Шанбе, 27.04.2024, 07:26
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июн » 14 » Чаро зуд дар доми тавтиа қарор мегирем?
Чаро зуд дар доми тавтиа қарор мегирем?
00:28

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯзҳо, таҳлилгарону коршиносони берун аз минтақа, вақте дар мақоми таҳлили ҳаводиси асафангези ахири Қирғизистон бармеоянд, ҳамагӣ ба иттифоқ, аввал аз решаҳои ин даргириҳо сухан ба миён оварда, мегӯянд, душманӣ байни ин ду қавм яъне ӯзбаку қирғиз таърихист, ва барои далел, рухдодҳои тақрибан 20 сол пешро, ки ҳодисаи мушобеҳе дар Узгани Қирғизистон миёни ин ду қавм ба вуқӯъ пайваста буд, ба рух мекашанд.

Чунин таҳлилоте, аз як сӯ ба ҷиҳати адами огоҳии кофии ин таҳлилгарон аз воқеияти чигунагии таомули ин ду миллат бо якдигар аст, ва аз сӯйи дигар, шояд ба ҷиҳати пардапӯшӣ бар решаҳои ҳақиқии ин навъ даргириҳо бошад.

Аммо барои касе ки фарзанди ҳамин минтақа буда ва аз наздик бо ақвому миллиятҳои сокин дар Осиёи Марказӣ ошност, мисли хуршед ҳувайдост, ки решаи ин даргириҳо, на ба таърих бармегардад ва на ба "душмании дерина”-и ин ду миллат, балки фақат сиёсист; он ҳам сиёсат аз навъи палидаш, ки гурӯҳе баҳравар, судҷӯ ва худобехабар, ба манзури дастёзӣ ба аҳдофи кӯтоҳмуддат ва ночизи хеш ва ё барои расидан ба мақоми аз даст рафтаи худ, ҳозиранд ҳазорон хуни бегуноҳ рехта ва даҳҳо ҳазор мардуми дигар бехонумон шаванд. Зеро, ба лиҳози таърихӣ, ин ду миллат дар ҳеҷ бурҳае аз замон бо ҳам мушкили қобили таваҷҷӯҳе надоштанд, ва ҳеҷ гоҳ душмание миёни онҳо малмусу маҳсус набуд ва нест.

Роқими сутур дар ин навиштор қасд надорад дар мақоми решаёбии ин ҳаводис барояд, чун мӯътақид аст барои ҳар тамошобини огоҳе рӯшан аст, ки чӣ ҷиҳот ва касоне оташафрӯзи ин хунрезиҳо буда ва ҳаминак самараи дарахти хабисаи як чунин даргириҳои байниқавмиро мечинанд, балки мехоҳад роҷеъ ба ин матлаб сӯҳбат ба амал оварад, ки "чаро ва ба чӣ далел мардумони сокин дар минтақаи Осиёи Марказӣ, чи тоҷикаш, чи ӯзбакаш ва чи қирғизаш, зуд дар доми тавтиаҳои сиёсатпешагони худобехабар қарор мегиранд ва чӣ омиле боис шудааст онҳо омода ва пазирои дар ин дом афтодан гарданд?”

Омили аввал: ба назари нигоранда, яке аз авомили муҳим дар ин замина, кӯтаҳандешӣ ва адами огоҳии сиёсии лозим ва кофии мардумони ин минтақа аст. Аз сӯйе, рӯшан аст, ки муҳаррики тасмимгириҳои фарди кӯтаҳандеш ва ғайри огоҳ, ҳамвора эҳсосоту авотифаш будааст, на ақлу андешаи вай. Ҳоло, камина манзараро бо як мисоли фарзӣ барои хонанда пешкаш мекунам, он гоҳ худ доварӣ ба амал оварад. Фарз кунед (албатта ин фарз дар амсоли инчунин даргириҳои байниқавмӣ ва ё байнимаҳаллӣ, фарзи ба ҳақиқат наздик аст, на як фарзи холӣ), ки як сиёсатмадори бо шикаст рӯбарӯшуда, бо тарҳи як барномаи шайтонӣ, гурӯҳе худобехабар мисли худашро маъмур мекунад то дастае аз ин қавм ва теъдоде аз он қавмро ба қатл бирасонад то оташи кинаву адоват миёни онҳо нисбат ба якдигар шӯълавар гашта ва аз натоиҷаш он хабис баҳра ҷӯяд.

Вақте як чунин барнома тарҳрезӣ ва дар амал пиёда шуд, мардумони огоҳ, ба эҳсосот дода нашуда, дар асраи замон ва қабл аз ин ки оташ даргирад, ба андешаи пайдо кардани касе меафтанд, ки боиси кушта шудани ин ду даста шудааст, ба хилофи мардумони ғайри огоҳ ва кӯтаҳандеш, ки муҳаррики асосӣ дар тасмимгириҳо ва иқдомоти онон, эҳсосоту отифаҳояшон мебошад; ҳамон чизе ки он сиёсатпешаи хабис хостааст.

Мегӯянд, омили аслии даргириҳои ахири Қирғизистон ин будааст, ки гурӯҳе аз авбошони маҳаллӣ, теъдоде аз қавми қирғиз ва ҳам шуморе аз қавми ӯзбакро ба сурати фаҷеонае ба қатл расонда ва он гоҳ худ ҳаёҳу ва сару садо роҳ андохта, мардумро ба интиқом даъват кардаанд ва имрӯз, кор ба ҷое расид, ки ҳаминак мебинем. Дар ин навъ рухдодҳо, мардуми огоҳ ҳаргиз думболи амсоли Сангаку Файзалиҳо ва хулоса касоне ки ба интиқом даъват мекунанд ва отифаю эҳсосотро таҳрик менамоянд намераванд.

Омили дуюм: яке дигар аз авомил дар ин маҷол, адами ташхиси дӯст аз душман аст. Мардумони мо, мутаассифона, ҳамвора дар ташхиси дӯст аз душман ба иштибоҳ рафта ва мераванд. Барои як нафар қирғиз масалан, ҳаргиз як ӯзбак – аз он ҷо ки ӯзбак аст – душмани ӯ маҳсуб намегардад. Барои як нафар тоҷик ҳам, як нафар ӯзбак ё рус ва ё қазоқ ё қирғиз, душмани ӯ маҳсуб намешавад. Асосан, чӣ чизе ҳаст, ки боиси душманӣ ва адовати ду миллат гардад? Худо якеро ӯзбак офарида ва дигареро тоҷик ва ё қирғиз. Ҳам аз назари инсоният ва ҳам аз дидгоҳи дин, ба вижа ислом, нисбат доштан ба нажод ва ё забони хоссе, мояи бартарӣ ва фузунӣ нест, ки боис шавад ду миллат, фақат ба ин ҷиҳат, ки яке ӯзбак ва дигаре тоҷик ва ё қирғиз ҳастанд, бо ҳам мушу гурба шаванд.

Аз ин бадтар, вақте нисбат доштан ба маҳалле, боиси душманӣ ва адоват гардад. Солҳои тақрибан 1993 буд, ки ба асбоби мухталиф чанд моҳе дар Русия ҳамроҳи хонаводаам зиндагӣ кардем. Ғайри камина дигар тоҷикон ҳам он ҷо зиндагӣ мекарданд. Як нафар ҳамватан вақте бо камина рӯбарӯ мешуд, медидам авзоаш беҷо ва ба банда ҳамчун як душман нигоҳ мекард ва ман асосан ҳайрон будам чаро ӯ бо ман чунин рафтор мекунад? Хеле ба фикр фурӯ рафтам, ки оё бо вай худой нокарда душмание карда бошам, аммо ҳар чи фикр мекардам, ҳеҷ тавҷеҳе пеши худам намеёфтам, ки чаро ӯ бо ман чунин рафтор пеша кардааст? Рӯзе аз як дӯсти наздикаш пурсидам, ки чаро фалонӣ бо ман чунин рафтор мекунад? Агар аз мо кӯтоҳие шуда, беҳтар аст бароям тавзеҳ бидиҳад то хештанро ислоҳ кунам. Дӯсташ аввал нахост чизе бигӯяд, исрор кардам, он гоҳ гуфт, медонӣ чаро ӯ бо ту чунин мекунад, ки албатта дигарон ҳам ҳастанд, ки мисли ӯ фикр мекунанд? Пурсидам, чаро? Гуфт: чун ту аз Ленинобод ҳастӣ ва ленинободиҳо бо мо душман ҳастанд, зеро дар замони Шӯравӣ ҳукумат дар дасташон буд. Вақте чунин сухане ба гӯшам расид, ҷуз ин ки ба ӯ бигӯям, барои он шахс воқеан мутаассифам, чизе дигар нагуфтам.

Душмани миллатҳо, ки иттифоқан як душмани муштарак байни ҳамаи онҳост, ин сиёсати як кишвари бегона ва ё сиёсати ғалати кишварҳои худашон мебошад. Агар рӯзгоре давлатмадорони зӯргӯ ва ғулдури русӣ, бо як тақсимбандии ғалат ва муғризонае Осиёи Марказиро ба давлатҳои кучак ва заифе тақсим ва аз варои як чунин тақсимбандӣ, сиёсати палидонаеро мадди назар қарор дода буданд, ин гуноҳи сокинони кишварҳо чист, ки мо ҷоми хашму ғазаби худро бар рӯи онон бирезем ва аз эшон барои худ "душмани дурӯғине” бисозем?

Ба ҷои ин, эй кош миллатҳои сокин дар минтақа, давлатмардони русии он вақтро (на мардуми русро), ки сиёсатмадорони кунунии русӣ низ мутаассифона ҳамон сиёсати аҷдодашонро думбол мекунанд, душман бигиранд! Душман гирифтани онҳо низ, ба ин маъно нест, ки бидуни андеша ва тафаккур шамшер бар рӯяшон бикашем, балки нагузорем дигар он сиёсатҳои палид бар рӯйи моён иҷро шавад.

Оре, душмани воқеии як нафар тоҷик, ин як нафар ӯзбак нест, ва душмани воқеии як нафар қирғиз, ин як фарди ӯзбак нест, ки ҷоми хашмашро бар рӯи вай бирезад, балки душмани ҳар ду, ин сиёсатест, ки як кишвари бегона ва ё кишварҳои худашон пиёда мекунанд.

Нуктаи дигаре, ки дар ин навиштор мехоҳам ба он ишора намоям ин аст, ки мутаассифона нависандагон ва қалам ба дастони мо имрӯз ба ҷои ин ки воқеан ҷомеаро рӯшан ва ҳаллоли мушкилот бошанд, баръакс мушкилофарин ва нохудогоҳ коре мекунанд, ки бар душмании сохта ва дӯруғин байни миллатҳои сокин дар минтақа афзуда гардад. Агар ҳукумати Каримов вагонҳои моро боздошта ва манъашон кардааст, ин гуноҳи як нафар ӯзбаки сокин дар Ӯзбакистон чист, ки мо биёем ва аз вай пеши чашмони тоҷикон як душман бисозем? Чи басо он бадбахт ҳам имрӯзҳо аз сиёсати кишвари худ ва аз зулму ситамҳое, ки ҳукуматаш нисбат ба шаҳрвандони бегуноҳ эъмол мекунад, бештар аз моён ранҷ бибарад.

Агар замоне русҳо омаданд ва ба ҳамкориии хоинони маҳаллӣ чанд шаҳри муҳимми моро дар қаламрави давлати ҷаълие ба номи Ӯзбакистон қарор доданд, дар ин миён, гуноҳи як фарди оддии ӯзбак чист, ки мо ӯзбакҳоро (такрор мекунам мардумони ӯзбакро на ҳукуматашро) дар азҳони мардуми ҷомеаи худ ба унвони душмани миллати тоҷик ба тасвир бикашем ва ҳар он чиро, ки ба фарҳанги миллати ӯзбак бармегардад, ба тамасхур бикашем? Чунин корҳои носанҷида паёмадҳои ногуворе ба бор дорад. Агар Худой нокарда рӯзе як душмани бегона бихоҳад ба хотири дастёбӣ ба аҳдофи сиёсии худ миёни мардуми ин ду кишвари ҳамсоя оташи ҷанг бапо хезонад, он гоҳ коре ки мо имрӯз мекунем худ заминаи муносиб барои даргирӣ ва қавмкушӣ хоҳад буд.

Аз ин рӯ, бар рӯшанфикрону нависандагону рӯзноманигорону хулоса ҳар он касоне ки рисолати рӯшансозии афроди ҷомеаро ба даст доранд, агар воқеан хоҳони ҳалли машокили пешоамада миёни кишварҳои ҳамсоя ҳастанд, ба решаи асосии ин мушкилот даст гузоранд ва ба мардумон онҳоро бозгӯ намоянд, на ба садади коштани тухми кинаву адоват миёни қавмҳои сокин дар минтақа бошанд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 574 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz