Панҷшанбе, 25.04.2024, 12:50
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 30 » Сенориюҳои Миср; таъйини Умар Сулаймон кудатои сафеди Муборак
Сенориюҳои Миср; таъйини Умар Сулаймон кудатои сафеди Муборак
16:51

Як таҳилгари масоили Ховари Миёна таъйини Умар Сулаймон раиси дастгоҳи мухобароти (амнияти) Миср ба муовини аввали Муборакро кудатои сафед донист ва аз ҳимояти Ғарб барои рӯи кор овардани Муҳаммад Албародаӣ ба арсаи қудрат хабар дод.

Муҳаммад Содиқ бо ишора ба қиёми мардуми Миср алайҳи режими Ҳусни Муборак дар бораи сенориюҳои пеши рӯи ин кишвар гуфт: "Аввалин сенорию, ки ҳамакнун дар ҳоли иҷрост, интихоби сарлашкар Умар Сулаймон раиси мухобароти (амнияти) Миср ба унвони муовини аввали раиси ҷумҳури Миср аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Ҳусни Муборак ду писари худро аз Миср фирорӣ дода ва барои аввалин бор муовини аввал барои худ интихоб кардааст, метавон иҷрои ин сенориюро як навъ "кудатои сафед” маҳсуб кард.

Интихоби Умар Сулаймон кудатои сафеди Муборак алайҳи мардум

Содиқ афзуд: "Дар ҳақиқат ҳадафи Ҳусни Муборак аз иҷрои ин сенорию, сомондиҳӣ ба хонадон ва ҳизби ҳоким бар Миср ва ҷилавгирӣ аз таҳаққуқи аҳдофи қиёми мардуми ин кишвар аст”.

Ҳадаф аз таъйини Аҳмад Шафиқ

Ин коршиноси масоили сиёсии Ховари Миёна афзуд: "Дуюмин гоме, ки Ҳусни Муборак дар иҷрои кудатои сафед бардошт, таъйини сарлашкар Аҳмад Шафиқ ба унвони нахуствазири ҷадиди Миср аст. Аҳмад Шафиқ аз дӯстони қадимии Ҳусни Муборак ва аз миллигароёни артиш аст. Ҳадафи раиси ҷумҳуи Миср аз интихоби Аҳмад Шафиқ, ҷазби миллигароён ба низоми ҳоким бар ин кишвар аст”.

Сенориюи Кохи Сафед, рӯи кор овардани вазири дифоъи Миср ба қудрат

Содиқ дар бораи дуюмин сенориюи пеши рӯи Миср гуфт: "Дар ин сенорию, Амрико мекӯшад Муҳаммад Ҳусайн Тантовӣ вазири дифоъ ва раиси ситоди муштараки артиши Мисрро, ки ба тозагӣ ба таври маҳрамона ба Вошингтун сафар кард, бар ҳирами қудрат бирасонад. Ҳадафи Кохи Сафед аз интихоби ин гузина, ҷилавгирӣ аз таҳаввулоти сареъ ва ғайри мутараққабае аст, ки дар асари қиёми миллати Миср мумкин аст ба вуҷуд ояд ва қарордодҳое ҳамчун "Қарордоди Капм Девид” (қарордоди сулҳ бо Исроил) ба хатар биафтад”.

Сенориюи суъуди гурӯҳи Албародаӣ ба қудрат

Ин коршиноси масоили Ховари Миёна, сеюмин сенориюи пеши рӯи Мисрро ба қудрат расидани гурӯҳи Муҳаммад Албародаӣ ва миллигароҳо донист ва гуфт: "Ин гурӯҳ аз мавзеъгириҳои Кохи Сафед дар қиболи авзоъи дохилии Миср нороҳат ҳастанд ва ҳамчунин ихтилофоти ҷиддӣ бо режими Ҳусни Муборак доранд. Ин гурӯҳ мӯътақид аст, ки қонуни асосии кишвар бояд тағйир кунад ва Ҳусни Муборак набояд номзади интихоби риёсати ҷумҳурии ояндаи Миср шавад. Бинобар ин, гурӯҳи мазбур барои расидан ба хостаҳояш сарсахтона вориди мубориза шудааст”.

Авзоъи Миср ғайри қобили кунтрул аст

Вай бо баёни ин ки мардуми Миср ба муборизоти худ идома медиҳанд то ба хостаҳои худ даст ёбанд, гуфт: "Иҷрои сенориюи аввал ва идома ёфтани тазоҳурот дар Миср, нишонаи тазалзули режими Муборак аст ва ба назар мерасад авзои ин кишвар қобили кунтрул нест ва ин қиём низоми ҳоким бар Мисрро дарҳам хоҳад шикаст ва акнун мисриён дар хиёбонҳо алайҳи Умар Сулаймон шиор медиҳанд ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки артиши Миср тавон ва руҳияи муқобила бо мардумро надорад, бинобар ин, ба назар мерасад, ки сенориюҳои аввал ва дуюм бо шикаст мувоҷеҳ шавад ва гузинаи сеюм дар як прусаи замонии дарозмуддате имкони иҷроӣ шудани бештаре дошта бошад”.

Иттифоқи назари гурӯҳҳои сиёсии Миср барои сарнагунии Муборак

Ин коршиноси масоили Ховари Миёна тасреҳ кард: "Акнун тамоми гурӯҳҳои сиёсии Миср бар ин нукта иттифоқи назар доранд, ки Ҳусни Муборак ва тамоми вобастагон ба ӯ бояд аз қудрат канор бираванд. Дар Қонуни Асосӣ бояд як бознигарии куллӣ ва решаӣ анҷом шавад. Чаро ки ин қонун ба нафъи ҳизби ҳоким аст ва ба дигар гурӯҳҳо иҷозаи суъуд ба ҳирами қудрат намедиҳад”.

Ҳимояти Ғарб аз иҷрои сенориюи сеюм ва рӯи кор овардани Албародаӣ

Вай дар посух ба ин суол, ки чунончи Ҳусни Муборак аз қудрат барканор шуд ва Қонуни Асосӣ тағйир кард, давлати ояндаи Миср як давлати фарогир бо мушорикати тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ хоҳад буд, гуфт: "Ин ҳамон сенориюи сеюм аст, ки Албародаӣ ду дунболи он аст. Ин сенорию аз ҳимояти бархе кишварҳои урупоӣ ва баъзе аз сиёсатмадорони амрикоӣ бархӯрдор аст. Ҳомиёни мазбур мӯътақиданд иҷрои ин сенорию барои манофеи дарозмуддати Амрико ва Ғарб муносиб аст”.

Ба ақидаи Содиқ, бо таваҷҷӯҳ ба маҷмӯи авомили таъсиргузор дар таҳаввулоти Миср ва ҷаҳони араб, ба назар мерасад сенориюи сеюм имкони иҷроӣ шудани бештареро дорад. Чаро ки фарде ҳамчун Албародаӣ дар ҷомеаи мисрӣ аз мақбулияти мардумӣ бархӯрдор аст ва хоҳони қатъи робита бо Ғарб нест.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 557 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz