Сешанбе, 23.04.2024, 17:00
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Феврал » 14 » Суннии воқеӣ ҳамон шиа аст ва шиаи воқеӣ ҳамон суннӣ
Суннии воқеӣ ҳамон шиа аст ва шиаи воқеӣ ҳамон суннӣ
01:54

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Нигоҳе гузаро ба додаҳои ривоии ҳар як аз мактаби аҳли суннат ва шиа, қатъи назар аз ин ки пайравонаш оё ба ин додаҳо таваҷҷӯҳ доранд ё на, нишон медиҳад, ки ҳатто дар мавориде, ки ҳар як аз ин ду мактаб рақибашро ба кӯтоҳӣ ва тақсир дар он маворид муттаҳам карда ва тамассук ба онро нишона ва аломати ҷудоии хеш аз рақиби худ мепиндорад, ҳатто дар ин мавориди ба истилоҳ ихтилофӣ низ, ин ду мактаб тақрибан ваҳдати назар доранд.

Аҳли суннат ва шиа, ки бештари мусалмонони имрӯзро пайравони ин ду мактаб ташкил медиҳанд, мутаассифона ҳар яке одат кардаанд хештанро ба он чи ӯро аз рақибаш ҷудо месозад ба намоиш гузоранд ва аносиреро, ки ҳар дуро бо ҳам як ҷо гирд меоварад ва ба эшон ваҳдат мебахшад, ба фаромӯшӣ супоранд, ки боис мегардад фосила ва ҷудоии пайравони ин ду мактаб аз якдигар бештару амиқтар шавад.

Масалан, аҳли суннат одат доранд хештанро ба унвони пайравони саҳоба муаррифӣ кунанд, то бо ин кор собит кунанд, ки шиаён аз сираи саҳоба ба дуранд, ва дар муқобил, шиаён бештар пайравии худ аз Аҳли байти паёмбар (с)-ро ба рух мекашанд, то бо ин кори худ собит намоянд, ки аҳли суннат аз ин падида маҳруманд.

Бо ин кор, ҳар ду исрор доранд хештанро аз дигарӣ ҷудо созанд. Фаромӯш мекунанд, ки ҳар ду ба ваҳдонияти Худо ва паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) иқрор доранд, ҳар ду Қуръонро ба унвони китоби фурӯфиристода аз ҷониби Худо барои ҳидояти мардумон қабул доранд, ҳар ду пайравӣ аз суннати паёмбар (с)-ро воҷиб мешуморанд, ҳар ду ба рӯзи қиёмат ва зинда шудани мурдагон дар он рӯз имон доранд, ҳар ду рӯ ба як қибла истода намоз мегузоранд, ҳар ду рӯзаи моҳи мубораки Рамазон, пардохти закоти мол анҷоми маносики ҳаҷ ва ғайра аз фароизро воҷиб медонанд ва ғайраву золик...

Илова бар ин, нигоҳе гузаро ба додаҳои ривоии ҳар як аз мактаби аҳли суннат ва шиа, қатъи назар аз ин ки пайравонаш оё ба ин додаҳо таваҷҷӯҳ доранд ё на, нишон медиҳад, ки ҳатто дар мавориде ҳам, ки ҳар як аз ин ду мактаб рақибашро ба кӯтоҳӣ ва тақсир дар он маворид муттаҳам карда ва тамассук ба онро нишона ва аломати ҷудоии хеш аз рақиби худ мепиндорад, ҳатто дар ин мавориди ба истилоҳ ихтилофӣ низ, ин ду мактаб тақрибан ваҳдати назар доранд.

Аммо ин ки чаро пайравонаш пойбанд ба он додаҳо нестанд, ва ё ба он таваҷҷӯҳ намекунанд, ин як матлаби дигар аст. Муаррифи як мактаб, додаҳо ва маорифи он аст, ки дар китобҳои мӯътабараш дарҷ гардида, на рафтору кирдори пайравонаш, ки ҳаргиз наметавонад гӯёи моҳияти он мактаб бошад. Магар на ин аст, ки вақте мебинем афроде аз пайравони мактаби аҳли суннат даст ба як кори инҳирофӣ бизананд, мегӯйем, ин афрод пойбанд ба додаҳои мазҳабашон нестанд, вагарна чунин намекарданд, вале ҳамин ки мебинем гурӯҳе аз шиаён коре кунанд, ки дар он инҳироф дида мешавад, мегӯйем, ин аст мазҳаби шиа!?

Инак, нигоҳе биандозем ба ду маврид аз он мавориде, ки ҳар як аз шиаву суннӣ дигариро дар он муқассир, ва дар натиҷа мазҳаби якдигарро ба боди интиқод мекашанд, аммо кутуб ва манобеашон дар хусуси он ду масъала чӣ мегӯяд:

1. Саҳоба ва ҷойгоҳи эшон дар назди шиа

Яке аз маойибе, ки аҳли тасаннун ба шиаён мегиранд ин аст, ки мегӯянд, мазҳаби шиа дидгоҳе манфӣ нисбат ба саҳобагони ҳазрати паёмбар (с) дорад. Аммо воқеият ин аст, ки дар кутуби мӯътабари шиа, мисли Наҳҷул-балоға, ки яке аз муҳимтарин манобеи шиаён ба шумор меравад, мебинем, ки ҳазрати Алӣ (к) саҳобаи ҳазрати паёмбар (с)-ро чунин тавсиф мекунад:

"Ман асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ-ро дидам, аммо ҳеҷ кадом аз шуморо монанди онон наменигарам. Онҳо субҳ мекарданд дар ҳоле, ки мӯйҳои жулида ва чеҳраҳои ғуборолуд доштанд, шабро то субҳ дар ҳоли саҷдаву қиём ба ибодат мегузаронданд ва пешониву гунаҳои суратро дар пешгоҳи Худо бар хок мегузоштанд, бо ёди қиёмат чунон ноором буданд, ки гӯё бар рӯи оташ истодаанд. Пешонии онҳо аз саҷдаҳои тӯлонӣ пина баста буд. Агар номи Худо бурда мешуд, чунон гиря мекарданд, ки гиребонҳои онон тар мешуд. Ва аз кайфаре, ки аз он бим доштанд ё барои подоше, ки ба он умедвор буданд, монанди дарахт дар рӯзи тундбод меларзиданд”. (Наҳҷул-балоға, хутбаи 97).

Дидгоҳи шиаён дар бораи саҳобаи Расули акрам (с), ҳамон дидгоҳест, ки мавлояшон Алӣ ибни Абӯтолиб (к) дар ин ҷо мегӯяд. Агар ақаллияте аз уламои шиа перомуни саҳоба дидгоҳе дигар иброз медоранд, бо таваҷҷӯҳ ба ин сухани ҳазрати Алӣ (к), эътиборе нахоҳад дошт.

Пас, метавон чунин натиҷа гирифт, ки ҳам шиа ва ҳам суннӣ, дар бораи саҳобагони Расули гиромӣ (с) тақрибан назаре воҳид доранд, ва он ин ки эҳтироми саҳобагон воҷиб аст ва беэҳтиромӣ ба эшон, як навъ беэҳтиромӣ ба Расули Акрам (с) хоҳад буд.

Оре, тафовуте, ки байни аҳли суннат ва шиа дар мавриди саҳоба вуҷуд дорад ин аст, ки шиаён мисли аҳли тасаннун, тамомии саҳобагонро бидуни истисно одил намедонанд, балки танҳо саҳобагонеро одил ва мавриди эҳтиром медонанд, ки илова бар ифтихори сӯҳбат ва ҳамроҳии ҳазрати паёмбар (с)-ро доштан, инчунин аз аввал то ба охири ҳаёти хеш дар хатти Қуръону фармудаҳои ҳазрати паёмбар (с) буда ва заррае аз он хутут берун нарафта бошанд. Шиаён мӯътақид ҳастанд, маҳзи саҳоба будан ва шарафи ҳамроҳии ҳазрати паёмбар (с)-ро доро будан, имтиёзе барои як нафар мусалмон ба шумор намеравад то модоме ки пойбанд ба дастуроти Қуръону фармудаҳои Расули Акрам (с) набошад.

Аз ин рӯст, ки шиаён нисбат ба касоне аз саҳоба мисли Муовия ибни Абӯсуфён, ки бо ҳазрати Алӣ (к) ба ҷанг бархоста ва ӯро мавриди лаън қарор додааст, диди манфӣ доранд. Онҳо ҳар он касеро, ки бо Аҳли байти паёмбар (с) миёнаи хубе надошта бошад, чи саҳоба бошад ва чи ғайри саҳоба, мавриди эҳтиром намедонанд.

Аммо оё ин нукта, яъне диди манфии шиаён нисбат ба саҳобагоне чун Муовия ибни Абӯсуфён ва ё дигароне, ки аҳёнан миёнаи хубе бо Аҳли байти паёмбар (с) надоштанд, метавонад мояи дурӣ ва душманӣ бо онҳо гардад?

Агар чунин бошад, пас бо ин ривоёт, ки дар кутуби мӯътабари аҳли суннат ворид шудааст ва тақрибан дидгоҳи шиаёнро таъйид мекунад, чӣ кор бояд кард?

1. Саҳобагоне чун Ибни Масъуд, Ибни Умар, Абӯсаид, Ҷобир, Муҳаммад ибни Майсам ва ҷамоате дигар, дар бораи Алӣ (к) мефармоянд: ”Мо мунофиқонро ҷуз аз рӯи душманияшон бо Алӣ ибни Абӯтолиб намешинохтем”.

Ҳадиси мазкур дар китобҳои зерин нақл шудааст:

Сунан-и Тирмизӣ 2/299 ва 5/593 р.3717, Фазоил-ус-саҳоба-и Аҳмад 2/579 р.979-1146, Ҳилят-ул-авлиё-и Абӯнаим 6/295, Ал-истиоб-и Ибни Абдулбар 3/46, Мӯъҷам-ул-авсат-и Табаронӣ 2/328 р.2125, Маҷмаъ-уз-завоид 9/132, Мустадрак-и Ҳоким, 3/139 р.4643, Ансоб-ул-ашроф-и Билозарӣ с.113, Таърихи Ибни Асокир 42/285 то 288 ва с.374 (бо 14 санад), Тафсири Қуртубӣ 1/267. Қобили ёдоварист, ки санади Аҳмад ибни Ҳанбал саҳеҳ аст ва муҳаққиқи китобаш низ онро саҳеҳ дониста. Ва ҳамчунин исноди дуюми Тирмизӣ ва исноди Ибни Абдулбар ва Ҳоким низ саҳеҳ ҳастанд.

2. Саҳобии бузург Абӯзари Ғифорӣ мегӯяд: "Мо мунофиқонро ҷуз бо се аломат намешинохтем, ва он аломатҳо иборат ҳастанд аз: Худо ва паёмбар (с)-ро такзиб кунанд, дар намоз ширкат накунанд ва ин ки Алиро душман бидоранд”.

Ривояти номбурда дар манобеи зерин нақл шудааст:

Мустадрак-и Ҳоким ҷ.3 с.129, Риёз-ун-назра-и Табарӣ ҷ.3 с.163, Ҷомеъ-ул-кабир-и Суютӣ ҷ.6 с.390, Асно матолиб-и Ҷазарӣ, ки мегӯяд: "Ҳоким санади ин ҳадисро саҳеҳ донистааст”.

Пас, бо таваҷҷӯҳ ба ин ду ривоят ва ривоятҳои фаровони дигаре, ки дар онҳо ҳазрати Алӣ (к) меъёри шинохти мӯъмин аз ғайри он қарор гирифтааст, оё наметавон гуфт, ки аҳли суннат низ - агар пойбанд ба маорифи ворида дар бархе аз манобеи ривоияшон бошанд - дар мавриди бархе аз саҳобагон, хусусан касоне ки бо Алӣ ба душманӣ бархостаанд, дуруст мисли шиаён меандешидаанд?

Оре, аз ин нукта ҳам наметавон чашм пӯшид, ки ҷумҳури аҳли суннат Муовия ибни Абӯсуфёнро дар зумраи саҳобагони одил, ки мавриди эҳтиром ҳастанд дохил ва ҷангу набарди ӯ ва низ лаъну нафринаш мар ҳазрати Алӣ (к)-ро навъе иҷтиҳод аз ҷониби ӯ қаламдод мекунанд, ки агар хато карда як савоб бурда ва агар дуруст карда соҳиби ду подош шудааст.

Аммо бо вуҷуди ин, наметавон аз ривоёте ҳам, ки Муовияро мавриди накӯҳиш қарор додааст чашм пӯшид, ва ба осонӣ аз канори онҳо рад шуд.

Ба ҳар ҳол, ҳадди ақалли он чи дар заминаи дидгоҳи шиаён нисбат ба бархе аз саҳоба метавон гуфт ин аст, ки онҳо низ дар ин мавзӯъ навъе иҷтиҳод кардаанд, ки агар хато бошад, як подош, вагарна дорои ду аҷр хоҳанд буд, на ин ки бар сари ин мавзӯъ бо онҳо ба ҷанҷол пардозем.

2. Аҳли суннат ва Аҳли байти паёмбар (с)

Бархе аз шиаён чунин мепиндоранд, ки Аҳли байти паёмбар (с) дар назди аҳли суннат ҷойгоҳе надоранд, ва аз ин рӯ, алоқа ва муҳаббат ба Аҳли байтро хоссаи шиаён меангоранд, дар ҳоле ки воқеият ин аст, ки агар ба манобеъ ва масодири мӯътабари аҳли суннат муроҷеа кунем, хоҳем дид, ки ҷойгоҳи Аҳли байт дар назди пайравони аҳли тасаннун, камтар аз ҷойгоҳи эшон дар назди шиаён буда наметавонад, ва дар ин маврид ҳам, метавон гуфт, ки шиаву суннӣ тақрибан назаре воҳид доранд.

Инак, он чи дар мавриди Аҳли байти паёмбар (с) ва хусусан ҳазрати Алӣ (к) дар манобеи мӯътабари аҳли суннат ворид шудааст:

1. Язид ибни Ҳайён мегӯяд: "Ҳамроҳи Ҳусайн ибни Сабра ва Язид ибни Муслим ба назди Зайд ибни Арқам рафтем. Вақте нишастем, Ҳусайн гуфт: Эй Зайд! Ҳамоно хайри зиёдеро дидӣ, паёмбар (с)-ро дидӣ, ҳадисашро шунидӣ, ҳамроҳаш ҷиҳод кардӣ ва пушташ намоз хондӣ ва хулоса хайри зиёде дидӣ. Эй Зайд! Ба мо аз он чи аз паёмбар (с) шунидӣ ҳадис нақл кун. Зайд гуфт: Эй писари бародарам! Ҳамоно синну солам боло рафта ва маргам наздик шуда ва баъзе чизҳоеро, ки аз паёмбар (с) фаро гирифта будам фаромӯш кардам, бинобар ин ҳар ҳадисе, ки нақл кардам қабул кунед ва дар чизе, ки нагуфтам маро маҷбур накунед. Сипас гуфт: Рӯзе Паёмбар дар байни мо барои хондани хутба ва суханронӣ дар байни Макка ва Мадина дар сарзамини Ғадири Хум бархостанд. Он гоҳ Худоро ҳамду сано гуфтанд ва мавъиза карданд. Фармуданд: Эй мардум! Ман башар ҳастам ва наздик аст, ки фариштаи марг биёяд ва ман қабул кунам. Ман байни шумо ду чизи боарзиш мегузорам: аввалӣ, китоби Худост, ки дар он нур ва ҳидоят аст, пас, китоби Худоро бигиред ва бар он чанг бизанед. Хулоса, ба китоби Худо суфориш намуда ва баъд фармуд: Дуюмин чиз (баъд аз китоби Худо), Аҳли Байтам аст, шуморо дар мавриди Аҳли Байтам суфориш мекунам. Се мартаба ин суханро такрор фармуд”.

Ривояти мазкур дар ин манобеъ зикр шудааст:

Саҳеҳ-и Муслим 4/1873 р.2408, Муснад-и Аҳмад 4/366, Саҳеҳ-и Ибни Хузайма 4/62 р.2357, Сунан-и Доримӣ 2/524 р.3316, Мӯъҷамул-кабир-и Табаронӣ 5/182 р.5028, Сунан-и Насоӣ 5/51 р.8175.

2. Паёмбар (с) фармуданд: "Ҳар кӣ аз ман итоат кунад, ҳатман Худоро итоат карда ва ҳар кӣ аз ман итоат накунад, Худоро итоат накардааст. Ҳар кӣ аз Алӣ итоат кунад, ҳатман аз ман итоат карда ва ҳар ки Алиро нофармонӣ кунад, ҳатман маро нофармонӣ кардааст”.

Ин ҳадисро Абӯзар, Ҳузайфа, Ҳориса ибни Зайд ва Яъло ибни Марра ривоят кардаанд. Манобеи ривояти номбурда:

Мин ҳадиси Хайсама 1/72, Мӯъҷам-уш-шуюх-и Абӯбакри Исмоилӣ 1/485р134, Мустадрак-и Ҳоким 3/121-128 р.4617-4641, Таърихи Ибни Асокир 42/270. Ҳоким ва Заҳабӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд.

3. Паёмбар (с) фармуданд: "Эй Алӣ! Ҳар кӣ аз ман ҷудо шавад, аз Худо ҷудо шудааст, ва ҳар кӣ аз ту ҷудо шавад, дар ҳақиқат аз ман ҷудо шудааст”.

Ин ҳадис низ аз ҳазароти Абӯзар, Умар, Абӯҳурайра, Ибни Умар ва Бурайда дар ин масодир ривоят шудааст:

Мӯъҷам-ул-кабир-и Табаронӣ 12/496 р.13559, Таърихи кабир-и Бухорӣ 7/333, Мӯъҷам-ул-авсат 6/162 р.6085, Муснад-и Баззор 9/455 р.4066, Фазоил-ус-саҳоба-и Аҳмад 2/570 р.962, Мустадрак-и Ҳоким 3/124-146 р.4624-4703, Маҷмаъ-уз-завоид 9/128-135.

4. Паёмбар (с) фармуданд: "Ҳар кӣ бихоҳад ба Одам дар илмаш, ба Нӯҳ дар фаҳмаш, ба Иброҳим дар бурдборияш, (ба Яҳё дар зуҳдаш), ба Мӯсо дар азаматаш ва ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар зебоӣ ва ҳуснаш нигоҳ кунад, пас ба Алӣ ибни Абӯтолиб нигоҳ кунад.

Ин ҳадисро Ибни Аббос ва Абӯҳамроа дар масодири зерин ривоят кардаанд:

Риёз-ун-назра-и Табарӣ 2/217, Шарҳи Мақосид-и Тафтозонӣ 2/219, Таърихи Ибни Касир 7/392-393, Таърихи Ибни Асокир 42/280.

Аз машҳуртарин санади ин ҳадис, санади ҳадисест, ки Ёқути Ҳамавӣ дар "Мӯъҷам-ул-удабо” ривоят кардааст, ки ҳеҷ хадшае дар он вуҷуд надорад. Ва он санад иборат аст аз: Аҳмад ибни Ҳанбал, аз Абдураззоқ, аз Муаммар, аз Зуҳрӣ, аз Саид ибни Мусаййиб, аз Абӯҳурайра.

5. Паёмбари гиромии ислом (с) фармуданд: "Алӣ аз ман аст ва ман аз Алӣ. Алӣ баъд аз ман валӣ ва сарпарасти тамоми мӯъминон аст”.

Ин ҳадисро Имом Алӣ, Имом Ҳасан, Абӯзар, Ибни Аббос, Ҷобир, Абӯсаид, Ибни Масъуд, Бурайда, Абулайло, Барроъ, Имрон, Абдуллоҳ ибни Амр, Ваҳаб ибни Ҳамза, Ҳабашӣ ибни Ҷунода, Амр ибни Ос, Амр ибни Шос ва Ибни Умар ривоят кардаанд.

Манобеи ин ҳадис ба ин шарҳ аст:

Муснад-и Аҳмад 1/330 р.3062-3063 4/437 5/356 р.33062, Саҳеҳ-и Тирмизӣ 5/590 р.3712, Саҳеҳ-и Ибни Ҳаббон 15/373 р.6929, Мӯъҷам-ул-авсат 5/217 6/294, Сунан-и Насоӣ 5/45 р.8146-8453-8474, Хасоис-и Насоӣ р. 88-89, Муснад-и Абӯяъло 1/293 р.355-488, Мӯъҷам-ул-кабир 12/78 18/129 р.265, Мусаннаф-и Ибни Абӯшайба 6/373 р.32121 7/503 12/80 р.55-59-12170, Муснад-и Таёлусӣ 1/111-360 р.829-2752, Муснад-и Руёнӣ 1/125 р.119, Ал-оҳод ва ал-масонӣ 4/278 р.2298, Мустадрак 3/119-143 р.4578-4652, Исоба 3/604 4/468 р.5705 6/623 р.9163, Фатҳ-ул-борӣ 8/67, Ал-истиоб 2/470, Маҷмаъ-уз-завоид 9/128-129, Сияру аълом-ун-нубало 8/199, Фазоил-ус-саҳоба-и Аҳмад 2/605-620-649-688 р.1035-1060-1104-1175, Тафсири Саълабӣ зери ояти: "Анзир аширатака ал-ақрабин”, Таърихи Ибни Асокир 42/100-189-190-191-198-199 (бо даҳ санад). Таърихи Бағдод 4/338 р.2167 ва дигарон.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ривоёт, оё метавон гуфт, ки Аҳли байти паёмбар (с) ва хусусан ҳазрати Алӣ (к) дар назди аҳли суннат ҷойгоҳе надоранд? Пас, бад-ин тартиб, мебинем, ки дар мавриди Аҳли байти паёмбар (с) низ, шиаву суннӣ тақрибан назари воҳиде доранд, ва ҷои ҳеҷ гуна ҳаёҳу ва ҷанҷол надорад.

Дар поёни ин навиштор бароям боқӣ намемонад ҷуз ин ки даст ба дуо бардошта аз Худованди Маннон таманно намоям, ки миёни мусалмонон ба вижа шиаёну сунниҳо ваҳдату ҳамдилӣ эҷод ва ононро аз душманӣ ва кинатӯзӣ бо якдигар раҳо бахшад. Омин!

Кимёи саодат

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 1203 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 2
16.02.2010
2. Jovidon [Материал]
Badan mo yagon kinavu adovat nadorem.
Fakat az shumo inro xohish mekunem ki ashobi Rasullullohro (s.a.s) zeri tanqidu malomat karor nadihed va salom

16.02.2010
1. Jovidon [Материал]
yane ba in gapphoyat chi guftani hasted? hz Ali (r.a) az ABUBAKR(r.a) va Umar (r.a) bolotar va fazilattar meboshad???
kamtar insof kunen az ALLOH bitarsen va dar hakki Abubakr va Umar (r.a ajmain) hadisho ham monen.
Yak savol shumo fikr mekuned ki in kadar olimhoi buzurg az Tobein sar karda to hol misli shumo savod nadohstand ha???

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz