Ҷумъа, 29.03.2024, 07:36
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Март » 23 » Афсонаи Абуллоҳ ибни Сабо
Афсонаи Абуллоҳ ибни Сабо
05:05

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба ҷои муқаддима

Мутаассифона, таомули пайравони адён бо якдигар, ва ё ҳатто мазоҳиби мухталиф дар дохили як дин, аз куҳан ва то ба имрӯз, бар асоси навъе "ҷанг” устувор аст то "гуфтугӯи созанда”. Талоши ҳар яке, ин аст, ки то метавонад, мухолифи хеш дар андешаро бикӯбад ва аз саҳна берун ронад, то худ яккатози майдони андеша гардад.

Ва ин, мебинем, дуруст бар хилофи дастуротест, ки кутуб ва манобеи адён ба сӯйи он мехонанд. Масалан, Қуръони карим, китоби осмонии мусалмонон, таомули гаравандагон ба ойини ислом бо аҳли китоб яъне яҳуду насоро-ро, бар асоси гуфтугӯ қарор медиҳад; гуфтугӯе, ки меҳвар ва асоси он, андешаҳои муштарак миёни мусалмонон ва аҳли китоб аст. Хитоб ба паёмбари гиромии ислом (с) мефармояд: "Бигӯ (ба ин яҳуду насоро, ки) эй аҳли китоб! Биёед ба сӯйи сухане (гаройем), ки миёни мову шумо яксон аст: ин ки ҷуз Худои якторо напарастем ва чизеро бо ӯ шарик насозем, ва бархе аз мо бархе дигарро ба ҷои Худои якто ба худойӣ нагирад...” (Оли Имрон/64).

Бадтарин шакли кӯбидан ва ҳазфи якдигар ҳам, мутаассифона, дастёзии пайравони адён ва мазоҳиб аст ба васоиле чун дурӯғ ва бӯҳтон. Масалан, агар бихоҳанд дин ва ё мазҳаби муайянеро дар анзори мардумон сиёҳ ҷилва диҳанд, ба ҷои ин ки худро ба заҳмат афканда, ба нақду баррасии так-таки андешаву мӯътақадоти он бипардозанд, асли пайдоиши он дин ва ё мазҳабро бо як дурӯғ зери суол мебаранд; ба ин ки зуҳуру бурузи онро ба касе ва ё ҷиҳате нисбат медиҳанд, ки назди мардумон сиёҳ аст.

Вақте ҷараёни ваҳҳобият буруз кард, мухолифинаш омаданд ва гуфтанд, ин ҷараён, сохта ва пардохтаи марде инглиситабор ба номи Мистер Ҳимфер аст, ки бо ҳадафи пароканда ва мутафарриқ сохтани уммати исломӣ, ба таъсиси як чунин маслаке даст ёзида аст. Дар ҳоле ки хамирмояҳои андешаи ваҳҳобигарӣ, дар афкори поягузорони ҷараёни Аҳли ҳадис ва баъдтар дар тафаккуроти Ибни Таймия ёфт мешавад. Агар касе мӯътақид аст, ки ҷараёни ваҳҳобият мухолифи исломи асил аст, барои исботи ин муддао, лозим аст бо такя бар додаҳои асили исломӣ, ба нақду баррасии андешаҳои ин ҷараён бипардозад, на ин ки мутавассил ба васоили дурӯғ шавад.

Абдуллоҳ ибни Сабо, "поягузор”-и мазҳаби шиа

Дар бораи пайдоиши мазҳаби шиаён ва чигунагии ташаккулёбии он, хонандаи азиз шояд шунида аст, ки мегӯянд ин мазҳаб ба дасти як яҳудӣ ба номи Абдуллоҳ ибни Сабо сохта шуда аст. Касоне ки чунин мегӯянд, аз пеши худ намегӯянд, балки дар баъзе аз китобҳои таърихӣ хондаанд, ки поягузори мазҳаби шиа, шахсест яҳудӣ ба номи Абдуллоҳ ибни Сабо. Воқеан бовар кардаанд, ки мазҳаби шиа, сохта ва пардохати як чунин шахсиятест.

Аммо агар касе дар ин миён пайдо шуда ва бароятон бигӯяд, ки асли ин достон, ки Абдуллоҳ ибни Сабо мазҳаби шиаро таъсис карда бошад, дурӯғ ва афсонае беш нест, шояд бигӯед, магар таърихнигороне чун Табарӣ, ки дар таърихи худ аз Абдуллоҳ ибни Сабо ба унвони муассиси мазҳаби Рофиза (ва ё ҳамон мазҳаби шиа) ном бурдаанд, дурӯғ гуфтаанд? Магар аз пеши худ онро бофтаанд?

Посух ин аст, ки на. Табарӣ ин достонро аз пеши худ набофта аст, вай дар таърихаш он чиро нақл карда, ки аз дигарон шунида аст. Аслан, таърихнигорон ҳеҷ чизеро аз пеши худ нақл намекунанд, ба вижа амсоли Табарӣ, ки ҳар чи дар таърихи худ нақл карда аст, бо санад нақл карда аст, яъне ному насаби тамомии касоне, ки аз эшон таърих нақл карда аст, ёдовар шуда.

Ҳол, агар чунин аст, пас, аз куҷо ва ба чӣ далел, бархе аз муҳаққиқон иддао доранд, ки ин достон, достоне дурӯғин ва афсонае беш нест? Пажӯҳишгароне, ки мӯътақиданд ин достон ҳақиқат надорад ва бо воқеиёти таърихӣ намехонад, чунин ҳам нест, ки фақат аз шиаён бошанд то гуфта шавад, эътимоде ба суханони эшон нест, балки иттифоқан, бештарашон аз муҳаққиқони аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд. Бархе аз эшон иборатанд аз:

  1. Тоҳо Ҳусайн, муҳақиқи мисрӣ дар китоби "Ал-фитнатул кубро”;
  2. Муҳаммад Аммора дар "Ал-хилофа ва нашъатул аҳзобил исломия”;
  3. Муҳаммад Абдулҳай дар "Садрул ислом вад-давлатил исломия”;
  4. Ҳишом Ҷуайт дар "Ҷадалиятуд-дин вас-сиёса фил исломил мубаккар”;
  5. Аҳмад Лавосонӣ дар "Назаротун фит-таърихил адаб”;
  6. Иброҳим Маҳмуд дар "Аимматун ва саҳара ан Мусайламатил-каззоб ва Абдуллоҳ ибни Сабо”;
  7. Дуктур Абдулазиз Ҳалобӣ дар "Абдуллоҳ ибни Сабо: диросатун лир ривоётит-таърихия”;
  8. Аҳмад Аббос Солеҳ, нависандаи мисрӣ дар "Ал-ямин вал-ясор фил ислом”;
  9. Дуктур Алӣ Дардӣ дар "Вуъозус салотин”;
  10. Аллома Сайид Муртазо Аскарӣ дар "Абдуллоҳ ибни Сабо ва асотиру ухро”.

Ҳол, бояд чӣ кард?

Аз куҷо бояд бидонем як воқеаи муайяни таърихӣ ҳақиқат дорад ё на?

Ҳақиқат ин аст, ки барои як муҳаққиқ ва пажӯҳишгар, вақте мехоҳад бидонад, ки воқеаи таърихии муайяне дурӯғ аст ё рост, лозим аст аввалан дар санади он ривоят, ва ба иборати дигар, дар бораи касоне, ки воқеаи мавриди назарро нақл кардаанд, баррасии илмӣ анҷом бидиҳад; бояд бубинад, ки он воқеа, барои нахустин бор, аз сӯйи чанд нафар нақл шуда аст? Оё аз ҷониби танҳо як нафар нақл шуда аст, ё чанд нафар? Сипас, чи аз сӯйи як нафар нақл шуда бошад ва чи аз ҷониби чанд нафар, оё ноқил, ё тамомии ноқилон ва ё ҳатто як нафар дар силсилаи санад, ростгӯ ва мавриди эътимод мебошанд ё на? Оё мавриди таъйиди уламои риҷолшинос ҳастанд ё на?

Сониян, гирем, ки ноқил ва ё ноқилони он воқеаи таърихӣ, ростгӯянд, вале кор ин ҷо тамом намешавад, балки бояд дид перомуни он ҳодиса, нақлҳои таърихии дигаре бар хилофи он нақл шуда аст ё на? Бояд бубинем, кадом як аз ин нақлҳо, устувортар ва аз назари санад қавитар ва бо воқеиёти ҳоким дар он замон созгортар аст то онро бипазирем ва он дигариро раҳо созем.

Инак, навбати он аст, бо таваҷҷӯҳ ба таҳқиқоти анҷомгирифта аз сӯйи муҳаққиқони номбурда, перомуни достони Абдуллоҳ ибни Сабо, ки иддао мешавад ӯ поягузори мазҳаби шиаён буда аст, ба тафсил ва бо меъёрҳои илмӣ баҳс ба амал оварем.

Қисмати дуюм: Афсонаи Абдуллоҳ ибни Сабо (2)

Қисмати сеюм ва поёнӣ: Афсонаи Абдуллоҳ ибни Сабо (3)

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 944 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 4
28.03.2010
4. Бурханов (istaravshani) [Материал]
Алишер,
Чаро мақоларо дуруст нахондаед, касе дар ин чо дар садади инкори вучуди Абдуллоҳ ибни Сабо нест. Абдуллоҳ ибни Сабо вучуд дошт.
Дар ин чо нависанда дар мақоми инкори афсонаи нисбати мазҳаби шиа ба Абдуллоҳ ибни Сабо аст.
Мутаассифона, мушкили амсоли шумоён ин аст, ки аввал мақоларо намехонед, сипас, саросемавор, хулоса мебароред.
Шумо, агар саводи дуруст дошта бошед, аввал мақоларо хуб бихонед.

27.03.2010
3. Алишер [Материал]
Ҳақиқати вучуди Абдуллоҳ ибни Саборо аксари уламой шиъа дар китобҳояшон исбот кардаанд, мисли:
Аллома Кишши дар китобаш (маърифату ахбори ричол с70 то 71), ин чунин Аллома Момоқони дар китобаш (Танқиҳул мақол фи илми ричол мучалади дувум с 183 то 184) ва инчунин соҳиби китоби (Фирақи шиъа с 32 то 44) ва инчунин дар китоби (ман ло яҳзуруҳул фақиҳ мучалади 1 с229) ва Ибни Абулҳадид дар китоби шарҳи (наҳчулбалоға мучалади 5 с 5) ин чунин Неъматуллоҳи Чазоири дар китобаш (Анворун Нуъмония мучалади 2 с 234)
ва мисли ин уламо дар мазҳаби шиа хело зиёданд ки ман баъзеашонро бароятон зикр кардам пас бародар истаравшани ба фикрам барой инкор кардани суханҳой инҳо хубтар мешҳавад ки вучуди ин улаоро инкор куни ва бигуй ки мо аслан чунин уламо надорем

27.03.2010
2. Бурханов (istaravshani) [Материал]
Алишер, хотиратонро чамъ кунед, андаке хештанро бо ахлоқ ва одоби исломи ороста намойед, вазъатон беҳбуд меёбад. Рости, тавба кардан мар он ашхосро лозим аст, ки аз одобу ахлоқи исломи бўйе ба машом набурдаанд. Умедворам роҳи тавба пеша карда ва худ ва атрофиёнатонро ислоҳ созед.

27.03.2010
1. Алишер [Материал]
Истаравшани мегум оҳиста оҳиста худта шинос карда истодай ба фикрам барой ту аз ҳама беҳтараш ин аст ки ҳамин Абдуллоҳ ибни Саборо яке аз мусулмонон битарошиву бигуй ки у яке аз беҳтарин пайравони ҳазрати Али буд шояд ин хел камтар туғри мегирифт
барой он ки ҳақиқати вуҷуди ин хабисро (Абдуллоҳ ибни Саборо) китобҳой бузургворони шиъаҳам исбот кардаанд пас шояд бароят инкори онҳо каме мушкил ояд
ба ҳар ҳол шароита нигоҳ кун агар моҳона (ойлукат) зиёд бошад идома деҳ баъд пеш аз мурдан агар насиб бошад тавба мекуни ҳозираша мисли эшони Қиёмиддин зиндагита пеш бар

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz