Ҷумъа, 26.04.2024, 15:56
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Март » 27 » Ояндаи раҳбарияти маънавии ҲНИТ
Ояндаи раҳбарияти маънавии ҲНИТ
01:57

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бо даргузашти устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки пас аз вафоти поягузори Наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон яъне устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбарияти маънавии ин ҳизбро ба ӯҳда дошт, бе тардид, таваҷҷӯҳи ҳаводорони ҲНИТ аз як сӯ, ва низ коршиносони масоили динӣ ва сиёсӣ аз сӯйи дигар, равонаи ин матлаб аст, ки инак чӣ касе ба унвони раҳбари маънавии ҷадиди наҳзатиёни Тоҷикистон баргузида хоҳад шуд.

Дар оғоз сазовор аст ба ин нукта ишора шавад, ки барои як ҳизби сиёсии динӣ, ҷойгоҳи раҳбарияти маънавӣ, ҳарчанд дар нигоҳи ибтидоӣ, як мақоми ташрифотие беш намоён намешавад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки аҳзоби диние ҳамчун ҲНИТ, ки на танҳо як ҳизби сиёсии маҳз, балки дар дараҷаи аввал, ба унвони як ниҳоди динии пойбанд ба идеологияи исломӣ матраҳ аст, ин ҷойгоҳ, аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст.

Раҳбари маънавии як ҳизби динӣ, ҳамон муршид, назорагар ва марҷаи ташхиси сиҳҳату суқми амалкарди диндоронест, ки дар майдони сиёсат ба фаъолият мепардозанд. Раҳбари маънавӣ, дар воқеъ, зомин ва гаранти динӣ боқӣ мондани ҳизбест, ки иддаои ҳизби динӣ буданро дорад. Зеро, фаъолият дар майдони сиёсат, он ҳам барои як диндор, коре бас душвор аст, ки ба ҷуз мардони ангуштшуморе аз хатарҳои он ҷони солим ба дар намебаранд; майдоне, ки имрӯза ба майдони дурӯғу шайтанату найранг табдил гашта аст.

Дар ҷаҳони муосир, таҷрубаи фаъолияти аҳзобе, ки иддаои динӣ буданро дошта ва доранд, нишон медиҳад, ки аз миёни онҳо, танҳо ҳизбе чеҳраи динии хешро то ба охир ҳифз ва нигаҳ дошта бурда аст, ки дар мавоқеи ҳассос ва сарнавиштсоз; он ҷо ки миёни интихоби дину дунё мемонад, ҷониби динии хешро баргузида аст. Ва дар ин гуна мавоқеъ аст, ки нақши раҳбари маънавӣ ошкор мешавад.

Илова бар ин, аз он ҷо ки раҳбарони маънавии аҳзоби динӣ маъмулан касоне ҳастанд, ки мавриди қабули ҳамагон ва аз обрӯю эътибори вижае назди ҳаводоронашон бархӯрдор мебошанд, аз ин рӯ, дар ҳолоти бурузи ихтилофи назар миёни ҳизбиён, ба унвони марҷаи ҳаллу фасл ҳам қарор мегиранд.

Дуруст аст, ки дар баданаи ҳар ҳизби диние, ниҳоде ба унвони ниҳодӣ динӣ (ва ё Шӯрои уламо) ба унвони марҷаи ташхиси сиҳҳату суқми амалкарди он ҳизб фаъолият дорад, аммо дар бисёре аз мавоқеъ, худи ин ниҳод ҳам тараф қарор мегирад, ки ҳаллу фасли қазияро душвортар месозад. Ва дар ин гуна маворид низ ҷойгоҳи раҳбари маънавӣ бештар мутабалвир мегардад.

Нуқоте, ки дар боло аз барои як раҳбари маънавӣ ва ҷойгоҳи муҳимми вай дар баданаи як ҳизби динӣ мутазаккир шудем, илова бар он аст, ки раҳбари маънавӣ, илова бар виҷҳаи динӣ ва руҳонӣ доштан, ҳамчунин шахси огоҳ ба замона ва воқиф ба сиёсат ҳам бошад. Аслан, лозимаи раҳбари руҳии як ҳизби динӣ будан, дар дараҷаи аввал, огоҳии сиёсии ӯ дар канори огоҳии динияш ба шумор меравад.

Ҳоло, ба таваҷҷӯҳ ба нуқоте, ки дар боло перомуни ҷойгоҳи як раҳбари маънавии ҳизби динӣ ва аҳамияти он ёдовар шудем, инак, бо ин пурсиш рӯбарӯ ҳастем, ки дар ҳоли ҳозир, кадом шахсияте дар миёни уламои динии сиёсатмадори ҷомеаи мо, сазовор ва шоистаи тасадди чунин мақом дар ҲНИТ мебошад?

Хушбахтона, чунин шахсиятҳое мавҷуд ҳастанд ва лозим ҳам нест аз эшон дар ин ҷо ном бубарем, зеро ин кор, дар навбати аввал, кори худи наҳзатиён аст, ки иншоаллоҳ як нафар шахсияти шоистаеро барои чунин ҷойгоҳе бармегузинанд, ва ё ин ки раҳбарии феълии ҲНИТ ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ, ки аз дониши динии кофӣ ва лозиме бархӯрдор аст, метавонад мутасаддии чунин ҷойгоҳе ҳам гардад. Зеро, аслан ҷудоӣ андохтан миёни ин ду ҷойгоҳ; раҳбари сиёсӣ ва раҳбари маънавӣ, барои як ҳизби динӣ, танҳо дар мавоқеест, ки як шахсияти ҷомее, ки ин ду мақомро ҷамъ кунад ёфт нашавад.

Аммо, бо таваҷҷӯҳ ба фарҳанги роиҷ миёни моён, ки маъмулан раҳбари маънавиро дар чеҳраи як шахсияти солхӯрда, таҷрубадида ва ба унвони як нафар мулло ва руҳонӣ дар ҷомеа шӯҳрат дошта-ро мебинанд, аз ин рӯ, ба назар мерасад ҲНИТ имрӯз барои ин ҷойгоҳ, ба суроғи як чунин шахсияте бошад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахш: Ислом ва сиёсат | Просмотров: 1170 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz