Чоршанбе, 24.04.2024, 13:10
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Март » 7 » Ваҳдати исломӣ: мавонеъ ва интизорот
Ваҳдати исломӣ: мавонеъ ва интизорот
15:47

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар айёми милоди мубораки Расули Акрам (с) ҳамасола дар Эрони исломӣ ҳафтаеро ба унвони ҳафтаи ваҳдат ҷашн мегиранд. Дар ин ҳафта, аз тамоми кишварҳои исломӣ, уламо, шахсиятҳо ва фаъолони соҳаи дин дар шаҳри Теҳрон гирд омада ва мушкилоти пеши рӯи уммати исломӣ қарор дошта-ро баррасӣ ва барои ҳалли онҳо роҳкорҳое пешниҳод мекунанд. Ин иқдом, воқеан, иқдоми муборакест ва бояд аз баргузоркунандагони он тақдиру ташаккури шоиста ба амал ояд. Аммо...

Бо вуҷуди чунин иқдомоти шоиста дар заминаи ҷомаи амал пӯшидани ваҳдат миёни пайравони мазоҳиби мухталифи исломӣ, вале ҳанӯз он ваҳдати ҳақиқие, ки ба амал омаданаш орзуи ҳар мусалмони дилсӯзе ба шумор меравад таҳаққуқ наёфтааст. Ҳанӯз мусалмонон шоҳиди иншиқоқ, тафриқа, ҷудоӣ ва гоҳе душманӣ миёни бархе аз пайравони мазоҳиби исломӣ мебошанд. Сабабаш чист?

Дар ин навиштор, нигоранда бар он аст андешаи худро дар ин замина баён кунад. Ба назари камина, сабаби истимрори тафриқаву ҷудоӣ миёни бархе аз пайравони мазоҳиби исломӣ, хусусан миёни шиаён ва пайравони мактаби ба ном салафият, дар чанд чиз нуҳуфта аст, ки баён хоҳам дошт:

1. Ҷаҳолат ва адами шинохти кофӣ аз якдигар

Бо ин ки замони мо, замони иттилоот маҳсуб мегардад ва метавон ба осонӣ аз ахбори ҳар касу ҳар чизе зуд огоҳ шуд, вале дар заминаи ойину мазҳаб, ҳанӯз ба касоне бармехӯрем, ки гӯи дар даврони асрҳои миёна ба сар мебурда бошанд. Чунин касоне дар бораи мазҳабе муайян ва ё пайравонаш, дар зеҳни худ тасаввуроте доранд, ки вақте инсон онҳоро мешунавад, ҳайратзада мешавад.

Масалан, бо ин ки уламои шиа мукаррар гуфтаанд ва низ дар китобҳову муаллафоти хеш ёдоварӣ намудаанд, ки Қуръони карим, таҳрифшуда нест ва имрӯз, Қуръоне, ки як нафар шиа ба он эътиқод дорад, ҳамон Қуръонест, ки як нафар суннӣ ба он мӯътақид аст, вале боз мебинем бархе аз пайравони салафият мӯътақиданд, ки шиаён ба Қуръони дигаре ғайр аз Қуръони мутадовал эътиқод доранд. Ва агар дар ин миён шиаён омада ҳазорон далел иқома кунанд, ки на, шумо иштибоҳ мекунед, чунин нест, аммо боз ҳам мебинем он салафӣ, бо тамассук ба порае аз ривоёти шозза назди шиаён ва ё суханони бархе аз уламои беноми шиа чун Нурӣ ва китоби ӯ, ки бо мухолифати шадиди соири уламои шиа мувоҷеҳ шудааст, бар лаҷоҷати хеш идома медиҳад.

Он гоҳ вақте кор ба лаҷоҷату бигӯмагӯ мекашад, бархе аз шиаён низ суроғи китобҳои аҳли тасаннун рафта, аз лобалои онҳо ривоётеро пайдо мекунанд, ки дар онҳо бархе аз саҳоба иброз доштаанд, ки гӯи порае аз оятҳои қуръонӣ дар замони Расули Акрам (с) тиловат мешуда ва баъдҳо аз Қуръон ҳазф шудааст.

Ҳамчунин, дар заминаи масоиле чун тақия, адолати саҳоба, никоҳи муваққат ва ғайра, ба иллати адами ошноии кофии бархе аз пайравони аҳли тасаннун аз моҳияти масоили номбурда дар назди шиаён, бар онҳо метозанд, ки шумо чунин мегӯеду чунон ва ислом аз ин гуфтаҳову мӯътақадоти инчунинии шумоён безор асту барӣ.

Ба унвони мисол, салафиҳо, тақияеро, ки шиа ба он қоил аст, навъе нифоқ меангоранд, ҳол он ки моҳияти тақия дар назди шиаён (чунон ки Шайх Садуқ, ки суханаш қавли фасл назди шиаён маҳсуб мегардад мегӯяд) иборат аст аз: "кетмони ҳақ ва пӯшида доштани эътиқод аз мухолифон ва тарки мубориза бо онон, ба далели зарари динӣ ё дунявӣ”,[1] ба иборати дигар, тақия ба ин маъност, ки "як фарди мусалмон барои наҷоти ҷони худ аз анҷоми бархе аъмол парҳез кунад. Ба унвони намуна, агар мусалмоне дар баробари куффор қарор гирад ва хатари ҷонӣ ӯро таҳдид кунад, ӯ метавонад мусалмон будани хешро пинҳон кунад”.[2] Ин аст ҳақиқати тақия дар назди шиаён.

Ҳоло камина дидгоҳи яке аз салафияро дар бораи "ҷоиз будани талаффузи калимаи куфр дар ҳолати таҳдид ба қатл” бароятон ёдовар мешавам, то бубинед, оё фарқе байни ин ду дидгоҳ вуҷуд дорад ё на?

Аллома Абдулазизи Фарҳорӣ мегӯяд: "Ба дурустӣ мусалмонро вақте кофир маҷбур бикунад барои талаффузи калимаи куфр ба таҳдиди қатл ё буридани узве аз аъзояш, ҷоиз мебошад барояш талаффузи калимаи куфр”.[3] 

Ногуфта намонад, ки аз муҳимтарин илали ноогоҳии пайравони мазоҳиби исломӣ аз якдигар, тааммуди паёравони бархе аз мазоҳиб (ба вижа салафият) аст бар мутолеа накардани маорифи мазоҳиби мухолифи худ ба баҳонаи "ҷоиз набудани мутолеаи китобҳои золла (гумроҳкунанда)”. Масалан, уламои салафият, аз он ҷо ки шиаён ё сӯфия ё фалосифа ва ё мутакаллиминро аз гурӯҳҳои золла ва гумроҳ қаламдод мекунанд, ба ҳамин хотир, пайравонашонро ба шиддат аз мутолеаи китобҳои ин тавоиф бар ҳазар медоранд, ки сабаб мешавад ин даста аз мусламонон, нисбат ба бародарони хеш аз пайравони мазоҳиби дигари исломӣ ва маорифи эшон, тасаввуроти ғалат ва аҳёнан ғайри воқеӣ дар азҳони худ дошта бошанд.

Мусалмонон бояд ин монеаро аз сари роҳи худ бардоранд, зеро, аввалан ин қоида, аз аслу асоси дурусте дар манобеи исломӣ бархӯрдор нест, ва сониян, дар асри ҳозир, шабеҳи ин қоидаҳо ҷуз ба балоҳату ҳамоқати мӯътақидинаш намеафзояд.

2. Адами эътимод ба якдигар

Яке дигар аз асбоби ҷудоӣ ва иншиқоқ ва адами ҳусули ваҳдати ҳақиқӣ, ин эътимод надоштани ҳар як аз тарафайн аст ба ҳусни нияти тарафи муқобил дар ибрози ваҳдат аз сӯйи ӯ. Масалан, ҳар гоҳ шиаён даъват ба сӯйи ваҳдат кунанд, бархе аз аҳли тасаннун, ба вижа салафиҳо мегӯянд, шумо шиаён дар ин даъвати хеш ҳусни ният надоред, вагарна аз иҳонат ба муқаддасоти мо даст бармедоштед.

Дар ин замина, камина мӯътақидам, аҳли тасаннун ба ҳақ як силсила интизорот аз шиаён доранд, ки то замоне ки шиаён ба гунаи ҷиддӣ он интизоротро бароварда насозанд, ба дур аст, ки ваҳдати ҳақиқӣ ва амалӣ ҷомаи амал бипӯшад ва танҳо дар ҳадди шиор ва гуфтор боқӣ мемонад.

Ва дар муқобил, шиаён низ ба ҳақ порае аз интизорот аз аҳли суннат доранд, ки бар аҳли суннат аст гом ниҳодан дар ҷиҳати бартараф кардани он интизорот.

Интизороти аҳли суннат аз шиаён:

Ва аммо муҳимтарин интизори аҳли суннат аз шиаён иборат аст аз адами иҳонати бузургоне чун ҳазрати Абӯбакр, Умар, Усмон, Уммул-мӯъминин Оиша (р) ва бархе дигар аз саҳобагон, аз ҷониби бархе аз шиаҳо, ки дар ҳақиқат аз бузургтарин мавонеи эҷоди ваҳдати ҳақиқӣ миёни шиаву аҳли суннат аст.

Ҳарчанд дар ин замина, уламои шиа гомҳое ҷиддӣ бардоштаанд мисли фатвои шаръии мароҷее чун Оятулло Сайид Алии Хоманаӣ мабнӣ бар шаръан ҳаром будани иҳонат ба муқаддасоти тарафайн, он ҷо ки фармуда: "Шиае, ки аз рӯи нодонӣ ва ё ғараз ба муқаддасоти Аҳли суннат тавҳин мекунад, маъмури эҷоди ихтилоф аст, ва ба ҳар ҳол, рафтори ҳар ду гурӯҳ ҳароми шаръӣ ва хилофи қонунӣ аст”, ва ё он ҷо ки фармуда: "Ман эълом кардам боз ҳам таъкид мекунам, ки хатти қирмиз аз назари низоми исломӣ ва аз назари мо, иборат аст аз иҳонат ба муқаддасоти якдигар. Он касоне, ки нодониста аз рӯи ғафлат, гоҳе аз рӯи таассубҳои кӯр ва беҷо, чи суннӣ ва чи шиа, ба муқаддасоти якдигар иҳонат мекунанд, намефаҳманд чӣ мекунанд. Беҳтарин васила барои душман ҳаминҳо ҳастанд, беҳтарин абзор дар дасти душман ҳаминҳо ҳастанд, ин хатти қирмиз аст”,[4] аммо мутаассифона ҳанӯз шиаёне ҳастанд, ки даст аз ин амали нописанд барнамедоранд.

Яке дигар аз интизороти аҳли суннат аз шиаён, хусусан аз уламои ташаюъ, иборат аст аз таваққуфи фаъолият дар ҷиҳати шиа кунонидани пайравони аҳли суннат, хусусан дар кишварҳое, ки аҳли суннат дар он аксариятро ташкил медиҳанд. Дар ин замина низ, ҳарчанд уламои рӯшани шиа иқдомоти ҷиддӣ, чи дар гуфтор ва чи дар амал, бардоштаанд, чунон ки Оятулло Сайид Алии Хоманаӣ мегӯяд: "Агар мо мегӯем, ки шиа ва суннӣ дар канори ҳам қарор бигиранд, яъне шиа, шиа бимонад, суннӣ ҳам суннӣ бимонад. Мо чӣ мавқеъ ба олами тасаннун гуфтаем, ки манзурамон аз ваҳдат ин ки шумо шиа бишавед? Мо чунин чизе нагуфтаем... Мо намегӯем шумо мазҳабатро иваз кун, мо мегӯем шиа ва суннӣ бояд ҳамеша сари ақл бошанд, ҳамчунон ки биҳамдиллоҳ дар даврони инқилоби исломӣ, дар кишвари мо мушоҳида шуд. Нагузоранд душман аз ихтилофоти инҳо суистифода кунад. Баргузории ҳафтаи ваҳдат барои ин аст”,[5] аммо ҳанӯз дар миёни мароҷеи шиа касоне ҳастанд, ки саъю талоши онон, шиа кунонидани сунниҳост. Яке аз масоиле, ки ахиран Шайх Юсуф Қарзовӣ, аз уламои барҷастаи аҳли суннат-ро андаке аз шиаён ранҷонидааст, ҳамин масъалаи шиа кунонидани аҳли суннат дар кишварҳое мебошад, ки аҳли тасаннун аксариятро ташкил медиҳанд.

Интизороти шиаён аз аҳли суннат:

Ва аммо интизори шиаён аз аҳли суннат, ба вижа аз пайравони мактаби ба ном салафият, дар навбати аввал ин аст, ки даст аз тӯҳмату дурӯғ бофтан бар шиаён бардоранд. Вақте инсон бо як салафӣ мувоҷеҳ мешавад, аз ӯ коре ҷуз иҳонату дурӯғу тӯҳматҳои нораво задан нисбат ба шиаён, ки пайравони мактаби Аҳли байти паёмбар (с) мебошанд намебинад, гӯи ин ки Худованд ба ӯ дастур фармуда бошад, ки вазифаи ту фақат шойеапароканӣ, дурӯғ, тӯҳмат ва ифтиро бар шиаён ва мутанаффир сохтани мардумон аст аз эшон. Ҳатто кори бархе аз инон ба ҷое расида, ки дурӯғ бар шиаёнро шаръан ҷоиз шумурдаанд.

Магар шиаён мусалмон нестанд? Магар паёмбари азимушшаъни ислом (с) – бино бар ривояти аксар ба иттифоқи муҳаддисини аҳли суннат чун Бухорӣ ва Муслим - нафармудаанд, ки ҳар касе ки бар ваҳдонияти Худо гувоҳӣ медиҳад, мусалмон аст ва хуну обрӯю номуси ӯро рехтан ҳаром аст?

Агар шиаёнро мусалмон медонанд – ки аксарияти уламои аҳли суннат, аз ҷумла уламои салафимаслак, зоҳиран эшонро мусалмон мешуморанд - пас чаро ин дурӯғбофиҳо? Вале агар мусалмонашон намепиндоранд, дигар ошкоро кофирашон бихонанд, ки дар ин сурат, сӯҳбат бо эшон на дар атрофи ваҳдат, балки перомуни чароии кофир донистани шиаён хоҳад рафт.

Интизори дигари шиаён аз бародарони аҳли тасаннунашон, ба хусус салафиҳо, ин аст, ки чаро ҳамвора дар пайи ёфтани нуқоти манфӣ дар шиаён ҳастанд? Чаро тааммуд доранд, ки шиаёнро танҳо аз зовияи қамазанӣ, занҷирзанӣ, зиёдаравӣ дар азодориҳо ва аз ин қабил падидаҳои манфӣ муаррифӣ кунанд? Магар шиаён нуқоти мусбате надоранд?

Магар намедонанд, ки ҳамон тавр ки шиаён аҳёнан нуқоте манфӣ доранд, аҳли суннат ҳам аз нуқоти манфӣ пок нестанд? Агар шиаён ҳам дар пайи ёфтани нуқоти манфии бародарони худ аз аҳли тасаннун бияфтанд, кори мо ба куҷо хоҳад кашид? Оё ҷуз душманӣ, адоват, кина ва ..?

Агар мо мусалмонем, Исогуна бошем он гоҳ ки ҳамроҳ бо теъдоде аз ҳаворийин (ёронаш) аз канори мурдоре пӯсида рад мешуданд, бо дидани он мурдор, ёрони он ҷаноб (а) шурӯъ ба нақли маойибу нуқоти манфии мурдор намуданд; яке мегуфт чӣ бӯйи баде дорад, дигаре мегуфт чӣ думи нописанде дорад, сеюме мегуфт, чӣ гӯшони нозебое дорад ва ғайра... он гоҳ ҳазрати Исои масеҳ (а) рӯ ба эшон овард ва гуфт: чаро чашмонатон фақат ба нуқоти манфӣ меафтад, чаро зебоиҳояш дидан наметавонед? Чаро намегӯед: чӣ дандонҳо сафеду зебое дорад?

Магар ҳамин шиаён нестанд, ки имрӯз бо иқдомоти масъулини низоми Ҷумҳурии исломии Эрон дар таъйиду тақвияту мусоадоти исломхоҳону озодихоҳони ҷаҳон ба хусус бародарони мазлуму бедифоӣ фаластинӣ, мояи иззату сарбаландии уммати исломӣ ҳастанд? Он ҳам замоне ки тамомии кишварҳои исломӣ, ба хусус Арабистони Саудӣ ва Миср, ки даъвои ҳимоят аз аҳли тасаннунро доранд, ба ин бечорагон пушт карда ва зимни ҳамдастӣ бо Амрикову саҳюнисти хуношом, аз пушт ханҷар ба бародарони мусалмони худ мезананд. Давлати Миср, ки Ҷомеаи Ал-азҳар дар он қарор дорад, панҷ шиш сол аст, ки фаластиниҳои бечораро дар ҳисори иқтисодӣ қарор дода ва мусаббиби аслии аз гуруснагиву ташнагӣ ҷон додани ин мустазъафон шуда истодааст.

Куҷоянд он муддаиёни дифоъ аз ҳарими тавҳид ва муборизон бар зидди ширк, ки ақаллан баёнияе дар маҳкумияти ин ситамҳои ноҷавонмардона содир кунанд? Чаро дар расонаҳояшон, ки ҳамагӣ вобаста ба режими саудист, сухане аз фаластиниён зада намешавад? Ба ҷои ин ҳама ҳамлаву ҳуҷуми ноҷавонмардона алайҳи мусалмонони шиӣ ва барангехтани раъйи омми ҷавомеи аҳли тасаннун бар алайҳи шиаён, биёянд ақаллан иқдомаке ба нафъи мусалмонони мазлуми фаластинӣ бардоранд. Магар фардои қиёмат, Худованди ҷаббор эшонро мавриди бозхост қарор нахоҳад дод? Коре накунем, ки истикбор, хусусан Амрикову "Исроил”-и хуношомро хурсанд созад. Тамомии ин иқдомот, ки имрӯза бархе аз бехирадон дар ҷиҳати эҷоди тафриқаву ихтилофу мутанаффир сохтани соири мусалмонон нисбат ба шиаён бармедоранд, дар ростои аҳдофи истикбор ва душманони сарсахти ислому мусалмонон қарор дорад. Магар инро намефаҳманд?

Ёдам ҳаст, замони ҷанги 33 рӯзаи Лубнон (соли 2006), ки вақте саҳюнист ба Лубнон ҳамлавар шуд ва Ҳизбуллоҳи Лубнон бо як муқовимати беназире артиши сар то по мусаллаҳи "Исроил”-ро ба зону даровард, як олими саудӣ (Ибни Ҷибрин) фатво бар "ҷоиз набудани кӯмаки Ҳизбуллоҳ алайҳи Исроил ва ҳатто ҷоиз набудани дуои пирӯзӣ барои Ҳибуллоҳ” содир намуд, он гоҳ тамомии расонаҳои саҳюнистӣ аз фарти хушҳолӣ як моҳи комил насси ин фатворо қироат мекарданд ва медидам, ки сарони "Исроил” аз хушҳолӣ наздик буд бирақсанд. Бо ин кор, оё мо ба ислом хидмат кардаем, ё ба душмани ислом?

Пас, ин аст порае аз интизороти шиаён аз бародарони аҳли тасаннунашон, ба вижа аз салафиҳо, ки бояд дар бартараф сохтани он гом ниҳанд, вагарна ваҳдат танҳо аз як тараф посух нахоҳад дод.

Ба ҳар ҳол, сухан ба дарозо намекашам, дар поён даст ба даргоҳи Худованди Маннон бардошта, ин чанд дархостро аз Ӯ таоло мекунам:

Худоё, туро ба иззатат қасам, ки миёни мусалмонон ваҳдату ҳамдилӣ эҷод намоӣ!

Худоё, туро ба ҷалолат қасам, ки ба мусалмонон бинише ато намоӣ, ки битавонанд аҳамияти ваҳдату ҳамбастагиро дарк намоянд!

Ба умеди таҳаққуқи ҳар чи зудтари ваҳдати ҳақиқӣ миёни пайравони мазоҳиби исломӣ, Омин, ё раббал-оламин!

Сайидюнуси Истаравшанӣ


[1] http://daneshnameh.roshd.ir/mavara/mavara-index.php?page=%D8%AA%D9%82%DB%8C%D9%91%D9%87&SSOReturnPage=Check&Rand=0

[2] http://fa.wikipedia.org/wiki/%D8%AA%D9%82%DB%8C%D9%87

[3] http://tojikislom.net.ru/publ/aidai_mo_dar_oiz_shudani_talafuzi_kalimai_kufr_dar_olati_tadidi_ba_atl/16-1-0-334

[4] http://www.taghrib.ir/

[5] http://www.taghrib.ir/

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 791 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz