Панҷшанбе, 28.03.2024, 22:09
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Апрел » 4 » Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст
Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст
03:03

Матни комили посухҳои Эшони Маҳмудҷон ба тӯҳматҳои салафиҳо (қисмати аввал)

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Алҳамду лиллоҳи раббил-оламин, ассалоту вас-салому ало ашрафил-анбиёи вал-мурсалин, ва ало олиҳи ва асҳоби аҷмаин.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Мӯҳтарам ҷамоати аҳли ислом, намозгузорони азиз ва меҳрубон![1] 

Имрӯз, қарор буд, ҳамон гуна ки пештар ваъда дода будам, посухи бархе аз номаҳои шуморо бидиҳам, вале дар ин миён иттифоқе рух дод, ки ночорам ба он бипардозам. Ва он ин ки ҷумъаи гузашта, наворе ба дастамон расид аз ҷониби як нафар "Шайхул-ислом”-и беному нишон, ки албатта маълум аст ин кор, кори гурӯҳи фитнаҷӯйи "Салафия” аст. Ин навор, ки тақрибан беш аз як соат идома дорад ва шояд бархе аз бародарон ба он гӯш дода бошанд ва баъзеҳо баъдан гӯш хоҳанд дод, саросар тавҳину таҳқиру тӯҳмату бӯҳтону дурӯғ аст, ба хусус ба унвони устоди азизамон (Эшони Нуриддинҷон). Аз он ҷо ки дар ин навор тӯҳмату дурӯғҳои зиёде гуфта шуда аст, сукут кардан дар баробари онро барои худ гуноҳ донистем, чунон ки Саъдӣ мегӯяд:

Чу бинӣ ки нобинову чоҳ аст

Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст

Аз ин рӯ, тасмим гирифтам дар ин ҷумъа чанд дурӯғу тӯҳматҳое, ки дар ин навор гуфта шуда аст, ба самъи шумо азизон бирасонам то баъзе аз ҷавонони сода фиреби ин гурӯҳу сафсатаҳояшонро нахӯранд.

Нахустин матлабе, ки мехоҳам арз кунам ин аст, ки ман коре ба гӯяндаи беному нишони ин навор надорам, шахсияти ӯ барои мо муҳим нест, балки сӯҳбати ман ва мухотаби ман ҷамъи ҳамин гурӯҳест, ки имрӯз дар Тоҷикистони мо ба ихтилофандозӣ, фитнаангезӣ ва тафриқаафканӣ машғуланд. Ин гурӯҳ, бо камоли бешармӣ, ин наворро бо теъдоди зиёд ва ба сурати ройгон, дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҳатто то Кӯлоб, чунон ки ба мо хабар расид, паҳн карда истодаанд.

"Шайхул-ислом” бо забони фасеҳи тоҷикӣ ошно нест

Пеш аз нақду баррасии суханони ин "Шайхул-ислом”, дар ибтидо лозим аст таваҷҷӯҳи шуморо ба ин нукта ҷалб намоям, ки аз суханони ҷаноби "Шайхул-ислом” бармеояд, ки вай ба забони модарии худ яъне забони тоҷикӣ некӯ ошно набудааст. Ӯ ба андозае аз фасоҳату балоғати тоҷикӣ ба дур аст, ки аслан наметавон гуфт чунин шахсе олим мебошад. Нахустин вижагии як шахси олим ва донишманд ин аст, ки бояд сатҳ ва шеваи суханонаш, аз сатҳу шеваи суханони ҷоҳилҳо фарқ дошта бошад, аммо сатҳи суханони ин шахс, ҳатто аз суханони ҷоҳилҳо ҳам пойинтар аст. Тақрибан бист дар сади наворро бо калимаҳо ва вожаҳои нописанд, дилночасп ва ё такрорӣ пур кардааст.

Ғалатҳояш худ ҳикоят аз сатҳи дониши ӯ мекунад

Илова бар ин, ғалатҳову иштибоҳоташ низ ҳикоят аз сатҳи дониши ӯ мекунад. Масалан, калимаи "ло тақфу” дар ояти муборакаи "Ва ло тақфу мо лайса лака биҳи илмун...”-ро,[2] ки ба маънои "аз пайи (чизе) марав” аст, "наист” маъно карда, оятро чунин маъно менамояд: "Наист, ки нест барои ту илм...”. Ҷаноби "Шайхул-ислом” дар ин ҷо ҳатто натавонистааст миёни феъли "қафо яқфу” (ки ба маънои "аз пайи чизе рафт”, ё "ба дунболи чизе рафт” буда ва дар ояти мавриди назар ҳамин феъл ба кор рафта аст) ва феъли "вақафа яқифу” (ки ба маънои истод мебошад) фарқ бигузорад.

Аслан ин оят чунин тарҷума намешавад ва ин маъноро, ки "Шайхул-ислом” мекунад надорад. Худованд дар ин оят мефармояд, ба дунболи чизе ки ба он илм надорӣ ва маълумот надорӣ марав, яъне чизеро, ки надидаӣ, магӯй, ки дидаам, чизеро, ки нашунидаӣ, магӯй, ки шунидаам ва хулоса, чизеро, ки намедонӣ, магӯй, ки медонам, зеро "Иннас-самъа бал-басара вал-фуода куллу улоика кона анҳу масъулан”,[3] яъне ин чашму ин гӯшу ин ақл рӯзи қиёмат мавриди пурсуҷӯ қарор мегиранд.

Ошуро

Яке аз тӯҳматҳои ин ҷамоат бар мо, марбут аст ба маҳфиле, ки дар моҳи Муҳаррам баргузор мекунем. Ҳама медонанд, ки солҳост, ки бо вуруди моҳи Муҳаррам, дар масҷиди мо, бино бар мактубҳои худи шумо азизон, ки дархост мекунед перомуни шаҳодати Имом Ҳусайн (р) сӯҳбат карда шавад, аҳёнан ва на ҳамеша, устоди азизамон дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекунанд. "Шайхул-ислом” ин суханрониҳои устодро ташбеҳ ба Ошурое кардааст, ки шиаҳо ҳамасола дар Эрон баргузор мекунанд.

Ин, валлоҳи, ки як тӯҳмати маҳз аст. Аз назари Қуръон ва суннат, нақли таърих монее надорад, балки таърих, яке аз улуми панҷгонаи Қуръони азимушшаън ба шумор меравад. Қуръон таърихи анбиё, авлиё ва миллатҳои гузаштаро бароямон нақл карда аст. Албатта, манзури Қуръон аз нақли таърих, дарсу ибрат аст, на қиссагӯйии маҳз. Агар нақли таърих гуноҳу маъсият бошад, Қуръон худ барои мо нақл намекард. Бинобар ин, маҳфиле, ки дар ин ҷо дар моҳи Муҳаррам баргузор мешавад, ҳеҷ шабоҳате ба Ошурое, ки тавассути шиаён дар Эрон ва ё кишварҳои аҳли ташаюъ баргузор мешавад надорад. Ин як тӯҳмат аст.

Аз сӯйи дигар, суханронии суханвар ҳам, бояд ҳамоҳанг бо замону макон бошад. Инҳо худашон, ки на аз маълумоти кофӣ бархӯрдоранд ва на замоншинос ҳастанд ва на маконшинос, мебинем дар маросими никоҳ, баҳс аз сифоти муташобеҳи Худо мекунанд. Ба ҷои ин ки арӯсу домодро насиҳате бикунанд ва ё дар бораи тарбияти фарзандон чизе бигӯянд, перомуни як мавзӯи дигаре, ки рабте ба мақом надорад сӯҳбат мекунанд. Араб мегӯяд: Ли кулли мақомин мақол, яъне ҳар мақоме, сухану мақоли худашро дорад.

Аз ин рӯ, мебинед мо дар моҳи Рабиул-аввал, перомуни таъриху сираи ҷаноби Расули Акрам (с) сӯҳбат мекунем, зеро мақом мақоми он ҷаноб аст. Моҳи Рабиул-аввал, моҳест, ки ҷаноби Расули Акрам (с) дар он таваллуд ёфтаанд.

Яке аз вижагии боризи ин ҷамоат, дурӯғгӯист

Ҳақиқати дигаре, ки аз ин навор ва ё дигар суханони ин ҷамоат бармеояд ин аст, ки бисёр дурӯғгӯ ҳастанд. Ман дар ҷое, дар яке аз сӯҳбатҳоям гуфтам, ки ин ҷамоат чанд вижагии хоссе доранд, ки яке аз онҳо, ҳамин дурӯғгӯияшон аст. Рӯзи рӯшанро торик ва шаби торикро рӯшан мегӯянд. Агар бовар надоред, ба ҳамин навиштае, ки дар ҳафтаномаи Озодагон дар ҷавоби сӯҳбатҳои Ҳоҷӣ Домулло (Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода) иброз доштаанд нигоҳ кунед. Ҳоҷӣ Домулло дар он сӯҳбати худ, ки таҳти унвони "Салафиҳо кистанд?” чоп шуда буд, аз ҷумла гуфтаанд, ки "Ин ҷавонҳое, ки имрӯз худро мудофеони исломи пок ҳисоб мекунанд, дар асл дар масоиле, ки барои мусалмонон бисёр муҳим аст, изҳори назар намекунанд. Касе дар Тоҷикистон ёд надорад, ки инҳо барои баста шудани масҷидҳо садо баланд карда бошанд, ё вақте ки Қуръони азимушшаънро ба «Майн Камф»-и Гитлер монанд карда буданд, мақолае навишта бошанд, ё вақте ки Пайғамбари Худо (с)-ро дар матбуоти худамон мағзи одамхӯр ва бадтар аз Чингиз ҳисоб карда буданд, дифое накарданд. Ё вақте духтарҳои моро ба сабаби доштани рӯймол аз дарсҳо пеш мекарданд ё аз донишгоҳҳо ихроҷ мекарданд, сукут варзиданд”. Аммо ин гурӯҳ бо камоли бешармӣ дар ҷавоби Ҳоҷӣ Домулло гуфтаанд, "дар Тоҷикистон ягон масҷид баста нашудааст”.

Оё дурӯғе бузургтар аз инро метавон тасаввур кард? Магар ҳамагон ба аён надиданд, ки масоҷид баста шуданд, ҳатто дар маҷаллот акси масҷиди харобкардашудаеро чоп карда буданд ва дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ин падида бозтоб дошт?

Дар робита бо ихроҷи духтарони сатрпӯш аз донишгоҳҳо низ ошкоро мегӯяд, "дар мактабҳо духтарони сатрпӯшро касе расман манъи таҳсил накардааст”. Соли гузашта дар матбуот ҳамагӣ хондем, ки як хоҳаре ба номи Давлатмоҳ, ки ба хотири ҳимоят аз ҳиҷобу сатри худ мубориза бурда истода буд, аз донишгоҳ ихроҷ гардид.

Дурӯғи дигари ин "Шайхул-ислом” он аст, ки иддао мекунад, шумо эй Эшони Нуриддин!, бо мулло Абдуллоҳ (марҳуми Сайид Абдуллоҳи Нурӣ) сабаби кушта шудани як миллион мардуми мусалмони тоҷик шудед.

Шуморо ба Худо қасам медиҳам, ки оё касе ин оморро аз забони ягон расонаи дохилӣ ва ё хориҷӣ шунидааст? Баъзе аз расонаҳои дохилӣ шумори кушташудагони ҷанги шаҳрвандиро шаст ҳазор донистаанд, ки расман мавриди эътирози давлат ҳам қарор гирифт. Баъзе аз расонаҳои хориҷӣ, шумори кушташудагонро беш аз сад ҳазор тахмин задаанд. Аммо як миллион-ро ҳеҷ касе то ҳанӯз ба забон ҷорӣ накардааст.

Сипас, магар аз инсоф аст, ки ин бузургворон сабабгори он ҷанг қаламдод шаванд? Магар ин ҷанг, як ҷанги таҳмилӣ ва аз берун тарроҳишуда набуд? Имрӯз ҳатто давлатмардони мо низ эътироф мекунанд, ки ин ҷанг аз берун бар тоҷикон таҳмил шуда буд.

Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст (2)

Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст (3)

Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст (4)

Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст (5)


[1] Қобили ёдоварист, ин суханронӣ баъд аз таҳрир, бо иҷозати худи Эшони Маҳмудҷон барои нашр, дар пойгоҳи Кимиёи саодат дарҷ гаридааст.

[2] Сураи Исро, ояти 36.

[3] Сураи Исро, ояти 36.

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 1893 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 1.0/1 |
Всего комментариев: 4
11.05.2012
4. бобочон [Материал]
ба хамаи аблахои бесавод оилаи турачон шиа нест ашурои шиахо чизи дигар аст эшон факат таърихро накл мекунад бесаводо агар шумо дусдори язиди лаин бошед мархамат лекин эшон ягон сахобаро хакорат накардааст як чизидигар онаст ки хамон шиа хоям аллохро ягона мухаммад с.с ро пайгамбар куръонро китоби аллох медонанд аллох багайр аз ширк дигар хамаи гунохоро мебахшад иншоолох пас бигзор шиахо рохи худашкати рафтангирад кордорнашав мо сунъихо азпаи ибодати худамон рафтанмегирем аллох ахкамул хокимин аст ту хакки хукмкуни надори мобарои васлкардан омадем на барои фаслкардан омадем

01.06.2011
3. shohin [Материал]
бовар намеояд, ки Эшони Махмудчон ин ичозатро дода бошад????? Ачиббббб ба осиёби ки об мерехта бошад. чашн гирифтани Ошуро, чонибдори аз дашномдихандоги сахоба, тахрифгуяндагони куръон, халол шуморандагони сига, душман донандагони ахли суннат ва ... ва....ва...ва... Худоё ба ту панох мебарам.....

01.06.2011
2. shohin [Материал]
фиреди ин фитнагаронро нахуред. инхо бо як тир чанд нишон заданиянд. Хам акидахои ахли суннатро зери суол мебаранду хам улмаои ахли суннатро бадном карданиянд. ачабоооо???????

16.04.2011
1. Аиша Ханафи [Материал]
асаламу алайкум ва рахматуллах! О ту хамон шиа хасти охи кчо акидата мепушони шумо ахли суннат нестен хубтон мекуна! Вакте ки шумо бадбахто хестен таън ба сахобаи Паёмбар заден шумора мемонанд бо накуштиянтон соз. Ма ба шумо хитоб мекунам байни пои Хазрати Муовия аз шумода болохай вай Сахоба буд ваёра Аллох дар Куръон зикр мекуна ту мехези рузи ошуро мекуни хо мо Ошурора кабул дорем на ошурои шиахора ки ошурора мекашан дар куштани Эмом Хусайн мезананд и дуруги махс аст кадом олтми Ахли Суннат ошуро чашн мегира? ба чуз аз оилаи шумо шумо барои он мекунен ки шумо шиа хастен ! акидатона пинхон накунед!

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz