Ҷумъа, 26.04.2024, 08:55
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 4 » Як тиру ду нишон
Як тиру ду нишон
19:37

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳаводисе, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд, зоҳире доранд ва ботине. Дар ваҳлаи аввал, ба баракати расонаҳо он чи аз рухдодҳо барои ҷаҳониён намоён мешавад, зоҳири он аст, на ботинаш, чун ботини он, дар ибтидои кор, ғолибан барои касе ҷуз гардонандагону авомили пушти пардаи он ҳаводис макшуф нест, магар он ки Ҷулиан Ассанҷе пайдо бишавад ва WikiLeaks-е роҳандозӣ кунад ва камар ба ҷамъоварии асноду мадорики марбут ба ҳаводис бибандад ва он гоҳ дар маърази диди мардумон қарор бидиҳад.

Аз замоне ки ҷаҳониён бо падидае ба номи "исфротгароии динӣ” ва касоне чун Усома бен Лодан ва гурӯҳҳои тундрав ва терруристе чун "Алқоида”-ву ҲИУ ва таркишу инфиҷорҳое мутаволӣ ин ҷову он ҷо ошно шуданд, то ҳанӯз барояшон фалсафаи пайдоиши онҳо ва ин ки чӣ аҳдоферо дунбол мекунанд ва чӣ ҷиҳоте варои онон қарор дорад ва ҳам ин ки чаро бо ин ки тамомии кишварҳо ба пайкор алайҳи онон бархостаанд аз миён намераванд, рӯшан нашудааст. Чун, ботинаш ҳанӯз макшуф нест.

Дар ин робита, зоҳиран аз дасти ҷаноби Ҷулиан АссанҷWikiLeaks-аш ҳам коре сохта набудааст. Ва шояд то ҳудуде барои тамошобини жарфнигар ҳам рӯшан бошад, ки замоне амсоли Ҷулиан Ассанҷу WikiLeaks-аш ҷаҳониёнро аз ботини ин падида, гардонандагон ва авомили пушти пардааш огоҳ хоҳад кард, ки дигар зоҳири авмофиребонаи вай кори худро карда бошад; яъне замоне ки дигар ниёзе ба пинҳон кардани онҳо боқӣ намонад. Аммо, зоҳиран, ҳанӯз ба бақои ин зоҳир ниёз ҳаст ва камокон ботинаш пинҳон бимонад.

Албатта, бо вуҷуди ин ҳама, гӯшае аз ботини ин падидаи шум барои ҷаҳониён макшуф гардидааст; то андозае барояшон рӯшан шудааст, ки замоне сервисҳои амниятии абарқудрате мисли Амрико бо ин тундравон ҳамкорӣ доштанд ва дар ростои аҳдофи сиёсии хеш, аз онҳо камоли баҳраро бурдаанд ва ҳатто аз таомули ин сервисҳо бо ифротгароён дар мавқеи кунунӣ ҳам гузоришҳое вуҷуд дорад.

Аммо гузашта аз Амрико, нигоҳи жарф ба ҳаводиси ахир, то андозае ин ҳақиқатро низ рӯшан мекунад, ки баҳрабардории ҳукуматҳои худкомаи минтақа ва диктотурҳои маҳаллӣ аз вуҷуди тундравону ифротгароҳо дар ростои аҳдофи сиёсиашон, беш аз Амрико ва ё ҷиҳоти бегона мебошад.

Ҳамзамонии вуқӯи таркишу инфиҷорҳои фоҷеаангез ба дасти ифротгароён, бо оғози ба ларза даромадани тахту курсиҳои диктотурҳои минтақа, ки арикаи қудратро ирси аҷдоду бобоёни худ медонанд ва пас аз худ низ барои насли хеш ба мерос мегузоранд, суолҳоеро пушти сари ҳам бармеангезад. Ҳамин ки диктотуре эҳсос мекунад пояҳои қудраташ дар ҳоли ларзидан аст ва дигар тамомии роҳи чораҳоро пеши рӯи худ масдуд мебинад, як дафъа инфиҷоре ба вуқӯъ мепайвандад ва билофосила гурӯҳе тундрав бо пасванди "исломият” масъулияти он инфиҷор ва рехтани хуни садҳо шаҳрвандони бегуноҳро ба ӯҳда мегирад ва он гоҳ ҳодисаи мазбур мисли фариштае наҷот диктотури "мӯҳтарам”-ро аз ғарқ шудан наҷот мебахшад. Ва дигар, тамомии анзор аз диктотуру ҳолати ӯ ба сӯи инфиҷору хунҳои рехташуда равона шуда ва ҳамагон мунтазири пайдо кардани террористҳову муҷозоти ҳар чи сареътари онҳо мемонад.

Оре, ин "фурсати тиллоӣ”, барои ҷаноби диктотур тире мегардад, ки бо он ҳамзамон ду ҳадафро нишон мегирад ва ба ҳар ду исобат мекунад.

Ҳадафи аввали тири ӯ, мухолифони сиёсии вай дар дохил аст. Дар ин росто, диктотур бо як зарофати хоссе, ҳар мухолифи сиёсии худ, ба хусус касонеро, ки бо пасванди "исломият” дар ҷомеа фаъолият мекунанд, ба иттиҳоми ин ки шояд "дасти пинҳоне” дар ҳодисаи мавриди назар дошта бошанд, ё роҳии сиёҳчолаҳо месозад ва ё ҳадди ақал мӯҳри хомӯшӣ бар лабонашон мезанад, ки дигар "ҳарфе изофӣ” аз даҳонашон берун наояд.

Ҳадафи дигари тираш, ҷиҳоти берун аз марзҳои кишвари ӯст. Дар воқеъ, ин инфиҷор баҳонаи муносибе барои диктотур мешавад то ба ҷиҳоте аз беруни марзҳо, ки то дирӯз ҷаноби диктотурро ба хотири гунаи таомулаш бо мардум ва мухолифони сиёсии худ интиқод мекарданд, ин паём бирасонад, ки шумо ё маро таҳаммул хоҳед кард ва ё дар сурати рафтани ман, тарафи таомулатон дар кишвари ман, амсоли ин ифротгароёну тундравҳо хоҳанд буд, ки бо ба қудрат расидан, барои шумо мушкилоти фаровоне хоҳанд офарид.

Моҳи гузашта дар Миср интихоботи порлумонӣ баргузор шуд ва ду гурӯҳи аслии мухолифи давлат; яъне Ихвонул-муслимин ва Ҳизби Вафд, ба далели он ки рӯшан буд дар интихобот тақаллуб сурат мегирад ва тамомии муқаддимот аз пеш барои пирӯзии ҳизби ҳоким ба раҳбарии Ҳусни Муборак раиси ҷумҳури феълии Миср фароҳам шудааст, интихоботро таҳрим карданд. Бо ин ки  ҳизби ҳоким тамоми талоши худро ба харҷ дод то ин ду гурӯҳ аз тасмими худ мабнӣ бар адами ширкат дар интихобот мунсариф ва вориди маърака шаванд, аммо талошҳо натиҷае набахшид ва билохира интихобот баргузор ва ҳизби ҳоким ба пирӯзии чашмгире даст ёфт.

Омори мунташира аз дар сади пойини раъйдиҳандагон дар ин интихобот, барои ҳукумати Миср фоҷеаомез буд ва дилсардӣ ва ноумедии мардум аз ҳукумат ба андозае буд, ки Ҳусни Муборак эҳсос кард дигар пойгоҳи мардумияш тақрибан аз даст рафтааст. Муҳаммадҳусайн Ҳайкал, таҳлилгари машҳури мисрӣ, ки таҳлилоташ ҳамвора такягоҳи сӯгириҳои сиёсии ҳукуматҳои паёпайи Миср қарор мегирифт, баъд аз ин интихобот, дар як гуфтугӯи телевизионӣ эълом кард: "Баъд аз сӣ сол аз такяи Муборак (-и 83 сола) бар маснади раёсати ҷумҳурӣ ва қудрат, авзои сиёсии Миср ба поёни роҳи худ расидааст”, ва ҳамчунин гуфт: "Ин интихобот навъе ҷудосозӣ ва фосила андохтан миёни мардуми Миср буд, ки бидуни рақиби воқеӣ барои номзадҳои Ҳизбӣ Миллӣ ва мутобиқи майли низоми ҳоким баргузор шуд; ин маҷлис баромада аз орои мардум нест ва танҳо барои ҳимоят аз низом ва давлати ҳоким ташкил шудааст”.

Гузашта аз гурӯҳҳо ва созмонҳои ҳуқуқи башар, ҳатто Амрико, ки яке аз муттаҳидони аслии ҳукумати феълии Миср маҳсуб мешавад, ба натиҷа ва наҳваи баргузории ин интихобот эътироз кард.

Дар ҳамин авон ва дар авҷи ғаёлони мардумӣ, як дафъа ҷаҳониён шоҳиди инфиҷори маҳибе дар наздикии як калисои масеҳиёни мисрӣ мешаванд; инфиҷоре, ки пас аз маросими соли нав ва ҳангоми хуруҷ аз калисо рух дод ва дасти кам 21 нафар кушта ва тақрибан сад нафар захмиро ба дунбол дошт.

Дигар, анзор ҳамагӣ аз ҳолати як соат пеши Миср ба куллӣ мунсариф ва равонаи ин фоҷеа шуд. Билофосила, аз куҷое, сару каллаи як гурӯҳи номаълум ва ношинохтае пайдо шуд ва эълом кард, ки ӯ масъули ин инфиҷор аст ва паёмаш ин аст, ки диёри Миср сукнои мусалмонон мебошад ва масеҳиёнро (ки ҳазорон сол бо мусалмонон ҳамзистии мусолиматомез доштанд) ҷое дар ин диёр нест. Асосан, ҳайратовар аст, ки чӣ гуна дар Миср, ки аз оромишу амнияти камназире бархӯрдор аст ва бо вуҷуди он ҳама пулису нерӯҳои амниятии қавӣ, пашшае ҳам ҷуръати эхлоли амнро надорад, як гурӯҳи номаълум ва маҷҳулулҳоле, ки то дирӯз ному нишоне аз ӯ набуд, тавониста дар малаъи ом ва он ҳам ҳангоми баргузории маросими соли нави милодӣ, роҳ ба сӯи ин калисо пайдо кунад ва муваффақ ба анҷоми як чунин инфиҷоре бишавад? Ин худ ҷои суол аст.

Дигар, аз он пас, тамомии эътирозот хомӯш, ва раиси ҷумҳур бо ҳайбате васфнопазир дар расонаҳо зоҳир ва бо ҷуръати тамом ваъда медиҳад, ки аз ин пас касе тавони эхлоли амн дар Мисрро надорад ва анқариб тамомии муҷриёну авомили пушти пардаи ин фоҷеа дастгир ва муҷозот хоҳанд шуд, ва аз мардум мехоҳад, оромиши худро ҳифз кунанд ва беҳтар аст дар лонаву кошонаҳои худ биншинанд ва мунтазир бимонанд то нерӯҳои амниятии кишвар ҳар чи зудтар авомили ин фоҷеаро пайдо ва муҷозоташон кунанд.

Дигар, на аз интихобот хабарест, на аз эътирозоти дохилӣ хабарест ва на ҳукумат вақте барои шунидани интиқодоти бегонагон аз наҳваи баргузории интихобот ва натоиҷи он дорад, чун феълан машғули корест муҳимтар, ки он ҳам эҷоди амн ва барқарории оромиш дар кишвар мебошад.

Инро мегӯянд, як тиру ду нишон!

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Ҳадиси рӯз | Просмотров: 650 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz