Панҷшанбе, 27.02.2020, 20:42
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Август » 28 » Осор ва самараҳои тақво
Осор ва самараҳои тақво
01:07

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар навиштори пешин перомуни чистии тақво баҳс намуда будем. Аммо дар ин мақола, ба баҳс дар бораи арзишу осори тақво хоҳем пардохт. Дар ин навиштор низ, аз мабоҳиси марҳуми шаҳид Мутаҳҳарӣ, ки дар китоби арзишманди "Даҳ гуфтор”-и хеш перомуни ҳамин мавзӯъ матолиби ҷолибе нигоштаанд, истифода хоҳем намуд.

Қатъи назар аз осори мусалламе, ки тақво дар зиндагии ухравӣ дорад ва ягона роҳи наҷот аз шақовати абадист, дар зиндагии дунявӣ низ арзишу осори зиёде дорад, то ҳадде ки бузургони динии мо тақворо барои рафъи ҳамаи дардҳо ва балоҳои башарӣ муфид медонанд: "Тақво давои бемории дилҳои шумо ва шифои марази баданҳои шумо, дурустии харобиҳои синаҳои шумо ва мояи пок шудани нуфуси шумост”.[1]

Арзиши як чиз вақте хуб маълум мешавад, ки чизи дигаре ҷои онро натавонад бигирад. Масалан, яке аз мушкилоти имрӯзии башар, масъалаи зиёдии қонунҳову муқаррароту тағйиру табдилҳои паёпайи онҳост. Албатта дар лузуми қавонин барои ҳифзу нигаҳдории ҷомеаи маданӣ шакке надорем, вале бояд донист, ки танҳо бо ин кор наметавон ҷомеаро ислоҳ кард. Қонун фақат ҳадду марзро таъйин мекунад, аммо бояд нерӯе дар худи мардум бошад, ки ин ҳудудро мӯҳтарам бишуморад, ва он, тақвост. То тақво набошад, наметавон аз эҳтиром ба қонун сухан гуфт. Ба хотири ҳамин бетақвоист, ки имрӯза мафосиди иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ривоҷи бештар ва густардатаре нисбат ба гузашта пайдо кардааст.

Фоидаи тақво дар саломати ҷисм

Тақво барои саломати ҷисмии инсон низ муфид аст. Албатта, тақво як қурс ва ё укол нест, аммо агар тақво набошад, бемористони хуб, табибу парастори хуб ва ... нахоҳад буд. Илова бар инҳо, одами тақводор, чун ба ҳаққи худ розӣ аст, чунин нест, ки доиман дар ин фикр бошад, ки куҷоро бибарад ва куҷоро бихӯрад ва ... Бинобар ин, ба анвои бемориҳо монанди захми рӯдаву меъдаву сактаи қалбиву ғайра дучор намешавад ва ифрот дар шаҳват ва дигар гуноҳон, ӯро заифу нотавон намесозад.

Асари тақво дар басирати дил

Асари дигари тақво рӯшанбинӣ ва басирати дил аст, ки ин асари муҳим боиси боз шудани боби сайру сулук ва ирфон ҳам шудааст. Қуръон Карим мефармояд: "Агар тақво дошта бошед, Худованд барои шумо мояи ташхису тамйиз (-и дуруст аз нодуруст ва ҳақ аз ботил)-ро қарор медиҳад”,[2] ва низ мефармояд: "Тақвои илоҳӣ дошта бошед ва Худованд ба шумо таълим медиҳад ва меомӯзад”.[3] Паёмбари Акрам (с) мефармоянд: "Бо ҳавову ҳавасҳои нафсонӣ мубориза кунед, то донишу ҳикмат дар дили шумо ворид шавад”, ва ё мефармоянд: "Ҳар кас 40 рӯз худро барои Худо холис қарор диҳад, чашмаҳои ҳикмат аз дил бар забонаш ҷорӣ мешавад”.

Ҳол, бибинем чӣ гуна тақво дар рӯшанбинӣ таъсир дорад. Ибтидо ёдовар мешавем, ки қувваи оқилаи инсон ду навъ маҳсули фикр ва андеша дорад, ки аз асос бо ҳам ихтилоф доранд: андешаҳои назарӣ ва андешаҳои амалӣ. Аз ин рӯ, ҳикматро ба ду бахши ҳикмати назарӣ ва ҳикмати амалӣ тақсим кардаанд. Ҳикмати назарӣ, дар бораи воқеиятҳо ва "ҳастҳо” сӯҳбат мекунад ва мабнои улуми табиӣ ва риёзӣ ва фалсафа аст. Бо ҳикмати назарӣ аст, ки мо ба воқеиятҳо пай мебарем. Ин ақли назарӣ аст, ки ба мо мегӯяд, "ду зарб дар ду чаҳор аст” ва ё "замин дар атрофи хуршед мечархад” ва ғайра аз ёфтаҳои ақл. Аммо ҳикмати амалӣ, мабнои улуми амалии зиндагӣ ва усули ахлоқӣ аст ва дар бораи таклифҳо ва "боядҳо” сухан меронад. Ин ки "адолат хуб аст”, "ростӣ некӯст”, "дурӯғ бад аст” ва ғайра, аз ёфтаҳои ақли амалӣ аст. Роҳе, ки инсон дар зиндагӣ интихоб мекунад, марбут ба чигунагии қазовати ақли амалӣ аст, ва ин ки дар осори динӣ омада, ки тақво ба ақл кӯмак мекунад, марбут ба ақли амалӣ аст; яъне инсон дар асари тақво, роҳеро, ки бояд дар зиндагӣ пеш бигирад, беҳтар мешиносад, на ин ки бо тақво, улуми риёзӣ ва табииро беҳтар мефаҳмад.

Ҳол, бибинем тақво чӣ гуна рӯшангари ақли амалӣ аст. Ҳама медонем, ки агар ҳавову ҳавас, хашм, шаҳват, худписандӣ ва монанди инҳо аз ахлоқи нописанд, бар вуҷуди инсон ҳоким гарданд, ҳатто ақлу виҷдони инсонро ҳам аз кор меандозанд ва шахс, ба ҷое мерасад, ки ба ҷои пайравӣ аз ақл, аз ҳавову ҳаваси худ пайравӣ мекунад. Масалан, ақли як ҷавон ӯро мулзам ба таҳсили илм ва таҳаммули заҳмат мекунад, аммо шаҳват ва айёшӣ вайро ба лаззатҳои зудгузар мехонад, ки дар сурати шиддат гирифтани инҳо, таъсиргузории ақл заиф мешавад. Нақши малакаи тақво ин аст, ки ҳавову ҳавасро ором карда, таҳти фармони ақл дармеоварад. Бинобар ин, тақво душмани душмани ақл ва дар натиҷа дӯст ва кӯмаккунандаи ақл аст. Пас, мебинем, ки воқеан тақво ба ақли инсон кӯмак мекунад ва басират медиҳад, аммо ин кӯмак ба сурати ғайри мустақим аст; яъне ҷилави душмани ақлро мегирад.

Асари тақво дар ноҳияи эҳсосот ва отифаҳои инсонӣ

Асари дигари тақво, дар ноҳияи отифаҳо ва эҳсосот аст. Инсони ботақво, ки худро аз палидиҳо ва корҳои зишт дур нигаҳ медорад, эҳсосоте рақиқтар, латифтар ва олитар аз як фарди ғарқ дар шаҳавот ва моддиёт ва фаҳшо хоҳад дошт. Иллати ин ки дигар шоироне дар ҳадди Ҳофизу Саъдӣ ёфт намешавад, коҳиши риққату латофати руҳии ношӣ аз бетаваҷҷӯҳӣ ба тақво ва маънавият дар шоирон аст. Одами палид ва олуда, ҳар қадр ҳам боҳуш бошад, аз дарки авотифи маънавӣ ва руҳӣ оҷиз аст.

Асари тақво дар наҷот аз гирифториҳо

Яке дигар аз осори тақво ин аст, ки соҳибашро аз гирифториҳо наҷот медиҳад ва дар кораш суҳулат ва осонӣ эҷод мекунад. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: "Касе ки тақвои илоҳӣ пеша кунад, Худо роҳи раҳоӣ барои ӯ қарор медиҳад ва ӯро аз ҷое, ки ҳисоб намекарда, рӯзӣ медиҳад”,[4] ё мефармояд: "Касе ки тақвои илоҳӣ пеша кунад, Худо дар кори вай осонӣ ва гушойиш қарор медиҳад”.[5]

Барои фаҳми чигунагии ин таъсири тақво, ба унвони муқаддима бояд бигӯем, ки сахтиҳо ва тангноҳое, ки барои инсон воқеъ мешавад, ду гуна аст: дар баъзе маворид, ихтиёру иродаи инсон ҳеҷ дахолате дар сахтиҳо надорад, монанди ғарқ шудани киштӣ ба хотири тӯфон, хароб шудани хона ба хотири зилзила ва сел ва ғайра ... Аммо дар баъзе маворид, иродаи инсон дар гирифтор шудани ӯ дар сахтиҳо дахолат дорад. Ин навъ сахтиҳо ҳамон гирифториҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ аст, ки маншаи онҳо худи инсон аст, ва ба фармудаи Расули Акрам (с): "Сахттарин душмани ту, нафси худи туст”. Аз ин нукта метавон фаҳмид, ки силоҳи тақво то чӣ андоза дар ин ки инсонро аз фитнаҳо дур нигаҳ дорад муассир аст: "Парҳезкорон ҳар гоҳ хаёли шайтоние оризашон шавад, ёди Худо мекунанд, ва он гоҳ дидавар мешаванд”.[6] Тақво, ба ин далел, ки огоҳӣ ва басирати эшонро зиёд мекунад, боиси наҷоти онҳо аз гирифториҳо мешавад. Гирифториҳо дар торикии ғубори бархоста аз гуноҳон пайдо мешавад, ва тақво ин ғуборро менишонад.

Аз сӯйи дигар, тақво ва худнигаҳдорӣ сабаб мешавад, ки инсон нерӯҳои захирашудаи вуҷуди худро дар роҳҳои лағву ҳаром ҳадар надиҳад, ва бадеҳӣ аст, ки одами нерӯманд, бо ирода ва бошахсият, беҳтар тасмим мегирад ва беҳтар метавонад худро наҷот диҳад. Дар охирҳои сураи Юсуф (а) омадааст: "Ҳамоно касе ки тақво ва сабр пеша кунад, (аз некӯкорон аст), Худо аҷри некӯкоронро зойеъ намекунад”.[7] Қуръони Карим натиҷаи достони Юсуф (а)-ро дар ин ҷумла хулоса карда, ки оқибат азони тақвост, ва ин тақво буд, ки Юсуф (а)-ро аз он ҳама маҳлакаҳо ва сахтиҳо наҷот дод ва ба авҷи иззат расонд.

Кимиёи саодат

Мақолаи муртабит ба ин мавзӯъ: Тақво чист?


[1] Сухане аз Алӣ (к) дар Наҳҷул-балоға, хутбаи 196.

[2] Сураи Анфол, ояти 29.

[3] Сураи Бақара, ояти 282.

[4] Сураи Талоқ, ояти 2.

[5] Сураи Талоқ, ояти 4.

[6] Сураи Аъроф, ояти 201.

[7] Сураи Юсуф (а), ояти 88-90.

Бахш: Ахлоқи исломӣ | Просмотров: 572 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Август 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz