Ҷумъа, 26.04.2024, 20:53
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Март » 18 » Кӯтоҳ омаданд ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшиданд
Кӯтоҳ омаданд ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшиданд
20:07

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз, миллати тоҷик, яке дигар аз фарзандони барӯмандашро аз даст дод; фарзанде, ки дар авохири умри на чандон дарозаш, бемории тӯлониеро аз сар гузаронид. Чаҳор сол пеш, ёру ёвару пешвояш низ, ки ӯ ҳам дар поёнҳои умри кӯтоҳ, вале пурбаракати худ, бо беморие мармуз рӯбарӯ шуда ва ҳамон маризӣ боиси вафоташ гардид, моро тарк карда буд.

Ин ду абармард яъне зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва шодравон Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ба иловаи Қозӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки аз Худои Маннон мехоҳем сояи эшон бар сари ин миллат мустадом гардонад, ойинаи тамомнумои барӯмандӣ ва бузургворӣ буда ва ҳастанд.

Агар қарор бар ин бошад, ки перомуни абъоди азамат ва барӯмандии ин се абармард сухан ба миён ояд, фикр мекунед кадом ҷанба аз ҷанбаҳои барӯмандии ин се тан шоистатар барои ёдоварӣ бошад, ҳарчанд ҳар ҷанбае шоистаи зикр аст?

Мисоле мезанам, сипас, хонанда худаш ба он ҷанба аз барӯмандӣ, ки камина қасди ёдоварии онро дорам пай хоҳад бурд. Хонаводаеро фарз кунед, ки бар асари як суитафоҳум, миёни афродаш ҷанҷол бапо мехезад; дар оғоз, падар, ки бар ҳақ буд, аз рӯи дилсӯзӣ, бар сари писарон ва духтарони ҷавон ва бетаҷрубааш дод мезанад, ки шумо иштибоҳ мекунед, аммо фарзандонро шӯру мастии ҷавонӣ намегузорад дар баробари падар кӯтоҳ оянд, аз он тараф ҳам, модарро низ меҳри модарияш намегузорад ба насиҳати фарзандони лаҷуҷаш бипардозад, рӯ ба шавҳар оварда, аз ӯ мехоҳад хомӣ ва бетаҷрубагии фарзандонашро мадди назар қарор дода, дар баробарашон кӯтоҳ ояд. Рафта-рафта вазъ ташаннуҷи бештаре мегирад ва фазои хонавода тира мешавад. Падар, ки намехоҳад конуни гарми хонавода ба ҳам бирезад, андак ба тааммул фурӯ меравад, сипас билохира кӯтоҳ меояд, ҳар чанд медонист ва фарзандонаш ҳам медонистанд, ки ҳақ дар ҷониби падар аст. Вале кӯтоҳ меояд ва фарзандони худро ба оғӯш мегирад, барояшон фурсат медиҳад, ки то дар рафтори худ таҷдиди назар кунанд.

Оре, ин бузург аст, ки ҳамвора дар баробари кучак, ба хотири маслиҳате муҳимтар кӯтоҳ меояд, ҳарчанд ҳақ бар ҷониби бузург буда ва мебоист кучак кӯтоҳ ояд. Кӯтоҳ омадан дар баробари кучактарон, манеши бузургон буда ва ҳаст.

Ҷавонон шояд ёдашон нест, аммо бузургтарон медонанд, ки замоне (пас аз фурӯпошии Шӯравӣ) дар дохили хонаводаи тоҷик, ҷанҷоле бапо хест. Ниме аз фарзандони ҷомеаи мо, бар асари лаҷоҷату худхоҳии ниме дигар, ночор ба тарки ватан шуда ва солҳои мутамодӣ барои эҳқоқи ҳуқуқи мусаллами шаҳрвандияшон даст ба мубориза заданд ва мутаассифона дар ин миён хунҳое рехта шуд. Дар ин байн, модарони "мушфиқе” аз он сӯву ин сӯи олам пайдо шуда, тарафайни даргириро ба музокира фаро хонданд.

Бовар кунед, агар яке аз тарафайн кӯтоҳ намеомад, имрӯз ҷомеаи мо ҳамон вазъеро дошт, ки масалан ҷомеаи Афғонистон ва ё Сумол имрӯз доранд. Ҳеҷ тазмине вуҷуд надошт, ки муборизаву кашмакашу ҷанҷол идома пайдо накунад. Зеро ҳар ду тараф, аз нерӯву тавони кофӣ барои идомаи мубориза бархӯрдор буданд. Чунин нест, ки тарафе заиф ва тарафи дигар қавӣ буда ва он гоҳ заиф ночор ба таслим дар баробари қавӣ шуда ва зимни шурути вай розӣ ба сулҳ шуда бошад. Чунин набуд ва ин ҳақиқатро ҳама медонанд.

Мехоҳам ин нуктаро арз кунам, ки агар имрӯз ҷомеаи мо, аз амнияту сулҳу оромиши лозим бархӯрдор аст ва аҳли хонаводаи тоҷик зери як сақф зиндагӣ мекунанд, ин натиҷаи кӯтоҳ омадани бузургворонаи ин се тан: Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Қозӣ Акбар Тӯраҷонзода аст ва таърих набояд инро ба фаромӯшӣ супурад, ҳарчанд саъю талоши Раиси ҷумҳури феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин росто шоистаи тақдир ва нодида гирифтани он камоли беинсофӣ аст.

Баъд аз имзои сулҳи байни тоҷикон, ин се тан, ба хотири ҳамин кӯтоҳ омадан баҳри сулҳу оромиш дар ватани азизамон ва сарфи назар карданашон аз хостаҳои ҷабҳаи мухолифин, чӣ накӯҳишҳое аз баъзе нашунида ва надиданд. Дар баробари накӯҳиши дӯст сабр ва дар муқобили ноҷавонмардиҳои тарафи сулҳ, ки ба тааҳҳудоташ пойбанд намонд, таҳаммул пеша карданд.

Аммо, таърих, иншоаллоҳ инро нодида намегирад. Таърих, дар сафаҳоти худ, бо як ҷумла дар бораи ин се тан аз фарзанди барӯманди миллати тоҷик хоҳад навишт: "Кӯтоҳ омаданд ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшиданд”.

Кимёи саодат

Ҳангоми навиштани мақолаи мазбур, бардавом телевизиони миллиро тамошо мекардам ва аз сафаҳоти пойгоҳи интернетии Раиси ҷумҳур ва низ пойгоҳҳои расмии давлатӣ дидан мекардам, ба ин умед, ки Раиси ҷумҳури кишвар, паёме роҷеъ ба фуқдони ин абармард, ки бе тардид медонад, ки ин мард дар барқарории сулҳ дар кишвари азизамон чӣ саҳми бузурге дошт, содир намояд, вале мутаассифона ҳеҷ чизе дар ин замина дида нашуд.

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 799 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz