Ҷумъа, 19.04.2024, 22:05
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 20 » Маҳалгаройии “фарҳехтагон”
Маҳалгаройии “фарҳехтагон”
00:05

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Фарде таҳсилнокарда коре ғайри мантиқӣ муртакиб шавад ва амалаш бархоста аз ҷаҳлу нодонии ӯ бошад, мегӯем, маъзур аст, намедонад, агар огоҳ буд, ҳаргиз чунин намекард. Аммо агар аз шахсе таҳсилдида он амал сар бизанад, оё метавон маъзураш донист? Оё маҳалмадории бархе аз "фарҳехтагон”-и ҷомеа тавҷеҳпазир аст? Маҳалмадорие, ки наметавон барояш маншае ҷуз ҷаҳлу адами огаҳӣ пайдо кард.

Оре, басон рӯшноии хуршед ҳувайдост, ки бемории саъбулилоҷи маҳалгаройӣ, бархоста аз ҷаҳлу нодонист, ё лоақал, ҷаҳл, аз умдатарин асбоби ин навъ мараз аст. Воқеан, оё ҷуз нодону ноогаҳ ашёро аз равзанаи "маҳал” арзёбӣ мекунад ва нисбат доштан ба "маҳал” дар назди ӯ ба як "арзиш” табдил мегардад? Оё ҷуз нодону ҷоҳил аст, ки ҳаргоҳ барояш чунин фурсат пеш ояд, ки фардеро барои як посту мақоме муайян баргузинад ва барои интихоб мухайяр бошад миёни ду нафар; яке "ҳаммаҳал”-и ӯ ва дигаре аз "маҳалле бегона”, он гоҳ аз миёни ин ду, "ҳаммаҳал”-и худро "шоиста” барои он пост биёбад, гарчи нолоиқ ва кавдан аст, ва он дигарро, ки аз "маҳалле бегона” мебошад, "ношоиста” бибинад, ҳарчанд лоиқ ва сазовор аст?

Дар даврони пеш агар мебинем, унсури "маҳал” ва ё "қавмият” ё "нажод”, ба унвони "милоки бартарӣ” мавриди назар буданд, мусалламан ба сабаби ҷаҳлу нодонии мардумони он даврон буда. Бинобар ин, бо гузашти замон ва болоравии сатҳи огоҳӣ ва маърифати башар, назири чунин милокҳои ғайри мантиқӣ ҷояшонро ба меъёрҳое дуруст ва мантиқӣ чун дониш, огоҳӣ, лаёқат, тавоноӣ, парҳезгорӣ ва... холӣ карданд. Албатта, дар канори болоравии сатҳи маърифати башар, наметавон нақши адёнро ҳам дар ин замина нодида гирифт; яъне дар заминаи аз миён бардоштани як чунин меъёрҳои нодуруст ва ғайри мантиқӣ. Ба вижа ойини муқаддаси ислом, саҳми қобили таваҷҷӯҳе дар ин замина дорад. Қуръони Карим бо сароҳати тамом мефармояд: "Эй мардум! Мо шуморо аз як марду зан биёфаридем ва шуморо гурӯҳҳо ва қабилаҳо қарор додем то якдигаррро бозшиносед, аммо (бидонед, ки нисбати шумо ба гурӯҳ ва ё қавме муайян, мояи бартарии шумо нест, балки) гиромитарини шумо назди Худо, парҳезгортарини шумост...” (Ҳуҷурот/13).

Агар имрӯз ҳам ба мардумоне бархӯрем, ки нисбати қавмӣ ё мансуб будан ба маҳалле муайян дар назди эшон ба унвони милоки бартарӣ маҳсуб гардида ва ашёро аз лобалои ин равзана арзёбӣ мекунанд, бидуни тардид, ҳикоят аз ҷаҳлу нодонии эшон дорад ва гӯи ҳанӯз дар қуруни вусто ба сар мебаранд ва ба иборате дигар, ҳанӯз ҷоҳиланду нодон. Аз ин рӯст, ки дар оғози навиштор ёдовар шудам, ки дуруст ба ҳамин иллат (яъне адами огоҳӣ), ба наҳве метавон маҳалагройии мардумони таҳсилнокардаро тавҷеҳ кард.

Аммо агар дидем, дар ҷомеае, таҳсилдидаҳояш низ гирифтори як чунин беморие шуда бошанд, оё метавон ин корашон тавҷеҳ кард? Агар "фарҳехтагон” ва "рӯшанфикрон”-и ҷомеа (албатта агар битавон рӯи чунин касоне унвони "фарҳехта” ва ё "рӯшанфикр” гузошт) маҳалгаро гардида ва "маҳал” дар наздашон ба як "арзиш” табдил шуда бошад; яъне ҳоли он ҷомеа то бад-ин ҷо расида бошад, ки вируси "маҳалмадорӣ” ба марокизи илмияш низ сироят намуда ва унсури "маҳал”, танҳо милоку меъёре бошад, ки дастандаркорони донишгоҳҳо, кормандони пажӯҳишгоҳҳо ва ҳатто мудирони мактабҳои миёнааш, бар асоси он интихоб мешаванд, чӣ гуна чунин рӯйкард тавҷеҳ кунем?

Бадтар аз ҳама, агар асари ин вируси вайронсозро ҳатто дар мукотиботу ҳошиянависиву нақду баррасиҳои илмии "фарҳехтагон”-аш низ бибинем чӣ?

Мутаассифона, чунин вазъе гиребонгири ҷомеаи азизамон шудааст.

Ахиран, он ҷо ки баҳси ислоҳи имлои забони тоҷикӣ матраҳ ва ин ки оё порае аз ҳуруф аз алифбои тоҷик (силилик) ҳазф гардад ё на, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ва коршиносон перомуни ин масъала дидгоҳҳояшонро иброз доштанд, ба хусус назаротеро, ки дар пойгоҳи бародари азизамон устод Салими Аюбзод мехондам, дар лобалои навиштаҳои бархе аз коршиносон, бӯи гандидаи "маҳалгаройӣ” ба машом мерасид. Ба унвони намуна, бархе аз онҳоро ин ҷо меоварам, то хонанда худ қазоват кунад:

  • "Аз ин ҳарфҳо буйи нафрат ба куҳистониҳо меояд... Агарчи куҳистониҳо "ҳе”-и ҳуттиро талаффуз мекунанд, вале онро бар муаллиф (Салими Аюбзод) таҳмил накардаанд. Вале ҷаноби муаллиф як сарашонро дошта фикр кунанд, ки чаро 5 миллион тоҷик, аз ҷумла сокинони пойтахти кишвар, маҷбур шаванд, ки "у”-и дарози бегонаро, ки хосси ҳамшаҳриҳои муаллиф аст, омузанд. Намешавад, ки ҳамин "у”-ятонро дар хонаи худатон истифода кунед?..”
  • "Ҳарфи у-и ба истилоҳ дароз дар гуиши шимол ва дар бархе манотиқи Дарову Ванҷ вуҷуд дорад. Имруз С. (намехоҳам исмаш бибарам) мехоҳад имлоро ислоҳ кунад. Хуб мекунад. Аммо чаро соҳибони у дар шимол нигаронанд, вале соҳибони у дар Ванҷу Дарвоз парвое надоранд, ки у-яшон аз алифбо ҳазф мешавад?.. Ин баҳсхо бештар ҷанбаи хусуматӣ дорад. Даъво ин аст, ки чаро имлои навро Д. месозаду ҳамшаҳрии ман не...”
  • "Ман ҳамчун як фарди куҳистонӣ, ки "ҳе”-и ҳуттиро чуноне шумо мегуед, ғализ талаффуз мекунам, ин навиштаи шуморо таҳқир ба беш аз якуним миллион куҳистонӣ қабул мекунам. Шумо як минтақаи Тоҷикистонро ба исломгароӣ ва бегонадустӣ туҳмат кардаед. Ин қисмати навиштаатонро бардоред...”
  • "Ба бародарони ҷонибдори У-и дароз ҳаминро гуфтаниям, ки шумо ин қадар барои У-и бегона (агарчи аз хурдӣ барои шумо як ҳарфи маъмулист), ки аз ҳамсояҳои турк ба падарон ва шумо асар кардааст, ҷанги забониро оғоз накунед... Мардонавор иқрор шавед, ки У-и зада моли бегона аст. Зеро хоҳед-нахоҳед дар имлои нав барои ин моли бегона ҷой нахоҳанд дод...”
  • "Агар ҳамаи "Ӯ”-гуёни Тоҷикистонро ҷамъ кунем, ба ду миллион намерасед. Чаро 6 миллион тоҷики дигари Кулобу Курғонтеппаву Ҳисору Қаротегину Бадахшону Масчоҳ маҷбур бошанд, ки ин ҳарфи хосси шуморо биёмузанд ва худро азоб дода талаффуз кунанд?..”
  • "Намешавад, ки ҳамин у-и задаро дар хонаҳоятон талаффуз кунед ва онро ба дигарон иҷборан бор накунед? Агар "Ӯ”-и шумо ин қадар муқаддас бошад, пас чаро "ҳ”-и ҳуттиро ҳам ба имло илова накунем ва шуморо маҷбур созем, ки гулуи нозукатонро "дарронед”? Чаро ҳама бояд ба хости дили шумо бошад? Магар шумо аз болотаред?..”

Ба ҳамин андоза иктифо мекунам, вагарна бӯи гандидаи маҳалмадории нависанда (ва ё нависандагон)-и ин тиккаҳо фазоро мутааффин хоҳад кард. Нависандаи ин ҷумалот, фарде таҳсилнокарда нест, аз навиштораш комилан ҳувайдост, ки тараф таҳсилдида аст. Аммо, бо камоли таассуф, ҳама омӯхта ва фаро гирифтааст, вале ҳанӯз донишаш ба ӯ нафаҳмонда, ки мавзеъгирӣ ва гаройиши нописанди ӯ, маншае ҷуз ҷаҳлу нодонӣ надорад.

Дар оянда шояд битавон маҳалгароёни таҳсилнокардаро, ки сӯгирии эшон, ношӣ аз навъе "ҷаҳли сода” аст, бо омӯхтану ёдоварии нодурустии як чунин ҷиҳатгирии нописанд, муолаҷа кард, аммо мулолаҷаи маҳалмадорони таҳсилдида, ки гирифторияшон ба бемории саъбуилоҷи маҳалгаройӣ, бархоста аз навъе "ҷаҳли мураккаб” аст, амрест тақрибан маҳол, зеро ба фармудаи Мавлои Рум:

Ҳар кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад,

Лангон хараки хеш ба манзил бирасонад.

Ҳар кас, ки надонад ва надонад, ки надонад,

Дар ҷаҳли мураккаб абадуд-даҳр бимонад.

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 592 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz