Панҷшанбе, 25.04.2024, 02:37
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 17 » Сенарияи Тунис дар кишварҳои арабии дигар ҳам такрор мешавад
Сенарияи Тунис дар кишварҳои арабии дигар ҳам такрор мешавад
21:37

Як пойгоҳи хабарии арабӣ эълом кард, бар асоси назарсанҷии ҷадиди ин пойгоҳ, беш аз 80 дар сади мардуми минтақа мӯътақиданд, сенарияе, ки дар Тунис амалӣ шуд, дар дигар кишварҳои арабӣ низ рӯй хоҳад дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Аннасиҷ, назарсанҷии ҷадиде, ки бо мавзӯъи таҳаввулоти Тунис ва фирори раиси ҷумҳури ин кишвар ба Арабистон анҷом шуд, нишон дод, ки бештари мардуми минтақа мӯътақиданд, ки иттифоқе, ки дар Тунис рӯй дод, барои кишварҳои дигари арабӣ низ рӯй хоҳад дод.

Аннасиҷ бар асоси ин назарсанҷӣ ин суолро матраҳ кард, ки "Оё сенарияи Тунис дар кишварҳои дигари арабӣ рӯй хоҳад дод?”, ки беш аз 80 дар сад посухи мусбат ба ин савол доданд.

Бар асоси ин гузориш, 80/83 дар сад посухи мусбат, 15/42 дар сад посухи манфӣ ва 3/75 дар сад низ эълом карданд, ки дар ин хусус иттилоъе надоранд.

Бомдоди рӯзи шанбе (15.01.2011) Зайнулобидин бин Алӣ раиси ҷумҳури Тунис пас аз чаҳор ҳафта нооромӣ дар ин кишвар ва ташдиди эътирозоти мардумӣ ба вазъияти иқтисодӣ ва кушта шудани даҳҳо нафар, фирор кард ва ба Арабистони Саудӣ паноҳ бурд ва дар идома, раиси порлумони ин кишвар тибқи қонуни асосӣ қудратро ба даст гирифт.

Сунамии мардумии Тунис дар баробари фасоди хонадони ҳоким

Фасоди ҳоким бар аксари дастгоҳҳои давлатӣ тайи даврони ҳокимияти Зайнулобидин бин Алӣ бар Тунис ва ба даст гирифтани гирифтани сарнавишти миллат, ғорат ва чаповули сарвати кишвар тавассути хонаводаҳои ҳоким, саранҷом мӯҷиби суқути вай аз қудрат шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алҷазира, эътирозоти мардумӣ, ки ҳафтаҳои гузашта Тунис шоҳиди он буд ва нахустин қадамҳои он аз Сайди Бузайд, яке аз 24 иёлатҳои Тунис ва дар эътироз ба бархе масоил ва қазоёи иқтисодӣ бардошта шуд, аз ҷумла фасоди ҳоким бар аксари дастгоҳҳои давлатӣ тайи даврони ҳокимияти Зайнулобидин бин Алӣ бар Тунис ва ба даст гирифтани сарнавишти миллат, ғорату чаповули сарвати кишвар тавассути хонаводаҳои ангуштшумор, саранҷом мӯҷиби суқути Бин Алӣ шуд.

Фасоди хонадони ҳукуматӣ – суқути Бин Алӣ

Ҳангоме ки парвандаҳои фасод дар Тунис варақ зада мешаванд, коршиносон бетардид ба суроғи хонаводаҳои маъруфе чун хонаводаи Аттуроблусӣ хоҳанд рафт, ки хонаводаи Лайло Троблусӣ ҳамсари Бин Алиро дарбар мегирад, ба гунае ки дар фасод ва тамаъварзӣ монанде барои онҳо наметавон ёфт, пас аз он бояд аз хонаводаҳое чун Алмотирӣ ва Шейбуб ёд кард, ки бо ба қудрат расидани Бин Алӣ бар иқтисоди Тунис истило ёфта ва онро дар қабзаи худ гирифтанд.

Сиёсат ва иқтисоди Тунис дар қабзаи ду хонадони пурнуфуз

Дар баробари ташдиди назорати дохилӣ бар аксари расонаҳо ва набуди ҳар гуна бозхост ва назорат бар режиме, ки намодҳои муориз ва мухолифро саркӯб ва қалъу қамъ карда буд, ба шакли хоссе дар пойтахтҳои аврупоӣ китобҳое ба риштаи таҳрир даромаданд, ки ба нуфузи бисёр васеъ ва густардаи ду хонаводаи Троблусӣ ва Алмотирӣ дар ду буъди сиёсӣ ва иқтисодӣ ва истилои онҳо бар манофеъи иқтисодии Тунис пардохтанд.

Бастагони ҳамсари Бин Алӣ дар мақомҳои мамлакатӣ

Дар ин замин бояд ба китобе таҳти унвони Ҳокими Қартоҷ ишора кард, ки тавассути ду нависанда ва рӯзноманигор ба номҳои Никуло Бу ва Катрин Грасия ба риштаи таҳрир даромаданд.

Бу ва Грасия дар ин китоб ба дахолат ва нуфузи густардаи Лайло Троблусӣ дар умури Тунис мепардозанд, ки аз ҷумлаи ин дахолатҳо бояд ба интисоби бастагони Лайло дар мақомҳои ҳассоси мамлакатӣ ишора кард.

Ин китоб таъкид мекунад: "Ҳамсари Зайнулобидин нақшҳои сиёсии бисёр ҳассос ва муҳиммеро дар ин кишвар ифо менамуд, ки раҳоварди он истилои беш аз ҳадди хонадони Троблусӣ бар сарватҳои Тунис ва нуфузи фазояндаи иқтисодии онҳо дар кишвар буд”.

Сонсури нуфузи афроди хонаводаи Бин Алӣ дар расонаҳои ғарбӣ

Катрин Грасия дар ин бора мегӯяд: "Расонаҳои ғарбӣ ҳақоиқи мавҷуд дар заминаи нуфузи густардаи афроди хонадони Бин Алӣ ва афроди наздики вай дар ду заминаи иқтисодӣ ва сиёсиро мунташир намекунанд ва аз ҳамин ҷо буд, ки идеяи нигориши ин китоб барои ошкор сохтани ҳақоиқи режими Бин Алӣ шакл гирифт”.

Фасоди решадор дар ҳукумати ҳоким

Грисия меафзояд: "Барои ба даст овардани манобеъи тунисӣ бо мушкилоти бисёре рӯбарӯ будем, бахусус ин ки касоне ки иттилооти лозим ва мавриди ниёзро дар ихтиёри мо қарор медоданд, дар маърази анвоъу ақсоми фишорҳо қарор доштанд, аммо ҳангоме ки бар он манобеъ даст ёфтем, фаҳмидем, ки режими Бин Алӣ бо ҳаҷме аз фасод мувоҷеҳ аст”.

Шахсиятҳои фаронсавӣ дар фасоди режими ҳоким даст доштанд

Вай дар мавриди сукути ҷаҳони Ғарб ба таври ом ва давлати Фаронса ба таври хос, дар баробари фасоди ҳоким бар режими Бин Алӣ таъкид кард, ки далоили зиёде дар ин сукут дахил буданд, аз ҷумла ин ки бисёре аз шахсиятҳои фаронсавӣ худ дар ин фасод дахил буда ва дар он манофеъи қобили таваҷҷӯҳе доштанд.

Саркӯби исломгароҳо иллати ҳимояти Ғарб аз Бин Алӣ

Грасия дар мавриди далоили сиёсии ризояти ҷаҳони Ғарб аз режими Бин Алӣ ва диктотурии вай дар Тунис таъкид мекунад: "Муҳимтарин далел дар ин заминаро бояд дар муваффақияти Бин Алӣ дар саркӯби ҷунбишҳои исломӣ мулоҳиза кард, ки ҳамвора дар тӯли даврони ҳокимияти Зайнулобидин бар Тунис хатаре алайҳи диктотурии вай ба шумор меомаданд”.

Ин дар ҳолест, ки сайти Викиликс дар асноди ахири мунташираи худ, дар бораи режими Бин Алӣ дар Тунис таъкид мекунад, ҳокимияти хонадони Бин Алӣ бар Тунис бештар шабеҳи ҳокимияти мафия бар ин кишвар аст.

Ин аснод таъкид мекунад: "Хонадони ҳамсари Бин Алӣ дар парвандаҳои фасоде чун истило бар амлоки дигарон ва тамлики ширкатҳое, ки даромадҳои машкуке доранд ва тамлики ширкатҳои афроди саршиноси Тунис даст доштаанд”.

Мӯшикофии завоёи авомили пушти пардаи сарвати миллии Тунис

Аммо имрӯз ва пас аз фирори Зайнулобидин Бин Алӣ аз Тунис, афроди бештареро метавон ёфт, ки таваҷҷӯҳи бештаре ба мавзӯъи фасод дар дастогоҳи ҳоким бар Тунис кардаанд ва ин мазӯъест, ки воқеан ҷои тааммул ва кор дорад то беш аз пеш мушаххас шавад чӣ касоне амвол ва сарватҳои миллии Тунисро ғорату чаповул карда ва ба яғмо бурдаанд.

Фармондеҳи горди раёсати ҷумҳурии Тунис тавассути нерӯҳои мардумӣ дастгир шуд

Шабакаи Алҷазира дар хабаре эълом кард, ки нерӯҳои мардумӣ ва артиш дар Тунис фармондеҳи горди раёсати ҷумҳурии собиқи Тунисро дастгир карданд.

Шабакаи Алҷазира дар хабаре эълом кард, ки аносири вобаста ба ҳукумати Зайнулобидин бин Алӣ  дар дохили сохтмони марказии ҳизби ҳоким дар ин кишвар ҷамъ шудаанд.

Аз сӯи дигар, шабакаи Аларабия низ бо ишора ба ин хабар, эълом кард, ки артиш сохтмони ҳизби ҳокимро ба муҳосира даровардааст.

Алҷазира дар идома эълом кард, даргирӣ байни нерӯҳои амниятии режими собиқ ва нерӯҳои артиш дар атрофи сохтмони ҳизб шиддат гирифтааст ва нерӯҳои артиш Салим Шибуб домоди раиси ҷумҳури махлуъи Тунис ва аз мақомоти амниятии аршади Тунисро дастгир карданд.

Ин шабака ба нақл аз манобеъи огоҳ, эълом кард, нерӯҳои мардумӣ Алии Суриёнӣ, фармондеҳи горди раёсати ҷумҳуриро дастгир карданд.

Ҳамчунин шабакаи Алҷазира низ дар хабаре эълом кард, ки артиш 50 фарди мусаллаҳро дар шаҳри Қасрин дастгир кардааст.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 1189 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz