Ҷумъа, 26.04.2024, 07:26
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 17 » Reuters ба нақл аз як женероли исроилӣ: “Тавони шикаст додани Ҳизбуллоҳро надорем”
Reuters ба нақл аз як женероли исроилӣ: “Тавони шикаст додани Ҳизбуллоҳро надорем”
20:55

Мушовири собиқи амнияти дохилии режими саҳюнистӣ изъон кард, ки ин режим тавони шикаст додани Ҳизбуллоҳро надорад ва дар сурати бурузи ҷанги дигаре, хасоратҳои зиёде ба ҷабҳаи дохилии "Исроил” ворид мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Геуро Илонд рӯзи гузшта (16.12.2010) дар суханоне бо ишора ба афзоиши рузафзуни қудрати Ҳизбуллоҳи Лубнон, эътироф кард, ки "Исроил” тавони шикаст додани Ҳизбуллоҳ дар рӯёрӯии мустақимро надорад.

Reuters менависад: "Бар хилофи бартарии ададии "Исроил” аз лиҳози таҷҳизот ва нерӯ, Ҳизбуллоҳи Лубнон муваффақ шуд дар ҷанги соли 2006 "Ироил”-ро мутаваққиф кунад ва беш аз 4000 мушак ба "Ироил” партоб кард. Ҳизбуллоҳ аз пойгоҳи сиёсии қавие дар Лубнон бархӯрдор аст ва пас аз ҷанг тавонист пуштибонии низомии худро, ки таҳдиде барои "Исроил” ба шумор меравад, тақвият кунад”.

Reuters идома медиҳад: "Женероли собиқи исроилӣ Геуро Илонд, ки пеш аз ин мушовири амниятии Ариэл Шорун ва Эҳуд Олмерт нахуствазирони собиқи "Исроил” буд, таъкид кард, "Исроил намедонад Ҳизбуллоҳро чӣ гуна шикаст бидиҳад”.

Ӯ бо ибрози нигаронии шадиди худ аз қудрати Ҳизбуллоҳ ба радиои режими саҳюнистӣ гуфт: "Бурузи ҳар гуна ҷанге миёни "Исроил” ва Ҳизбуллоҳ, шояд ба Ҳизбуллоҳ заработе ворид кунад, аммо Ҳизбуллоҳ низ хасоратҳои зиёде, ки бисёр шадидтар аз чаҳор сол пеш (ҷанги 33 рӯза) хоҳад буд, ба ҷабҳаи дохилии "Исроил” ворид хоҳад кард”.

Бинобар ин гузориш, ин женероли исроилӣ танҳо роҳи мумониат аз вуқӯи даргирии эҳтимолиро халқи фазои равонии боздоранда барои Ҳизбуллоҳ хонд ва муддаӣ шуд, ки бояд барои мумониат аз бурузи чунин ҷанге, ин масъала ҷо андохта шавад, ки ҳар ҷанги эҳтимолии оянда кишвари Лубнонро нобуд хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Сайидҳасан Нусруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар суханронии худ ба муносибати Ошӯро тасреҳ кард, ки тамоми таҳдидҳои режими саҳюнистӣ, фазосозии равонии шикастхӯрда аст.

The New York Times: "Иқтидори Ҳизбуллоҳ бесобиқа аст”

Аз сӯи дигар, як рӯзномаи амрикоӣ, иқтидори кунунии Ҳизбуллоҳи Лубнонро бесобиқа донист ва бо ишора ба маҳбубияти дабири кулли ин ҳизб, аз Амрико хост ба бозии шатранҷи худ бидуни доштани мӯҳраҳои кофӣ поён диҳад.

Рӯзномаи амрикоии The New York Times дар мақолае ба қалами Роҷер Куҳен (Roger Cohen) бо унвони "Таваҳҳумоти Амрико дар Лубнон”, аз Вашингтон хост то аз Ҳизбуллоҳ дурӣ кунад.

Ин рӯзнома Кохи Сафедро ба бозии шатранҷ дар Ховари Миёна бидуни доштани мӯҳраҳои кофӣ айбдор донист ва навишт, ки ин мавзӯъ иқдомест, ки қадами аввали шикаст хоҳад буд.

Куҳен бо ишора ба тарҳи Кондолизо Ройс, вазири хориҷаи собиқи Амрико дар мавриди "Таваллуди Ховари Миёнаи ҷадид” навишт, ки он чи алъон дар Лубнон рух дода, комилан баръакси чизе аст, ки Ройс мегӯяд. Лубнон акнун ду артиши қудратманд дорад ва давлате бо номи ваҳдати миллӣ дорад, ки бениҳоят шикофпазир аст, илова бар ин як бомби соатӣ ба номи додгоҳи Ҳарирӣ низ дар ин кишвар вуҷуд дорад.

Нависандаи ин мақола меафзояд, ки Ройс мехост бигӯяд, ки ҳамлаи "Исроил” ба Лубнон дар соли 2006 метавонад базри таваллуди Ховари Миёнаи ҷадидеро бипошад ва ин минтақаро бар асоси манофеи Амрико аз гурӯҳҳое назири Ҳизбуллоҳ холӣ кунад, аммо бар хилофи интизор, акнун Ҳизбуллоҳ ба қудрати бесобиқае даст ёфтааст ва артиши он аз артиши Лубнон низ қавитар шудааст. Ин ҳизб дар давлат низ нақши ғайри қобили инкоре дорад ва ҳаққи эътироз дар раванди ҳаракати давлати Лубнонро низ дорад.

Ин рӯзнома дар идома ба қудрати раҳбарии ин ҳизб ишора карда ва навишт: "Иллова бар инҳо, Сайидҳасан Насруллоҳ дабири кулли ин ҳизб ҳамвора маҳбубияташ дар байни мардум афзоиш пайдо мекунад ва ба яке аз чеҳраҳои ифтихоромези араб табдил шудааст. Ноҳияи ҷанубии Бейрут ва мақарри истиқрори Ҳизбуллоҳ низ, ки дар соли 2006 ва дар ҳамлаи "Ирсоил” ба Лубнон ба куллӣ тахриб шуда буд, алъон мамлув аз бозсозиҳо ва тиҷорат аст ва ин дар ҳолест, ки амрикоиҳо ҳамчунон дар хоб ба сар мебаранд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 509 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz