Сешанбе, 19.03.2024, 07:06
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 17 » Сайидумар Ҳусайнӣ: “Душанбе бояд дар сиёсати хориҷии худ таҷдиди назар кунад”
Сайидумар Ҳусайнӣ: “Душанбе бояд дар сиёсати хориҷии худ таҷдиди назар кунад”
22:35

Узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо баёни ин ки ҳанӯз гурӯҳҳо ва афроде дар кишвар ҳастанд, ки мухолифи густариши муносиботи Душанбе бо Теҳрон мебошанд, таъкид кард, манофеъи Тоҷикистон танҳо аз тариқи ҳамкорӣ бо кишварҳои исломӣ таъмин мешавад.

Сайидумар Ҳусайнӣ узви Маҷлиси намояндагон, дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузории Форс, бо ишора ба ин ки ҳеҷ кишвари абарқудрате хостори пешрафти Тоҷикистон нест, хотирнишон кард: "Душанбе бояд дар сиёсати хориҷии худ таҷдиди назар кунад”.

Ҳусайнӣ афзуд: "Кишварҳои мусалмон ба ҳеҷ ваҷҳ ба хотири тақвияти ҳузур ва таъмини манофеъи худ дар Тоҷикистон талош намекунанд, балки танҳо ба далели ҳамдин будан ва табдили ин кишвар ба сарзамине пешрафта бо мо ҳамкорӣ мекунанд”.

Муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, бо ишора ба тасаннуъӣ будани мушкили таъвиқи сафари устодони хатту забони форсӣ ба Эрон, ки тавассути Вазорати маориф эҷод шуд, хотирнишон кард: "Дар ҳоле ки сарони 2 кишвари Эрон ва Тоҷикистон барои тақвияти равобити дуҷониба дар тамомии заминаҳо талош мекунанд, эҷоди чунин мушкиле тавассути як ниҳоди давлатӣ боиси нигаронӣ ва ғайри қобили таҳаммул аст”.

Ҳусайнӣ ҳамчунин бо баёни ин ки ҳар касе ки андаке нисбат ба арзишҳои миллӣ ва торихӣ дилсӯзӣ дошта бошад, шунидани ин хабар ӯро нигарон мекунад, тасреҳ кард: "Дар ин қазия касоне ки мухолифи муровидоти ду миллатанд, дахил ҳастанд”.

Вай изофа кард: "Вазорати маорифи Тоҷикистон далели таъвиқи ин сафарро адами ҳамоҳангии ин масъала бо давлат унвон кардааст ва ҳол он ки пеш аз он ҳамоҳангиҳои лозим дар сатҳи мақомоти олирутбаи Вазорати омӯзишу парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Вазорати маорифи Тоҷикистон анҷом шуда буд”.

Сайидумар Ҳусайнӣ дар идома афзуд: "Агарчи Вазорати маорифи Тоҷикистон эълом кардааст, ки фарди муқассир дар ин қазияро аз симати худ барканор кардааст, вале ин бештар ба як бозии сиёсӣ шабеҳ аст”.

Вай дар бахши дигаре аз ин гуфтугӯ унвон кард: "Миллати Тоҷикистон солҳо мунтазири фаро расидани чунин фурсате буд, ки муҷаддадан ба асли хеш бозгардад то бо ториху фарҳанги аҷдоди худ ошноии бештаре пайдо кунад, аммо мутаасссифона ҳанӯз ҳам афроде дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бо ин ҳадафи бузург мухолифанд”.

Муовини Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси намояндагон дар поён ибрози умедворӣ кард, ки давлати Тоҷикистон ва ниҳодҳои таъсиргузор, иқдомоти лозимро барои рафъи мавонеъи мавҷуд дар таҳкими муносиботи дуҷониба байни Душанбе ва Теҳрон анҷом диҳанд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҳадиси рӯз | Просмотров: 895 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz