Чоршанбе, 24.04.2024, 16:17
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июл » 30 » Пурсишҳои динӣ
Пурсишҳои динӣ
13:45

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Баъзе пурсишҳо ва суолҳои динӣ воҷиб аст ва ҷавоб додан ба онҳо ҳам воҷиб аст, ва аммо баъзе аз суолҳо бо ин ки унвони динӣ дорад ҳаром аст, ҷавобгӯйӣ ва вақт талаф кардан барои ҷавобгӯйӣ ба онҳо низ ҳамин ҳукмро дорад. Вазифаи динӣ эҷоб мекунад сукут ва тарки суол ва таваҷҷӯҳ ба он масоилро.

Дар Қуръони Карим дар баъзе оятҳо ба таври сареҳ дастур медиҳад, ки чизҳоеро, ки намедонед, аз онҳо ки медонед бипурсед: "Аз доноён бипурсед агар намедонед”. (Наҳл/43).

Дар баъзе оятҳои дигар, аз баъзе суолот бо ин ки унвони динӣ дорад наҳй мекунад, мефармояд: "Эй касоне ки имон овардаед! Аз чизҳое мапурсед, ки агар барои шумо ошкор шавад, шуморо бад ояд ва андӯҳгин кунад, ва агар (ба исрор) аз онҳо бипурсед, он гоҳ ки Қуръон фуруд меояд, барои шумо ошкор мегардад (ва аз ӯҳдаи он берун натавонед омад), Худованд аз онҳо (пурсишҳои беҷо) даргузашт ва Худо омурзгор ва бурдбор аст. Ҳамоно гурӯҳе пеш аз шумо аз онҳо (он гуна чизҳо) пурсиш карданд, сипас (ҳамин ки посух шуниданд), бад-он кофир гаштанд”. (Моида/101).

Ғаризаи пурсиш

Ғаризаи пурсиш яке аз ғаризаҳои аввалияи башарӣ аст ва намунаи рушду эътилои дастгоҳи фикру андеша аст. Ҳолати пурсишу суол вақте дар зеҳн нисбат ба матлабе пайдо мешавад, ки зеҳн дар бораи он матлаб дучори шакку тардид шуда бошад, ва ба таври куллӣ, шак ҳокӣ аз навъе рушду эътило аст. Ҳайвон шак намекунад, на аз он ҷиҳат, ки ба марҳилаи болотар аз шак яъне яқин расидааст, балки дар марҳилаи дуни (пойини) шак аст. Бисёре аз инсонҳо дар марҳилаи дуни шакканд, на дар марҳилаи фавқи шак. Тифл аз ҳудуди се солагӣ ва гоҳе камтар, шурӯъ мекунад ба суол ва пурсиш аз падару модар ва парастор дар бораи умуре, ки давру бараш ҳастанд ва назарашро ҷалб мекунанд, пайваста мепурсад, ки ин чист ва он чист? Фалон чиз барои чист? Ва амсоли инҳо. Равоншиносон се солагиро синни пурсиш ном додаанд. Яке аз масоили тарбиятӣ, кайфияти мувоҷеҳаи падару модар ва соири мураббиён аст дар баробари суолоти атфол. Албатта набояд ҷилави ин ғаризаро гирифт ва мумонаат кард ва ҳам набояд ба онҳо дурӯғ гуфт, бояд дар ҳудуди фаҳми худи онҳо, онҳоро роҳнамоӣ кард.

Айни ин иборат дар посухи пурсишҳои солмандон низ ҳаст. Онҳоро низ набояд бо хушунат ва фузулӣ накун сокит кард, бо ин тафовут, ки солмандонро метавон роҳнамоӣ кард, ки аз тарҳи баъзе пурсишҳо худдорӣ кунад бар хилофи кӯдак.

Суол, аз ҷаҳле омехта бо илм, нодоние омехта бо дониш пайдо мешавад, яъне як маҷҳул дар баробари башар худнамоӣ мекунад, аз тарафе он маҷҳулро намедонад, ва аз тарафи дигар мефаҳмад, ки маҷҳуле дорад, яъне ба ҷаҳли худ пай бурдааст, бинобар ин суол мекунад. Агар он маҷҳул барояш маълум бошад, суол намекунад, ва агар ҳам он маҷҳул воқеан барояш маҷҳул бошад, аммо худаш илтифот ба ҷаҳл ва бехабарии худ надошта бошад, боз дар садади ҷустуҷӯ ва таҳқиқ барнамеояд. Пас инсон вақте дар садади таҳқиқ ва ҷустуҷӯ ва пурсиш бармеояд, ки надонад, аммо бидонад, ки намедонад. Ин аст, ки донишмандон гуфтаанд, бузургтарин имтиёзи инсон нисбат ба соири ҷондорон он аст, ки ҷаҳли ӯ ҷаҳли басит (сода) аст, яъне ба ҷаҳли худ метавонад илм ва таваҷҷӯҳ дошта бошад ва бидонад, ки намедонад, ва дар натиҷа дар садади суол ва ҷустуҷӯ ва таҳқиқ барояд. Бар хилофи ҳайвонҳо, ки ҷаҳли онҳо ҷаҳли мураккаб аст, яъне ҳар чиро намедонанд, қаҳран дар садади таҳқиқ барнамеоянд ва наметавонанд бароянд.

Пурсиш, калиди дониш аст

Пурсиш, калиди дониш аст. Дар кутуби ҳадис омада, ки Имом Боқир (а) фармуд: "Калиди дониш, пурсиш аст”. Баъд Имом шеъреро (ба арабӣ) иншо кард, ки маънояш ин аст:

Шифои кӯр (-и ботинӣ) ин аст, ки одамӣ ҳамвора чизеро, ки намедонад, хиҷолат накашад ва бипурсад ва мунтаҳои кӯр (-и ботинӣ) ин аст, ки одамӣ ҳақиқатеро надонад ва ба мулоҳазоте сукут кунад ва напурсад ва ба ҷаҳолат боқӣ бимонад.

Вазифаи як муҳаққиқ, ковиш ва таҳқиқ аст, ва вазифаи як мубтадӣ ва шогирд ва донишҷӯ ин аст, ки мушкилоти худро аз он кас, ки таҳқиқ карда бипурсад. Як донишҷӯ дар мушкилоте, ки дучор мешавад, роҳе надорад ҷуз он ки аз устод ва муаллими худ кӯмак бигирад ва роҳнамоӣ бихоҳад. Як бемор ба пизишк муроҷеа мекунад ва аз ӯ роҳнамоӣ мехоҳад.

Пурсиш аз чӣ?

Дар ин ҷо ин нукта бояд гуфта шавад: суол ва пурсиш дар айни ин ки хуб аст ва мазҳари рушду камоли инсон аст, муқаддимаи чизи дигар аст: ё муқаддимаи таҳқиқ аст, ё муқаддимаи амал. Баъзе ашхос дар садади таҳқиқи як мавзӯи илмӣ ё таърихӣ ё динӣ ҳастанд, ночор бояд дар садади пурсиш бароянд ва аз ашхосе, ки иттилое дар он замина доранд, матолибе суол кунанд. Суолоти як донишҷӯ, ки дар садади ёд гирифтан аст, аз ин қабил аст. Ва гоҳе иллати пурсиш ин аст, ки мехоҳад роҳи як амалро ёд бигирад, монанди суолоте, ки як бемор аз пизишк мекунад ва дастуруламалҳое мегирад, ва ҳамчунин аст мушкилоте, ки беморони руҳӣ бо равони пизишкон ё муаллимони ахлоқ ба миён мегузоранд.

Агар суол ва пурсиш муқаддимаи таҳқиқи илмӣ ё равиши илмӣ набошад, танҳо маҷҳул будани як чиз кофӣ ва муҷаввиз нест, ки инсон вақти худ ва дигареро ба пурсиш дар бораи ӯ бигузорад, зеро маҷҳулоти башар бениҳоят аст. Ба қавли яке аз донишмандон, аз аввале, ки башар рушд ва тамоюз пайдо мекунад, як силсила аломати истифҳом ба даври худ меёбад ва рӯз ба рӯз бар адади онҳо афзуда мешавад, агар муваффақ ба ҷавоби яке аз онҳо мешавад, даҳ тои дигар дар баробараш худнамоӣ мекунад. Иллати ин ки уламои воқеӣ ва касоне ки бӯе аз дониш бурдаанд, муваффақ ба кашфи маҷҳулоте бишаванд, адади бештаре аз маҷҳулот дар баробарашон намоён мешавад. Охирин ҳадди илми як олим ин аст, ки иқрор мекунад ба нодонии худаш:

То бад-он ҷо расид дониши ман,

ки бидонам ҳаме, ки нодонам.

Пас агар инсон бихоҳад аз ҳама чиз бипурсад, ба ҷое намерасад, бояд суолоти инсон мутаваҷҷеҳи масоили лозим ва зарурӣ ва муфид бошад: ё аз ҳайси илм, ё аз ҳайси амал.

Ифроту тафрит дар пурсишҳо

Ин матлаб, ки дониста шуд, маълум мешавад, ки мардум аз назари суолу пурсиш гоҳе дар ҳадди ифрот ва гоҳе дар ҳадди тафританд. Гоҳе ашхосе пайдо мешаванд, ки корашон суол кардан аст, хусусан дар атрофи масоил ва мавзӯоти динӣ. Ба хаёли худ мехоҳанд аз камму кайфу хусусиёти ҳама чиз сар дароваранд, ғофил аз ин ки башар ҳаргиз ҳамчу иддаое нисбат ба ҳамин маҳсусоту машҳудоти табиат наметавонад дошта бошад, то чӣ расад нисбат ба дин, ки аз воқее мофавқи табиат сарчашма гирифтааст.

Ва баъзе дар ҳоли тафританд, як ҳолати рухувват ва сустӣ дар онҳо ҳаст, руҳи таҳқиқ ва таҷассус аз онҳо гирифта шуда, ҳатто аз лозимтарин суолот ҳам парҳез доранд ва худдорӣ мекунанд. Дар баъзе аз мардум ҳолати истинкоф (худдорӣ) ва истикбор аз суол ҳаст. Чун пурсидан ва истифҳом аломати иқрор ба беиттилоӣ аст, инро як навъ зиллат ва хорӣ талаққӣ мекунанд ва як умр дар торикии ҷаҳл боқӣ мемонанд. Дар сурате ки инсон вақте ки чизеро намедонад ва донистани он чиз барояш лозим аст, бояд аз касе ки медонад бипурсад, хоҳ он кас аз худи ӯ кучактар бошад ё бузургтар, камшаънтар бошад ё олишаънтар.

Дар осори динӣ аз ҷоҳиле, ки истинкоф аз омӯзиш дорад, сахт мазаммат шуда, гуфта шуда, ки олим бояд илми худро ба кор бандад, ва ҷоҳил бояд аз омӯзиш ва суол, ки навъе тазаллул ва тавозӯъ аст, истинкоф надошта бошад, балки бояд барои худ фахр бишуморад, ки дар ҳоли ёд гирифтан аст:

"Олим бояд илми худ ба кор бандад, ва ҷоҳил бояд аз омӯхтан истинкоф (худдорӣ) наварзад”.

Ҳадди васат ин аст, ки инсон аввалан ташхис бидиҳад, ки донистани чӣ чизҳое барояш лозим аст ва донистани чӣ чизҳое барояш лозим нест, ё мумкин нест. Дар миёни умуре, ки донистани онҳо барояш лозим ва зарурӣ аст, ё амал ба онҳо барояш зарурат дорад, бо риояти муҳиматаринҳо, суолоте, ки интихоб кунад ва аз касоне ки медонанд бипурсад ва зимнан аз ин ки суолу пурсиш ва масъала тарҳ кардан барояш шуғл ва унвоне шавад бипарҳезад.

Дар ибтидои сухан ҳадисе аз Имом Боқир (а) дар мадҳи суол хондам, ки фармуд: "Калиди дониш, пурсиш аст”. Ҳадиси дигар аз он ҳазрат дар мазаммати зиёд суол кардан ва саргарм шудан ба суолоти беҷо нақл мекунам.

Имом Боқир (а) мефармояд: "Ҳар вақт ман ҳадисе ба шумо бигӯям, аз ман бипурсед то аз Қуръон шоҳиде барои он нақл кунам”, яъне он чи ки ман мегӯям, мустанад ба Қуръони Карим аст. Як вақт эшон гуфтанд: "Пайғамбар (с) аз се чиз наҳй кардааст: қилу қол ва ҳарфи беҳуда, дигар, тазйиъ ва исроф ва ифсоди мол, сеюм, касрати суол”. Шахсе аз он ҳазрат суол кард: "Ин се чиз, ки гуфтед, дар куҷои Қуръон аст?” Имом Боқир (а) се оят аз Қуръон зикр кард, ки дар ҳар кадом аз онҳо яке аз ин се чиз наҳй шуда: яке он оят, ки мефармояд: "Дар бисёре аз розгӯйиҳои онон хайре нест магар (дар роз гуфтани) он кас ки ба (додани) садақае ё ба коре нек ва писандида ё ислоҳ миёни мардум фармон диҳад...” (Нисо/114). Яъне дар бисёре аз гуфтугӯҳо ва сиргӯйиҳои онҳо хайре нест магар дар мавориди хоссе, ки марбут ба садақа ё кори хуби дигар ё ислоҳ байни мардум аст. Дар ин оят қилу қол ва ҳарфҳои беҳуда наҳй шудааст.

Ояти дигар: "Ва молҳои худро, ки Худованд василаи барпо будани зиндагии шумо қарор дода ба камхирадон мадиҳед...” (Нисо/5). Яъне амволро, ки мояи зиндагии шумост, дар ихтиёри афроди камақл нагузоред.

Афроде, ки сафеҳанд ва камақланд ҳарчанд мол аз худи онҳост, боз ҳам он молро дар ихтиёри онҳо нагузоред, зеро онро зойеъ мекунанд. Дар ин оят бо ин ки мавзӯи баҳс, моли шахси сафеҳ аст, бо калимаи "амволукум” (молҳои худ) таъбир мекунад, ишора ба ин ки моли ҳар шахсе дар айни ин ки моли шахсии худи ӯст, як навъ тааллуқе ҳам ба ҷомеа дорад. Ҳаққе ҳам иҷтимоъ нисбат ба он мол дорад ва ба воситаи ҳаққи иҷтимоъ аст, ки молики шахсӣ ҳаққи тазйеъ ва исроф надорад. Пас, дар ин оят аз тазйеи мол наҳй шуда.

Ояти дигар: "Аз чизҳое мапурсед, ки агар барои шумо ошкор шавад, шуморо бад ояд ва андӯҳгин кунад” (Моида/101). Яъне аз бисёре чизҳо напурсед, зеро агар гуфта шавад ва ошкор гардад, шуморо нороҳат хоҳад кард. Дар ин оят аз як силсила пурсишҳо наҳй шуда.

Пас, ин мантиқест дар ислом, ки аз зиёд суол кардан ва саргарм шудан ба суолот ва пурсишҳо наҳй мекунад. Аз тарафе, дастур медиҳад, ки ҳақоиқе, ки намедонед ва донистани онҳо барои шумо зарурӣ аст бипурсед ва истинкоф накунед, саҳлангорӣ ва сустӣ ба харҷ надиҳед, аз тарафи дигар, зиёд суол кардан ва саргарм шудан ба суолро наҳй мекунад.

Дин муштамил аст бар як силсила усул ва мӯътақадот, ки ҳар касе бояд худаш мустақиман таҳқиқ кунад ва воқеан ташнаи ёд гирифтан ва таҳқиқ дар онҳо бошад ва мусалламан агар касе ҷӯё ва пӯё бошад, Худованди Таоло ӯро дастгирӣ ва ҳидоят хоҳад кард:

"Ва касоне ки дар (роҳи) Мо кӯшиш кунанд, ҳатман эшонро ба роҳҳоямон ҳидоят хоҳем намуд”. (Анкабут/69), ва муштамил аст бар як силсилаи дигар таълимоти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, ки мусалламан бар ҳар башаре лозим аст онҳоро фаро гирад ва низ муштамил аст бар як ришта дастуруламалҳо, ки омӯхтан ва суол кардани онҳо ҳам лозим аст.[1]

Кимиёи саодат


[1] Баргирифта аз китоби "Бист гуфтор"-и марҳуми шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ.

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 630 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 2
16.08.2010
2. hasan [Материал]
неъмати гарон чист

16.08.2010
1. hasan [Материал]
мукаллид киро мегуянд

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июл 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz