Шанбе, 20.04.2024, 03:05
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Апрел » 24 » Маънавият ва ақлоният, ниёзи имрӯзи мо
Маънавият ва ақлоният, ниёзи имрӯзи мо
19:21

Мустафо Маликиён

Ишора: Мустафо Маликиён, матафаккир, нависанда ва яке аз рӯшанфикрони барҷастаи Эрон аст. Вай, ҳам дар маорифи динӣ соҳибназар аст ва ҳам дар масоили фалсафӣ. Равиши ӯ дар тарҳи масоили фалсафӣ, таҳлилӣ ва дар муҳтаво вуҷудгароёна мебошад. Аз гуфтаҳои ӯст, ки "Ман, на дилнигарони суннатам, на дилнигарони таҷаддуд, на дилнигарони тамаддун, на дилнигарони фарҳанг ва на дилнигарони ҳеҷ амри интизоӣ аз ин қабил. Ман дилнигарони инсонҳои гӯшту хундоре ҳастам, ки меоянд, ранҷ мебаранд ва мераванд. Саъй мекунам, ки аввалан: инсонҳо ҳар чи бештар бо ҳақиқат мувоҷеҳа ёбанд, ба ҳақоиқи ҳар чи бештаре даст ёбанд. Сониян: ҳар чи камтар дард бикашанд ва ранҷ бибаранд, ва солисан: ҳар чи бештар ба некӣ ва некӯкорӣ бигароянд ва барои таҳаққуқи ин се ҳадаф, аз ҳар чи судманд метавонад буд, баҳраманд гарданд; аз дин гирифта то илм, фалсафа, мусиқӣ, ҳунар, адабиёт ва ҳама...”    

Муроди мо аз маънавият, "тадайюни мутааққилона” (диндории оқилона) аст; яъне диндорие, ки ақлонӣ шудааст, ё ба таъбири беҳтар, фаҳми ақлонӣ аз дин. Ин фаҳми ақлонӣ аз дин, ба гумони ман, ҳам ҳақ аст ва ҳам ба маслиҳат (фоида)-и мост. Аввалан, ҳақ аст, чун мантиқан қобили дифоътарин бардошт ва истинботест, ки мешавад аз диндорӣ кард, ва ҳам ба маслиҳат аст, ба далели ин ки инсони модерни имрӯз, пазирои соири ривоятҳое, ки аз диндорӣ мешавад, мисли ривояти бунёдгароёна, суннатгароёна ва ... нест.

Ҳақ будан ҳам, ба ин маъност, ки истидлол, қуввати дифоъ аз ин бардоштро дорад; яъне ин бардошт аз дин, бардоште мантиқӣ аст.

Нуктаи муқаддимотии дигаре, ки бояд мутазаккири он бишавам, ин аст, ки баҳси ман аз дин, танҳо дини ислом нест; яъне агар бино бар ин буд, ки дар боби масеҳият ё ҳар дини дигаре ҳам сухан ба миён оварам, ҳамин суханонро такрор мекардам. Ин баҳс, як баҳси берундинӣ аст ва баҳсе дарундинӣ нест.

Бинобар ин, истинод ба оятҳо ва ривоятҳо, сирфан аз боби истишҳод (гувоҳ овардан) аст, на аз боби истидлол.

Барои дини ақлонӣ, ё барои тааққули мутадайинона (диндорона) чанд вижагиро метавон баршумурд. Ин вижагиҳо албатта бисёр куллӣ ҳастанд, ва чун куллиянд, табиатан дар зайли ҳар кадом аз онҳо, каму беш вижагиҳои дигареро метавон мундараҷ кард.

1. Нахустин вижагие, ки дини ақлонӣ дорад, ин аст, ки диндоре, ки оқил аст, аз дин як "фалсафаи ҳаёт”-и ҷомеъ металабад; як фалсафаи ҳаёти фарогир ва як фалсафаи зиндагии комилан домангустар; яъне як фарди диндор намехоҳад, ки ҳамаи зиндагияш мисли зиндагии ғайри диндорон бошад ва фақат як ҳуҷра аз ҳуҷраҳои зиндагияш бо дигарон фарқ кунад. Диндори оқил мехоҳад, ки диндорияш дар тамоми зиндагияш ҷорӣ шуда бошад.

Диндориҳои ғайри ақлонӣ, диндориҳое ҳастанд, ки дар онҳо фақат як бахш аз зиндагии фарди диндор бо дигарон фарқ мекунад, вале бақияи бахшҳои зиндагии вай бо ғайри диндорон ихтилофе надорад. Диндорӣ, як фалсафаи ҳаёт комил аст ва агар фалсафаи ҳаёти комиле набошад, ақлоният нахоҳад дошт.

2. Вижагии дуюми диндории ақлонӣ, он аст, ки диндороне, ки диндории оқилона доранд, диндории хешро ба маънои молики ҳақиқат будан намедонанд, балки онро ба маънои толиби ҳақиқат будан мешиносанд ва ба маънои шурӯи як талаб ва шурӯи як сайру сулук барои ёфтани ҳақиқат меангоранд. Ҳақиқат, бо гуфтани як ҷумла ё анҷоми як амали хосс ба даст намеояд. Ғусли таъмид барои як масеҳӣ ва шаҳодатайн гуфтан барои як мусалмон, оғози талаби ҳақиқати ӯст ва ба ин маъност, ки шахс, по ба роҳ ниҳода аст, на ба ин маъно, ки ба мақсад расидааст.

Дар воқеъ, вақте ки вориди дин мешавем, талаби ҳақиқатро оғоз мекунем. Он чи дар кутуби муқаддаси адён ва мазоҳиби мухталиф ҳам омадааст, дастмояҳоест, ки ба толиби ҳақиқат додаанд то бо он ҳаракати хешро оғоз кунад ва ба шикофтани онҳо ва ба ғавр кардан дар маонии жарфи онҳо иқдом намояд. Вале мо дар воқеъ фикр мекунем, ки кутуби муқаддасро дар ихтиёри мо гузоштаанд ва ба мо гуфтаанд, ки то дорои инҳо ҳастед, гар чи ба шикофтан ва амиқ шудан дар онҳо ҳам иқдом намекунед, аз ҳар хатаре масунед.

Ин бардошт, як бардошти ақлонӣ нест, чун аввалан, бо адли илоҳӣ мунофот дорад. Чӣ тавр мешавад, ки чунин чизеро дар ихтиёри касе бигузоранд ва дар ихтиёри дигарӣ нагузоранд? Сониян, ҳамаи касоне ки бо фалсафаи дин ошно ҳастанд, ба ин нукта эътироф доранд, ки истикмоли инсон фақат дар гарави аъмоли (ба маънои омм) иродӣ ва ихтиёрии ӯст, ва аъмоли ғайри иродӣ ва ғайри ихтиёрӣ, ҳеҷ истикмолеро барои инсон ба армуғон нахоҳанд овард.

3. Вижагии сеюм он аст, ки агар дин навъе талаби ҳақиқат аст, пас диндорӣ, бо наққодӣ ва фаҳми амиқе, ки аз наққодӣ лозим меояд, комилан мутаносиб аст; яъне диёнатпешагӣ ба маънои таслим будани кӯр-кӯрона ва таслим будани бидуни далел нест. Ҳамчунин, ба маънои таслим будани бидуни чуну чаро дар муқобили як силсила аз боварҳо, ибодот, маносик, шаъоир ва ахлоқиёт нест. Дар диндорӣ бояд комилан ҳолати наққодӣ ҳифз бишавад. Наққодӣ ҳам, ба маънои интиқод нест, балки ба ин маъност, ки ман бояд дар ин маҷмӯаи дин ва мазҳабе, ки таҳвил гирифтаам, назар кунам. Бояд диққат кунам, ки агар дар ин маҷмӯа, таорузи зоҳирӣ мебинам, бифаҳмам, ки бояд як марҳилаи амиқтаре вуҷуд дошта бошад, ки дар он марҳилаи амиқтар ин таорузот аз байн меравад. Рафтан аз марҳилаҳои рӯйинтар ба марҳилаҳои амиқтар, барои ин аст, ки дин ақлонӣ шавад.

4. Вижагии чаҳоруме, ки дар диндории оқилона вуҷуд дорад, ин аст, ки диндори оқил, ногузир бояд ҷаҳонро дорои низоми ахлоқӣ бидонад; яъне ҷаҳон ба гунае сохта шудааст, ки аввалан, нисбат ба ин ки мо одамиён кори хуб мекунем ё бад, фазилат дорем ё разилат, идрок дорад. Сониян, мутаносиб бо ҳамин идрок вокуниш нишон медиҳад. низоми ахлоқии ҷаҳон яъне ин ки олам ҳам нисбат ба хубӣ ва бадии ахлоқӣ шуъур дорад ва ҳам вокуниши мутаносиб бо хубӣ ва бадии ахлоқӣ нишон медиҳад, ба ба таъбири Қуръон:

"Ҳар он кас ки заррае кори хайре кунад, (подоши) ҳамонро хоҳад дид, ва касе ки заррае кори баде кунад, (ҷазои) ҳамонро хоҳад дид”.

Касе ки як чунин тасвире аз ҷаҳон дар зеҳни худ дорад, дар ҷаҳон эҳсоси амнияти мутлақ мекунад. Ҳар чи мо оқилонатар диндор бошем, эҳсоси амнияти бештаре мекунем.

Ин чаҳор вижагӣ, ки баршумурдем, ҳама ба биниши динӣ, яъне он чи ки диндор аз ҷаҳон медонад ва ба боварҳои диндор дар бораи ҷаҳон бастагӣ дорад. Бинобар ин, диндори оқил дорои чаҳор бовар нисбат ба ҷаҳон аст, ки ба онҳо ишора кардем. Чанд вижагии дигари диндории оқилона, ҳамагӣ ба кӯшиши динӣ марбут ҳастанд, ки ҳоло ба он мепардозем.

5. Вижагии панҷуми диндории оқилона он аст, ки диндори оқил комилан ба забти нафс ё инзиботи шахсӣ мӯътақид аст. Муроди ман аз забти нафс, таслими хостаҳои фаврӣ ва фавтӣ нашудан аст. Ин инзиботи шахсӣ ҳам чизе ҷуз як муҳосибаи комилан оқилона нест ва он ин ки "фаровонанд лаззатҳои кӯтоҳмуддате, ки дар пайи онҳо дардҳои дарозмуддате дар роҳ аст, ва фаровонанд ранҷҳои кӯтоҳмуддате, ки дар пайи онҳо лаззатҳои дарозмуддате аз роҳ мерасад”.

Агар шахси хирадманд, фақат ҳамин ду гузораро бипазирад, он гоҳ хоҳад гуфт: "пас ба сирфи ин ки лаззате кӯтоҳмуддат аст, набояд ба он чанг бизанам ва сирфи ин ки ранҷе кӯтоҳмуддат аст, набояд аз он бигурезам”. Ин забти нафс боис мешавад, ки дар зиндагии фади диндор, ду ҳолати хулус ва риёзат ба вуҷуд биёяд. Касе ки забти нафс дорад, аввалан, ба хулус фикр мекунад. Хулус, яъне аз сари роҳ бардоштани ҳар чизе ки бо рушди маънавии инсони диндор носозгар аст. Риёзат, яъне қабул кардани ин ки чизҳои шариф ба душворӣ ба даст меоянд ва пазируфтани ин воқеият дар ҷаҳон, ки ҳеҷ чизи шарифе бидуни "қурбонӣ” ба даст намеояд ва ин ки бояд зиндагиро на ба чашми як таҷаммул, балки ба чашми як зарурат дид. Ҳар чизеро, ки қурбонӣ мекунам, бояд дар роҳи ба даст овардани чизе бошад, ки вуҷуди он чиз дар зиндагии дарунии ман зарурист.

Бинобар ин, риёзат, яъне қабул кардани ин ки чизҳои шарифро фақат бо марорат метавон ба даст овард ва дар раъси ин чизҳои шариф, ҳақиқат, хайр ва ҷамол нишастаанд, ки ҷуз бо талхӣ ва марорати фаровон ба даст намеояд. Илова бар ин, ду ҳолате, ки дар асари забти нафс ба диндори оқил даст медиҳад, се имтиёз ҳам оиди инсони маънавӣ мешавад, ки нахустини онҳо, салобати меҳрубонона дар зиндагӣ аст. Ин инсонҳо, навъе устуворӣ дар зиндагӣ пайдо мекунанд ва ҳеҷ гоҳ дар муқобили шадоид аз ҳам намепошанд.

Имтиёзи дуюм он аст, ки касоне ки ба риёзат тан месупоранд, як навъ тафарруд пайдо мекунанд; яъне бо дигарон мутафовит мешаванд ва миёнмоягӣ аз зиндагияшон рахт бармебандад. Муродам аз миёнмоягӣ ин аст, ки мо ҳамагӣ бӯйи якдигар-ро медиҳем ва ҳеҷ як аз мо нест, ки бӯйи холис-и хешро бидиҳад.

Имтиёзи сеюм ҳам ин аст, ки риёзат ба инсони маънавӣ ё диндори оқил, умқе  медиҳад, ки инсонҳои оддӣ дорои он умқ нестанд. Риёзат, одамиро жарфбин мекунад. Ҳар кас ки дар зиндагӣ ранҷ мекашад, нисбат ба кулли олам фаҳимтар ва амиқтар мешавад.

6. Вижагии шашуми диндории оқилона он аст, ки диндори оқил, хидмати навъдӯстона ба ҳамнавъро фақат аз он рӯ, ки ҳамнавъ аст ва на ҳеҷ ҳайси дигаре (мисли миллият, нажод, ҳамдин будан ва ...) анҷом медиҳад; ба таъбире, ки дар аҳодис ҳам омадааст: "Мардум оилаи Худоянд, судмантарини онҳо, маҳбубтарини эшон ба ман ҳастанд”.

Қуръони маҷид мефармояд, паёмбар (с) раҳматан лилоламин; яъне раҳмат барои ҷаҳониён аст, на ин ки фармуда бошад, раҳмат барои мусалмонон ё раҳмат барои мӯъминон. Ин шафқат ва ин утуфат нисбат ба инсонҳо, ҳангоме дар шумо ҳосил мешавад, ки битавонед дар мувоҷеҳа бо ҳар ҳамнавъе, се чизро аз зеҳну замири худ берун кунед: Аввалан, вақте ки бо инсоне рӯбарӯ мешавед, бояд гузаштаи ӯро фаромӯш кунед.

Нуктаи дуюм ин ки мо бояд битавонем аз завоҳир ҳам бигзарем ва сарфи назар кунем. Гоҳе мешавад, ки ман аз гузаштаи шумо ҳеҷ иттилое надорам, вале ҳамин ки бо шумо бархӯрд мекунам, нисбат ба завоҳири шумо шурӯъ ба пешдоварӣ мекунам ва худамро бо шумо ҳамсозу ҳамсон намекунам.

Нуктаи сеюм ин ки мо бояд битавонем аз асорати боварҳои хеш низ раҳо шавем, чун ин боварҳо метавонанд монанди садде дар баробари муҳаббати мутақобили инсон бошанд.

7. Вижагии дигари диндории оқилона он аст, ки диндори оқил метавонад як нигоҳи воқеъбинона ба "худ” дошта бошад. Ба ин маъно, ки диндори оқил бояд битавонад, бидуни ҳеҷ пардапӯшӣ, бо руҳи урёни хеш рӯбарӯ шавад ва нуқоти қуввату заъфи худро биёбад. Ин ки касе битавонад ба худ чунон нигоҳ кунад, ки ба дигарон менигарад ва ҳатто сахтгиронатар аз нигоҳе, ки дигарон ба ӯ доранд, ба худ бингарад, як нигариши оқилона ва дуруст аст.

Диндори оқил, аввалан бояд худашро дар замони ҳол бибинад ва худро он чунон ки акнун аст бипазирад. Сониян, бипазирад, ки ҳеҷ гоҳ наметавонад аз чанголи таъсири гузаштаи хеш фирор кунад, чун ҳеҷ инсоне наметавонад аз гузаштаи хеш бигурезад, ва солисан тавоноиҳои худро бештар ё камтар аз он чи ки дар воқеъ аст, арзёбӣ накунад.

8. Вижагии ҳаштуми диндории оқилона он аст, ки диндори оқил, нуқоти заъфи ҳамаи инсонҳоро мепазирад. Мо ҳангоме наметавонем нуқоти заъфи инсонҳоро таҳаммул кунем, ки ононро ба сурати як "фароварда” (яъне сокин) бибинем, на ба сурати як "фароянд” (ҷорӣ). Вақте шумо ба ҳар инсоне, ҳатто худатон, ба чашми як "фароварда” нигоҳ кунед, дигар наметавонед инсонҳоеро, ки дар онҳо нуқоти заъф мебинед, дӯст бидоред. Аммо агар ҳамаи инсонҳо ва аз ҷумла худатонро ба сурати як "фароянд” бибинед, яъне инсонро дар ҳоли "ҷараён” бибинед, он гоҳ метавонед ба ӯ муҳаббат дошта бошед. Бояд ҳамаи инсонҳоро ба чашми фароянде, ки ҳанӯз ба интиҳои масири такомулии хеш нарасидаанд, бингарем. Он гоҳ хоҳем, ки дид, ки метавон ҳамаи одамиёнро дӯст дошт ва ба онон муҳаббат кард. Диндори оқил ҳамаи инсонҳоро ба як чашм мебинад ва парвандаи ҳеҷ касро хатмшуда намедонад.

Натиҷаи чунин дидгоҳе барои диндори оқил он аст, ки башарро алорағми ҳамаи навоқисе, ки дорад, дӯст медорад ва ба ӯ муҳаббат мекунад. Ҳунар ин аст, ки инсонро бо нақоисе, ки дорад, дӯст бидорем, на вақте ки поку пироста ва аз ҳар ҷиҳат комил аст. Ин навъ дӯст доштан, ки натиҷаи "раванд”-и дидани шахсияти инсон аст, се вижагӣ дар даруни диндори оқил эҷод мекунад: аввалан, диндори оқил нисбат ба ҳамаи инсонҳо ва аз ҷумла худаш бурдборӣ пайдо мекунад. Сониян, нисбат ба ҳамаи инсонҳо навъе бахшоиши омм пайдо мекунад, ва солисан, диндори оқил бо доштани ин ҳолат, метавонад оҳиста-оҳиста ба даруни руҳи одамиён нуфуз кунад ва ба як жарфнигарии дарунӣ ноил гардад.

9. Вижагии нуҳӯми диндории оқилона он аст, ки диндори оқил алорағми мухолифатҳое, ки дар зиндагии иҷтимоӣ бо қоидаҳо ва усули хосси зиндагии ӯ мешавад, ин қоидаҳо ва усулро ҳифз мекунад.

(Тавзеҳ он ки) диндори оқил ҳаргиз дар интизор намешинад, ки ҷомеа ба сомон шавад то зиндагии ӯ низ ба сомон гардад, чун ин ба интизор нишастан, маътуф ба ду мушкили асосӣ аст: аввалан, як мушкили мантиқӣ дорад ва он ин ки ҷомеа чизе ҷуз маҷмӯи афрод нест ва агар яко-яки афроди ҷомеа низ ба интизори пешравии дигарон бошанд, ин ҷомеа то абад рӯйи сомон ба худ нахоҳад дид. Аммо як мушкил нозир ба воқеъ ҳам дорад ва он ин ки ҳеҷ гоҳ як ҷомеаи ормонӣ бар рӯйи курраи замин падид нахоҳад омад. Ҳеҷ дин ва ҳеҷ мазҳабе нагуфта аст, ки бар рӯйи курраи замин ҷомеаи ормонӣ падид хоҳад омад. Дин гуфтааст, ки бикӯшед то ҷомаеро беҳтар кунед, вале ҳеҷ гоҳ нагуфтааст, ки як ҷомеаи ормонӣ бар рӯйи замин падид хоҳад омад.

Вақте дар Қуръон (хитоб ба Одаму Ҳавво) "иҳбиту” (фуруд ойед) омада аст ва вақте ки ба инсон гуфта шуд, ки дигар аз биҳишт берун бирав, маънояш ин аст, ки дигар дар замин биҳишт вуҷуд нахоҳад дошт ва шумо низ аз биҳишт берун рафтаед, аммо метавонед дар беҳтар шудани вазъи худ бикӯшед. Биҳишт дар замин таҳаққуқпазир нест ва ҳамаи касоне ки мехоҳанд дар замин биҳиштро таҳаққуқ бибахшанд, фақат ба ҷаҳаннам таҳаққуқ мебахшанд ва инро таърих нишон додааст.

10. Вижагии даҳуми диндории оқилона он аст, ки мӯъмини оқил, мӯъминест, ки аз ҳар гуна бутпарастӣ рӯйгардон аст ва нигариши бутпарастона ба ҷаҳон надорад. Бутпарастӣ ба ин маъно, ки инсон чизҳоеро Худо бидонад, ки дар воқеъ Худо нестанд ва ба таъбири фалсафӣ: "Мутлақ донистани умури нисбӣ”. Қудрат, сарват, шӯҳрат, муваффақиятҳои иҷтимоӣ, ҳайсияти иҷтимоӣ, шахсиятҳо, ақоид ва ҳатто дин, бутҳое ҳастанд, ки инсон гоҳ онҳоро ба ҷои Худованд мепарастад. Бинобар ин, "дин”-ро ҳам набояд парастид. Ҳол, мо аз куҷо бояд бидонем, ки дар воқеъ машғули парастидани чӣ чизе ҳастем?

Равоншиносони дин, ду таҳлилро дар ин боб зикр кардаанд. Аввал он ки он чизе ки ҳозиред ҳама чизро фидои ӯ бикунед ва ҳозир нестед ӯро фидои чизи дигаре бикунед, "бут”-и шумост. Равиши дуюм он ки дар худ ҷустуҷӯ кунем ва бибинем, ки бидуни пурсишу суолу кандуков, таслими чӣ чизе ҳастем? Ҳар гоҳ таслими бе чуну чарои чизе будем, ҳамон чиз, "бут”-и мост.

Бинобар ин, агар ҳар кас бо як шахсияте, ҳамон рафтореро кард, ки бояд бо Худо мекард, он шахсро парастида аст ва ӯ "Худо” ва "бут”-и он фард шудааст. Диндори оқил, фақат таслими як чиз аст, ва он, Худованди якто мебошад.

Поёни навиштор

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 810 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz