Чоршанбе, 24.04.2024, 10:43
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июн » 6 » Исроил дигар умраш дар ҳоли ба поён расидан аст
Исроил дигар умраш дар ҳоли ба поён расидан аст
02:10

Назир Мӯъминзода, таҳлилгар ва коршиноси масоили сиёсии тоҷик, дар як гуфтугӯи хусусӣ бо хабарнигори пойгоҳи Кимиёи саодат гуфт: "Давлати худхондаи Исроил дигар умраш оҳиста-оҳиста дар ҳоли ба поён расидан аст. Мардумаш ҳам дигар руҳан шикаста шудаанд”.

Инак, матни комили ин гуфтугӯ:

− Бо ҳамлаи нерӯҳои низомии режими саҳюнистӣ ба корвони киштиҳои Озодии Ғазза, ки бар асари он беш аз 20 нафар ба шаҳодат ва наздик ба 80 нафар аз ҳомиёни масъалаи Фаластин захмӣ шуданд, дидем, афкори умум дар ҷаҳон бар зидди саҳюнистҳо шӯълавар гардид. Ба назари шумо, чаро режими саҳюнистӣ ба як чунин иқдоме даст зад?

− Ин рухдод, аз ду зовия қобили таваҷҷӯҳ аст. Аз як тараф, чунон ки гуфтед, афкори умум дар ҷаҳон ҳатто дар дохили кишварҳое, ки таърихан пуштибони режими саҳюнистӣ ба шумор мераванд, алайҳи исроилиҳо шӯълавар гардид, ва ҳукуматҳояшон ҳам гарчи дилашон намехост, вале ин иқдоми ҷинояткоронаро маҳкум карданд. Шумо имрӯз ҳеҷ давлатеро намеёбед, ки ин ҷиноятро тавҷеҳ карда бошад. Аз тарафи дигар, ҷаҳониён фаҳмиданд, ки дар ин минтақа, яъне дар навори Ғаззаи Фаластин, беш аз як миллион мардум, чаҳор сол аст, ки дар як муҳосираи золимонае ба сар мебаранд. Ин падида, дар қарни бисту якум, ки ҳама дам аз ҳуқуқи башар мезананд, воқеан шармовар аст, ки мардуме фақат ба хотири ин ки ба ишғолгар мегӯянд на, ин чунин муҷозот шаванд.

Аммо ин ки чаро режими саҳюнистӣ ба як чунин кори аҳмақонае иқдом кард, ба назари ман, саҳюнистҳо дар арзёбиҳои худ иштибоҳ карданд. Онҳо фикр намекарданд, ки натиҷаи ин иқдом чунин шавад. Онҳо фикр карданд, ки мехоҳанд бо ин корашон ба ҳомиёни фаластинӣ дарсе бидиҳанд, ки дигар ҳатто ба зеҳнашон шикастани ин муҳосира хутур накунад. Вале иштибоҳ карданд. Мебинем, ки баръакс озодихоҳони ҷаҳон имрӯз мусаммамтар аз пеш иқдом ба сафар ба навори Ғазза барои шикастани ин муҳосираи ситамгарона менамоянд. Имрӯз дар кишварҳое чун Туркия, Англис, Ирланд, Юнон ва соири кишварҳои аврупоӣ, озодихоҳон бо роҳандозии гурӯҳҳои ҳимоят аз Фаластин, тасмим доранд киштиҳо иҷора намуда ва ба сӯи Фаластин равона шаванд.

− Оё ба назар намерасад, ки саҳюнистҳо дигар чорае надоштанд ҷуз ин ки пеши роҳи ин мавҷро бигиранд, зеро дар сурати иҷозат додан ба убур барои ин корвон, амалан муҳосира шакасташуда эълом мешуд, ва ин ба хилофи хостаи саҳюнистҳост, ва барои ҳамин, иқдом ба як чунин ҷинояте намуданд?

− Шояд ин сухани шумо дуруст бошад, ки чорае дигар надоштанд, зеро исроилиҳо тақрибан панҷ шиш сол аст, ки фақат бо шикаст рӯбарӯ мешаванд. Соли 2006 дар баробари муқовимати Ҳизбуллоҳи Лубнон бо шикаст мувоҷеҳ шуданд ва обрӯяшон рафт ва соли 2008 дар натиҷаи ҳамла ба Ғазза, боз ҳам бо шикаст рӯбарӯ шуданд, ки обрӯяшон бадтар рафт. Дигар таҳаммули шикасти навбатиро надоштанд. Барои ҳамин ҳам, ба ин иқдоми ҷунуномез даст заданд. Албатта, ногуфта намонад, ки хӯи ин ҷамоат, хӯи таҷовузгарона аст. Як чунин тарбият шудаанд. Инҳо ҳатто обрӯи миллати яҳудро пеши ҷаҳониён бурданд.

Ба назари ман, давлати худхондаи Исроил дигар умраш оҳиста-оҳиста дар ҳоли ба поён расидан аст. Мардумаш ҳам дигар руҳан шикаста шудаанд. Шумо расонаҳои исроилиҳоро имрӯзҳо бихонед, ҳамааш дар бораи бақои давлати "Исроил” сухан мегӯянд, ки оё ин давлат дар ин минтақа қобили боқӣ мондан ҳаст ё нест? Фикр мекунам, дигар таҳаммули ин ҳама шикастҳоро надоранд. Медонанд, ки меҳмонҳои нохондае ҳастанд, аз ин ё он сӯи ҷаҳон ҷамъ шудаанд, ки зиндагии осудае дошта бошанд, вале мебинанд, ки наметавонанд дигар осуда бошанд.

− Ин муболиға нест, ки мегӯед умри ин режим дар ҳоли поён ёфтан аст?

− На, муболиға нест. Инро ман намегӯям, балки худи нухбагони исроилӣ мегӯянд. Бибинед, давлати Исроил дар миёнаҳои қарни пеш чанд бор бо давлатҳои арабӣ ҷанг дошт. Дар ҳамаи он ҷангҳо пирӯзӣ насибаш мешуд. Дар ҷанги мавсум ба ҷанги "ҳафт рӯза”, дар муддати як ҳафта, дар як замон бо чаҳор давлати арабӣ ҷангид ва пирӯз омад.

Аммо аз соли 1982 ба баъд, баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон, вақте нерӯҳои муқовимати исломӣ дар минтақа рӯи кор омад; дар Лубнон Ҳизбуллоҳ ва дар дохили Фаластин Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ рӯи кор омаданд, наздик ба 20 сол аст, ки Исроил наметавонад ҳисоби инҳоро яксара кунад. Дар ҳамаи ин ҷангҳо, Исроил бо шикаст мувоҷеҳ аст.

Соли 2000 бидуни ҳеҷ қайду шарте дар натиҷаи муқовимати Ҳизбуллоҳ, залилона аз хоки Лубнон хориҷ шуд. Соли 2006 дар ҷанги 33 рӯза бо як шикасти бузурге дар баробари Ҳизбуллоҳ рӯбарӯ шуд, соли 2008 ҳам натавонист Ҳамосро шикаст бидиҳад. Ин авомил рӯи ҳам, руҳан исроилиҳоро шикастааст. Имрӯз дигар намедонанд чӣ кор кунанд.

Бен Гурён, яке аз поягузорони давлати худхондаи Исроил дар вақташ гуфта буд, ки "исроилиҳо бояд бидонанд, ки ҳамин ки дар ягон ҷанге шикаст хӯранд, ин дигар поёни умрашон аст”. Воқеан исроилиҳо, ки як вақтҳо мехостанд аз Нил то Фурот кишвари мавъуди худро барпо кунанд, имрӯз наметавонанд ҳатто дар ҳамин ҳудуде, ки имрӯз зиндагӣ мекунанд осуда зиндагӣ кунанд.

Ин шикастҳои пай дар пай дигар маҷоле барои бақои исроилиҳо боқӣ нагузоштааст. Дар ҷанги 33 рӯза бо Ҳизбуллоҳ, ёдам ҳаст Шемон Перес раиси ҷумҳури Исроил, гуфта буд, ки "ин ҷанг барои мо исроилиҳо ҷанги ҳаёт ё марг аст”. Маънояш ин буд, ки мо бояд ҳар коре карда пирӯз шавем, вале шикаст хӯрданд. Ман натоиҷи таҳқиқи гурӯҳи Виноградро хондам. Дар он ҷо гуфта шудааст, ки "Исроил аз ин баъд ё аслан вориди ҷанг нашавад, ва ё агар ворид шавад, бояд ҳатман пирӯз шавад, ки вагарна бояд бо давлати Исроил худоҳофизӣ кунем”. Маъно ин сухан чист? Натоиҷи таҳқиқи Виноград аз сӯйи боризтарин ҳуқуқдонони Исроил навишта шудааст.

Аз ҳама муҳим, ҷаҳон, ки бесоҳиб нест. Худо мебинад, ки ин ҷамоат, ҳақ ба ҷонибашон нест. Худо мазлумро кӯмак мекунад.

− Пас, чаро Исроил тан ба созиш намедиҳад? Давлатҳои арабӣ ба ибтикори шоҳи Арабистони Саудӣ соли 2002 пешниҳод карда буданд, ки агар аз сарзаминҳои ишғолии 1967 берун шавад ва Қудси шарқӣ ба фаластиниён вогузор гардад, дигар ҳамаи кишварҳои арабӣ ӯро расман эътироф хоҳанд намуд. Оё ин, бо ин таҳлиле, ки шумо фармудед, ба манфиати Исроил нест?

− Оре, ба манфиаташ ҳаст, аммо наметавонад, ба ин маъно, ки дар Исроил чанд то ҳизб ҳаст: муҳимтаринаш ҳизби Коргар, Лекуд ва Кадима. Ҳизби Коргар дилаш мехоҳад, аммо Лекуд ва Кадима намехоҳанд. Онҳо як вақтҳо мехостанд аз Нил то Фурот давлат бино гузоранд, чӣ гуна розӣ шаванд, ки аз ин сарзаминҳо берун шаванд? Гуфтам, ки хӯи инҳо, як хӯи таҷовузгарона аст. Хонуми Ҳиллари Клинтон вазири корҳои хориҷаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ахиран дар нишасти ИПАК (бузургтарин лобии саҳюнистҳо дар ҷаҳон) хитоб ба яҳудҳо гуфт, ки шумо бояд ҳатто барои фоидаи худатон шуда ба ин созиш розӣ шавед, вагарна умратон бо ин ҳолат дароз нахоҳад буд. Ин як ҳушдори ҷиддӣ буд аз сӯйи Амрико. Аммо ин ҷамоат гӯш намедиҳанд. Албатта, хонум Клинтон дилаш ба аъроб намесӯхт, балки дилаш ба яҳудҳо сӯхта ин суханро гуфт.

− Мавзеи кишварҳои арабиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

− Муттассифона, ин кишварҳо бо ин ҳама сарвате, ки Худо дар ихтиёрашон гузоштааст, наметавонанд ҳатто як ҳарфе ба Исроил ва ҳомии ӯ Амрико бизананд. Ба назари ман, режимҳои кишварҳои арабӣ зоҳиран умри худро марҳуни умри Исроил медонанд. Ин режимҳои диктаторӣ, хусусан Арабистони Саудӣ ва Миср, медонанд, ки агар Исроил аз байн равад, онҳо ҳам аз байн хоҳанд рафт, барои ҳамин хоҳони бақои Исроил ҳастанд. Ман намедонам чӣ гуна давлати Миср фаластиниёнро дар муҳосира қарор додааст? Ҳеҷ тафсиру тавҷеҳе барои ин кор наметавон ёфт магар ин ки бигӯем ин режим манфиати худро дар бақои Исроил бибинад. Аз ҳама аҷибтар ин ки муқовимони фаластинӣ ва ё лубнониро ба маҳкама кашида онҳоро роҳии зиндон кардааст. Ин ҳеҷ тафсире надорад.

Шумо дидед, ки дар ҳамин иттифоқоте, ки ахиран рух дод, расонаҳои вобаста ба режими саудӣ чӣ гуна мавзеъгирӣ карданд? Ошкоро ба зидди Туркия ба хотири ҳимояташ аз фаластиниён мавзеъ гирифтанд. Агар ин расонаҳо пештар Эронро ҳадаф қарор медод, ки ҳадафаш "судури инқилоб”-у "шиа кунонидан”-у аз ин қабил суханони берабт аст, аммо чаро Туркияро имрӯз ҳадаф қарор додааст? Магар Туркия як давлати суннӣ нест? Чаро ин ҳама тӯҳмату бӯҳтон? Дар ин чанд рӯз, ки тамоми расонаҳои ҷаҳон машғули гузориш кардан аз корвони киштиҳои Озод ва маҳкумияти режими саҳюнистӣ буд, расонаҳои вобаста ба хонадони саудӣ, хусусан шабакаи моҳвораии Аларабия, рӯзномаи Ашшарқулавсат ва ғайра, ҳамаи гузоришу таҳлилоташ бар зидди Туркия ва хусусан назуствазираш Раҷаб Таййиб Урдуғон буд, ки "ӯ мехоҳад бо ин кораш нуфузи Усмониҳоро аз нав бар минтақа баргардонад”. Воқеан ин шармовар аст. Ошкоро ва аланан иқдоми Исроилро дар таҷовузаш ба корвони Озодӣ, кори дуруст ва иқдоми Урдуғонро "ғайри масъулона” арзёбӣ карданд.

− Ояндаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

− Ба назари ман, ин муҳосираи золимона дер ё зуд, алорағми хости Исроил ва кишварҳои арабӣ шикаста хоҳад шуд, ва ин, як пирӯзии бузург аст. Мавқеияти Ҳамос ва куллан тарафҳоеро, ки мӯътақид ба муқовимат бо ишғолгарон аст, боло хоҳад бурд. Оянда дар минтақа азони озодихоҳони воқеӣ аст. Исроил ҳам дигар ба поёни умраш расидааст. Ин ки Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, гаҳ-гоҳе замзама мекунад, ки "Исроил рӯ ба нобудӣ аст”, вай шиор намедиҳад, балки ҳисобшуда сухан мегӯяд. Туркия ҳам ин воқеиятро дарк кардааст. Барои ҳамин ҳам, имрӯз Туркия, Сурия ва Эрон дар ҳоли эҷоди як эътилофи қавӣ ва ҷиддӣ ҳастанд. Ин ки Маер Даган, раиси Моссад, чанд рӯз пеш, гуфт, ки дигар Туркияро мо аз даст додем, дақиқан мефаҳмид чӣ мегӯяд. Шумо медонед, ки Туркия як шарики стратегии Исроил дар минтақа ба ҳисоб мерафт, бо вай доду сидати сиёсӣ, тиҷорӣ ва ҳатто низомӣ дошт. Ҳамаи инҳо ба бод рафт. Ин як хусрони бузург барои Исроил ба шумор меравад.

− Магар Амрико розӣ аст?

− Амрико розӣ нест, аммо Амрико ҳам, бар хилофи андешаи бархеҳо, "кун фа якун” нест. Бо ҳазорон мушкилот рӯбарӯ аст. Аз як тараф бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ гиребонгираш аст ва аз тарафи дигар, Ироқу Афғонистон, Амрикоро воқеан дар як ботлоқе қарор додаанд, ки дигар намедонад аз он чӣ гуна худро халос кунад. Амрико омада буд то дар минтақа ҷои по пайдо кунад, аммо бе занҷир худро асир кард. Режими Саддомро аз байн бурд то ба ҳисоби Эрон бирасад, аммо фикр накард, ки бо рафтани Саддом дар Ироқ, Эрон дар он ҷо ҳузури қавӣ пайдо хоҳад намуд. Имрӯз дар Ироқ кӣ ҳукмрон аст? Магар ғайр аз Ҳизби Даъвату Маҷлису Аъло, ки ҳар ду шарики стратегии модомулумри Эрон ба шумор мераванд. Амрико дар ин бозӣ бохт. Минтақа имрӯз тавассути Эрон, Сурия ва Туркия идора мешавад, на Амрико. Оре, дар шаклу сурат, ин низомиёни Амрико ҳастанд, ки ҳузур доранд, аммо дар воқеъ ин се кишвар ҳастанд, ки сарнавишти минтақаро рақам мезананд.

− Кишварҳои араби минтақа дар ин бозӣ куҷо ҳастанд?

Ин кишварҳо мутаассифона ҳанӯз ба худ наёмадаанд. Ҳанӯз фикр мекунанд Амрико ҳамакора аст. Рӯзе фаро хоҳад расид, ки мефаҳманд дар ҳисобҳояшон иштибоҳ кардаанд. Ба назари ман, ҳам Эрон, ва ҳам Туркия, бо кишварҳои арабӣ робитаҳои хубе барқарор хоҳанд намуд. Инҳо ба ҳам ниёз доранд. Ҳам Эрон ба кишварҳои арабӣ ба унвони ҳамсоя ниёз дорад ва ҳам кишварҳои арабӣ медонанд, ки наметавонанд бо Эрон дар ҳоли душманӣ ба сар баранд.

− Ташаккур аз сӯҳбаҳои шумо, Худо нигаҳдори шумо.

− Муваффақ бошед.

Сӯҳбаторо: Ҳакимҷони Камол

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 606 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz