Панҷшанбе, 25.04.2024, 21:56
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 26 » Миллати Миср суқути режими Муборакро хосторанд
Миллати Миср суқути режими Муборакро хосторанд
15:08

Тазоҳуркунандагони мисрӣ ба сурати якпорча бо сар додани шиорҳое мабнӣ бар "Миллати Миср суқути режимро хостор аст”, бар лузуми адами кондидотурии Ҳусни Муборак ё фарзандаш дар интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурӣ таъкид карданд.

Шабакаи Алҷазира дар гузорише ба тазоҳуроти густардаи мардуми Миср дар эътироз ба сиёсатҳои Ҳусни Муборак раиси ҷумҳури ин кишвар пардохт ва бо баёни ин ки нерӯҳои амниятии Қоҳира бо зӯру хушунат ҳазорон тан аз тазоҳуроткунандагонеро, ки дар майдони Озодӣ дар васати Қоҳира таҷаммуъ карда буданд мутафарриқ сохт, афзуд: "Тазоҳуроткунандагони мисрӣ дар шиорҳои худ эҷоди тағйир ва беҳбуди шароити иқтисодиро хостор шуда буданд”.

Бар асоси тасовири пахшшуда, тазоҳуроткунандагон порчанавиштае мабнӣ бар лузуми лағви қавонини вазъияти фавқулода ҳамл карда ва шиорҳое якпорча мабнӣ бар лузуми суқути режими Ҳусни Муборак ва ҳамчунин суқути режими Миср сар медоданд. Тазоҳуроткунандагон бо баёни ин ки "Миллати Миср суқути режимро хостор аст”, таъкид мекарданд, ки дар вазъияти феълӣ боисте инқилобе бар асоси улгуи интифозаи соли 1977 Миср сурат гирад.

Ин гузориш ҳокӣ аст, ки тазоҳуркунандагон хостаҳои худро дар чанд меҳвар аз ҷумла озодии ҳамаи зиндониёни сиёсӣ, озодии таъсиси аҳзоби сиёсӣ, аз байн бурдани фасоди табақаи ҳоким, рафъи муъзали бекорӣ, афзоиши дастмуздҳо ва ғайра баён карданд.

Бар асоси тасовири пахшшуда, худравҳои дастгоҳи амниятии Қоҳира, ки бо тирандозӣ пуштибонӣ мешуданд, бидуни таваҷҷӯҳ ба таҷаммуъи мӯътаризон, ба миёни ҷамъият роҳ ёфта ва пас аз захмӣ кардани даҳҳо тан, таҷаммуъкунандагонро мутафарриқ карданд.

Дар тазоҳуроти эътирозомези рӯзи гузашта (25.01.2011), чаҳор мисрӣ кушта шуданд, ки ба гуфтаи манобеъи амниятии Миср, яке аз кушташудагон як нерӯи амниятӣ ва се тани дигар аз шаҳрвандони мисрӣ буданд, ки ду тан аз онҳо дар майдони Озодӣ ва як тан дар шаҳри Суези шарқӣ ба дунболи даргирии нерӯҳои амниятӣ бо тазоҳуркунандагон кушта шуданд.

Шойеъаи фирори хонаводаи Муборак ба Ландан

Пойгоҳи хабарии Ахборул-араб, ба нақл аз манобеъи комилан огоҳ гузориш кард, ки дар пайи тазоҳуроти мардуми Миср дар чанд рӯзи гузашта алайҳи давлат, хонаводаи Муборак баъд аз зуҳри рӯзи гузашта (25.01.2011) Мисрро тарк кардаанд.

Бино бар ин гузориш, манобеъи мутталеъ ва наздик ба дафтари риёсати ҷумҳурии Миср эълом карданд, ки Ҷамол Муборак фарзанди Ҳусни Муборак раиси ҷумҳури Мирс ва номзади эҳтимолии интихоботи соли ояндаи риёсати ҷумҳурии Миср, кишварро бо ҳавопаймои хусусӣ ба ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш ба мақсади Ландан пойтахти Англис тарк кардааст.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 625 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz