Ҷумъа, 19.04.2024, 11:24
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 27 » Ғарб; масъала ё монеъ?
Ғарб; масъала ё монеъ?
01:16

Ғарб масъалаи мо набуда ва нест, чаро ки Ғарб ҳадаф, ғоят ва уфуқи мо нест. Ин ки мо дар бораи Ғарб меандешем, ба ин иллат аст, ки Ғарб муддатест "ғайр” ва "монеи  мо” шудааст.

Вожагони калидӣ: Ғарб, Ғарби ҷуғрофиёӣ, Ғарби андешаӣ, Ғарби тамаддунӣ, масъала, монеъ, ғайр, ғайрият, исломи арабӣ, исломи эронӣ, савияи исботӣ, савияи салбӣ, ғарбшиносӣ, ғарбситезӣ, мустағриб (ғарбшинос).

1 - Манзур аз Ғарб:

Таърифи вожагони калидӣ дар баҳс, аз заруратҳои равишӣ ва методикаи пажӯҳиш аст. Ғафлат аз таърифи шаффофи вожагон ё ибҳом ва иҷмол дар он, боиси инҳироф дар баёни масъала ва иштибоҳ ва нақс дар натиҷаи он мешавад. Таърифи шаффофи вожагон ба хусус дар мавзӯоте, ки печида ва дорои абъоди гуногуне буда ва тамоюзи ҷузъиёти он бисёр кам ва ночиз менамояд, аз зарурати дучандон бархурдор аст. Мавзӯи Ғарб ба далели густардагияш аз як сӯ ва печидагӣ ва таваррумаш аз сӯи дигар, аз он даста мавзӯотест, ки лозим аст ба сурати шаффоф таъриф шавад. Дар адабиёти роиҷ, чи илмӣ ва умумӣ, вожаи Ғарб ба маонии зайл ба кор гирифта мешавад:

а) Нахустин маъно ва мафҳуме, ки аз калимаи Ғарб ба зеҳн меояд ва нисбатан ҳам роиҷ аст, Ғарби ҷуғрофиёӣ мебошад, ки албатта итлоқи Ғарб ба Ғарби ҷуғрофиёӣ чандон беваҷҳ нест, чаро ки Ғарб ба ҳар маъное ки, ки лиҳоз шавад, дорои хостгоҳи ҷуғрофиёӣ дар Мағрибзамин аст. Рӯйкардҳои фалсафӣ, текникӣ, тамаддунӣ ва андешаӣ ба Ғарб, ҳама дорои хостгоҳи ҷуғрофиёӣ дар Мағрибзамин ҳастанд. Ба иборати дигар, ба лиҳози торихӣ, чизе ки имрӯза онро Ғарб меномем, муаллафаҳо ва аносири аввалияи он дар ҷуғрофиёи Мағрибзамин шакл гирифтааст ва ҳамин амр боис шуда то муаллафаҳо ва аносири он низ дар иртикози бархе афрод ба Мағрибзамин мунтасаб шавад.

б) Касоне ки андак мутолиа ва тааммуле дар бораи Ғарб доранд, ба рӯшанӣ дармеёбанд, ки ҷуғрофиёи Мағрибзамин бисёр тангтар аз он аст, ки битавонад мафоҳимеро, ки имрӯза дар зайли мафҳуми Ғарб ҷой мегирад, дарбар гирад. Аз ин рӯ, бархе афрод, Ғарби андешаӣ ва фикрӣ-ро ҷойгузини Ғарби ҷуғрофиёӣ кардаанд. Табиатан, Ғарб ба масобаи манзумаи андешаӣ, ҳарчанд наметавонад бидуни мавтини ҷуғрофиёӣ бошад, аммо мафҳуми фарохтар аз Ғарб ба масобаи як ҷуғрофиёст. Бар ин асос, ҳам метавон ҷуғрофиёеро дар Мағрибзамин ёфт, ки мисдоқи Ғарби андешаӣ набошад ва ҳам метавон ҷуғрофиёеро дар Машриқзамин ёфт, ки мисдоқи Ғарби андешаӣ бошад.

в) Бо тааммули бештар дар мафоҳим ва абзоре, ки дар хидмати он чизе ҳастанд, ки онро Ғарб меномем, дармеёбем, ки Ғарбро - ҳарчанд ки муштамил бар фикру андеша бошад - наметавон ба соҳати фикру андеша тақлил дод.

Ин ки аҷзои Ғарб бо фикру андеша ба вуҷуд омадаанд ва даруни онҳо фикру андеша мустатир аст, наметавонад далели ин шавад, ки ҳамаи онро битавон ба фикру андеша тақлил дод. Ба иборати дигар, Ғарб чизе беш аз Арастуву Афлотуну Агустину Декорту Конту Ҳегелу Марксу Сортер ва... аст. Ба ҳамон мизон, ки ин ашхос ва андешаҳояшон ғарбист, бензсавориву сохтмонҳои осмонхарошу футболу Ҳоливуд ва... низ ғарбиянд. Пас бояд Ғарбро ба сурати як маҷмӯа таъриф кард; маҷмӯае, ки шомили андеша, адабиёту ҳунар ва абзори маҳсус (текнулужӣ) аст. Дар ин сурат, бояд Ғарби тамаддунӣ-ро ҷойгузини Ғарби ҷуғрофиёӣ ва андешаӣ кард.

Ин се талаққӣ аз Ғарб, чунин нестанд, ки бо ҳам қобили ҷамъ набошанд, балки Ғарби тамаддунӣ метавонад ҷомеъ ва фарогирандаи онҳо бошад, чаро ки ҳам дар он андеша нуҳуфта аст ва ҳам ҳавзаҳои тамаддунӣ даруни як ҷуғрофиёи мушаххас шакл мегиранд. Аз ҳамин рӯст, ки Ғарб бе он ки дар зеҳнияти моён тафкик ба ҷуғрофиё, андеша ва тамаддун бошад, дар ҳар се маъно истифода мешавад. Аммо он чи барои моён муҳим талаққӣ шудааст, Ғарби тамаддунӣ будааст, чаро ки рафтори афрод дар даруни тамаддунҳо ҷилва меёбад ва моён низ дар баробари ҳамин рафтори аврупоиён буда, ки маҷзуб ё маръуб мешудем.

2 - Ғарби ҷадид; масъала ё монеъ?

Мо торихи муштараки андаке ҳам бо Ғарб дорем, аммо ин миқдор торихи муштарак наметавонад боис шавад то Ғарб барои мо масъала бошад. Бо ин ҳама, пас чаро мо дар бораи Ғарб меандешем, сухан мегӯем, менависем ва...? Ғарб масъалаи мо набуда ва нест, чаро ки Ғарб ҳадаф, ғоят ва уфуқи мо нест. Ин ки мо дар бораи Ғарб меандешем, ба ин иллат аст, ки Ғарб муддатест "ғайр” ва "монеи  мо” шудааст. Масалан, Эрон (манзур Эрони бузург аст, ки шомили кулли порсигиён мешавад), аз ибтидои ислом то кунун дар ҳар даврае, бо ғайрияти хоссе мувоҷеҳ будааст:

а) Зардушт ва шибҳи динҳои эронӣ:

Дар садри ислом, эрониён барои эҳрози ҳувияти ҷадиде, ки аз ислом гирифта буданд, лозим буд то ба нафйу радди дини пешини зардуштӣ бипардозанд. Нафйи зардушт ҳарчанд комил набуд ва муддатҳо ба тӯл анҷомид то ҳама ё аксарияти мутлақи эрониён ба ислом гаравиданд, аммо ҳувияти исломӣ ба ҳамон мизоне, ки шакл гирифта буд, кифоят мекард то ҳам зардушт ва ҳам шибҳи динҳое, ки афроде чун Беҳофарид, Синбод, Мозиёр, Бобак ва ғайра оварданд ба мадади он нафй кунанд.

б) Андешаҳои юнонӣ:

Нахустин маорифи хориҷие, ки нисбатан ба таври густарда вориди ҷаҳони ислом шуд, андешаҳои юнонӣ буд. Албатта ҷаҳони ислом бо ин андешаҳо бо рӯи боз бархӯрд кард. Доруттарҷумаҳои мутааддиде дар ҷаҳони ислом таъсис шуд ва ба кори тарҷумаи осори юнонӣ машғул шуданд. Андешмандони ҷаҳони ислом бояд нисбати худ ва исломро бо ин андешаҳо табйин мекарданд. Онҳо аз хориҷ вориди ислом шуда буданд ва аксаран дорои маншаи ғайри ваҳёнӣ буданд. Тасарруфи олимонаи файласуфони исломӣ аз ҷумла Форобӣ дар ин андешаҳо ба гунае ки мунҷар ба таъсиси фалсафаи исломӣ ва талфиқи ҷолибе аз ақл ва ваҳй шуд, гузори унсури эронӣ аз андешаҳои юнониро - ки дар ин қурун ғайрияти ҳувияти исломӣ қарор гирифта буд - рақам зад.

в) Андеша ва фарҳанги будоӣ – муғулӣ:

Аз авоили қарни ҳафтӯм, ҷаҳони ислом дар бисёре аз нуқоти шарқии худ мавриди тохту този лашкари муғул қарор гирифт, ки албата омили ибтидоии ин тоху тоз, бекифоятии халифаи муслимин буд, на хонҳои муғул. Муғулҳо ниҳоятан пас аз қариб ба ним сада ҷангу хунрезӣ, муваффақ ба фатҳи Бағдод ва суқути силсилаи Бани Аббос шуданд ва пас аз он қариб ду қарн дар Эрон ҳукумат карданд. Дар ин ду қарн, буддоизм ғайрияти исломии мо буд ва унсури эронӣ бо нафйи он бояд ба исботи худ мепардохт. Ин ҷанги зарифи ҳувиятии байни ислом ва буддоизм, ниҳоятан бо ислом овардани хони муғул мунҷар ба ғалабаи ислом шуд.

г) Исломи арабӣ:

То қабл аз Сомониён, дар Эрон, исломи эронӣ дар ҳошияи торих ва сиёсату қудрат қарор дошт, аммо бо рӯи кор омадани Сомониён, аз ҳошия ба марказ омад.

Ҳарчанд бо рӯи кор омадани Сомониён, банди тааллуқи Эрон ба императории Аббосӣ бурида шуд, барағми ин, ҷавомеи исломӣ тамоюл доштанд ҳамчунон таҳти ливои як халифаи марказӣ бошанд. Пас, ғайрияти эрониҳо дар ин мақтаъ, исломи арабӣ буд ва онҳо ҳувияти худро аз тариқи нафйи исломи арабӣ бояд ба исбот мерасонданд.

д) Ғарби ҷадид:

Ғарби пас аз ренесанс, дере напоид, ки арзишҳои худро ба саросари дунё содир кард. Маҳмили асосии ин арзишҳо текнулужии Ғарб буд, ки замони зиёде лозим буд аз вурудаш ба сарзаминҳои дигар бигзарад то мардуми он сарзаминҳо онро ҳомили фарҳанг талаққӣ кунанд. Унсури эронӣ низ билахира донист, ки текнулужии Ғарб ҳомили арзишҳои ғарбист. Дар қуруни ахир, Ғарб ғайрияти ҳувияти унсури эронӣ аст ва унсури эронӣ барои эҳрози ҳувияти худ, ногузир аз нафйи он аст.

Ҳувияти инсонӣ ду савия дорад; савияи исботӣ ва салбӣ. Савияи салбии ҳувият, наметавонад масъалаи дорандаи он бошад, балки масъалаи ҳар соҳибҳувияте, савияи исботии ҳувияти он аст. Савияи салбии ҳувият, маъмулан соҳати монеи басти савияи исботии ҳувият аст. Савияи исботии ҳувияти мо мусалмонон, худи ислом аст, на ҳар чизи дигаре ғайр аз он. Дар ин сурат, Ғарб наметавонад масъалаи мусалмонон – аз он назар ки мусалмонанд - шавад. Ғарб соҳати ғайрияти ҳувияти мост. Соҳати ғайрият, соҳатест, ки дорандаи як ҳувияти хос даруни он қарор надорад ва намехоҳад ҳам қарор бигирад ва албатта талош мекунад то он соҳатро фатҳ карда ва замимаи соҳати исботии ҳувияташ қарор диҳад.

Ин ки як падидае марбут ба соҳати исботӣ ё салбии ҳувияти инсон бошад, ба таври мустақим дар наҳва ва камму кайфи пурсиш ва пажӯҳиш дар бораи он таъсир мегузорад. Инсонҳо масъалаҳои худро ба тафсил баррасӣ мекунанд ва мавонеашонро дар иҷмол боқӣ мегузоранд. Унсури эронӣ агар Ғарб барояш масъала мебуд, онро ба тафсил баррасӣ мекард, аммо аз он ҷо ки Ғарб монеи басти соҳати исботи ҳувияташ буда, онро дар иҷмолаш баррасӣ кардааст.

Маъмулан, ҷараёни рӯшанфикрӣ ин интиқодро бар ҷараёни динӣ ворид мекунад, ки аз замонаи худ ақиб аст ва бо замон пеш намеравад. Рӯшанфикрон барои таъйиди иддаои худ, масодиқе аз адами ҳамоҳангии олимони динӣ бо муқтазаёти Ғарбро зикр мекунанд, ғофил аз ин ки ин наҳваи истидлол ва мисол овардан дар ҳаққи касе равост, ки ҳақиқатан Ғарб, замон ва замонаи вай бошад ва ин иттифоқ танҳо барои касе меафтад, ки Ғарб масъалааш бошад. Барои як олими динӣ, асосан Ғарб, масъала нест, ислом масъала ва Ғарб соҳати монеи басти ислом аст. Бо ин ҳисоб, он чи барои як олими динӣ раво ва шоиста аст, ин ки исломро ба тафсил бирасонад ва Ғарбро дар иҷмолаш фаҳм кунад.

Акси ин қазия дар мавриди худи рӯшанфикрони ғарбгаро содиқ аст. Рӯшанфикрони ғарбгаро касоне ҳастанд ки Ғарб масъалаи онҳост. Чунин ашхосе бояд талош кунанд Ғарбро ба тафсил бирасонанд ва исломро дар иҷмолаш раҳо кунанд.

Ҷараёни динӣ, (ки ба Ғарб на ба масобаи соҳати исботи ҳувияти худ, балки ба масобаи соҳати монеи басти ислом менигарад), танҳо он даста аз масоили Ғарбро баррасӣ мекунад, ки дар нуқтаи тамос бо ислом қарор мегирад ва зарурати ковиш ва тааммул дар ғайри ин нуқоти тамос, барои он нотамом аст.

Чунин рӯйкарде ба Ғарб, аз ду зовия бо рӯйкарди рӯшанфикрӣ ба он мутафовит аст: аввал ин ки нуқоти тамоси баҳси ислом ва Ғарб бо нуқоти тамоси баҳси Ғарб ва ислом, (ки дағдағаи ҷараёни рӯшанфикрӣ аст), мутафовит аст ва заруратан як нестанд. Дуюм ин ки дар ҳамон нуқоти тамос, ҷараёни динӣ, исломро ба тафсил ва Ғарбро ба иҷмол ва ҷараёни рӯшанфикрӣ, Ғарбро ба тафсил ва исломро ба иҷмол баррасӣ мекунад.

3 – Ғарбшиносӣ ё ғарбситезӣ?

Баста ба ин ки аз пасванди "шиносӣ” дар вожаи Ғарбшиносӣ чӣ тафсире ироа бидиҳем, нисбати Ғарбшиносӣ бо Ғарбситезӣ тағйир мекунад. Агар аз пасванди "шиносӣ” дар вожаҳои худошиносӣ, маодшиносӣ ва паёмбаршиносӣ фаҳм мекунем, дар ин сурат, ҳадди ақал, фароянди Ғарбшиносӣ набояд мисдоқи Ғарбситезӣ бошад, ҳарчанд мумкин аст ҳатто дар ин фарз ҳам, натиҷаи Ғарбшиносӣ Ғарбситезӣ шавад. Мутақобилан, агар аз пасванди "шиносӣ” дар вожаи Ғарбшиносӣ, ҳамон маъноеро фаҳм кунем, ки аз пасванди "шиносӣ” дар вожаи Шарқшиносӣ фаҳм мекунем, дар ин сурат ҳатто фароянди Ғарбшиносӣ ҳам айни Ғарбситезӣ аст то чӣ расад ба натиҷаи Ғарбшиносӣ.

Дар фарзи аввал, шинохти Ғарб он гуна ки ҳаст, мадди назар қарор мегирад ва бо ин фарз, фароянди шинохт агар ба тарафи ҳуббу буғзҳо биравад, асли имкони шинохт зери суол меравад. Тибқи ин фарз, фароянди шинохт бояд орӣ аз ҳар гуна ҳуббу буғз бошад ва дар ин сурат, имкон надорад, ки фароянди Ғарбшиносӣ айни Ғарбситезӣ бошад. Аммо дар ҳамин фарз ҳам, буъде надорад, ки натиҷаи шинохт, ба буғз нисбат ба Ғарб хатм шавад, яъне Ғарбшиносӣ табдил ба Ғарбситезӣ шавад.

Дар фарзи дуюм, дар мавзӯи мавриди назар, (яъне Ғарб) ва низ дар фоили шинохт, (яъне мо) шароите пеш омада, ки мустағрибин ҳатто агар нахоҳанд аз асли "шинохти Ғарб он гуна ки ҳаст” удул кунанд, ингор аз қабл медонанд, ки натиҷаи пажӯҳиш ба гузори шинохт ба ситез хатм мешавад. Ба унвони мисол, дар асри мо, шароити рӯ ба инҳитот ва заволи Ғарб аз тарафе ва шароити бедорӣ ва худоогоҳии фикрӣ-сиёсии мусалмонон аз тарафи дигар, шароитеро рақам зада, ки натиҷаи пажӯҳиш ва мутолиа дар нисбати ислом ва Ғарбро аз қабл метавонад мушаххас кунад ва дар ин сурат пажӯҳиш дар бораи Ғарб дар ин фарз, аз он ҷо ки аз ибтидо маълум аст, ки маътуф ба навъе гузор аз он меанҷомад, дар дили худ мутазаммини ситез бо он аст. Илова бар ин, пажӯҳишҳо ҳамвора бо як пурсиши ибтидоӣ шурӯъ намешаванд, балки гоҳе дар миёнаи як фароянд ва аз дили даҳҳо пурсишу суол ва балки бонгу фарёд шурӯъ мешаванд.

Дар пажӯҳишҳое, ки бо як пурсиши содда ва аз ибтидои як барнома шурӯъ мешаванд, бисёр табиӣ аз пажӯҳишгар метавон бетарафӣ ва адами дахолати ҳар гуна ҳуббу буғзро интизор дошт. Ин дар ҳолест ки дар пажӯҳишҳое, ки дар миёнаи як фароянд ва аз дили даҳҳо пурсишу суол ва балки бонгу фарёд шурӯъ мешавад, чунин мутолибае ҳатто агар ғайри маъқул ҳам набошад, нашуданӣ аст. Ба унвони мисол, оё метавон аз мардуми кишваре мисли Ҳиндустон дуруст дар он солҳое, ки дар истисмори Англис ҳастанд, ё аз мардуми кишвари Фаластин дар он замоне ки дар ишғол ва таҳти зулми "Исроил” ҳастанд, бихоҳем дар бораи Англис ва "Исроил” пажӯҳиш дошта бошед ва аз ҳар гуна ҳуббу буғзҳо ҳам парҳез кунед?

Чунин пажӯҳише аз миёнаи як пружа шурӯъ шуда ва наметавонад гирифтори ҳуббу буғз набошад. Ҳатто агар пажӯҳишгар воқеан ҳам бихоҳад, ки аз вуруди ҳуббу буғзаш дар пажӯҳиш пешгирӣ кунад, ӯ ба лиҳози равонӣ ва шуҳудӣ қабл аз пажӯҳиш натиҷаро мебинад.

Мусалмонон дар мақоми пурсиш аз нисбати худ бо Ғарби ҷадид, ҳамвора дар шароити фарзи дуюм қарор доштаанд, чаро ки онҳо ба тарафи Ғарб нарафтаанд, балки Ғарб ба тарафи онҳо омад ва ин омадан ҳарчанд дар қолаби шиори истеъмор, яъне талаби имрон буда, омадане хасмона ва чаповулгарона талаққӣ шудааст ва пажӯҳиши мусалмонон дар бораи Ғарби ҷадид ҳамвора масбуқ ба ин истисмор ва чаповул будааст.

Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ислом бо мусалмонон мутафовит аст. Он чи ба унвони дидгоҳи дини ислом дар хусуси иртибот бо дигар фарҳангҳо ва тамаддунҳо, асли аввалӣ, таомул ва гуфтугӯст, аммо ҳамин асл дар шароити сонавӣ (шароите, ки фиқҳ ва шариат таклифи умурро муайян мекунанд), қобили таътилӣ аст.

Поён

Асли мақола тавассути дуктур Аҳмади Раҳдор дар ҳафтаномаи Панҷара нашр шудааст, аммо пойгоҳи Кимиёи саодат бо иҷозати соҳиби мақола, бо ворид кардани бархе дигаргуниҳо ва тағйир дар сохтори мақола, онро ба нашр расондааст.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҳадиси рӯз | Просмотров: 560 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 1
27.12.2010
1. Firdavs [Материал]
durud ustod,
hamesha muvaffak boshed.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz