Якшанбе, 19.05.2024, 03:29
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » Бойгонии ахбор

Пурсиш: Дар як китоб ба номи "Таваллуди дигар”, ки муаллифаш Шуҷоиддин Шифо мебошад, хондам, ки вай гуфта: "Ҷаҳони исломӣ дар қарни дуюм то шишуми торихи худ, конуни фарҳанге шукуфо буд, ки донишмандони исломшиноси қарни ахир, ба он, унвони худсохтаи "фарҳанги исломӣ” додаанд, бе он ки ин шукуфоӣ бо дин иртиботе дошта бошад”. (Шуҷоиддин Шифо: саҳ. 416) Оё ин сухани вай дуруст мебошад? Ман худ мусалмонам ва ин сухани вайро беасос мешумурам. Аз шумо мехостам, ки бо овардани далел, иддиои ин худобехабарро бидиҳед.

Посух: Душманӣ бо ойини ислом, пешинаи бас тӯлонӣ ба дарозои торих дорад. Имрӯз ҳам ин амали нофарҷом ҳамчунон побарҷост ва бархе ҳамон иддаоҳои бепоя ... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Боздид: 895 | Таърих: 08.01.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (1)

Ишора: Ҳуриннисо Ғаффорзода мулаққаб ба Мӯътабари Раштӣ, аз барҷастарин бонувони сиёсатмадори тоҷик аст, ки рӯзгоре нақши басазое дар барқарорӣ ва таҳкими cулҳу оштӣ миёни фарзандони миллати тоҷик дошт. Ин бонуи сарбаланди тоҷик, имрӯзҳо ба ҳайси роҳбари як маркази омӯзишӣ ва таҳлилӣ-таҳқиқотӣ мавсум ба «Оштии Миллӣ» адои вазифа мекунад. Ӯро на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар сатҳи байналмилал низ, ба унвони як фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик мешиносанд. Хонум Раштӣ дар аксари конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ ширкат ва Тоҷикистонро дар берун аз марзҳояш бо сарбаландӣ муаррифӣ мекунад.

Мӯ ... идома »

Категория: Ислом ва занон | Боздид: 1715 | Таърих: 07.01.2011 | Рейтинг: 5.0/2 | Шарҳҳо (0)

Салом Устод, Мехоҳам дар масъалае, ки боиси ихтилоф байни шиъаву суннӣ ҳаст рӯшанӣ андозед. Пеш аз савол мехоҳам гӯям, ки маро ба мазҳабталошӣ айбдор накунед. Мақсуди ман ин нест. Фақат ҳақиқатро донистан мехоҳам. Пурсиш: Никоҳи муваққат, ё сиға, ки Ахли суннат онро ҳаром мешумораду вале дар Шиъа он равост, чӣ гуна шарҳ медиҳед? Ва хамчунин фарқи никоҳи муваққат ва зинои имрӯза (проститутция) дар чист? Дар зино низ розигии ҳар ду тараф дар аксар вақт ҳаст. Инчунин шарти мусалмоние, ки дар никоҳ омадааст, дар ду мусалмони зинокор ҳаст. Агар фарқ танҳо хутбаи мулло бошад ин хандаовар аст.

Агар мегӯед никоҳи муваққат дуруст аст, пас бигӯед, он заноне ки дар як муддати кӯтоҳ ба никоҳи касе медароян ... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои фиқҳӣ | Боздид: 1354 | Таърих: 06.01.2011 | Рейтинг: 4.0/1 | Шарҳҳо (2)

Пурсиш: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ, устод Сайидюнус! Хеле Худоро шукр мекунем, ки аз мақолаҳои шумо бисёр истифода намуда, бо ислом ошно мешавем. Аз шумо як хоҳиш доштем. Мо чанд нафар аз муҳоҷирини тоҷик ҳастем, ки дар Россия барои кор омадаем, аз шумо хоҳиш мекунем, ки хеле бо забони сода ва равон, барои мо баён намоед, ки як нафар мусалмон бояд чӣ гуна инсон бошад?

Имрӯзҳо худатон медонед, ки фирқаҳои гуногун пайдо шудаанд, ки ҳамаашон иддио мекунанд, ки исломи ҳақиқиро онҳо мегӯянд ва дигар фирқаҳо ва равияҳои исломиро қабул надоранд. Салафӣ, таблиғӣ, таҳрирӣ, аҳли суннат, шиъа ва ғайраю ҳоказо пайдо шуда якдигарашонро сарзаниш мекунанд, ки роҳи мо дуруст аст ва роҳи дигар фирқаҳо ... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Боздид: 1657 | Таърих: 05.01.2011 | Рейтинг: 3.0/2 | Шарҳҳо (0)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳаводисе, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд, зоҳире доранд ва ботине. Дар ваҳлаи аввал, ба баракати расонаҳо он чи аз рухдодҳо барои ҷаҳониён намоён мешавад, зоҳири он аст, на ботинаш, чун ботини он, дар ибтидои кор, ғолибан барои касе ҷуз гардонандагону авомили пушти пардаи он ҳаводис макшуф нест, магар он ки Ҷулиан Ассанҷе пайдо бишавад ва WikiLeaks-е роҳандозӣ кунад ва камар ба ҷамъоварии асноду мадорики марбут ба ҳаводис бибандад ва он гоҳ дар маърази диди мардумон қарор бидиҳад.

Аз замоне ки ҷаҳониён бо падидае ба номи "исфротгароии динӣ” ва касоне чун Усома бен Лодан ва гурӯҳҳои тундрав ва терруристе чун "Алқоида”-ву ҲИУ в ... идома »

Категория: Ҳадиси рӯз | Боздид: 652 | Таърих: 04.01.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Пурсиш: Баъзеҳо мегӯянд, ки дар дини ислом ҳизб нест ва ислом бо ҳизбсозӣ зид аст. Ва мегӯянд, ки ҳамаи аҳзоби исломӣ дар асри бистум ба дасти душманҳои ислом ва ғарбиҳо сохта шудааст то миёни уммати исломӣ тафриқа ва ихтилоф ба вуҷуд оварад. Мисол мезананд, ки Ихвонул муслимин ва дигар ҳизбҳои сиёсии исломӣ ба дасти англисҳо сохта шудааст то, ки империяи усмониро, ки хилофати исломӣ буд барҳам зананд. Ин сухан оё дуруст аст? Агар ки дуруст бошад, назари шумо дар бораи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон чист?

Бо ташаккур Султон Зарипов

Посух: Пеш аз посухи ба тафсил ба ин пурсиш, лозим медонам ... идома »

Категория: Пурсишу посухҳои фиқҳӣ | Боздид: 898 | Таърих: 03.01.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Машрӯҳи суханони Муҳйиддин Кабирӣ дар дидор бо ҷавонон

Қисмати сеюм (саволу ҷавоб)

Ҳар чи ҷанбаи сиёсӣ надошт, мавриди қабул воқеъ гардид

Савол: Устод аз шумо саволе дорам, дар тӯли он панҷ соле, ки дар парлумон иштирок доред, оё ягон лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардед, ки дар парлумон қабул шудааст?

Матлаби баъдии ман ин аст, ки ба фикри ман, дар Тоҷикистон як рӯз намерасад, рӯзи ихтироъкорон; пешниҳод мешавад, масалан ҳафтае як рӯз ба унвони рӯзи ихтироъкорон муайян гардад ва ин рӯз ба унвони ҷашни ихтироъкорӣ шинохта шавад ва дар ин рӯз ихтирооти ҷад ... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 1408 | Таърих: 02.01.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар бихоҳем "хештан”-ро бишносем ва дигарон ҳам аз "буданамон” огоҳ гарданд, роҳаш нафйи "ғайр” нест, балки исботи "худ” аст; он ҳам ба гунае аз "исбот”, ки дигарон ногузир аз пазириши мо бошанд, бе он ки мо бо забон гуфта бошем, "моро бипазиред”.

1. "Худогоҳии миллӣ”-и мубтанӣ бар "нафйи ғайр”:

Гурӯҳҳое буданд ва ҳанӯз ёфт мешаванд, ки "идеулужии миллӣ”-и хешро бар пояи навъе бартарӣ қоил шудан барои миллат ва нажоди худ ва поинтар донистани соири нажодҳо ва милал бино ниҳодаанд, ҳол, ин бартар донистан, чи ба "хубӣ”-ҳои он миллат бошад ва чи ба "бадӣ”-ҳои ӯ, ва б ... идома »

Категория: Сухани ин ҳафта | Боздид: 945 | Таърих: 01.01.2011 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Машрӯҳи суханони Муҳйиддин Кабирӣ дар дидор бо ҷавонон

Қисмати аввал

Ба номи Худованди Бахшоянда ва Меҳрубон.

Бародарон ва хоҳарони азиз,

Пеш аз ҳама Худовандро шукр мегӯем, ки пас аз сафарҳои тӯлонӣ, боз бо якдигар рӯбарӯ шудему ҳамаи шуморо сиҳҳату саломат ва бо руҳияи хуб дар ватан пайдо кардем...

Гузорише кӯтоҳ аз сафари ахир

Сафарҳои урупоии мо аксаран суханрониҳо дар назди донишҷӯён, коршиносон ва олимони урупоӣ буд, чи дар Ландан ва чи дар Берлин. Хотимаи сафарҳоямон, бо ду рӯз меҳмонӣ назди муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Вл ... идома »

Категория: Симои идеологии Ислом | Боздид: 1095 | Таърих: 31.12.2010 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

Гуфтугӯи хабарнигори пойгоҳи МҶТМИ бо Сайидюнуси Истаравшанӣ

Чӣ мушкилоте рӯ дар рӯи таҳаққуқи ваҳдати уммати исломӣ қарор дорад? Давлатҳо ва ҳукуматҳои исломӣ чӣ нақше дар ин росто метавонанд ифо кунанд? Оё аҳзоб ва ҳаракатҳои исломхоҳ дар ҷаҳони ислом низ, нақше дар ин замина доранд? Барои ёфтани посух ба ин суолот ва пурсишҳое дигар, имрӯз хабарнигори пойгоҳи Маҷмаи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ, меҳмони Сайидюнуси Истаравшанӣ, устоди фалсафа ва ҳикмати исломӣ ва узви ҳайъати илмии Донишгоҳи ҷаҳонии Ал-мустафо шуд. Машрӯҳи ин гуфтугӯ ба шарҳи зайл аст:

- Ассалому алайкум, зимни ташаккур аз мувофиқати шумо барои гуфтугӯ бо пойгоҳи интернетии ... идома »

Категория: Ваҳдати исломӣ | Боздид: 775 | Таърих: 29.12.2010 | Рейтинг: 0.0/0 | Шарҳҳо (0)

« 1 2 ... 8 9 10 11 12 ... 40 41 »
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2024  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz