Ҷумъа, 29.03.2024, 13:59
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Апрел » 8 » Нақши Русия ва Амрико дар таҳаввулоти ахири Қирғизистон
Нақши Русия ва Амрико дар таҳаввулоти ахири Қирғизистон
00:05

Дар чанд моҳи ахир, нақши фаъоли авомили амрикоӣ ва ғарбии яҳудитабор дар сиёсати хориҷӣ, иқтисодӣ ва молии Қирғизистон аз сӯйи манобеъ ва расонаҳои русӣ фош шуд ва Русия фишорҳои худро аз роҳҳои мухталиф бар давлати Қирғизистон ташдид кард.

Ҳамчун панҷ сол пеш, имрӯз низ авзоъ ва таҳаввулоти Қирғизистон, унвони бисёре аз расонаҳои гурӯҳии ҷаҳон қарор гирифт. Мухолифони давлати Қирғизистон дар таърихи 17 марти соли ҷорӣ тайи як гирдиҳамоӣ талабҳоеро хитоб ба давлат матраҳ ва эълом карданд, ки дар сурати адами посухгӯии давлати Қирғизистон ба талабҳои онҳо, иқдом ба баргузории таҷаммуъ ва тазоҳуроти эътирозомез алайҳи давлат дар таърихи 7 апрел дар манотиқи мухталифи ин кишвар хоҳанд кард.

Рӯзи сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ, авзои сиёсии Қирғизистон дар ҳоле рӯ ба вахомат гузошт, ки Болотбек Шерниязов, муовини ҳизби Ата-Мекен, ҳизби мухолифи давлати Қирғизистон ва теъдоде аз ҷабҳаи муттаҳиди мардумӣ дар шаҳри Талас, аз тарафи милиса боздошт шуданд, ки пас аз он, садҳо нафар аз ҳаводорони мухолифон бо ҳамла ба сохтмони вилоятдорӣ ва ишғоли он, озодии боздоштшудагонро хостор шуданд.

Давлати Қирғизистон иқдом ба эъзоми нерӯҳои вижаи худ тавассути ду фарванд ҳавопаймо ба ин минтақа кард ва муваффақ ба ихроҷи тазоҳуроткунандагон аз сохтмони вилоятдорӣ шуд, аммо бо афзоиши шумори муътаризон ва танг шудани арса ба нерӯҳои давлатӣ, онҳо аз муқобила бо ҳаракати мардумӣ даст кашида ва назорати он сохтмонро ба муътаризон вогузор карданд.

Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Қирғизистон эълом кард, ки дар натиҷаи даргирӣ миёни тазоҳуроткунандагон ва нерӯҳои амниятӣ, беш аз 100 нафар аз ду тараф захмӣ шуданд, ки ҳоли бархе аз онҳо вахим гузориш мешавад.

Вале аз субҳи рӯзи чоршанбе, Қирғизистон шоҳиди таҳаввулот ва нооромиҳои густарда дар бисёре аз нуқот ва вилоятҳои ин кишвар буд. Дар ин рӯз сохтмони вилоятдорӣ ва милисаи вилояти Талас, Норин ва Иссиқкӯл ба тасарруфи мухолифон даромад.

Гузориши бархе манобеи хабарӣ, ҳокист, ки дар ҳангоми ҳамлаи муътаризон ба сохтмонии вилоятдории Талас, Конгантиев вазири умури дохилаи Қирғизистон, ки ҷиҳати мудирияти амалиёти нерӯҳои амниятӣ ба минтақа эъзом шуда буд, мавриди ҳамлаи гурӯҳе аз тазоҳуроткунандагон қарор гирифт ва ба шиддат захмӣ шуд, ки бархе аз расонаҳо низ хабар аз кушта шудани ӯ дар ҳангоми интиқол ба бемористон доданд. Ва ҳамчунин сарнавишти чанд нафари дигар аз мақомоти баландпояи давлатӣ низ, ки ба манзури назорати авзоъ ба вилояти Талас эъзом шуда буданд, иттилое дар даст нест.

Дар пойтахти Қирғизистон низ нерӯҳои амниятӣ муваффақ ба мутафарриқ кардани мухолифон шуданд, лекин пас аз афзоиши шумори муътаризон ба чанд ҳазор нафар, давлати Қирғизистон бо дарки ҷиддияти мавзӯъ ба шиддат нигарон шуд.

Қабл аз зуҳри рӯзи чоршанбе, ҳазорон нафар аз мухолифон ба сохтмони риёсати ҷумҳурӣ ҳамла бурда ва бо сар додани шиори истеъфои раиси ҷумҳур қасди ишғоли онро доштанд, вале бо муқовимати нерӯҳои мусаллаҳи мустақар дар атрофи сохтмони риёсати ҷумҳурӣ, муътаризон маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.

Дар ҳоле ки авзоъ ҳар лаҳза бӯҳронитар мешуд, мавҷе аз нигаронӣ ва ҳарҷу марҷ низ саросари Бишкекро фаро гирифт ва сокинони пойтахти ин кишварро ба шиддат нигарон кард.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон, ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши нооромиҳо ва хушунатҳо дар шаҳри Бишкек ва вилоятҳои Чуй ва Талас, хостори барқарориии ҳукумати низомӣ шуд, вале порлумон ба далели ба ҳадди нисоб нарасидани теъдоди намояндагон натавонист ин тақозои раиси ҷумҳурро тасвиб кунад.

Ин дар ҳоле буд, ки муътаризон дар вилоятҳои Талас, Норин ва Иссиқкӯл бо тасарруфи бархе мавозеи давлатӣ, ҳукумати мардумӣ эълом ва иқдом ба интисоби волиёни мардумӣ карданд.

Бо ин ҳол ки манобеи хабарӣ аз кушта шудани беш аз 17 нафар ва захмӣ шудани даҳҳо нафар аз ду тарафи даргирӣ хабар доданд, чанд тан аз чеҳраҳои барҷастаи мухолифон, ки тайи асри сешанбе ва рӯзи чоршанбе боздошт шуда буданд, асри рӯзи чоршанбе озод шуданд.

Нахуствазири Қирғизистон субҳи рӯзи чоршанбе дар сафҳаи телевизиони ин кишвар зоҳир шуда ва зимни ташреҳи таҳаввулоти ҷории кишвараш, авомили ин тазоҳурот ва ҳамалот ба воҳидҳои идорӣ ва амниятиро "нерӯҳои харобкор” хонд.

Он чи имрӯз дар Қирғизистон мегузарад, саҳнаҳои панҷ соли пеши ин кишварро ба ёд меоварад. Дар соли 2005 низ мухолифон ба раҳбарии раиси ҷумҳури кунунӣ, мухолифати расмии худро бо ишғоли сохтмонҳои давлатӣ ва ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ дар вилояти Ҷалолобод оғоз карданд ва дар ҳоле ки аз сӯйи мардум низ пуштибонӣ мешуданд, бо густариши сареи эътирозот ба ҳамаи вилоятҳои ин кишвар, инқилоби рангӣ дар Қириғизистон рақам хӯрд.

Ҳатто шиорҳои мухолифони кунунӣ низ мушобиҳати фаровоне бо шиорҳои панҷ сол пеш дорад; ғасби қудрат тавассути гурӯҳи хосс, вогузории воҳидҳои муҳимми иқтисодӣ ба наздикони давлат, вуҷуди фасоди идорӣ, маҳдуд шудани озодиҳои маданӣ ва ба хусус расонаҳо, аз муҳимтарин иттиҳомоти мухолифони давлат ба раиси ҷумҳури ин кишвар аст, ки панҷ сол пеш ин иттиҳомот мутаваҷҷеҳи Аскар Оқоев раиси ҷумҳури вақти Қирғизистон шуда буд.

Бо гузашти панҷ сол аз вуқӯи инқилоби рангӣ дар Қирғизистон, нақши авомили хориҷӣ дар ин кишвар бидуни тағйир боқӣ монда аст. Русия ва Амрико, ду бозигари аслии саҳнаи Қирғизистон мебошанд, давлат ва мухолифон низ ба пуштвонаи ҳимоятҳои ин ду кишвар ба иттихози мавозеъ мепардозанд.

Дигар ҳамсоягони Бишкек, аз ҷумла қудрати бузурги Чин тарҷеҳ медиҳанд аз ин моҷаро ба таври расмӣ фосила бигиранд, ҳарчанд ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли бурузи ҳарҷу марҷи сиёсӣ дар ин кишвар, алоқаманд ба ҳимоят аз давлати кунунии Қирғизистон ҳастанд. Бо ин вуҷуд, худро барои мувоҷеҳа бо ҳар навъ сенарияе омода кардаанд.

Аммо таваҷҷӯҳ ба нақши Русия ва Амрико дар ин мунозиа, аз ин рӯст, ки бино ба эъломи манобеи хабарӣ, чанд рӯз пеш аз таҳаввулоти ҷорӣ, мухолифони давлати Қирғизистон, ки нахуствазири ин кишвар аз онҳо ба унвони "нерӯҳои харобкор” ёд мекунад, бо сафоратхонаҳои ин ду кишвар дар Бишкек тамос доштанд. Ба таври мушаххас, Омурбек Текебаев, раиси ҳизби мухолифи Ата-Мекен ва яке аз сарсахттарин мухолифони раиси ҷумҳури Қирғизистон ба манзури табодули назар дар мавриди вазъи сиёсии кишвар бо сафири Русия ва муовини сафири Амрико дидор карда аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин мулоқотҳо ва тақозои мухолифон аз Русия ва Амрико барои фишор ба Бишкек барои адами истифода аз силоҳ дар муқобили тазоҳуркунандагон, таҳлилгарон мӯътақид ба нақши фаъоли ин ду кишвар дар таҳаввулоти ҷорӣ ҳастанд.

Далоили дигаре низ бар дахолат ва чароғи сабзи Маскав ба мухолифони давлати Қирғизистон вуҷуд дорад. Дар чанд моҳи ахир, нақши фаъоли авомили амрикоӣ ва ғарбии яҳудитабор дар сиёсати хориҷӣ, иқтисодӣ ва молии Қирғизистон ва ба хусус вогузории чанд минтақа барои барномаҳои низомии Амрико ва ба вижа дар вилояти Боткен дар ҷануб ва ноҳияи Такмок дар шимоли ин кишвар аз сӯйи манобеъ ва расонаҳои русӣ фош ва расонаӣ шуд ва Русия фишорҳои худро аз роҳҳои мухталиф бар давлати Қирғизистон ташдид кард.

Дар ҳафтаҳои ахир, расонаҳои русӣ, ба таври бе собиқае аз амалкарди давлати Қирғизистон дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва ҳамчунин вуҷуди мудирияти фомилӣ ва қавмӣ дар ин кишвар интиқод карда ва бо мухолифони давлати қирғиз, ки дар солиёни гузашта мавриди таваҷҷӯҳи Маскав набуданд, ҳамсадо шуданд.

Аз сӯйи дигар, Русия бо таваққуфи сармоягузорӣ дар тарҳи эҳдоси нерӯгоҳи Қанбарота дар ҷануби Қирғизистон ва маҳдуд кардани мубодилаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, бо ин кишвар ва ба хусус, эъмоли маҳдудият дар судури сӯхт ба Қирғизистон, ки бо оғози фасли киштукор камбуди ин модда паёмадҳои сангинеро барои иқтисоди ин кишвар ба ҳамроҳ дошт, ба Бишкек паёми лузуми бознигарӣ дар авлавиятҳои сиёсӣ ва иқтисодии Қирғизистонро дод, аммо Бишкек ин паёмро нодида гирифт.

Нуктаи муҳимме, ки дар ин робита ҳоизи аҳамият аст, ин аст, ки пеш аз зуҳри рӯзи чоршанбе, нахуствазири Қирғизистон бо ширкат дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки раҳбарони боздоштшудаи мухолифон ба барномаҳои аз пеш аз тарроҳишуда барои сарнагунии ҳукумат эътироф карданд, ва вай афзуд, ки Темир Сариев (яке аз мухолифони саршиноси давлати Қирғизистон, ки субҳи ҳамон рӯз ҳангоми пиёда шудан аз парвози Маскав – Бишкек боздошт шуд) эътироф карда аст, ки муътаризон аз ҳимоятҳои Владимир Путин, нахуствазири Русия бархӯрдор ҳастанд.

Ҳарчанд дар идомаи нишаст, нахуствазири Қирғизистон ин иддаоро такзиб кард, аммо вай ба таври ғайри мустақим ба нақши Маскав ва мушаххасан нахуствазири Русия ишора кард.

Аммо дар муқобили сукути Русия, Амрико аз тариқи сафорати худ дар Бишкек бо судури иттилоияе аз ду тарафи даргирӣ дар Қирғизистон хост, то ба манзури пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсии мушкил, пушти мизи музокира биншинанд.

Барои Амрико, тасбит ва идомаи ҳаёти давлати феълии Қирғизистон муҳим аст, зеро Боқиев, танҳо раиси ҷумҳури минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки дар заминаи эҷоди чандин марказ ва пойгоҳи низомии ҷадиди Амрико дар кишвараш бо Вашингтон ба тавофуқ расида аст ва дар ин марҳила, тағйири давлат метавонад барномаҳои ояндаи Амрико дар ин кишварро мухтал кунад.

Вале ба эътиқоди таҳлилгарон, нақши авомили хориҷӣ дар ба вуҷуд омадани таҳаввулоти ахири Қирғизистон асосӣ набуда аст.

Александр Князев, коршиноси масоили сиёсӣ, дар як мусоҳибаи телефонӣ бо хабарнигори хабаргузории Форс, гуфт, ки муҳимтарин ангеза барои бе эътимодии мардум нисбат ба давлатро худи масъулони Қирғизистон фароҳам карданд.

Вай тасреҳ кард, ки амалан дар пайи инқилоби рангии соли 2005-и Қирғизистон, сатҳи рафоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум коҳиш ёфта ва дар муқобил мизони фасоди идорӣ ва тасарруфи манобеи давлатӣ аз ҷумла зарфиятҳои энержӣ тавассути гурӯҳи хоссе афзоиш ёфт.

Князев мӯътақид аст, ки то чанд моҳ пеш мардум алоқае ба ҳамсӯйӣ бо раҳбарони мухолифон барои ибрози мухолифати худ бо барномаҳои давлат надоштанд, зеро бо таҷрубае, ки касб карда буданд, медонистанд, ки намояндагони мухолифон низ бо ишғоли курсиҳои мудириятӣ аз мардум фосила мегиранд ва ба таври сареъ ба фикри рафоҳи шахсии худ мешаванд. Бинобар ин, ба даъвати раҳбарони мухолифон барои барпоии тазоҳурот ва роҳпаймоӣ ҷавоби радд медоданд. Вале чун дар ду моҳи ахир, бо афзоиши мукаррари ҳазинаҳои барқ, сӯхт ва соири хадамоти шаҳрӣ бо мушкил мувоҷеҳ шуданд, роҳе ҷуз пайвастан ба суфуфи мухолифон надоштанд.

Коршиносон бар ин боваранд, ки иддае аз раҳбарони мухолифон, ки борҳо ба далели иртикоби ҷароими ғайри ахлоқӣ ҷойгоҳи худро назди мардум аз даст дода буданд, бо бе кифоятии давлати Қирғизистон табриа шуданд. Агар ин бе кифоятӣ ва вахомати авзои иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум набуд, ҳазорон нафар аз ҷамъияти рустоии ин кишвар, умури кишоварзии худро раҳо намекарданд ва дар муқобили нерӯҳои мусаллаҳи амниятӣ ва интизомӣ намеистоданд.

Дар ҳоле ки созмони миллии садо ва симои Қирғизистон тавассути мухолифон ба тасарруф даромада аст ва ҳамчун панҷ соли қабл иттилое аз маҳалли истиқрори раиси ҷумҳур ва бастагони вай дар даст нест, таҳлилгарон оғози музокираи давлат бо мухолифонро танҳо роҳи раҳоии ин кишвар аз бонбасти сиёсӣ ва амниятӣ дар ин кишвар медонанд.

Рустами Ваҳҳобниё, донишманд ва таҳлигари тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ дар Қирғизистон сокин ва шоҳиди вуқӯи инқилоби рангии соли 2005 буда аст, дар мусоҳиба бо хабарнигори хабаргузории Форс гуфт: "Чунон чи тазоҳуроткунандагон кохи риёсати ҷумҳурӣ ва дигар амокини муҳимми давлатиро ишғол кунанд, дар ин кишвар халаъи қудрат эҷод хоҳад шуд, ки ба суди ин кишвар ва минтақа нахоҳад буд, зеро касби қудрат аз тариқи кудато ё инқилоб дар қонуни асосии Қирғизистон пешбинӣ нашуда аст ва ин иттифоқ мӯҷиби бурузи ҳарҷу марҷ дар кишвар хоҳад шуд. Бинобар ин, музокира ва тафоҳуми ду тараф ба суди манофеи миллии Қирғизистон хоҳад буд, дар ғайри ин сурат, нақши авомили хориҷӣ барҷастатар шуда ва осебпазирии сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии ин кишвар ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт”.

Поёни таҳлил

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 655 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz