Панҷшанбе, 28.03.2024, 23:29
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 2 » Масъулияти мусалмони муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ (3)
Масъулияти мусалмони муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ (3)
21:20

Машрӯҳи суханони Муҳйиддин Кабирӣ дар дидор бо ҷавонон

Қисмати сеюм (саволу ҷавоб)

Ҳар чи ҷанбаи сиёсӣ надошт, мавриди қабул воқеъ гардид

Савол: Устод аз шумо саволе дорам, дар тӯли он панҷ соле, ки дар парлумон иштирок доред, оё ягон лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардед, ки дар парлумон қабул шудааст?

Матлаби баъдии ман ин аст, ки ба фикри ман, дар Тоҷикистон як рӯз намерасад, рӯзи ихтироъкорон; пешниҳод мешавад, масалан ҳафтае як рӯз ба унвони рӯзи ихтироъкорон муайян гардад ва ин рӯз ба унвони ҷашни ихтироъкорӣ шинохта шавад ва дар ин рӯз ихтирооти ҷадид ба қайд гирифта ва ҷавоизи арзандае барои ихтироъкорони ҷавон дар назар гирифта шавад. Зеро барои мисол, мо иддао дорем, ки Тоҷикистон соҳиби илми тиб ва медитсина аст, аммо мо ҳеҷ навовариеро аз худамон дар ин соҳа надорем; мисолҳое аз ин қабил зиёданд ва бинобар ин пешниҳод мешавад, ҷиҳати қадрдонии ихтироъкорӣ ва ихтироъкорон, роҳи ҳалле андешида шавад.

М. Кабирӣ: Саломат бошед! Роҷеъ ба саволи аввали шумо арз шавад, ки панҷ шаш сол мешавад, ки дар парлумон ҳастем, кадом лоиҳа ё фикри мо дар он ҷо қабул шуд. Лоиҳае, ки мо пешниҳод карда будем, ҳамроҳи марҳум устод Мухаммадшарифи Ҳимматзода дар бораи қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ буд, ки мутаассифона қабул нашуд, вале чандин фикру пешниҳодҳое, ки аз тарафи мо дар бораи ин ё он қонунҳо матраҳ мешуданд, кисман қабул мешуданд, вале бештари онҳо характери таҳрирӣ доранд ё ҷузъӣ ҳастанд, вале масалан пешниҳоди мо дар бораи қонун дар бораи танзими расму оинҳо ва ҳамон конуни дин, ки баъдан қабул шуд. Вале чандин пешниҳодоти дигар мутаассифона қабул нашуданд, маълум аст, ки чаро? Барои он ки бо ду райъ наметавон дар он ҷо фикреро гузаронд. Вале буданд ҳолатҳое, ки фикрҳо, пешниҳодҳо қабул шуданд, барои мисол дар ҷаласаи охир, ҳам пешниҳоди мо, ки ҷанбаи сиёсӣ надошт, мавриди қабул воқеъ гардид, маъмулан пешниҳодҳое, ки ҷанбаи сиёсӣ надоранд, бештар қабул мешаванд, вале онҳое, ки ҷанбаи сиёсиву хуқуқӣ доранд, мутаассифона камтар қабул мешаванд.

Дар бораи ҷашни рӯзи ихтироъ

Дар бораи ҷашни рӯзи ихтироъ, аслан фикри баде нест, вале ба назар мерасад, ки мо аз ҳад зиёд рӯзҳо ва ҷашнҳо дорем. Агар шумо фикратон ин аст, ки рӯзеро ба унвони рӯзи ихтироъ муайян кунем, ихтирооти мо зиёд мешавад, шояд; ин ҳам як назар аст. Вале беҳтар мебуд, ки аввал мо ихтироъро зиёд мекардем, баъд шумораи ихтироот, ки зиёд шуд ва ба ҳадде расидем, ки ихтироотамон он қадар зиёд шудааст, ки шояд як рӯзеро барои он ихтисос дод, шояд беҳтар мебуд, вале ман фикр намекунам, ки бо ҷашн гирифтан ва бо таҷлили ягон рӯз метавон онро оммавӣ кард. Ихтироъ, ин рабт ба илм дорад, ба андеша дорад. Агар мо воқеан мехоҳем, ки миллати ихтироъкор бошем, бояд илмро равнақу ривоҷ дод, андешаро рушд дод ва танҳо он вакт мо метавонем ихтироъ кунем вагарна, на!

Дуруст мегӯед, ҳоло мо тамоми васоиламон аз нохунгирак шурӯъ карда то нақлиётамон натиҷаи андеша ва фикри дигарон аст ва ман хеле тааҷҷуб мекунам аз баъзе аз сӯҳбатҳо, ки бисёриҳо ин ҳамаро натиҷаи он медонанд, ки мо гароиши бештар ба дину оин ва ба шеър дорем. Масалан ҳамеша дар сӯҳбатҳо як гуна муқобилгузории мактаб ва масҷиду мадраса мушоҳида мешавад. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки мо барои он ихтироъ карда наметавонем ва истеҳсол карда наметавонем, ки бештар пойбанди андешаҳои динӣ ҳастем, ҳар чӣ қадар масҷиду мадраса камтар гардад, ҳамон андоза мактабу донишгоҳу илму маърифат бештар мешавад, як гуна муқобилгузорӣ бо ҳам вуҷуд дорад.

Ман назарам ин аст, ки агар ин воқеият дошта бошад, пас вазифаи ҳар тоҷик ин мешавад, ки даҳ понздаҳ то бист сол, аслан дар бораи масҷиду мадраса сӯҳбат накунад, аслан динро канор гузорад, бубинем, ки баъди даҳ понздаҳ сол, мо ба як миллати ихтироъкунандаву истеҳсолкунанда табдил мешавем ё не. Яъне агар тасаввур кунед, ки мо даҳ сол арзишҳои ибодатиро канор бигузорем, оё воқеан ба як миллати ихтироъкор табдил мешавем ё не. Вале таҷрибаи дигар миллатҳо исбот кард, ки мактабу мадраса, масҷиду театр ва кохи фарҳанг бо як маркази динӣ на танҳо муқобили ҳам намеистанд, балки бо ҳам метавонанд ҳамкорӣ дошта бошанд ва бо кӯмаки ҳам биёянд.

Вақте ки эрониҳо ҷиҳоди созандагӣ эълон карданд, дар натиҷаи ин ҷиҳоди созандагӣ ва ихтироъкориашон тавонистанд аз назари ихтирокоърӣ ба 11-умин кишвари кайҳонии ҷаҳон табдил шаванд ва исбот карданд, ки агар лозим бошад, дин метавонад боиси рушди технология ҳам шавад. Ва аз он тараф ҳам, давлатҳоеро медонем, ки дин дар онҳо ҳеҷ нақше надорад, давлате, ки 70 сол дар он дин дар таҳхонаву оғилхонаҳо нигаҳ дошта шудааст ва шароити ба даст овардани андешаҳои дунявӣ дар ихтиёраш будааст, на танҳо донишгоҳҳову марказҳои илмиву институтҳои тадқиқотии он ба ҳадди матлуб нарасида, балки ҳамон тавре ки гуфтед то ба ҳол тавони ихтирои хамираи дандонро ҳам надорад.

Пас дин чӣ гуноҳ дорад; аслан дин муайянкунандаи сиёсат нест; будҷаи соҳаи маорифро ҳам дин муайян намекунад, будҷаи давлат, институтҳо, академияҳо ҳеҷ кадом дар ихтиёри андешаи динӣ нест, вале ҳамеша бояд як нафарро масъули ҳамаи корҳо донист.

Мальчик для бедя

Дар забони русӣ як истилоҳ ҳаст: "Мальчик для бедя”, вақте ки калонсолони хонадон ғазаболуд мешаванд, наметавонанд, ки чизеро исбот кунанд ва як фарзанде доранд, ҳамеша дар хона аст, як шаппотӣ паси каллаи он мезананду бо ҳамон худро ором мекунанд ва ғаму андӯҳи худро мебароранд. Вақте шавҳар натавонист гапаш бар занаш таъсиргузор шавад ва зан натавонист гапашро ба шавҳараш гузаронад, дар он хонадон мальчик для бедя як чизе барои баровардани андуҳу ғам зарур аст.

Дар ҳар ҷомеа хам бояд як кас ин нақшро бибозад. Дар кишварҳои пасошуравӣ ё Осиёи Марказӣ дин ҳамин нақшро бозида истодаст, ки акнун мо дину диндорон монеи истеҳсолот ҳастем, мо монеи пешрафти иқтисодиёт ҳастем, мо монеи пешрафти технологияву илму фарҳанг ҳастем. Мушкил нест, ин мушкилро мо чанд муддат таҳаммул кунем шояд як хизмате ба миллату мактаб дошта бошем.

Савол: Муҳтарам раис ва ҳозирини гироми ин вохуриро барои ҳамаи шумо муборакбод мегӯям. Саволам ин буд, ки ман донишҷӯи Донишгоҳи исломӣ, курси якӯм, вақте ки вориди донишгоҳ шудам, дар ин ҷо баъзе муаллимонро дидам, ки исломро намехоҳанд, аз забони онҳо ҳар хел суханони ношоиста, ки ба ақли инсон рост намеояд, шунида мешавад. Дар муқобил агар касе ибрози назар намояд, ба мухолифат бархоста ва бо таҳдиду тарсондани длонишҷӯ бо ин баҳона, ки мо туро аз баҳо маҳрум мекунем ва монанди он, ба мухолифат бармехезанд. Саволи ин аст, ки мо дар ин ҳолат чӣ кор кунем, то ҳақтқати ҳадафи мо ки ислом аст ба исбот расонем? Фикр мекунам, ки ҳар як инсон як мақсадеро дорад, вале инро бидуни эҳсосот баён карда наметавонанд.

М. Кабирӣ: Саломат бошед! Ман фикр мекунам, ки шумо худатон ҳам каме ба эҳсосот дода шудаед, ман эҳсос мекунам, ки агар донишҷӯи курси аввалу дуюм ва ҳатто сеюм гоҳе натавонад ибрози андеша кунад ва ба эҳсосот дода шавад, мушкил ба шумор намеравад, дар ҳар ҳол, хоҳиши ман ин аст, ки шумо назари худро дар ҳар ҷое ҳам бошад, баён доред, бигзор бо камбуду нуқсон бошад, вале бо мурури замон баёни шумо равонтар мегардад.

Шояд камбудии ман бошад, ки то ба охир андешаи шуморо дарк накардам, дар маҷмӯъ як чизе гирифтам, вале дарк накардам ки нуктаи меҳварӣ чи буд, агар онро як бори дигар такрор мекардед, ки чӣ гуфтан мехостед, барои мо осон мешуд.

Манзур аз дода нашудан ба фикру фарҳангҳои бегона чист?

Савол: Масалан баъзе муаллимҳо ба мо мегӯянд, ки шумо фирефтаи ҳар гуна фарҳанги бегона нашавед ва аз маҳдудаи он фарҳанге, ки дорем берун наравед; таъкид бар ин доранд, ки мо тоҷикон фарҳанги қадима дорем, ориёинажодем ва бояд ба ҳамин роҳ идома диҳем ва ориёинажод боқӣ монем. Аммо дар ин ҷо як чизро дар назар бояд бигирем, ки ҷаҳони имрӯза, ҷаҳони муосир дар як ҷой намеистад ва ҳамеша дар ҳоли инкишоф аст. Ҳамчунин суханони норавое ва таҳқиромез дар ҳаққи муллоҳои мо шунида мешавад, ки дар ҳоле ки онҳо пешвоёни мо ҳастанд, ҳамон гуна ки дар ҳадиси шариф аз расули Худо ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст, ки мефармоянд: «Баъд аз ман, шумо метавонед аз саҳобагони ман итоат кунед ва баъд аз онон аз уламои дин», бинобар ин, ҳар касе ки олими дин асту барои мардум, ҳатто барои як нафар роҳи дурустро нишон медиҳад, пешвои дин башумор меравад.

Дар поён ба як масъалаи дигар мехоҳам ишора кунам, ки берабт намебошад ва он ин аст, ки мушкили дигаре, ки дар ҷомеаи имрӯзаамон дорем, ин ноҳамоҳангӣ байни аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ аст, ки гуфта мешавад аҳзоб байни худ дар тавофуқ нестанд ва забони ҳамдигарро намефаҳманд ва маслан ҲНИТ мехоҳад бо дигар аҳзоб ҳамоҳанг бошад, вале баъзеи дигар мисли ҲХДТ, мувофиқ нестанд.

М. Кабирӣ: Саломат бошед! Ман фикр намекунам, ки ҲХДТ намехоҳад ин корро, вале мо забони гуфтугӯро то ҳол пайдо накардаем ва шумо медонед, ки дар Тоҷикистон мушкили забон ҳам дорем, ҳоло ҳам баҳсамон сари имло ҳасту сари ҳарфҳо; иншоаллоҳ, ки имлои забони тоҷикиро, ки дуруст кардем, забони гуфтугуямон байни ҳизбҳо низ дуруст мешавад ва бо ҳамдигар сӯҳбат карда метавонем, вале як масъалае, ки шумо ҳоло баён кардед, хеле рӯшан шуд, ҳоло бисёр миннатдорам аз баёни фикру андешаатон.

Устодони шумо тавсияи дуруст мекунанд, ки додаи фикру андеша ва фарҳангҳои бегона нашавем, ман ҳам ба ин тавсияи онҳо розиам. Фақат дар ин ҷо муайян нест, ки вақте мегӯянд фирефтаи фарҳанги бегона нашавед, манзурашон чист ва таҳти унвони фарҳанги бегона чиро дар назар доранд ва фарҳанги миллии мо кадом аст? Ҳоло дар ҳамон лоиҳаи қонун ҳам мутолиа кардам, ки дар мавриди номгузории фарзанд, масъулияти падару модар он аст, ки номгузориро тибқи фарҳанги миллӣ ба роҳ монанд; пешниҳоди дуруст, ҳарчанд боз фикр кардам, ки номгузорӣ тибқи фарҳанги милли яъне чӣ?

Ин бояд мушаххас шавад, зеро масалан, намедонам, ки дигар ҳамин номи ман бар асоси фарҳанги миллӣ аст ё нест, чун аслаш арабӣ аст. Муҳиддин эҳёкунандаи дин, ё маънои номи Абдулъазим – бандаи Худои азим, ин номи тоҷикӣ аст ё арабӣ? Мисол, як рус, ки номаш Михаил аст, агар фикр кунад, ки номаш аз Микоиле, ки аз забони оромии решаи забони арабиву ибронӣ ва яҳудӣ аст ва дар ангилисӣ Michel аст ва мо низ дар фарҳанги динамон малаке ба номи Микоил дорем ва ниҳоят дар забони русӣ Михаил аст, ба ин андеша биафтад, ки номи ман бар асоси фарҳанги русӣ аст, ё бар асоси фарҳанги масеҳият ва ҳоло чӣ кор кунам бо ин ном?

Ин масъалаҳо хеле печида аст; он устоди шумо вақте гуфтааст, ки додаи фарҳанги бегона нашавед, шиор шиори хубе аст, вале мазмунаш чист, зеро устод агар ба донишҷӯи худ мехохад фарҳанги ориёиро матраҳ кунад, бояд ба ӯ нишонаҳое аз он фарҳангро бигӯяд, ки нишонаҳояш чист?

Ориёӣ яъне кӣ?

Ман замоне ки ба донишҷуён дарс медодам, (дар он донишгоҳе, ки хушбахтона ва ё мутаассифона таътил шуд), як донишҷӯ бо ман баҳс карда мегуфт, ки ман ориёиям ва мехоҳам, ки ориёӣ бошам. Аз он донишҷӯ пурсидам, ки тасаввурат аз ориёӣ чист? Ӯ нишонаҳое аз тасаввуроти худ дар бораи ориёӣ ба ман гуфт. Гуфт, ки ориёӣ чашмони кабудранг бояд дошта бошад, қади баланд, мӯи малла ва бинии каме теғдор, хулоса чеҳрае, ки дар Ғарб ба чеҳраи элинӣ ва элинизм шинохта мешавад, яъне як аврупоӣ барои ман тасвир кард. Дар ҳамон лаҳза яке аз устодони донишгоҳ − мудири кафедра вориди утоқ шуд, ки Худованд ӯро ба гунае офаридааст, ки соҳиби қади паст, чеҳраи муғулӣ ва хулоса бо он тасвире, ки ба ориёӣ нисбат дода шуд, ҳеҷ шабоҳате надошт. Ин устод тасодуфан вориди утоқ шуд ва ба ӯ гуфтам, ки устод мебахшед, шумо тоҷик ҳастед, устод гуфтанд, ки бале тоҷикам. Пурсидам, ориёӣ ҳастед, гуфтанд, ки бале ориёиям. Баъд ба он донишҷӯ гуфтам, ки он тасвире, ки ба ориёӣ додед, бо ин устоди муҳтарам чӣ шабоҳате дорад, чӣ рабте дорад?

Дуруст аст ориёӣ. Ориёӣ яъне чӣ? Он тоҷике, ки дар чорроҳаи тамаддунҳо буд ва аз он гузар кард, аз ин чорроҳ, аз ин марзу бум, юнониҳо ҳам гузаштанд, араб ҳам гузашт, муғул ҳам гузашт, турк ҳам гузашт, хитоӣ ҳам гузашт, ҳама аз ин марз гузаштаанд.

Вале ман аз шумо як хоҳиш дорам, бештар мутолиа кунед, бештар дунболи адабиёти асил биравед ва баъд хоҳед дид, ки фарҳанги миллӣ, асолати миллӣ яъне чӣ, шумо устодонро эҳтиром коил шавед, ҳарфҳои онҳоро шунавед ва гӯш кунед, аммо дунболи он шиорҳое, ки сиёсӣ ва муваққатӣ, (ки зиёд доранд), наравед ва зиёд худатонро вориди баҳс ҳам накунед. Чун ҳамон устоди бечора барояш мушаххас нест, ки фарҳанги миллӣ яъне чӣ, асолати миллӣ яъне чӣ, номи миллӣ яъне чӣ?

Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки шумо талош кунед аз ин баҳсҳои беҳуда худро канор гиред ва агар нисбати устоде ё шахсияте таҳқир раво медоранд ва ӯро "бузриш” ё "манашка” ё ба ҳар унвони дигар ном мебаранд, сабрро дар ин гуна маворид пешаи худ кунед. Бовар кунед беҳтарин васила дар ин роҳ сабр аст ва бо рафтори худ исбот кунед, ки шумо болотар аз онҳо ҳастед.

Вазифаи як ҷавони наҳзатӣ

Савол: Салом ба ҳозирин ва хусусан ба устоди муҳтарам. Ман дар ин ҷо нишаста, оиди ҷавони тоҷики наҳзатие, ки зери фишор қарор мегирад ва маҷбур ба муҳоҷират мешавад, фикр мекардам; аз Худованд барои ҷавонони тоҷик амнияту осоиштагиро металабам, эй кош, имконият мешуд ҷавони тоҷик ба ватан бармегашт ва аз рӯи тахассуси худ барои ӯ ҷои кор ёфт мешуд. Ва аммо саволи ман ин аст, ки шумо ҳангоми сӯҳбат бисёр таъкид мекардед, ки мо бояд зиёдтар рӯи худ кор кунем; мо ҷавонони наҳзатии тоҷик бояд чӣ кор кунем, ки моро дуруст шиносанд? Зеро шумо таъкид доштед, ки мо рафторамон тарзе бошад, ки касе нисбат ба мо назари манфӣ надошта бошад, дар ин сурат вазифаи мо чист?

М. Кабирӣ: Саломат бошед! Шумо мегӯед, ки як ҷавон чӣ бояд кунад, ки ҳам замонавӣ будани худро исбот кунад ва ҳам як мусалмон будани худро ба исбот расонад; воқеан чунин бояд бошад. Ман ҳоло аз шумо як хоҳиш дорам, агар тавонашро дошта бошед, (намедонам ки қиматаш чи кадар аст), биёед барои худатон як барнома гузоред, ки ҳар моҳ як музейи Тоҷикистонро боздид кунед, ҳар кадоматон ҳар моҳ биравед музееро бубинед. Назди худ вазифа гузоред, ки дар вақте ки ба намозу рӯзаатон ё ба барномаи дарсиатон халал намерсонад, ақаллан як намоиши театриро тамошо кунед, як намоишномаро масалан ман тавсия мекунам, ки намоишномаҳое, ки Барзу Абдураззоқов таҳия мекунад, ҳатман тамошо кунед, фарқе ҳам надорад, ки он намоишнома ҳаводиси асри нуздаҳро баён мекунад ва ё замони имрӯзро, ва фарқе ҳам надорад, ки он асари кадом миллият аст, моли як драматурги фаронсавист?

Он чи ин ҷо муҳим аст, андеша аст, шумо вазифа бигузоред, ки ҳар моҳ як китоби бадеиро аз адабиёти ҷаҳон бихонед, чи адабиёти ҷаҳонии шарқ аст ё ғарб, фарқ намекунад. Вазифа бигузоред таърихи исломро дар давоми як сол фақат қироату хондан не, ҳар саҳифаи онро варақ бизанед ва тафаккур кунед болои он, ки чаро Паёмбар (с) дар ин марҳала чунин рафтор карданд, бо ҳамсоягонашон ва дигарон чаро чунин тасмим гирифтанд? Паёмбарро хубтар бишносед.

Паёмбар (с) ва варзиш

Ман як мусоҳибае дар як рӯзнома доштам дар бораи варзиш дар ислом, вақте ки мехостам ба ин саволҳо ҷавоб бидиҳам, худам чанд маротиба адабиётҳоро варақ задам, воқеан як Паёмбари дигарро дар масъалаи варзиш ёфтам, ки Паёмбар (с) дар хонадонашон варзишро чӣ қадар ба роҳ монда буданд; бо модарамон Оиша (р) мусобиқаи давидан ташкил мекарданд, худашон ва модарамон Оиша мегӯянд, ки ман чандин маротиба аз Паёмбар (с) пеш медавидам.

Шумо кадом домулло ё муллоеро дидед, ки бо фарзандаш мусобиқа ташкил кардааст. Аслан муллоеро дидаед, ё касеро, ки руҳонӣ бошад, ягон бор барои варзиш ба варзишгоҳ рафта бошад, вале паёмбари мо ин корро мекарданд. Шумо вақте ки исломро хуб мехонед, Паёмбар (с)-ро хуб мешиносед, Куръонро хуб мешинсед, баъд дар паҳлӯяш бо адабиёти ҷаҳонӣ шинос мешавед, бо фарҳанги ҷаҳонӣ шинос мешавед, баъд мебинед, ки вазифаи як мусалмони муосир чӣ аст.

Вақте ки дар музейи Берлин ворид шудам, бубинед олмониҳо як шаҳрванди худро чи гуна тарбия мекунанд, дар дохили музей як бахши исломӣ аст, китобчае ҳам ба забони олмонӣ нашр кардаанд, ки барои бинандагон тақдим мешавад ва ҳар касе, ки вориди он музей мешавад, аввалин чизе ки дар бахши исломӣ бо он рӯбарӯ мешавад, ҳамон китобчаи зебо аст, ки ба василаи он ва аз тариқи музей фарзандони худро тарбият мекунанд, то бо фарҳанги ҷаҳон ошно шавад.

Воқеан биёед, бубинем ману шумо бори охир кай ба музей рафтем, кай театр рафтем, кай китобхона рафтем? Вазифаи як мусалмони муосир, агар мехоҳад, ки мусалмони хуб бошаду ҷузъе аз ин раванди ҷаҳонишавӣ бошад, ин аст, ки аз ин сарчашмаҳо ва сарватҳо худро канор нагирад. Тавсияи ман ин аст, биёед як сол бо ин роҳ биравем, баъди як сол бубинед натиҷаашро.

Вақте он устод меояд бо шумо ба ҳиҷобу риш механдаду тамасхур мекунад, ё вақте як домулло як урупоипӯшро муртаду мардуд мехонад, баъд мебинед, ки фарқи байни шумо ва ин тип муллоҳову ин тип устодони донишгоҳ чӣ қадар аст? Шумо бо як табассум ҳамаи инро ҳал мекунед ва мегӯед, ки ман набояд дар сатҳи ин бошам, тавсияи ман ба ҷавонон ва насли оянда ин аст.

Бештар дунболи мутолиа ва илм бошед

Савол: Ассалому алайкум ва раматуллоҳи ва баракотуҳ. Устод, дар хусуси он устодони донишгоҳ, ки бо таҳқиру тамасхур ба ислом нигоҳ мекунанд, фикр мекунам, ки ин корашон ба сабаби набудани огоҳӣ аз фарҳанги ислом аст. Агар онҳо бо фарҳанги ислом ошноии кофӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ ин суханонро намегуфтанд ва ин рафторро пеш намегирифтанд. Худи ман ҳам шоҳиди ин моҷаро будам. Устоде доштем, ки аз фанни фарҳангшиносӣ ба мо дарс медод, аммо худ аз фарҳанг бархурдор набуд. Ман ба унвони як донишҷӯ назарам ин аст, ки хуб мешуд, ки устодон аз фарҳанг ва тамаддуни ислом бархурдор бошанд.

Ва аммо саволи ман ин аст, ки ҲНИТ бо мактабҳо ё донишгоҳҳо ягон муносибате дорад ва хусусияти фарқкунандаи ин ҳизб аз аҳзоби дигар дар чист?

М. Кабирӣ: Ташаккури зиёд. Аслан шумо як нуктаро бояд дарк кунед, ки вақте ки борҳо таъкид шуд болои ҷавонон ва донишҷуён, ки аз фарҳангҳои бегона ва аз ҳаракатҳои тундрав худро дур кунед, агарчи ном бурда намешавад, вале одаме, ки як каме таҳлил дорад, медонад ки дар ҳамин ҷо дигар муносибати донишгоҳ бо ҳизби нахзат тақрибан муайян шудааст. Муносибати мо бо донишгоҳҳо дар ҳамин сатҳ аст; шумо аксариятатон донишҷӯёни донишгоҳҳо ҳастед, вале мо намехоҳем, ки кор ба ҳадде бирасад, ки фақат барои он ки мову шумо бо ҳам менишинему сӯҳбат мекунем, боз як мушкилие эҷод шавад.

Шумо тассавур кунед, ки ман як маротиба бо даъвати донишҷӯён ба донишгоҳ рафтам, ҳудуди ду сол қабл, он ҳам дар ҳузури ректор ва мавзӯи сӯҳбати мо ҳамон масъалаи ҳиҷоби хоҳарон буд ва ман ҳам танҳо дар мавриди сарқонун ва қонуни маориф сӯҳбат намудам ва баъд аз он, чӣ сару садоҳое баланд шуд, ки гӯё мо ин қазияро сиёсӣ мекунем ва мехоҳем баҳраи сиёсӣ барем, ҳол он ки худи онҳо муроҷиат карданд ва мо ҳақ надоштем ҷавоб нагардонем.

Бинобар ин, мо ҳам эҳсос мекунем, ки масъала ҳассос нашавад ва низ донишҷӯёни мӯҳтарам зери фишор қарор нагиранд. Дар ин марҳала аз ҳар гуна гароишҳои сиёсиву ақидатӣ худро канор гиред ва бештар дунболи мутолиа ва илм бошед, илму андеша шуморо ба як роҳ хоҳад бурд ва шарт нест, ки он дар қолаби ягон ҳизб ва ё ҳаракати сиёсӣ бошад.

Талош кунед фарҳангшинос шавед

Дигар масъала ин ки оиди он устоди фарҳангшинос, ман пешниҳодам ин аст, ки талош кунед, ки фарҳангшинос шавед ва ҷои ҳамон устодро бигиред ва исбот кунед, ки беҳтар ҳастед, дигар роҳ вуҷуд надорад, фақат бо рафтору кирдори худ шумо метавонед исбот кунед, ки ӯ иштибоҳ кардааст.

Вижагии аслии ҲНИТ

Дар бораи вижагии ҲНИТ бисёр зиёд гуфта шудааст, вижагии аслиаш ин аст, ки ин ҳизб ягона ҳизби сиёсии мабнӣ ба арзишҳои мазҳабӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари собиқ Шӯравӣ, ва албатта ин гуна ҳизбҳо дар кишварҳои ҷаҳон бисёр аст, дар Урупо ҳам хеле зиёд, чандеаш сари қудрат ҳам ҳастанд, мисли Туркия, вале дар Тоҷикистон ин ягона ҳизби сиёсии мабнӣ ба арзишҳои динӣ аст ва мушкилиҳои мо ҳам аксаран ҳамин аст. Вале иншоаллоҳ, ки вазъият рӯз ба рӯз беҳтар шуда истодааст ва билохира моро ҳамчун як ҷузъи ин ҷомеа кабул хоҳанд кард ва мо умед дорем иншоаллоҳ.

Идома дар қисмати баъдӣ

Қисмати аввал

Қисмати дуюм

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 1403 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz