Душанбе, 26.10.2020, 10:54
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 7 » Нигоҳе ба ҳуқуқи дуҷонибаи байни зану шавҳар
Нигоҳе ба ҳуқуқи дуҷонибаи байни зану шавҳар
00:35

Машҳурахон Ҷавҳаризода

Дар мавриди ҳуқуқ ва вазоифи дуҷонибаи зану шавҳар, дар Қуръон ва ривоёти исломӣ ба таври муфассал матолибе зикр шуда ва дар ҳеҷ мактабу мадрасае, ба сурате ки ислом баён фармудааст, ба ҳуқуқи зану шавҳар ишора нашуда ва ҳеҷ мактабе ҳам тавони ироаи беҳтар аз онро надорад.

Ҳамон гуна ки медонем, исломи азиз ин ҳуқуқро дуҷониба қарор дода; аз тарафе бар ӯҳдаи мард масоилеро ба унвони воҷиб ва мустаҳаб қарор додааст, то нисбат ба зан анҷом диҳад, ва аз тарафи дигар, бар ӯҳдаи зан низ як силсила масоилро ба унвони вазоифи воҷиб ва мустаҳаббӣ қарор додааст то нисбат ба шавҳари худ дар анҷоми он вазоиф бикӯшад, ки риояти онҳо боиси ширинии зиндагии муштараки онон ва тарки он сабаби кам шудани ширинии зиндагӣ хоҳад шуд.

Худованд дар ин бора, дар Қуръони Карим, дар сураи Нисо, ояти 19 ин гуна таъкид намудааст: "Бо ҳамсарони худ хушрафторӣ кунед”.

Дар сураи муборакаи Бақара, ояти 228 низ мефармояд: "Ва монанди ҳамон ҳуқуқе, ки мардон бар занон доранд, занон ба наҳви маъруф бар мардон доранд”.

Расули Акрам (с) дар мавриди рафтори некӯ бо ҳамсарон фармуданд: "Чандон амини ваҳй (Ҷабраил) нисбат ба зан супориш кард, ки гумон кардам талоқи ӯ ҷуз бо иртикоби зино ҷоиз нест”.

Ҳамчунин он ҳазрат (с) фармуд: "Раҳмати Худо бар касе, ки тамоми рафтори худро байни худ ва ҳамсараш некӯ анҷом диҳад, зеро Худованд ихтиёри занро ба мард дода ва шавҳарро сарпарасти ӯ қарор додааст”.

Дар ин бора ривоёт фаровон аст ва мо бо овардани ривояти зебои дигаре аз Расули Акрам (с) ба ин муқаддима хотима медиҳем: "Беҳтарини шумо касе аст, ки барои хонаводааш беҳтар бошад ва ман барои хонаводаам аз тамоми шумо беҳтарам”.

Сухан гуфтан дар бораи ҳуқуқи дуҷонибаи зану шавҳар бисёр тӯлонӣ ва дақиқ буда ва дар се қисмат баён мегардад, ки қисмати аввали он вазоифи мутақобили зану шавҳар, қисмати дуюм вазоифи ихтисосии мард нисбат ба зан, ва қисмати сеюми он вазоифи ихтисосии зан мебошад, ки дар ин навиштор саъй шудааст, ба гӯшаҳое аз бахши аввали он вазоиф, ба қадри тавон ишора намуда ва дар навиштаҳои баъдӣ ба ҳар кадом аз ин масоил ба таври ҷудогона хоҳем пардохт.

Вазоифи мутақобили зану шавҳар

1 - Эҳтироми мутақобили зану шавҳар:

Эҳтироми зану шавҳар нисбат ба якдигар дар саломати руҳӣ, афзоиши муҳаббат ва мустаҳкам намудани асоси хонавода таъсири басазое дорад. Доираи ин эҳтиром шомили арҷ ниҳодан ба шахсияти якдигар, эҳтиром ба назариёт, афкор ва салиқаи ҳамдигар буда ва тамоми шууни зиндагии онҳоро таҳти таъсири некӯи худ қарор хоҳад дод.

Паёмбари раҳмат (с) дар мавриди эҳтироми зан дар ҳадиси муборак мефармоянд: "Касе, ки бо зане издивоҷ менамояд, бояд ӯро эҳтиром кунад”.

Ва дар муқобил фармоиши зебои дигаре доранд, ба ин маъно ки: "Ҷиҳоди зан некӯ шавҳардорӣ кардан аст”.

Ва дар ҳадиси мубораки дигар фармудаанд: "Зан дар ҳарими ҳазрати Ҳақ шафиъе боқудраттар ва наҷотдиҳандатар аз ризояти шавҳар надорад”.

2 - Муҳаббати зану шавҳар:

Муҳаббат ва ишқу алоқаро ҳазрати Ҳақ дар қалби зану шавҳар нисбат ба якдигар қарор дод ва онро аз нишонаҳои вуҷуди худ донист ва ин ҳақиқат намоишгари азамат ва бузургии масъалаи муҳаббати зану мард, ба хусус ишқу алоқаи мард ба зан аст: "Аз нишонаҳои вуҷуди Худованд ин аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то дар канори онҳо биёсоед ва байни зану мард дӯстӣ ва меҳрубонӣ барқарор кард, дар ин барнома нишонаҳое барои мардуми андешаманд аст”. (Сураи Рум, 21).

Ҳамон гуна ки медонем, инсонҳо дорои отифаи фаровонанд, ки ниёз ба муҳаббат яке аз асоситарини онҳост. Ҳар як аз зану шавҳар дӯст дорад мавриди муҳаббати дигарӣ қарор гирад ва низ нисбат ба дигарӣ ибрози алоқа кунад. Зиндагӣ бидуни муҳаббат ҷозиба надорад ва ағлаби инсонҳо аз он гурезонанд. Расули Худо (с) мефармоянд: "Сухани мард ба ҳамсараш, ки бигӯяд, туро дӯст медорам, ҳаргиз аз қалбаш берун нахоҳад рафт”.

3 - Гузашту бахшиш:

Гузашт ва иғмозу чашмпӯшии зану шавҳар аз лағзишҳо ва корҳои нописанди дигарӣ дар муҳити хонавода, аз амнияти фаровоне бархурдор аст ва бетавваҷҷӯҳӣ ба он фазои самимият ва осоиши ҳоким бар хонаводаро ба муҳити изтироб, бадбинӣ, асабоният ва айбҷӯии мустамирри ҳар як аз аъзои хонавода нисбат ба дигарӣ табдил хоҳад кард.

Эҷоди оромиши руҳӣ, зудудани кина, фузунии иззат, тӯли умр... осорест, ки ривоёт онҳоро натиҷаи гузашту бахшиш донистаанд. Дар ривоят омадааст: Се чиз аз бузургвориҳои дунё ва охират аст: аз касе, ки ба ту зулм кард бигзарӣ, ва ба касе, ки аз ту бурид бипайвандӣ, ва нисбат ба касе, ки ҷоҳилона рафтор кард, хештандор бошӣ.

4 – Масъулиятпазирӣ:

Аз ҷумла авомили муассир дар таъмини саодати хонавода, ҳисси масъулиятпазирии мутақобили ҳамсарон аст. Ҳар як аз зану мард бояд бидонанд, ки бо қабули зиндагии муштарак, масъулиятҳое бар ӯҳдаи онҳо қарор мегирад, ки пеш аз ташкили хонавода аз он осуда буданд. Ин масъулиятҳо бо тавваҷҷӯҳ ба ихтиёрот, тавоноиҳо ва шароити хосси ҳар як аз зану шавҳар бар ӯҳдаи онон қарор хоҳад гирифт. Масъулиятҳое аз қабили таъмини хазинаи зиндагӣ, мудирияти хонавода, ҳамсардорӣ, тарбияти фарзандон ва... вуҷуди ин ҳисс боиси истеҳкоми пайванди хонавода ва осоиши руҳӣ хоҳад шуд.

5 – Ахлоқи некӯ:

Дини ислом бар пояи ахлоқ бино шуда ва оварандаи он, ҳазрати Расули Акрам (с) дар ҳадисе фармудаанд: "Ман барои комил намудани ахлоқи некӯ мабъус гаштаам”.

Ахлоқ, сифати муҳим ва барҷаста дар зиндагии инсон аст. Некхӯӣ бо мардум ба хусус бо ҳамсар ва фарзандон, таъсири амиқе дар шахсияти инсон мегузорад ва муҳити хонаводаро пур аз сафову самимият мекунад ва адами вуҷуди он зиндагиро тираву тор ва мӯҷиби ба вуҷуд омадани мушкилоте дар қолаби тундхӯӣ, гирифтагии чеҳра, беҳавсалагӣ, баҳонагирӣ ва... намоён мешавад ва осоре аз қабили тарс ва изтироб ва зойеъ шудани шахсияти инсонӣ ва ғайраро ба армуғон меоварад. Хушзабонӣ, эҳтиром ба ашхос, фурӯтанӣ, дилвасегӣ, салом кардан, дилҷӯӣ ва меҳрубонӣ аз ҷумла масодиқи хушахлоқӣ ба шумор меравад.

6 - Гумони некӯ нисбат ба ҳамдигар:

Эътимоди тарафайнӣ, сармояи бузурге барои зиндагии муштарак аст. Дар муқобил, бадгумонӣ осори манфии зиёде дар зиндагӣ бар ҷой мегузорад. Шахси бадгумон аз саломати руҳӣ ва таодули равонӣ бархурдор набуда ва ба рафтору гуфтори дигарон бо диди бадбинӣ менигарад. Инсоне, ки бар асари руҳияи бадбинӣ, ба ҳамсари худ эътимод ва итминон надорад, аз оромиш ва сафои зиндагии хонаводагӣ маҳрум хоҳад буд. Чунин фард дар равобитаи иҷтимоӣ низ муваффақ нахоҳад шуд, чаро ки дар натиҷаи бадгумонӣ ба дигарон, дӯстони худро аз даст дода танҳо хоҳад монд. Алӣ (к) мефармоянд: "Бадгумонӣ бар ҳар кас чира шавад, байни ӯ ва ҳеҷ дӯсте, сулҳу оромиш боқӣ нахоҳад гузошт”.

7 - Рифқу мудоро:

Яке дигар аз вазоифи мутақобили ҳамсарон нисбат ба якдигар, рифқу мудоро аст. Ба ин маъно, ки дар муқобили айбҳо ва костиҳои ҳамсар ва рафтори нохушоянди ӯ бархӯрди тунд ва хашин надошта бошем ва бо самимият ва дӯстӣ бо якдигар рафтор кунем. Зеро табиист, ки як зан ва мард дар рафтор ва гуфтори худ костиҳое доранд, ки аз назари дигарӣ нохушоянд талаққӣ мешавад.

Албата маънои мудоро бо ҳамсар ин нест, ки нисбат ба айбҳо ва рафтори нописанди ӯ беэътино бошем, балки ба ин маъно аст, ки дар мавриди ислоҳи ҳамсар мулоҳизаи зарфияти ӯро карда, беш аз тавонаш аз ӯ интизор надошта бошем ва ба таври куллӣ дар мавриди хусусиёти номатлуби ӯ, рафтори бузургворона пеша кунем.

8 – Иффату покдоманӣ:

Ин сифатро ҳарчанд ба таври ғолиб дар ҷомеаи имрӯзаи мо аз занон интизор доранд, аммо ривоёт нигоҳи васеътар дошта ва онро вазифаи мутақобили зану шавҳар ва бартарин ибодат донистааст. Иффат ба таъбири ривоёт, пойдорӣ дар баробари шаҳавот аст ва ин аз зану мард мавриди интизор мебошад.

9 – Дарки ҳамдигар:

Решаи бисёре аз ихтилофоти хонаводагӣ, дар адами дарки мутақобили ҳамсарон аз якдигар нуҳуфта шудааст. Дарки мавқеият ва мушкилоти ҳамсар мӯҷиб мешавад, ки инсон ба некиҳои ҳамсар таваҷҷӯҳи бештаре карда, қадрдони заҳамоти ӯ бошад. Баръакс касе, ки ҳамсари худро дарк намекунад, тамоми талошҳои ӯро нодида мегирад ва айбҳо ва костиҳои ҳамсар дар назараш бисёр ҷилва мекунад ва на танҳо қадрдон ва мушаввиқи ҳамсараш нест, балки ба захми забонҳои худ нишоти зиндагиро аз ӯ салб мекунад. Раҳо шудан аз худбинӣ ва шинохти руҳиёт ва мушкилоти ҳамсар аввалин қадамҳои дарки ҳамсар аст.

10 – Хушзабонӣ:

Дар ривоят, дар таъкид бар хушзабонӣ ва мудоро бар мардон ин гуна супориш шудааст, ки: "Бо онон дар ҳама ҳол мудоро кунед, хушзабон ва нармхӯ бошед ва дар тамоми умур некӣ намоед, ки аксуламали онон бо шумо ба ҳамин сурат бошад”.

Дуруштгӯӣ, бадзабонӣ, тундӣ, инсонро водор ба аксуламал мекунад. Агар фазои хонавода ва ҳолу мақол хориҷ аз ҳудуд бошад, занро дилгир мекунад ва руҳияи ӯро номутаодил намуда ва дар натиҷа фазои зиндагиро ба талхию сардӣ мекашонад ва дар муқобил, риояти хушзабонӣ ва рафтори хуш, аз ин мушкилот мекоҳад.

Ислом бар тамоми шууноти зиндагии башар назар дорад ва аз ҷумла бар муҳимтарини он ки рафтори инсонҳо нисбат ба якдигар аст, барнома ва назму қонуни хоссеро майян намуда ва низ дар мавриди пураҳамияттарин ҳастаи иҷотимоъ, яъне хонавода низ аз он ғафлат нашудааст. Риояти ин қавонин дар зиндагии фардӣ ва ҷамъии инсонҳо, сабаби шукуфоии истеъдодҳо, амният ва оромиш дар зиндагии хонаводагӣ, тарбияти хуби фарзандон ва дар ниҳоят ислоҳи ҷомеаро дарбар хоҳад дошт.

Манобеъ:

1 - Низоми хонавода дар ислом, Ҳусайни Ансориён;

2 – Пойгоҳи http://zanashoei.parsfa.com/post-37142.html

Бахш: Ислом ва занон | Просмотров: 964 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz