Душанбе, 26.10.2020, 09:39
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 17 » Қодир Маликов: “Ислом дар тазодди комил бо терроризм аст”
Қодир Маликов: “Ислом дар тазодди комил бо терроризм аст”
20:56

Коршиноси барҷастаи масоили динии Қирғизистон гуфт, ки ислом ва терроризм ду мақулаи ғайри муртабит ҳастанд.

Қодир Маликов бо ишора ба иқдомоти мақомоти Қирғизистон ба манзури ташдиди мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ гуфт: "Қирғизистон набояд иштибоҳоти кишварҳои дигарро такрор кунад ва терроризмро бо дини мубини ислом муртабит бидонад”.

Ба гузориши АКИpress, раиси Маркази таҳлилии мустақилли "Дин, ҳуқуқ ва сиёсат” дар ҷамъи хабарнигорони Бишкек гуфт: "Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Қирғистон дорои мудирияти лоик аст ва ислом дини ағлаби мардуми ин ҷумҳурӣ аст, бархӯрди номуносиб бо ин мавзӯи ҳассос метавонад мусалмонони кишваро дар мухолифат бо ниҳодҳои расмӣ қарор диҳад”.

Ба гуфтаи Маликов, мубориза бо падидаи терроризм тӯлонӣ хоҳад буд ва дар ин росто танҳо арзишҳои ислом метавонад идеулужии терроризмро шикаст бидиҳад.

Вай гуфт, ки ҳимояти маънавӣ ва ҳуқуқии шахсиятҳои шинохта ва руҳоният ҳоизи аҳамият аст.

Раиси Маркази таҳлилии мустақилли "Дин, ҳуқуқ ва сиёсат” хотирнишон кард: "Аз назари ислом, амали гурӯҳҳои террористӣ дар ҷануби Қирғизистон ҷиҳод нест ва дар заминаи хусумати қавмӣ ва ҷудоиталабӣ анҷом мегирад”.

Қодир Маликов таъкид кард, ки дини мубини ислом қавмгароӣ ва террорро мамнӯъ донистааст.

Вай иброз дошт, ки ҳадаф аз истиқрори гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайри қонунӣ дар манотиқи ҷанубии Қирғизистон, талош барои бадном сохтани ислом ва эҷоди ихлол дар авзоъи ин манотиқ аст.

Ин коршиноси барҷастаи масоили Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард, ки дар сурати идомаи ин раванд, қирғизҳо ва ӯзбактаборони ҷануби Қирғизистон, ба рағми иродаи худ, дар ҳолате қарор мегиранд, ки сарнавишти онҳо ба дасти созмонҳои байналмилалӣ вогузор хоҳад шуд ва давлати марказӣ таъсири худро аз даст хоҳад дод.

Кимиёи саодат

Бахш: Ислом ва сиёсат | Просмотров: 614 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz