Ҷумъа, 26.04.2024, 21:02
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Май » 23 » Тӯраҷонзода ва бигӯмагӯҳои “кампирони ҷомеа”
Тӯраҷонзода ва бигӯмагӯҳои “кампирони ҷомеа”
09:21

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ёдам намеравад хурдсол, ки будам, вазъу ҳоли чанд тан аз занони ҳамсояамон ҳамвора маро ба шигифт вомедошт. Кори ҳамешагии он чанд тан ин буд, ки дар канори дарвозаи яке аз манозил менишастанд ва ба ғайбату бадгӯии ину он мепардохтанд. Аҳаде аз сокинони маҳаллаамон аз газанди забони он чанд тан дар амон набуд.

"Фалония дидитон-мӣ, мошин харидас? Пул а гуҷо ёфта бошад? Эликбошиба хавар додан даркор...” "Писари фалонӣ, бо олим шудас ба таври худаш, то диная фисаш (оби бинияш) овезон буд. Акун, бо сараш осмонба шудас, ҳеч кия намебенад. Мурад илойим! Ҳоли як кор куним, ки ҷошба шишта монад. Агар эсотонба бошад, майдаякишба фисо овезон, кун-куни духтаро мегашт, акун бо муҳонба олим шудас. Ҳоли агар беним, пеши ҳаммаба шармандаша мебурорим ина...”

Ин суханон, танҳо гӯшае аз бигӯмагӯҳои онон буд.

Рӯзе ҳамроҳ бо падарам, ки аз канори онҳо рад мешудем ва машғули чунин бигӯмагӯҳо буданд, аз қиблагоҳӣ пурсидам: "Атаҷон! Чува ино ин хел? Дигар корошон нест-мӣ?” Марҳуми падар посух фармуданд: "Корат набошад баччам. Кампиро ҳамин хел...”

Аммо бузургтар, ки шудам, дидам дар ҷомеа, ин фармудаи қиблагоҳӣ; яъне "Кампиро ҳамин хел”, танҳо вижаи кампирҳои ҷомеаи мо набуда, балки хислатҳое чун ҳасодат, ғайбат, дида натавонистани якдигар ва аз ин қабил сифоти паст ҳатто гиребонгири мардон ва куллан бархе аз афроди ҷомеа низ будааст. Билохира, ин мардон низ дастпарварда ва парваришёфтаи ҳамин кампирҳоянд.

Чопу нашри китоби арзишманди "Ҷойгоҳи зан дар ислом” тавассути Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, руҳонии саршинос ва яке аз донишмандони тоҷик, на танҳо мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрвандони кишвари худамон қарор гирифт, балки дар кишварҳои дигар низ мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ шуд ва ҳатто бархе аз сайтҳои интернетӣ ба таҳлилу баррасии муҳтавои он пардохтанд. Ва ин, бетардид, мояи ифтихор ва боландагии ҳар як аз мо тоҷикон аст ва бояд ифтихор кунем, ки навиштаи донишманде аз миёни худамон мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор мегирад. Шоиста нест касе ва ё касоне аз миёни мо тоҷикон камар ба костан аз ҷойгоҳ ва шаъни ин китоб ва ё нависандаи он бибанданд. Албатта, агар касе ба нақди илмии он бипардозад, некӯст.

Инсофан, ҷои як чунин китобе дар ҷомеа холӣ буд. Дар ин китоб, Қозидомулло ба мубрамтарин масоили марбут ба зан ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа пардохта ва ба анбӯҳе аз тӯҳматҳо ва иттиҳомоти беасосе, ки нисбат ба ҷойгоҳи зан дар ислом тавассути душманон ва ё ба қавли худи Қозидомулло, "дӯстони нодон” ворид мешуд, посух гуфтааст.

Ахиран ба мақолае бархӯрдам дар нашрияи Ҷумҳурият (нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо унвони "Ҷойгоҳи зан дар ислом” ва "солҳои озодии нисбӣ” аз диди Тӯраҷонзода”, ки тавассути омӯзгоре ба номи Диловари Сиддиқиён навишта шуда ва муаллиф дар ин навиштор ҳарчи аз "бигӯмагӯҳои кампирона”, ки ба дилаш омада, ба нигориш даровардааст.

Роқими сутур дар ин навиштор на дар мақоми нақду баррасии "бигӯмагӯҳо”-и Сиддиқиён ҳастам, ки асосан навиштаи ӯ қобили нақди илмӣ нест ва на дар ҷойгоҳи баёни нигоштаҳои Қозидомулло, ки мутолиаи китоб худ бениёзкунанда аст. Балки танҳо чизе ки каминаро водор ба навиштани ин мақол намуд, он аст, ки чаро бархе аз моён ҳанӯз мисли он кампирҳо, ки дар оғози мақола ёдовар шудам, чашми дидани якдигарро надорем? Чаро, вақте касе аз мо тоҷикон ҷойгоҳ ва эътибор пайдо мекунад, ба костан аз эътибор ва ҷойгоҳи ӯ мепардозем? Ин ҳасодатҳо ва дида натавонистанҳо барои чӣ?

Ин омӯзгори мӯҳтарам (Сиддиқиён), агар мехоҳад роҷеъ ба китоби Қозидомулло ва ё бархе аз дидгоҳҳояш, ки дар гуфтугӯ бо Ҳарамгули Қодир (хабарнигори радиои Озодӣ) матраҳ кардааст, нақду интиқоде дошта бошад, бигузор ба нақди илмӣ бипардозад. Чӣ кор дорад ба ин ки Тӯраҷонзода чӣ миқдор дороӣ дорад ва аз чӣ андоза сарват бархӯрдор аст? Дуруст мисли бигӯмагӯҳои он кампирон, ки мегуфтанд: "Писари фалонӣ, бо олим шудас ба таври худаш, то диная фисаш (оби бинияш) овезон буд... Ҳоли як кор куним, ки ҷошба шишта монад... Ҳоли агар беним, пеши ҳаммаба шармандаша мебурорим ина...”

Оё суханоне аз ин қабил, ки: "Нахуст аксҳое, ки рафти сӯҳбатро инъикос кардаанд, ҳайратамро афзуданд, зеро Ҳарамгули Қодир, журналисти "Озодӣ”, бо кӯшиши либоспӯшии нимааврупоӣ - нимаисломии худ, зоҳирпарастии олии ҷомеаи моро хеле равшан таҷассум кардааст...” Нависандаи мақол зоҳиран фаромӯшаш шудааст, ки ҳамин сухани ӯ, навъе иҳонат нисбат ба як хабарнигори мӯҳтарам аст ва пайгирди қонунӣ дорад.

Ва ё ин ки: "Вақте ки қозидомулло солҳои зиёд дар мақомоти аршади Ҳукумати Тоҷикистон соҳибмансаб буд, як даъвати пурра узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар буд, чунин  аҳволи занонро намедид, зеро вазифадор буд, ки барои некӯаҳволии онҳо талош кунад. Ҳоло ки бори масъулият бар дӯшаш нест ва ҳарчанд медонад, ки вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии кишварро наметавон бо миҷазание беҳбудӣ бахшид, боз даст ба суханбозию суханпардозӣ задааст...”

Ва ё: "Вале ҳақиқати талх он аст, ки дар ҳамин рӯзу соат вазъи воқеии иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар имкон намедиҳад, ки тамоми занони тоҷик мисли ҳамсару духтарони Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода зиндагии бофараҳу осуда дошта бошанд...”

Ва ё: "Дар хусуси сарватҳои қозидомулло бошад, худаш гуфта буд, ки "ғайр аз як заводаки пахта, чанд ҳазорак гектар замин, як-ду фурӯшгоҳаку се-чаҳор хона дар Душанбею Ваҳдату Теҳрон” дигар сарвате надорад...”

Оё, ин суханон, фарқе бо он бигӯмагӯҳои кампирон дорад? Танҳо фарқе, ки шояд ба назар бирасад, суханони кампирон гуфторӣ аст ва гуфтаҳои ин нависанда навишторӣ.

Воқеан хиҷолатоваранд. Дар оғози навиштораш ҳам гуфта: "Сӯҳбати мазкур даври китоби тозанашр, ё аниқтараш бозгардони афкори олимони исломӣ аз хатти арабӣ ба кириллии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бо унвони "Ҷойгоҳи зан дар ислом” анҷом ёфтааст, сурат гирифтааст...”

Зоҳиран гӯяндаи ин сухан ҳанӯз китобро нахонда, ки агар мутолиа карда буд, баъид ба назар мерасид чунин ёва бибофад. Аммо агар манзураш порае аз иқтибосот аст, ин як амри табиӣ аст, зеро ҳеч нигоштае холӣ аз иқтибос аз дидгоҳу назароти соҳибназарон намебошад. Худи Қозидомулло дар гуфтугӯ бо хабарнигори радиои Озодӣ, мутавозеона ба ин ишора ҳам карда буд, ки: "Хушбахтона дар ин мавзӯъ дар олами ислом адабиёти зиёде нашр шудааст. Аз ин рӯ ман даъво намекунам, ки инҷо ҳар чизе овардам, маҳсули шахсии банда аст. Шояд хидмати асосии ман дар он аст, ки ин мавзӯъи ниҳоят муҳимро ба шакли китоб бо забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ ва бо дар назар гирифтани баъзе хусусиятҳои Тоҷикистон таъриф намудам..."

Дар поёни ин навиштор, нуктаеро, ки худи Қозидомулло, пеш аз нашри мақолаи омӯзгори мӯҳтарам ҷаноби Сиддиқиён, дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфта буд, ёдовар мешавам ва навиштаро поён мебахшам. Эшон гуфта буд: "Ҳарчанд, медонам, ки нашри ин китоб дар ҷомеаи мо аз тарафи муғризон ва мухолифон тафсири дигар мешавад. Ҳатман "омӯзгор”-е, ё "сокини шаҳру ноҳия”-е ва ё идораҳое ёфт мешаванд, ки ин кори бандаро барои "шӯҳрат” ва "ҳадафҳои сиёсӣ” ва ғайра нисбат медиҳанд. Лекин бо вуҷуди ин ҳама эҳтимолҳо, масъулият дар назди Худо, дифоъ аз дину оини муқаддаси ислом маро водор кард, ки ба гуфтаҳои ин тоифа мардум аҳамият надиҳам. Ҳарчӣ гӯянд, гуфтан гиранд...”

Кимиёи саодат

Акс аз пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ

Бахш: Ислом ва занон | Просмотров: 2056 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz