Сешанбе, 16.04.2024, 23:49
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Май » 12 » Кори поконро қиёс аз худ магир...
Кори поконро қиёс аз худ магир...
04:03

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Кори поконро қиёс аз худ магир,

Гарчи монад дар набиштан шеру шир.

Ҷумла олам з-ин сабаб гумроҳ шуд,

Кам касе з-абдоли ҳақ огоҳ шуд.

(Мавлавӣ)

Яке аз айбҳои мо одамиён ин аст, ки кори инсонҳои дигарро бо кори худ қиёс мекунем. Мавлавӣ дар Маснавияш, зимни нақли достоне ширин, ин матлабро некӯ баён доштааст. Хулосаи достон ин аст, ки баққоле тӯтии зебо ва хушнавое дошт ва ҳамвора харидоронро саргарм мекард.

Буд баққолеву вайро тӯтие,

Хушнавое, сабз, гӯё тӯтие.

Дар дукон будӣ нигаҳбони дукон,

Нукта гуфтӣ бо ҳама савдогарон.

Дар хитоби одамӣ нотиқ будӣ,

Дар навои тӯтиён ҳозиқ будӣ.

Рӯзе ин тӯтӣ дар дохили дукон ба парвоз даромад ва шишаҳои рӯғани гулро бар замин рехт. Баққол вақте ки ба дукон бозгашт ва дид, ки рӯғанҳо рӯи замин пахш шудааст, хашмгин шуд ва чунон зарбате бар сари тӯтӣ навохт, ки парҳои сараш фурӯ рехт ва то чанд рӯз аз сухан гуфтан ва хушнавоӣ худдорӣ кард.

Ҷаст, аз сӯйи дукон, сӯйе гурехт,

Шишаҳои рӯғани гулро бирехт.

Аз сӯйи хона биёмад хоҷааш,

Бар дукон биншаст фориғ, хоҷаваш.

Дид пуррӯған дукону ҷома чарб,

Бар сараш зад, гашт тӯтӣ кал зи зарб.

Рӯзаке чанде сухан кӯтоҳ кард,

Марди баққол аз надомат оҳ кард...

Хулоса, ин гузашт, то ин ки рӯзе марди кале аз канори дукон мегузашт ва ҳамин ки чашми тӯтӣ ба ӯ афтод, хаёл кард, ки калии он мард низ сабабе монанди калии ӯ дорад. Онгоҳ тӯтӣ ба сухан даромад ва аз он мард пурсид: "Ту магар аз шиша рӯған рехтӣ?

Ҷавлақие[1] сарбараҳна мегузашт,

Бо сари бемӯ чу пушти тосу ташт.

Тӯтӣ андар гуфт даромад дар замон,

Бонг бар дарвеш зад, ки: "Ҳай фалон!

Аз чӣ эй кал бо калон омехтӣ?

Ту магар аз шиша рӯған рехтӣ?

Аз қиёсаш ханда омад халқро,

К-ӯ чу худ пиндошт соҳибдалқро.[2]

Кори поконро қиёс аз худ магир,

Гарчи монад дар набиштан шеру шир.

Ҳол, ончи Мавлоно мехоҳад аз ин достон ба унвони нуктаи ибратомӯз пешкаш кунад, аз ин ҷо шурӯъ мешавад. Мегӯяд, кори инсонҳои пок ва ворастаро набояд бо кори худат муқоиса кунӣ, агарчи имлои шери даранда ва шири хӯрданӣ (ки ба расмулхатти арабӣ ҳар ду як гуна навишта мешаванд яъне ба сурати "شیر”) монанди ҳам навишта мешавад. Мефармояд:

Ҷумла олам з-ин сабаб гумроҳ шуд,

Кам касе з-абдоли Ҳақ[3] огоҳ шуд.

Бархе бад-он ҷиҳат гумроҳ шудаанд, ки кори инсонҳои пок ва ворастаро бо кори худ қиёс мекунанд. Онгоҳ идома медиҳад:

Ҳамсарӣ бо анбиё бардоштанд,

Авлиёро ҳамчу худ пиндоштанд.

Гуфта: "Инак мо башар, эшон башар,

Мову эшон бастаи хобему х(в)ар”.

Зоҳирбинон мегӯянд, мо ҳам башарем ва авлиёуллоҳ ҳам башаранд. Ҳам мо вобаста ба хобидану хӯрданем ва ҳам эшон. Дар ояти 10 сураи Иброҳим омадааст: "(Мункирони нубувват ва паёмбарӣ хитоб ба паёмбарон) гуфтанд: Шумо нестед магар башаре ҳамчун мо...” Мисроъи дуюм низ нозир аст ба ояти 7 сураи Фурқон: "Ва гуфтанд: Ин чӣ паёмбаре аст, ки (ҳамонанди мо) таом хӯрад ва дар бозорҳо роҳ равад...

Ин надонистанд эшон аз амо,[4]

Ҳаст фарқе дар миён бемунтаҳо.

Ҳар ду гун занбӯр хӯрданд аз маҳал,

Лек шуд з-он нешу з-ин дигар асал.[5]

Ҳар ду гун оҳу гиё хӯрданду об,

З-ин яке саргин шуду з-он мушки ноб.[6]

Ҳар ду най хӯрданд аз як обх(в)ар,

Ин яке холиву он пур аз шакар.

Садҳазорон инчунин ашбоҳ бин,

Фарқашон ҳафтодсола роҳ бин.

Ин хурад, гардад палидӣ з-ӯ ҷудо,

Он хурад, гардад ҳама нури Худо.

Ин хурад, зояд ҳама бухлу ҳасад,

Он хурад, зояд ҳама ишқи аҳад.

Ин замини поку он шӯр асту бад,

Ин фариштай поку он дев асту дад.[7]

Ҳар ду сурат гар ба ҳам монад, равост,

Оби талху оби ширинро сафост.[8]

Ҷуз ки соҳибзавқ, кӣ шносад? Биёб,

Ӯ шиносад оби хуш аз шӯраоб...

Оре, зоҳирбинон ва касоне ки ҷуз дунёву пастӣ надида ва намебинанд ва аз олами маънавияту боло маҳруманд, ҳаргиз тавони дарки кори инсонҳои мӯъмин ва ворастаро надоранд. Аз ин рӯ, ҳамвора кори мӯъминони покро ба кори худашон қиёс мекунанд. Ҳаргоҳ мӯъминеро бибинанд, ки кори некӯе анҷом медиҳад, фикр мекунанд варои ин кор он мӯъмин ғаразе дунявӣ дорад. Чаро ки худашон ҳар коре ки мекунанд, ҷуз барои ҷалби манфиати дунявӣ нест.

Ин ки нопокон ҳамвора роҷеъ ба мӯъминон ва покон, бо дастак қарор додани ин шеъри маъруф, замзама мекунанд, ки "Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд”, бад-ин ҷиҳат аст, ки худашонро ба ҷои воизон (албатта воизони ҳақиқӣ ва ростгӯ, на риёкорони дурӯғгӯ) мегузоранд ва қазоват мекунанд. Худашон чунин ҳастанд, ки ҳаргоҳ дар малаъи ом зоҳир шаванд, суханони "дуруст” ба забон ҷорӣ мекунанд, аммо ҳамин ки ба хилват мераванд, "он кори дигар мекунанд”. Инон аслан тавони дарки кори мӯъмини покро надоранд. Мафоҳиме чун "ризои Худо”, "тарси Худо”, "дар роҳи Худо” асосан дар қомуси инон вуҷуд надорад. Чӣ зебо фармуда Мавлоно, ки:

Кори поконро қиёс аз худ магир,

Гарчи монад дар набиштан шеру шир.

Кимиёи саодат


[1] Ҷавлақӣ: дастае аз қаландарон, ки мӯи сару суратро метарошиданд ва либоси мӯйин ва хашин ба тан мекардаанд. (Шарҳи ҷомеаи Маснавӣ: Карими Замонӣ, ҷ. 1, с. 126).

[2] Далқ: навъе пашмина, ки сӯфиён пӯшанд. (Ҳамон манбаъ).

[3] Абдол: ҷамъи "бидл” ё "бадал” аст ва дар истилоҳи сӯфия ва урафо, ба гурӯҳе аз авлиё гуфта мешавад, ки сифоти зишти башарии худро ба авсофи неки илоҳӣ мубаддал кардаанд. Муҳйиддин ибни Арабӣ мегӯяд: "Абдол иборат аз ҳафт марданд, ки яке аз онон аз маҳалле мекӯчад ва дар онҷо шахсеро бар сурати худ мениҳад ба тавре ки касе намедонад, ки ӯ мафқуд шудааст.” Бархе гӯянд, аз он рӯ ба он авлиё Абдол гӯянд, ки агар яке аз онон аз ҷое равад, бадали худро дар онҷо мегузорад. Вале ба ҳар ҳол, манзур аз Абдол дар инҷо мутлақи авлиёуллоҳ аст. Пас, Мавлоно мефармояд, иллати гумроҳии бештари ҷаҳониён ин аст, ки ҳақиқати авлиёуллоҳро нашинохтаанд. Онон низ, ки муддаии шинохтани эшонанд, даъвои беҳуда кардаанд. (Шарҳи ҷомеаи Маснавӣ: Карими Замонӣ, ҷ. 1, с. 127).

[4] Амо: кӯрӣ.

[5] Ба унвони мисол, ҳар ду навъ занбӯр аз як маҳал шира мехӯранд, вале аз яке асал ба даст меояд ва аз он яке неш.

[6] Ё масалан, ҳар ду навъ оҳу (оҳуи маъмулӣ ва оҳуи хутан) гиёҳ мехӯранд ва об менӯшанд, вале аз ин яке саргин ҳосил мешавад ва аз он яке мушки муаттар.

[7] Дад: ҷонвари даранда монанди шеру гургу паланг. (Шарҳи ҷомеаи Маснавӣ: Карими Замонӣ, ҷ. 1, с. 129).

[8] Мисоли дигар, агар зоҳири ду чиз шабеҳи ҳам бошад, масъалаи муҳимме нест, балки амре ҷоиз аст, зеро ташобуҳ дар зоҳир, амре табиӣ аст. чунон ки оби талху ширин ҳам зоҳиран софу шаффоф аст, вале агар чашида шавад, тафовут миёни онҳо ошкор гардад. (Ҳамон манбаъ).

Бахш: Достонҳои ибратангез | Просмотров: 1121 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz