Панҷшанбе, 25.04.2024, 10:20
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Апрел » 8 » Такрори сенарияи пиёдашуда дар Тоҷикистон
Такрори сенарияи пиёдашуда дар Тоҷикистон
21:34

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Таҳаввулоти ҷории ахир дар саҳнаи кишвари ҳамсояи мо Қирғизистон, гар чи то ҳудуде шабоҳат ба ҳамон саҳнаҳои панҷ соли пеши ин кишвар дорад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба мавзеъгирии тозаи Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳури "муаллақ дар ҳавои”-и ин кишвар, ки гуфта мешавад дар ҷануби ин кишвар дар ҳоли таҳрики наздикон ва ҳаводорони худ барои дифоъ аз "курсӣ”-и ҳанӯз ба лиҳози қонунӣ ба ӯ тааллуқдошта мебошад, такрори ҳаводиси дилхароши 18 сол пеши Тоҷикистонро ба азҳони тамошогари ин таҳаввулот, меоварад.

Гирдиҳамоии муътаризон ба сиёсатҳои ғалати ҳукумат, тасарруфи амокини давлатӣ аз ҷумла садо ва симо ва кохи риёсати ҷумҳурӣ тавассути муътаризон, ташкили ҳукумати муваққат, фирори давлатмадорон ба зодгоҳи хеш ва дур аз пойтахт ва таҳрики ҳамаҳаллиён барои "дифоъ аз ҳукумати қонунӣ”, баёнияи "раиси ҷумҳур” хитоб ба мардум, ки муътаризон омили бесуботӣ ва масъули рехта шудани хунҳои мардум ҳастанд, пуштибонии бархе аз "абарқудратҳо”, ки манофеи худро дар бақои "раиси ҷумҳури муаллақ дар ҳаво” мебинанд ва изҳори ин ки "аз назари мо ҳанӯз вай раиси ҷумҳури қонунии кишвар маҳсуб мешавад” ва ғайра... ҳамагӣ ҳикоят аз такрори ҳамон сенарияи пиёдашуда дар Тоҷикистон дар 18 сол пеш мекунад.

Агар, Худой нокарда, ин сенария ба ҳамин минвол идома пайдо кунад ва "раиси ҷумҳур” барои бақо дар "курсӣ”-и хеш пофишорӣ ва ваъдаҳое ҳам аз бархе "абарқудратҳо” бигирад, ки дар сурати истодагӣ ва гирдоварии ҳаводорон дар атрофи худ барои дифоъ аз "ҳукумати қонунӣ”, мавриди ҳимояти эшон қарор хоҳад гирифт, эҳтимоли бурузи ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар ба дур нест. Ва он гоҳ, на танҳо садҳо хуни бегуноҳ рехта хоҳад шуд, балки бародар ба ҷони бародар афтода, ҳазорон ва ҳатто даҳҳо ҳазор хун рехта ва садҳо ҳазори дигар бехонумон хоҳанд гардид.

Саранҷом, баъд аз он ҳама хунрезӣ ва эҷоди кинаву адоват дар миёни аъзои як хонаводаи бузург, тарафҳои даргир маҷбур ба музокира шуда ва рӯ дар рӯи ҳам қарор гирифта ва ба навъе миёни худ оштӣ карда ва "курсиҳо”-ро ҳам миёни хеш ба гунае тавзеъ хоҳанд намуд.

Аммо он чи дар ин миён талх аст ва мутаассифона аз ёди ҳамаи сарони мувофиқу мухолиф хоҳад рафт, хунҳои рехташуда ва мардумони бехонумонгардида аст.

Оқои Боқиев, ки ба иштибоҳ роҳ дод ва посту мақомҳои давлатиро байни хешовандон тавзеъ ва писари худ Максиҷонро барои эҳрози пости риёсати ҷумҳурӣ пас аз худ омода мекард (ки гӯё ин мақомро аз падару бобоёнаш ба мерос бурда бошад), бояд ба ақл ояд ва даст аз таҳрики мардум, он ҳам фақат ва фақат барои бақо дар "курсӣ”-и риёсат, ки барои аҳаде вафодор набуда аст, бардорад. Вақте ғалат кардӣ, ин ҳам самараи ғалату иштибоҳоти ту! Ҳоло, чаро ба таҳрики мардум даст меёзӣ? Чаро сабабгори рехта шудани хуни мардумони бечора гардида ва бародарро ба ҷони бародари худаш меандозӣ? Ба чӣ касе эътимод мекунӣ? Ба бегона? Он бегона, фақат дар фикри манофеи сиёсӣ ва иқтисодии худ аст ва ба андозаи мӯйе ҳам парвои хуни фарзандони туро надорад.

Аз он сӯй низ, сарони мухолифон ҳам, ки ҳанӯз дар унфувони таъми "пирӯзӣ” ба сар мебаранд, бояд андаке ба ақл оянд ва чун ин "раиси ҷумҳури муаллақ дар ҳаво” ҳанӯз тибқи қонун, сарвари давлат маҳсуб мешавад, ба навъе бо ӯ тамос гирифта ва бо вай вориди музокира шаванд ва он гоҳ вақте "раиси муаллақ дар ҳаво” эҳсоси амният ва оромиши хотир аз ҷониби мухолифон намуд, шояд даст аз лаҷоҷат бардорад ва ба хубиву хушӣ бо "курсӣ”-и хеш худоҳофизӣ кунад. Яъне бояд тамоми иқдомоти мухолифон бар асос ва меҳварияти қонун сурат бипазирад. Вақте ба қонун эҳтиром нашуд ва фарҳанги адами пойбандӣ ба қонун дар кишваре пиёда гардид, ин худ як бидъате хоҳад шуд, ки чанд сабоҳи дигар аз нав такрор шуда ва он гоҳ дигарон ва ба ҳамин сурат имрӯзиҳоро (тоза агар муваффақ шаванд) аз миён хоҳанд бардошт.

Албатта, ин умур ҳама марбут ба худи фарзандони ин кишвар аст яъне марбут ба қирғизҳост ва худашон медонанд чӣ кор кунанд ва касе ҳаққи дахолат дар умури дохилии эшонро надорад. Аммо касе ки таъми бехонумонӣ ва фавти азизони хешро бар асари ҷанги шаҳрвандӣ чашида аст, қатъан, ба унвони як насиҳати бародарона ҳақ дорад барои эшон ёдовар шавад, ки он чи мекунед ва мешавад, мабод такрори ҳамон фоҷеаеро монад, ки рӯзгороне ҳамсоягони шумо аз сар гузаронидаанд.

Аммо гузашта аз ин ҳама, чунон ки соҳиби сомонаи Як Дарвеш ёдовар мешавад: "Сарнавишти талхи хешовандсолорони қирғиз метавонад барои ҳамтоёнашон дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна дарси хубе бошад”.

Комёб бошед

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 766 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz