Шанбе, 20.04.2024, 01:42
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 23 » Хуфту хоби некўи ҳамсарон бо якдигар, омили барчида шудани фасод дар ҷомеа
Хуфту хоби некўи ҳамсарон бо якдигар, омили барчида шудани фасод дар ҷомеа
11:05

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ин навиштор бар онам, ки андаке ошкоргўтар бошам. Ба унвони касе ки камобеш аз масоили динӣ огоҳам, вазифаи худ медонам порае аз матолиберо, ки марбут ба заношўӣ ва алоқаи ҷинсӣ миёни зану шавҳар аст, албатта бо таваҷҷўҳ ба назари шариати муқаддаси ислом дар ин замина, бо камоли сароҳат баён дорам. Агар нагўям, бовар кунед, хиёнат кардаам.

Аммо ибтидо мехоҳам ба ин матлаб назари гиромии хонандаи тоҷикро ҷалб намоям, ки оё боре шуда аст пеши худ посухи ин воқеияти талхро ёфта бошед, ки чаро як ҷавони тоҷик, ҳамин ки по ба сарзамини Русия мениҳад, (албатта рафтанаш шояд барои кор аст ва аз рўи ночорӣ), ошиқи дилбохтаи зани "зеборўи” русӣ шуда ва рўзу шаби хешро бо ў мегузаронад ва билкул ҳамсари гиромии худро, ки шўяшро дар Тоҷикистон мунтазир нишаста аст фаромўш мекунад? Ҳатто аҳёнан кор то ба ҷое мерасад, ки бо он зани "зеборўй” издивоҷ карда, дигар аслан зану фарзанду хонаводаи худро аз зеҳни "муборакаш” пок месозад?

Фикр мекунед иллаташ чист? Оё фақат барои ин ки бечора он ҷо танҳо асту мехоҳад ғаризаи ҷинсии худро ишбоъ созад? Шояд ...

Аммо ба назар мерасад масъала печидатар аз ин бошад, ки мову шумо дар ваҳлаи аввал меандешем. Иллати чунин иқдоми аблаҳонае фақат ин нест, иллатро бояд дар ҷои дигаре ҷуст. Ин ҷо мехоҳам, дар ин ҳамин хусус каме сўҳбат кунам.

Муҳимтарин иллати чунин иқдом, аз самими дил дўст надоштани ўст мар ҳамсари гиромияшро. Чун аз оғоз бо чашмони баста ўро ба зани гирифта, ҳатто бархе аз ҷавонон, чи духтар ва чи писар, шўй ва ё зани худро дар аввалин шаби зифоф мебинанд. Албатта ин ҷо, падару модари духтар ё писар айбдоранд, на он бечораҳо. Ин як иллат, ки иншоаллоҳ дар як фурсати муносиб, роҷеъ ба ин мавзўъ, бо таваҷҷўҳ ба назари шариати ислом дар ин замина, баҳсе муфассалтар хоҳам намуд.

Иллати дигари чунин иқдом, ки дар аҳамият аз иллати аввалӣ камтар нест ва шояд бештар бошад, ин аст, ки мард, хостаҳои ҷинсии худашро бо ҳамсараш ба гунаи шоиста бароварда намесозад. Ин аст, ки вақте бо як зани русӣ, хуфту хоб мекунад ва бо ў ба беҳтарин шакл хостаҳои ҷинсияшро ишбоъ месозад, дилбохтаи ў мегардад, нози ўро мебардорад, ҳозир аст пеши пои ў биафтад... Чаро? Чун ҳамхобии некў бо зан, бар ишқу муҳаббати мард нисбат ба он зан, ва ҳамчунин бар меҳри зан нисбат ба ин мард меафзояд. Ин як воқеият аст. Ва баръакс, агар зану шавҳар, некў бо ҳам нахобанд, хостаҳои ҷинсии худро ба гунаи лозим бароварда насозанд, аз меҳру муҳаббати онон ба якдигар коста мешавад, нисбат ба якдигар дилсард мешаванд. Бояд марду зан ба ин нуктаи хеле муҳим таваҷҷўҳ дошта бошанд.

Масъулияте, ки дар ин миён мард дорад ин аст, ки тамоми муқаддимоти як хуфту хоби некўро бо зан фароҳам созад; аз атру хушбўиҳои лозим гирифта то либосҳои фохиру дилнишин барои зани гиромяиш фароҳам оварад. Ҳамвора меҳру муҳаббату ишқи худ нисбат ба занашро барои ў бозгў намояд. Фикр накунад ин кор аз убуҳҳати ў мекоҳад, ҳаргиз чунин нест, балки баръакс эътибору манзилати ўро дар назди ҳамсараш болотар месозад. Чаро чунин набошад дар ҳоле ки Худованд вуҷуди меҳру муҳаббат миёни зану мард ва ҳамчунин ёфтани оромиши зоҳирию ботинии зану мард аз якдигарро, аз оятҳо ва нишонаҳои худ дониста мефармояд:

Ва аз нишонаҳои Худо ин аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне биёфарид то бад-ишон ором гиред ва миёни шумо дўстиву меҳрубонӣ ниҳод. Ҳар ойина дар ин кор барои мардуме, ки меандешанд, нишонаҳо ва ибратҳост. (Сураи Рум, ояти 21)

...то бад-ишон ором гиред... яъне чӣ? Магар ҷуз ин аст, ки марду зан, оромиши дарунию берунии худро фақат аз тариқи ҳамсари худ биёбанд, на дар филмҳои сексию сериалҳои бемаънӣ? На аз тариқи занони бегонаву номаҳрам?

Масъулияти дигари мард он аст, ки вақте бо зани гиромияш мехобад, ўро қонеъ созад, тамоми усулу ашколи хуфту хобро ба кор гирад, мисли ҳайвон бо ў нахобад. Дар ривоят ба ин мазмун дорем, ки шумо мисли ҳайвонот ба зани худ наздикӣ накунед, аввал муқаддимачинӣ кунед, ўро омода созед, ҳисси шаҳваташро боло баред, он гоҳ наздикӣ намоед, ва ҳамчунин ҳаргиз пеш аз он ки зан корашро тамом накунад, шумо тамом накунед, ки аз меҳри шумо дар назди ў коста мегардад. Марҳуми Ғазолӣ ин ривоятро дар китоби Туҳфатул-арус оварда аст, ки воқеан китоби хубе аст ва тавсия мешавад, ҳар як аз марду зан онро мутолеа кунанд, бубинанд ислом дар ин замина чӣ мегўяд.

Аммо масъулияти зан дар ин васат он аст, ки кўшиш кунад мард аз ў розӣ гардад, ҳаргиз бо бўйи баду нофорам на танҳо пеши ў нахобад, балки ҳатто бо ин ҳолат пеши мард ҳозир нашавад, ҳаргиз бо як шаклу сурати номуносибу хаста мардро рўбарў нагардад, дар баробари мард ханда аз чеҳраҳояш наравад. Ҳангоме ки мехобад, ў низ мисли мард, тамоми ашколу усули як хуфту хоби некўро ба кор гирад.

Дар шариати муқаддаси ислом, дар ин замина, чизе ба номи "мамнўъ”, хеле андак дорем. Ман қасд дорам дар ин навиштор ошкоро бигўям, ҳоло агар касе эътирозе кунад, ҳозирам посухашро бидиҳам. Баъзеҳо фикр мекунанд, порае аз усулу ашколи амали ҷинсӣ, мисли бўсидани зан олати мардро ва ё баръакс, бўсидани мард аврати занро, аз дидгоҳи шариат мамнўъ аст. Дар сурате ки чунин нест. Ба ҳамин муносибат, мехоҳам аҳкоми марбут ба омезишро бо истинод ба китобҳои фиқҳӣ, дар ин ҷо ёдовар шавам, то бубинем дар ин амал, чӣ чизе мамнўъ ва чӣ чизе ҷоиз аст:

а) Он чи дар мавриди омезиши ҷинсӣ ҳаром аст:

Духул ба аврати зан дар ҳолати ҳайз

Омезиш аз дубур (мақъад)

Хўрдани манӣ ва идрор

б) Он чи шадидан макрўҳ аст:

Омезиш бидуни муқаддима ва мулоаба (яъне бозиву навозиш накардан қабл аз омезиш, шадидан макрўҳ аст)

Истода омезиш кардан

Истифода аз анвои доруҳо ва васоили омезишӣ тавассути мард дар сурате ки боиси озори зан шавад

в) Он чи дар ин маврид макрўҳ аст:

Омезиш байни азони субҳ то тулўи офтоб

Омезиш байни ғуруби офтоб то азони мағриб

Омезиш дар соатҳои аввалияи шаб

Омезиш дар замони кусуфу хусуф

Омезиш дар аввал, васат ва охири ҳар моҳи қамарӣ ба истиснои шаби аввали моҳи Рамазон

Омезиш шаби нимаи Шаъбон, шаби иди Фитр, шаби иди Қурбон, шаби аввали Сафар

Омезиш дар шаби қабл аз сафар

Рў ба қибла ва ё пушт ба қибла будан

Омезиш зери дарахти мевадор

Омезиш дар баробари хуршед

Ва ғайра...

г) Он чи дар ин замина ҷоиз ва мубоҳ аст:

Бўсидани аврати зан тавассути мард

Бўсидани олати мард тавассути зан

Истифода аз пуфакча

Нигоҳ кардан ба аврати зан

д) Он чи дар ин маврид мустаҳаб аст:

Кўтоҳ кардани мўйҳои зоиди бадан қабл аз омезиш (зери бағал, болои аврат)

Вузў гирифтан қабл аз омезиш

Гуфтани Бимиллоҳ... ва Аузу биллоҳ... қабл аз омезиш

Шўхӣ кардани мард бо зан қабл аз омезиш

Оройиши зан қабл аз омезиш

Истифода аз тилло тавассути зан дар ҳоли омезиш

Бўсидани зан

Макидани забони зан

Омезиш дар шаби аввали моҳи Рамазон

Омезиш дар шабҳои душанбе, сешанбе, панҷшанбе, ҷумъа ва зуҳри рўзи панҷшанбе ва асри рўзи ҷумъа

Хўрдани асал баъд аз омезиш

Идрор кардан баъд аз омезиш

е) Он чи дар ин замина хеле мустаҳаб аст:

молиш, лесидан ва бозӣ кардан бо пистони зан дар ибтидои омезиш

ё) Он чи дар ин маврид фарз аст:

Ғусл кардан баъд аз омезиш то қабл аз хондани намоз

Пас, хулоса мекунам. Агар мардону занони мо, ба ин тавсияҳо амал кунанд, мутмаиннам на як мард ба дунболи зани бегона хоҳад рафт ва на як зан хостаи худро аз марди бегона ва номаҳрам хоҳад талабид. Ин яъне нобуд шудани фасоди ҷинсӣ дар ҷомеа. Ин яъне ба зино, ки бадтарин гуноҳи кабира дар шариати муқаддаси ислом ба шумор меравад, иқдом нанамудани мардону занони мо. Ин яъне баста шудани дари фоҳишахонаҳо. Ва ба иборати дигар, касоди бозори баданфурўшон.

Комёб бошед.

http://www.kemyaesaadat.com/

Бахш: Аҳкоми никоҳ ва талоқ | Просмотров: 8822 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 4.4/15 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz