Панҷшанбе, 18.04.2024, 03:48
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Май » 27 » Имом Хумайнӣ ва пули миллии Тоҷикистон
Имом Хумайнӣ ва пули миллии Тоҷикистон
03:19

Шояд камтар касе аз тоҷикон аз ин ҳақиқат огоҳ бошанд, ки рӯи пули миллии Тоҷикистон акси яке аз аҷдоди Имом Хумайнӣ, поягузори инқилоби исломӣ дар Эрон, гузошта шудааст.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аз мафохири Эронзамин ва яке аз урафои вораста, аз аҷдоди Имом Хумайнӣ, асосгузори инқилоби исломӣ дар Эрон ба шумор меравад. Ҳол, нигоҳе биафканем ба гӯшае аз торихи гузаштагони Имом Хумайнӣ.

Оятуллоҳ Писандида, бародари Имом Хумайнӣ, дар хотироти худ мавсум ба "Гуфтаҳо ва навиштаҳо” менависад:

"Дар соли 766 ҳиҷрии қамарӣ корвони кучаке ҷиҳати таблиғи ислом озими Кашмир шуд. Ин корвони кучак, ки Сайид Ҳайдар Мӯсавии Ардабилии Курдӣ (домод ва хоҳарзодаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) дар раъси он буд, аз тарафи орифи бузург ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҷиҳати ирсоли паёми нуру ирфон ба он сарзамин гусел шуда буд. Сайид Ҳайдар ва Сайид Ҳасани Симнонӣ ва Тоҷуддини Симнонӣ мавриди эҳтироми Султон Шаҳобуддини Шоҳмирӣ қарор гирифтанд ва бо хаёли роҳат ба таблиғ пардохтанд.

Пас аз панҷ сол, Сайид Ҳайдар, ки заминаро барои вуруди мавкиби Сайид Алии Ҳамадонӣ муносиб ёфт, аз Кашмир нахуст ба Маккаи Муаззама шитофт ва пас аз адои фаризаи ҳаҷ ба Эрон бозгашт ва Мир Сайид Алӣ – доӣ ва падарзан ва мурод ва устоди хеш – ро ҷиҳати ҳаракат ба Кашмир барангехт ва Мир Сайид Алӣ ҳамроҳ бо ҳафтсад тан аз содот (сайидҳо)-и ҳунарманд, дар соли 774 ҳ.қ. ва ба қавле 776 ҳ.қ озими Кашмир шуд. Ба маҳзи вуруд, даста-даста ҳиндуён ва будоиён ба хидмати Мир Сайид Алӣ ва мубаллиғони вай аз ҷумла Сайид Ҳайдар ва Сайид Ҳасан ва Сайид Тоҷуддин ва ғайра шитофтанд ва ба ойини ислом гаравиданд, то ҷое ки руасои кешҳои ботил, худ назди Мир Сайид Алӣ омаданд ва изҳори ислом намуданд ва маобиди хешро ба масҷид бадал сохтанд.

Мир Сайид Алӣ мубаллиғоне ба Таббат (Тибет) ва Кошғар фиристод ва ҳудуди як сад ҳазор нафар дар муддати иқомати Мир Сайид Алӣ, ки дар байни солҳои 776 ва 785 ҳ.қ буд, мусалмон шуданд.

Гарчи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба соли 786 ҳ.қ реҳлат намуд, (аммо) ин сайр ҳамчунон идома ёфт ва Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ ва Сайид Ҳайдари фавқуззикр (номбурда) ва Сайид Муҳаммад ибни Сайид Алӣ ва бародарони симнонӣ (Сайид Ҳасани Симнонӣ ва Тоҷуддини Симнонӣ) ба кори худ идома доданд.

Сайид Ҳайдари Мусавӣ ҷадди аълои Оятуллоҳ Сайид Руҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ, хоҳарзода ва домоди Сайид Алии Ҳамадонӣ буд ва Мир Сайид Алӣ ба 17 восита аз тариқи Ҳусайн ибни Алӣ ба Амири мӯъминон (Имом Алӣ (а)) мерасид ва аз тарафи модар бо 16 восита сайиди ҳусайнӣ буд. Бинобар ин, Сайид Ҳайдар сайиди мӯсавӣ (яъне аз наводагони Имом Мӯсои Козим (а)) аз тарафи падар ва сайиди ҳусайнӣ аз тарафи модар буд...”[1]

Сипас, Оятуллоҳ Писандида (бародари Имом Хумайнӣ) дар ин хотироти хеш, номи тамомии аҷдоди Имом Хумайнӣ пас аз Сайид Ҳайдари Мӯсавиро – бар асоси таборнома (шаҷарнома)-и ин табори пок бармешумурад ва мегӯяд, ки ҳамаи онҳо аз уламо ва урафои замони худ ба шумор меомаданд ва дар Кашмиру Афғонистону Хатлон мезистаанд. Аз ҷумла: Сайид Муҳаммад, Сайид Муҳаммадсобир, Сайид Абдулғанӣ, Сайид Абдуллоҳ, Сайид Ҳусайн, Сайид Ҳасан, Сайид Наврӯз, Сайид Боқир, Сайид Абдулҳодӣ, Сайид Яҳё, Сайид Ҳасан (шореҳи Қонуни Ибни Сино), Сайид Амируддин, Сайид Ҳодӣ, Аллома Сайид Ризо, Сайид Алӣ (соҳиби китоби Кулҳул ҷавоҳир), Сайид Асгар, Сайид Муҳаммадтайиб, Сайид Мустафо, Сайид Муҳаммад Анис (соҳиби китоби Рашаҳоти Кавсар), Сайид Сафдар, Сайид Аҳмад, Сайид Абдулҳаким маъруф ба Ҳакими Шоҳӣ, Сайид Аҳмад маъруф ба Диналишоҳи Кашмирӣ (падарбузурги Имом Хумайнӣ, ки аз Кашмир ба Ироқ ва аз он ҷо ба Хумайни Эрон кӯч кардааст) ва Сайид Оқо Мустафо (падари Имом Хумайнӣ).[2]

Нигоҳе ба зиндагиномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Пурсид азизе, ки Алӣ аҳли куҷоӣ?

Гуфтам, ба вилояти Алӣ, аз Ҳамадонам.

Не з-он Ҳамадонам, ки надонанд Алӣ кист,

Ман з-он Ҳамадонам, ки Алиро ҳама донам.

(Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ)

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ абармарде аз сулолаи поки ҳазрати Расули Акрам (с), ки чунон ки ишора шуд бо 17 восита ба Алӣ ибни Абӯтолиб (к) мерасад, модараш ба номи Фотима хоҳари Алоуддавлаи Симнонист.

Сайиди Ҳамадонӣ аз урафои бузурги ислом ва аз мафохири арзандаи Эронзамин аст, ки бисёре аз камолот ва сафои ботинро дар ҳадди аъло доро ва дар айни ҳол ба зевари илм, адаб, шеър ва дониши фаровон ороста будааст.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 714-и ҳиҷрии қамарӣ (мутобиқ бо 12 октябри соли 1314 милодӣ) дар як хонаводаи ашрофӣ ва мавриди таваҷҷӯҳ ва алоқаи ҳокимони вақт, ба дунё омад, вале аз овони кӯдакӣ ба завоҳири зиндагии падар таваҷҷӯҳе надоштааст.

Дар ҳамон даврони туфулият мавриди алоқаи доии (тағои) худ Алоуддавлаи Симнонӣ қарор мегирад ва Алоуддавла ӯро ба дасти яке аз бузургон ба номи Абулбаракот Тақиюддин месупорад, то ба ӯ роҳи таҳзиби нафс ва тазкияи руҳро биомӯзад. Сайид дар як муддати кам назди устодаш мақоми волоеро тай мекунад, сипас бо иҷозаи ӯ назди орифи бузурги Ҳамадон, Шайх Маҳмуди Маздақонӣ солиёне ба риёзат мепардозад.

Сайид мусофиратҳое дошт ва дар онҳо ранҷҳо мекашад ва сахтиҳои зиёде мебинад, вале ганҷҳое маънавӣ ҳам ба даст оварда ва ба ҳузури чаҳорсад нафар аз бузургони илму дониш ва уламо ва урафои солеҳ расида ва касби файз менамояд.

Мир Сайид Алии ориф, танҳо як солики дарунгаро набуда, ки фақат таваҷҷӯҳ ба ботин ва ишқ ба ҷамолу камоли мутлақ дошта бошад, балки аз таваҷҷӯҳ ба зердастон ва бандагони Худо дар ғафлат набудааст. Ҳамеша саъй мекарда, ки ғарқшудаеро наҷот бахшад ва зулмеро бизудояд. Ба ёронаш тавсия мекарда, ки: "Бузургтарин ҷиҳод сухани ҳақ дар баробари раҳбарони золим аст.” Ӯ худ дар ин майдон муҷоҳиде кӯшо ва хастагинопазир буда ва бархӯрдҳои тунде бо Амир Темурланг доштааст, ки сабаби тарсу ваҳшати вай мешуда ва шогирдони мактаби ҷиҳодашро ба сарнавишти сахте дучор сохтааст.

Оре, орифи Ҳамадон як олими якҷониба набуда, ки танҳо роҳи риёзат ва ислоҳи ботинро ба мардум нишон диҳад, балки дар зимни таблиғоти динӣ ва исломии худ, дар Ҳиндустон таваҷҷӯҳи дақиқ ва ҳисобшуда ба умури моддӣ ва дунявии мардум доштааст. Дар тарвиҷи санъат ва ҳунарҳои дастӣ монанди қолибофӣ, сангтарошӣ ва дигар корҳои дастӣ ба шеваи эронӣ дар Ҳинд бисёр кӯшида ва ба пахши фарҳанг ва забони порсӣ, Эрони Кучаке дар он кишвар ба вуҷуд овардааст. Дар ин бора Аллома Иқболи Лоҳурӣ мегӯяд:

Хиттаро он Шоҳи дарё-стин

дод илму санъату таҳзиби дин

Офарид он мард Эрони Сағир

бо ҳунарҳои ғарибу дилпазир

Дар бораи мусофирати Сайид ба Кашмир ва иқомат дар он ҷо ва гаравидани ҳиндуён ва будоиён тавассути ӯ ба ойини ислом, аз забони Оятуллоҳ Писандида шунидем. Ин сайиди бузургвор тавониста дарахти исломро дар замини куфр ва дар дили ҳиндуҳо ва будоиён бикорад. Дар шаҳри Сринагари Кашмир дар канори дарё иқомаи намози ҷамоат мекарда ва дар ҳамон макон мардумро бо пандҳои дилнишини худ иршод ва тарбият кардааст. Баъдҳо он макон ба сурати масҷиде даромада ва ба "Хонақоҳи Муалло” ё "Масҷиди Шоҳи Ҳамадон” шӯҳрат дорад ва дар ҳамон ҷо тавониста китобхона, мадраса ва хонақоҳе ҳам бисозад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 786 ҳиҷрии қамарӣ аз Кашмир ба нияти сафари Ҳиҷоз, бо шуморе аз шогирдонаш хориҷ мешавад. Чун ба Похлӣ (Кунар) мерасад, бино бар тақозои раиси Похлӣ муддате дар он ҷо мемонад. Вақте моҳи зулҳиҷҷа ворид мешавад, бемор мегардад ва дар шашуми моҳи зулҳиҷҷа шаби чаҳоршанбеи соли 786-и ҳиҷрии қамарӣ (1386-и милодӣ) аз дунё меравад. Ҷанозааш ба Хатлон ҳамл мешавад ва дар ҳамин маҳалле, ки феълан дар Кӯлоби имрӯз воқеъ шудааст, дафн мегардад ва қабраш аз ҳамон торих то ба имрӯз мазори ҳазорон дилдодагон ва шефтагон қарор гирифтааст.

Барои огоҳии бештар аз шарҳи ҳоли ин орифи воломақом, ба китоби "Маҷолисул мӯъминин”-и Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ ва китоби "Осори Мир Саййид Алӣ” таълифи дуктур Муҳаммад Риёзи Покистонӣ ва китоби "Мураввиҷи ислом дар Осиёи Сағир” таълифи дуктур Парвизи Изкоӣ ва дигар китобҳои тароҷим муроҷиат шавад.

Ҳамчунин орифи вораста Абдураҳмон ибни Аҳмади Ҷомӣ дар китоби "Нафаҳотул-унс мин ҳазаротил қудс” ва Муҳаммад ибни Сулаймони Кафурӣ дар китоби "Катоибул аъломул ахёр мин фуқаҳои мазҳабин Нӯъмонил мухтор” ва Нуриддин Ҷаъфари Бадахшонӣ дар китоби "Хулосатул маноқиб” ва Шайх Аҳмади Қашшошӣ дар китоби "Ас-самтул маҷид фи салосили аҳлит-тавҳид” ва Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ дар китоби "Ал-интибоҳу фи салосили авлиёуллоҳ”, Мир Сайид Алии Ҳамадониро хеле сутудаанд, аз ҷумла Кафурӣ ӯро чунин васф мекунад:

"Лисони замон ва сарвари вақту замон, шайхи орифи раббонӣ ва олими самадонӣ Мир Сайид Алӣ ибни Шаҳоби Ҳамадонӣ, қаддасаллоҳу таоло сирраҳ, байни илмҳои зоҳиру ботин ҷамъ намуд ва дорои китобҳои фаровон дар илмҳои тасаввуф аст”.

Кимиёи саодат


[1] Хотироти Оятуллоҳ Писандида (Гуфтаҳо ва навиштаҳо), ҳамчунин р.к ба Насаби Имом Хумайнӣ, навиштаи дуктур Имодуддини Боқӣ, Рӯзномаи Шарқ, вижаномаи 22 хурдоди соли 1384 ҳ.ш.

[2] Манбаи пешин.

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 2663 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 7
09.06.2013
7. Ra1n Зокиров (Ra1n) [Материал]
хамим ман як китобро кофта истодаам...аз кучо метавонам дастрас кунам?номи китоб тадбири хоб аст...

09.05.2013
6. ilhom [Материал]
ин як ситили дигари шиъахо аст, ки ба афрод ва чизхои машхур худашона пайванд мекунанд ва он хам ба хотири равонсозии акидаи ботилашон аст , то мардуми омма аз инхо хар чи зудтар пазирои кунанд!!!!!!!!!!!!!!!! вой бар шумо маккороооооооооооон

15.06.2011
5. далер [Материал]
Салом дустам!Шумо охари охар ба саволи ман чавоб надодед,ин якум...Шумо кор куни давлат,лекин аз давлат берун набаромадед хануз,ва чашмонатон надидааст,ки бо мардуми мо Шиъахо чи кор мекунанд.Дин дори мегуед?ман Алхамдулиооллох Мусалмонам ва дар мазхаби Имоми Аъзам хастам,ун ваххобие,ки шумо мегуед,акачон ман аз онхо нестам.Точикистона Шиъахо доран вайрон мекунанд.Кор куни давлат шумо----хоб ,бигуед,ки Хумайни кист,ва ба мардуми ахли Суннат чи кор кардааст(яъне точикон)??боз як суоли дини ,шумо дар кадом масхаб хастед?Дусти азиз,ман аз ин чизхо бисёр дидам дар зиндаги,шумо боваратон намебиёд(мисоли одди),ахли Шиъахо хато ичозат намедиханд,ки мо ахли Суннат намози 5 вахтаи худамонро ба адо,биёрем.Шумо унчо нишастед дар курсии худ,вале аз чахон бехабар,фикр мекунед,ки точикистонро ваххобихо доран хароб мекунанд,не акачон,Ватанро ватан фурушхо доран хароб мекунанд(мазхаб фурушо,ки мазхабашонро бо пулу мол,хона,кор ва гайрахо фурухтаанд).Саидов Далер хастам....аз Республикаи Беларусь,ш.Минск...

13.06.2011
4. далер [Материал]
Дусти азиз,Азизчон....Офтобро шумо метавонед пушед ба рафтору кирдоратон..Ман хак надорам?Шукронаи Худо ман Точикам ,ва дар Точикистон таваллуд шудаам,ва ба халку ватани худам хизмат мекунам.Хоб,ту мегуи точикон фахр мекунанд,ту ба саволи ман чавоб бидех....Хумайни кист ,ва чист?ва бирав аз олимони точик савол кун,ки Хумайниро мешиносед ё не?аз мардумхам савол куни ман рози..так что бародар,туям яке аз онхо хасти ,ва худатро бохти дар зиндаги....хуб фикр кун,ки буди ва ки шуди...чи буди ва чи шуди...
Гуфти бародар Шохин...шумо хаматон хилла гар шуден,ва дар таърих исбот кардед ,ки гайр аз шармандаги касе нест..Бародари азиз,халки точикро озор надиехед,худ дар фишор аст,ва шумо фишори дини надихед...Саломат бошед...

13.06.2011
3. Азиз [Материал]
Далер, офтобро бо хеч чиз пушонда намешавад. Ту хам хак надори аз тарафи точикхо сухангу боши назари худатро гу факат, мо точикон фахр мекунем бо Мир саид али ахамадони ва наберааш Хумайни, так что фахмида гапхоятро зани.

12.06.2011
2. далер [Материал]
Салом Эшони Истаравшани.Шумо аз Худо наметарсед?чи ин харфои ахмаки?шарм кунед,хеч каса не худатона хурмат кунед.Ин хиллахои шумо ман медонам барои чист,даъват кардани Суннихои Точикро ба мазхаби Шиъахост.Шумо калон будеду лекин калони бе фикр,аслан фикри фардоро намекунед,ва мехохед,ки хамватанони шумо хам,хамааш дар азоб бошанд.Охир Хумайни кист?чист?ва ба халки точик ягон рабте надорад,Эшон,шояд Сомонихам авлоду аждоди имоми шумо буд?таърихро варак занед...

01.06.2011
1. shohin [Материал]
бад чи шудас???? роххои макру хила ва такия хеле мухкам аст хуууууу?????? гарениии рубохи маккор хастедддд. дар таърих исбот кардед гайр аз шарманда касе нестед. боз мехохед обруи пули точикиро хам резонеддд.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz