Сешанбе, 16.04.2024, 12:54
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Июл » 20 » Зодрӯзат муборак, Кабирӣ!
Зодрӯзат муборак, Кабирӣ!
01:19

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба муносибати зодрӯзи касе, агар қарор бошад аз вижагиҳои ӯ ёдоварӣ гардад, муносиб он аст, ки хусусиёти барҷастаи ӯ, ки вайро аз дигарон мутамоиз месозад, ёд шавад.

Имрӯз (20 июли милодӣ), ки зодрӯзи бародари азизамон ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ аст ва эшон ба синни 46 расиданд; синне, ки авҷи ҷавонӣ, ҳаракат ва фаъолият аст, муносиб ёфтам, дар бораи ду вижагии боризи эшон, ки иборат аз гушодаандешӣ ва гушодарӯии ӯст, сухане чанд ба миён оварам.

Гушодаандешии Кабирӣ

Имрӯз, наметавон касеро пайдо кард, ки мӯътақид бошад, пойбандӣ ба асолатҳои миллӣ ва мазҳабӣ, мунофот бо тақаддум ва пешрафт дорад. Чаро ки пайдост, ҳар ҷо сухан аз асолат аст, сухан аз фарҳанг, дин, суннатҳои миллӣ ва ... аст, ва он ҷо ки сухан аз тақаддум ва пешрафт матраҳ аст, сухан аз дониши рӯз, фанноварӣ, текнулужӣ ва ... аст. Пас, метавон дар айни пойбанд будан ба суннатҳои миллӣ-мазҳабӣ, дар арсаи илму фанноварӣ пешгом буд.

Аммо, айби кор дар ин аст, ки пиндошта мешавад, пойбандӣ ба асолатҳо, яъне истоӣ, ва ба сухани дигар, пойбанд будан ба суннатҳои миллӣ-мазҳабиро ғолибан ба навъе ҷумуд дар баробари ҳар ончи ба унвони як суннати миллӣ ва бовари динӣ аз пешиниён ба ирс бурдаем тафсир мекунанд. Бинобар ин, ба нудрат метавон касеро пайдо кард, ки дар арсаи боварҳои динӣ ва суннатҳои миллӣ низ, мӯътақид ба пӯёӣ ва навъе ислоҳ бошад.

Ин муқаддима барои баёни ин матлаб буд, ки бародари азизамон Муҳиддин Кабирӣ, аз шумори ҳамон касонест, ки на танҳо илтизом ба асолатҳоро мунофӣ бо пешрафт ва тақаддум дар арсаи донишу фанновариҳои рӯз намебинад, балки дар ҳавзаи боварҳои динӣ ва суннатҳои миллӣ низ, мӯътақид ба пироиш, пӯёӣ ва ислоҳ аст.

Андешаи хурофӣ ва тафаккури ғалат, ҳатто агар ҷомеа онро насл андар насл ба ирс бурда бошад, дар назди ӯ мардуд аст, ва ҳаргиз дида нашудааст, ки ӯ дар баробари як тафаккури ғалат, ба унвони "андешаи пешиниён” ва ё "мироси гузаштагон”, сукут ва ё ҳимоят карда бошад.

Ҳамчунин, агар андешае хос, чи динӣ ё миллӣ, ниёз ба ислоҳ дошта бошад, бе ҳеч мулоҳиза онро матраҳ ва ба пироиши он хондааст. Дигаронро намедонам, аммо камина ӯро чунин дидам.

Гушодарӯии Кабирӣ

Ҳар касе ки Кабириро мешиносад, агар пурсида шавад, ки ӯро чӣ гуна ёфтӣ, бе тардид хоҳад гуфт, ӯ гушодарӯст ва ба андешаи тараф эҳтиром қоил аст; ҳар кӣ бошад, чи он кас ки дар асли дин бо ӯ мухолиф аст, ва чи он кас ки дар андешаи исломӣ бо вай дар ихтилоф аст ва чи он касоне ки дар хатти машйи сиёсӣ бо ӯ ихтилоф доранд.

Оре, Кабирӣ, аз сиаи садри шигифтангезе бархӯрдор аст; вижагие, ки мутаассифона дар миёни мо тоҷикон андак афроде ороста ба онанд. Шояд иштибоҳ кунам, аммо таҷруба кардаам. Мо тоҷикон, ғолибан, касоне ҳастем, ки таҳаммули шунидани интиқод аз худро надорем. Агар касе аз мо интиқод кунад, яъне хислате аз хислатҳои манфии моро (ки андак ҳам нестанд) ба боди интиқод бикашад, ва ё воқеияте аз воқеиятҳое талх, ки худ огоҳ нестем аммо дар он гирифторем, ба рухамон бикашад, ба ҷои он ки ба ислоҳи худ бикӯшем, раги таассубамон мехезад ва гумон мекунем, тараф бо мо душман аст, ва аз ин рӯ, ба ӯ метозем.

Ба ҳар ҳол, ҷои шукр дорад, ки фарҳехтае чун Кабирӣ дар миёни мо ҳаст.

Зодрӯзат муборак Кабирӣ!

Кимиёи саодат

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 8864 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 2
08.09.2012
2. deriesque [Материал]
За долгое время удачной работы в сфере http://otopleniepodklyuch.ru/ - отопления и водоснабжения наши специалисты накопили существенный опыт, поэтому предоставляем только лучшие и современные разработки в сфере создания http://otopleniepodklyuch.ru/ - систем отопления или водоснабжения.

Наши специалисты помогут правильно выбрать схему, установить современную систему отопления и водоснабжения, начиная с расчета и проектирования, заканчивая ее монтажом с последующим обслуживанием.

27.08.2012
1. olaya1104 [Материал]
хочется узнать у форумчанинов какой браузер вы выбираете, я лично юзаю хром, он легкий и удобный, прямо как для домохозяйки как я!)))http://firefoxik.ru/ - .

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июл 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz