Панҷшанбе, 25.04.2024, 10:17
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 17 » Шакурӣ: “Таъвиқи сафари устодони тоҷик ба Эрон, бо руҳи муносиботи Теҳрон – Душанбе носозгор аст”
Шакурӣ: “Таъвиқи сафари устодони тоҷик ба Эрон, бо руҳи муносиботи Теҳрон – Душанбе носозгор аст”
21:38

Узви аршади Фарҳангистони забон ва адаби форсии Тоҷикистон, таъвиқи сафари устодони забон ва адабиёти форсии кишвари Тоҷикистон ба Эронро мухолифи руҳи пӯёи равобити Душанбе – Теҳрон донист.

Муҳаммадҷон Шакурӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс, бо ишора ба ин ки ҳеҷ фард ва гурӯҳе дар Тоҷикистон мухолифи тавсиъаи равобит бо Эрон нест, гуфт, ки муносиботи ду кишвар зинда ва пӯё аст.

Шакурӣ иқдомоти фарҳангии Эрон дар Тоҷикистонро муассир унвон кард ва хостори таъмиқи муровидоти илмӣ, адабӣ, пажӯҳишӣ ва омӯзишӣ байни ду кишвар шуд.

Ин донишманди тоҷик бо ишора ба интихоби Алиасғари Шеърдӯст ба унвони сафир, сеюмин соли мутаволӣ иқдомоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон чашмгиртар аз кишварҳои дигар арзёбӣ кард ва густариши равобит дар тамомии арсаҳоро дар ростои манофеъи ду кишвари ҳамзабон унвон кард.

Шакурӣ бо баёни ин ки дар Тоҷикистон ҳеҷ фард ё гурӯҳе мухолифи тавсиъаи равобити Теҳрон – Душанбе нест, мардуми ду кишварро пуштибони аслии пойдории равобити ду кишвар донист ва изҳор дошт: "Таърих, тамаддун, фарҳанг ва забони муштарак беш аз ҳар омили дигаре, заминаҳои ҳамкорӣ ва ҳамдилиро фароҳам кардааст”.

Ин устоди барҷастаи тоҷик, зимни тавсифи мусбат аз дурнамои муносиботи Тоҷикистон ва Эрон, хотирнишон кард: "Иншоаллоҳ бо талош ва иродаи қотеъе, ки давлатҳои ду кишвар доранд, дар оянда шоҳиди шукуфоӣ ва тавсиъаи ҳарчи бештари равобити дӯстона ва бародаронаи Душанбе ва Теҳрон бошем.

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 690 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz