Ҷумъа, 26.04.2024, 09:01
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июн » 10 » Аҳмадинажод: “Тоҷикистон диёри ишқ, инсоният ва фарҳанг аст”
Аҳмадинажод: “Тоҷикистон диёри ишқ, инсоният ва фарҳанг аст”
13:15

Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон чаҳоршанбешаб (09.06.2010) дар дидори нухбагон, асотид ва донишҷӯёни Тоҷикистон ин кишварро диёри ишқ, инсоният ва фарҳанг донист ва изҳор дошт: "Ҳафтод сол талош карданд, ки вижагиҳои фарҳангии мардуми Тоҷикистонро маҳв ва ё камранг кунанд, аммо муваффақ нашудаанд, зеро фарҳанг дар умқи ҷону руҳи мардуми ин диёр зинда аст”.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасони риёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, Аҳмадинажод дар суханронии худ бо ишора ба қатъномаи ахири СММ, таъкид кард: "Тасвиби қатъномаи ҷадид бар алайҳи миллати Эрон ғайри қонунӣ аст ва ҳеҷ арзишу эътиборе назди миллати Эрон нахоҳад дошт, чаро ки судури ин қатънома бар хилофи тавофуқоти байналмилалӣ дар заминаи табодули сӯхт аст”.

Аҳмадинажод бо баёни ин ки дунёи ҷадидро бояд бар пояи фарҳанг, ахлоқ ва инсоният сохт, изҳор дошт: "Миллати Эрон дар канори соири миллатҳои мустақил, бо андеша ва фарҳанги инсонӣ ва бо ҳамдилӣ ва ахлоқ импротуриҳои дурӯғро соқит ва ба ҷои он адолат, сулҳ ва бародариро дар ҷаҳон ҳоким хоҳад кард”.

Раиси ҷумҳури Эрон Тоҷикистонро диёри ишқ, инсоният ва фарҳанг донист ва изҳор дошт: "Ҳафтод сол талош карданд, ки вижагиҳои фарҳангии мардуми Тоҷикистонро маҳв ва ё камранг кунанд, аммо муваффақ нашудаанд, зеро фарҳанг дар умқи ҷону руҳи мардуми ин диёр зинда аст”.

Аҳмадинажод дар идома яке аз вижагиҳои миллати Эронро фарҳанг ва тамаддуни чанд ҳазор сола хонд ва афзуд: "Имрӯз ҷаҳон беш аз ин ки ниёзманди силоҳу бомби атом бошад, ниёзманди андешаву фарҳанг аст ва ду кишвари Эрону Тоҷикистон ба унвони меросдорони фарҳанг бояд дар арсаи ҷаҳонӣ пешқаровул бошанд”.

Раиси ҷумҳури Эрон бо баёни ин ки ҷаҳон бар пояи ишқу муҳаббат бино шудааст, изҳор дошт: "Агар равобити байни инсонҳо бар пояи ишқ танзим нашавад, инсон ба як ҷинояткор табдил хоҳад шуд ва раиси ҷумҳури кишваре мешавад, ки барои пур кардани ҷайби сармоядорон ва соҳиби корхонаҳои силоҳсозӣ тасмим мегирад ба Ховари Миёна ҳамла карда ва Афғонистону Ироқро ба ишғол дароварад”.

Вай хотирнишон кард: "Ишғолгарон бо шиорҳо ва баҳонаҳои зебо ва фиребанда монанди мубориза бо терроризм, як кишвари таърихиро ба ишғол дароварда ва беш аз 100 ҳазор инсони бегуноҳро қатли омм мекунанд, онҳо бо ишғоли Фаластин мардуми ин диёрро овора ва ҳатто ба корвонҳои ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ҳуҷум мебаранд ва дар айни ҳол иддаои тарафдорӣ аз ҳуқуқи башар ва демокросӣ мекунанд”.

Раиси ҷумҳури Эрон афзуд: "Иддае дар ҷаҳон дар садад баромадаанд то бар пояи тамойулоти моддӣ ва қатъи робитаи инсон бо осмон, ба гумони худ башарро ба саодат ва камол бирасонанд, аммо андешаи онҳо дар арсаи амал ба ҷое хатм шуд, ки ҳамаи зебоиҳои фарҳангии миллатҳо тахриб гардид ва бунёнҳои хонавода ва каромати инсонӣ мутазалзил шудааст”.

Аҳмадинажод гуфт: "Андешаи моддӣ дар арсаи сиёсӣ низ мӯҷиб шудааст касоне ки бомби атом доранд ва аз он истифода кардаанд ва имрӯз низ миллатҳоро ба василаи он таҳдид мекунанд, ба баҳонаи ин ки мумкин аст Эрон дар оянда бомби атом бисозад, мудом алайҳи Эрон қатънома содир мекунанд. Онҳо бояд бидонанд, ки барои миллати Эрон ин гуна қатъномаҳо арзише надорад”.

Вай тасреҳ кард: "Имрӯз ба фазли илоҳӣ бадхоҳону душманони миллати Эрон қодир нестанд зарба ва садмае ба кишварамон ворид кунанд”.

Раиси ҷумҳури Эрон бо баёни ин ки арсаи сиёсӣ ба арсаи фиребкорӣ, дурӯғгӯӣ ва тавсиаталабӣ табдил шудааст, изҳор дошт: "Имрӯз амният ва иқтисоди ҷаҳонӣ болотар аз худи инсон дар маърази ҳаҷмаҳои шадид қарор гирифтааст ва бузургтарин ҳақиқате, ки дар роҳи андешаи ғайри илоҳӣ қурбонӣ шудааст, ҷойгоҳ ва шахсияти волои инсонӣ аст ва рӯшан аст, ки давраи таърихии чунин андешае ба поён расидааст”.

Аҳмадинажод бо баёни ин ки давраи таърихии андешаи моддӣ ба поёни роҳи худ расидааст гуфт: "Ин андеша дар идораи ҷаҳон шикаст хӯрда ва имрӯз бояд дунёи ҷадиде бар пояи эҳтиром, муҳаббат, покӣ ва адолат бино шавад”.

Вай гуфт: "Дунёе, ки миллати Эрон ба думболи он аст, ба бомби атом ниёзе надорад, балки ниёзманди андешаи вуҷуди андешмандоне монанди Рӯдакӣ, Мавлавӣ, Ҳофизу Саъдӣ аст”.

Раиси ҷумҳури Эрон афзуд: "Касоне метавонанд дар ояндаи ҷаҳон нақшофаринӣ кунанд, ки дилу ҷони онҳо саршор аз андешаи инсонӣ ва илоҳӣ бошад”.

Аҳмадинажод гуфт: "Пайравони андешаи моддӣ ва ғайри илоҳӣ, инсонро тахриб кардаанд ва имрӯз миллати Эрон ба думболи эҳёи муҷаддади шахсият ва шаъни волои инсонӣ аст ва ду миллати Эрон ва Тоҷикистон, масъулият доранд, ки фарҳанги мутаолии худро ба дунё дар ин замина собит кунанд”.

Вай бо баёни ин ки суқути импротуриҳои зидди фарҳангӣ бо иқдомоти фарҳангӣ имконпазир аст, хотирнишон кард: "2500 сол қабл импротурии азим, хашин ва зидди башарӣ ба номи Бобил бар бахши васее аз ҷаҳон ҳукумат мекард ва инсонҳоро ба асорат мегирифт, аммо марде аз Эрон ба номи Куруш бапо хост ва тавонист бо ёрии миллати Эрон ва бо андеша ва барнома ва мудирияти сиёсӣ ва албатта бидуни ҷангу хунрезӣ импротурии зидди башарии Бобилро соқит ва аз миён бардорад”.

Аҳмадинажод дар ин маросим, ки дар фазои самимӣ ва отифӣ баргузор шуд дар байни суханронии худ ашъоре аз шуарои порсигӯйи эронӣ ва тоҷикиро қироат кард, ки бо истиқболи гарми ҳозирон мувоҷеҳ шуд.

Дар ин маросим ҳамчунин вазири маорифи Тоҷикистон ба ҳамроҳи теъдоде аз нухбагон, шуаро ва удабои тоҷикӣ дар суханоне дар бораи пайванди таърихӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон ашъор ва матолиберо баён кард.

Кимиё саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 727 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz