худо, мо аз манфиатҳои бисёре бархӯрдорем ва аз шақовати абадӣ худро дур кардаем. Аммо агар маълум гардад, ки чунин эътиқоде, хурофа ва нодуруст аст, дар ин сурат низ, зарару зиёне накардаем. Бинобар ин, маъқултар он аст, ки эътиқод ба Худо ва лозимаҳои он, ки яке аз он, пойбандӣ ба дастуроти шариат аст, бипазирем.

Албатта, пеш аз Паскал, садҳо сол қабл, ин бурҳон тавассути Имом Алӣ (а) низ матраҳ шудааст. Алӣ мегӯяд: "Бархе мегӯянд, қиёмате вуҷуд надорад. Ба онон мегӯем, агар қавлу ақидаи шумо саҳеҳ бошад, мо зиёне накардаем, ва агар қавлу ақидаи мо саҳеҳ бошад, шумо аз зиёнкорон хоҳед буд.”[2]

Аз хонданиҳои торих, мунозираи Имом Ризо (а), набераи мукаррами ҳазрати Паёмбар (с) бо марде мулҳид ва худонобовар аст. Навиштаанд, "яке аз занодиқа вориди маҷлисе шуд, ки Имом Ризо (а) дар он ҳузур дошт. Имом ба ӯ фармуд: Эй мард! Агар эътиқоди шумо саҳеҳ бошад – дар сурате ки дар воқеъ чунин нест – оё мо бо шумо баробар нестем? Оё намозу рӯзаву закоту иқрору тасдиқи мо, зиёне бароямон дорад? Он мард сокит шуд. Сипас Имом идома дод: Аммо агар эътиқоди мо барҳақ бошад – ки чунин аст – оё насиби шумо ҳалокат ва баҳраи мо, растгорӣ нест?”[3]

Имом Абӯҳомид Ғаззолӣ (р) низ аз ин истидлол баҳра гирифтааст. Бисёре аз пажӯҳишгарон, андешаи Паскалро мутаассир аз Ғаззолӣ донистаанд.[4]

Мортинӣ (1220−1285) мутакаллими масеҳӣ, китобе дар радди орои Ғаззолӣ бо номи "Ханҷари имон” нигошт ва ин китоб дар соли 1651 дар Порис мунташир шуд. Ин китоб, яке аз роҳҳои ошноии Паскал бо дидгоҳи Ғаззолӣ қаламдод мешавад.

Имом Ғаззолӣ дар бархе осори худ, дар баробари касоне ки ба рӯзи охират, бо диди инкор ё тардид менигаранд, ба ҳадисе аз Имом Алӣ (а) истинод меҷӯяд, ки: "Агар чунон аст, ки ту мегӯӣ, ҳам ту наҷот ёфтӣ ва ҳам мо, ва агар чунон аст, ки мо мегӯем, мо наҷот ёфтаем ва ту дар азоби абадӣ мондӣ”.[5]

Бурҳони Паскал, ҳанӯз барои файласуфони дин ҷозиба дорад ва аз он – бавижа дар солҳои ахир – бисёр дифоъ кардаанд, ва воқеан, барои аҳаде роҳи фирор нагузоштааст.

Аммо дар поён бояд ёдовар шавем, ин ки мегӯянд, ақлу хирад наметавонад дар ниҳоят дар бораи Худо – на ба исбот ва на ба инкор - ҳукм кунад (ва Паскал низ дар муқобили эшон назарияи худ (шартбандӣ)-ро мабнӣ бар он ки эътиқод ба Худо маъқултар аст матраҳ намуд), сухани дурусте нест. Зеро бурҳону далелҳое, ки бар исботи вуҷуди Худо зикр гардидааст, ҷое барои чунин муддаое боқӣ намегузорад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Кимиёи саодат


[1] Реннесонс ё навзоӣ, ҷунбиши фарҳангии муҳимме буд, ки оғозгари давроне аз инқилоби илмӣ ва ислоҳоти мазҳабӣ ва пешрафти ҳунарӣ дар Урупо шуд.

[2] Матолибул масъул, саҳ. 62.

[3] Уйуну ахборир-Ризо, ҷ 1, саҳ. 131.

[4] Ҳасан Юсуфиён, Бурҳони шартбандӣ, маҷаллаи Нақду назар, шумораи 29.

[5] Ғаззолӣ, Эҳёи улуми дин, ҷ.3, саҳ.401−402.

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 765 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz