Чоршанбе, 24.04.2024, 17:14
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июл » 27 » Иллатул-илали “нозоӣ”-и занони тоҷик
Иллатул-илали “нозоӣ”-и занони тоҷик
15:10

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ахиран, дар Блогистони пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, бо ёддоште аз бародари гиромиямон ҷаноби Муҳаммад Вафо ба унвони "Чаро модари тоҷик андешманд намезояд?” бархӯрдам, ки эшон, воқеан як масъалаи бисёр муҳиммеро барангехта ва хонандаро водор ба тафаккуре ҷиддӣ перомуни ин масъала менамоянд. Чаҳор иллатро ҳам ҳамчун илали "нозоӣ”-и модарони тоҷик мар абармардони майдони андешаро бармешуморанд, ки камина низ то ҳудуде ҳамандеши эшон дар ин замина ҳастам. Аммо...

... як иллати асосӣ ва умда дар ин маҷол, аз қалами эшон афтодааст, ки камина ба гунаи пурсиш онро матраҳ мекунам. Ва он ин аст, ки: "Оё модари тоҷик он ҷойгоҳеро, ки шоистаи ҳар мавҷуде ба номи зан аст ва офаридгори меҳргустар барояш бахшидааст дорост?”, то аз ӯ интизор равад абармард бизояд? Шумо аз як дарахт фақат замоне интизори додани меваи солим ва ботароватро хоҳед дошт, ки он дарахт пеш аз ҳама худ тандуруст ва аз газанди осебҳои табиӣ дар амон ва мавриди нигоҳубини бардавоми деҳқон бошад, вагарна аз дарахте, ки танаш захмӣ, ҳамвора мавриди ҳамлаи осебҳои табиӣ ва низ бемеҳрии деҳқон аст, оё метавон таваққӯъ дошт мевае тоза ба самар расонад?

Камина бар ин боварам, ки агар бихоҳем занони мо абармард бизоянд ва амсоли Форобию Бӯаливу Ғазолӣ ба дунё оваранд, бояд дар навбати аввал нигоҳи худ ба занро, ки наздик ба 500 ё 600 сол аст, ки суннату одоти ғалати шарқиямон чунин нигоҳеро бар моён таҳмил карда ва мутаассифона унвони "суннату одоти исломӣ” ба худ гирифтааст, тағйир бидиҳем.

Гар чи дар бораи ҷойгоҳи зан дар Ғарб ҳарфҳое дорем, аммо бояд мунсифона бипазирем, ки баъд аз инқилоби реннесанс дар Ғарб, зан, баъд аз он ки аз одоту суннатҳои ҳоким дар қуруни вусто бираҳид, ҷойгоҳи муносиби худро пайдо кард ва он гоҳ тавонист абармард бизояд.

Дар Шарқ, садҳо сол пеш аз инқилоби реннесанс, исломи азиз дар заминаи мавқеияти зан ва ин ки ӯ аз чӣ ҷойгоҳе бояд бархӯрдор бошад, таҳаввуле азим падид овард, аммо мусалмонон мутаассифона ба он пойбанд намонданд ва одоту суннатҳои ғалаташон зуд бар онон чира гардид ва ба ҳамон ҳолати пешинаи худ баргаштанд, ки то ба имрӯз мушоҳида мешавад.

Оре, мо бояд он ҷойгоҳеро, ки ҳар зан шоситаи он аст ва исломи азиз барояш қоил аст-ро баргардонем, ва аз ин суннату одоти ғалате, ки садҳо сол бар моён ҳукмфармост даст бардорем.

Инсон, вақте Қуръон мехонад ва дар так-таки оятҳояш тааммул мекунад, инчунин, вақте ривоят мехонад ва дар суханони гуҳарбори Расули Акрам (с) тафаккур менамояд, мебинад хеле аз маориф ва додаҳои ин ду манбаи гаронбаҳо мавриди эҳмол ва бетаваҷҷӯҳӣ миёни гаравандагон ва касоне ки иддао доранд пайрави ин ду сарчашмаи зулол ҳастанд, қарор дорад. Хусусан, оёту ривоёте, ки мақом ва ҷойгоҳи зан аз дидгоҳи исломро баён медоранд.

На танҳо имрӯз ва ё наздик ба 100 сол ин ду манбаъ мавриди бетаваҷӯҳии мусалмонон аст, балки чунон ки ишора гардид, қариб ба 500 ё 600 сол аст, ки мусалмонон ба зан он дидгоҳе, ки ислом барои ин мавҷуди зебо ва гиромӣ қоил аст-ро надоранд.

Оре, наздик ба 500 ё 600 сол аст, ки нигоҳи мо мусалмонон – на танҳо мусалмонони Тоҷикистон, балки мусалмонони тамоми ҷаҳони ислом - ба зан, нигоҳи қуръонӣ нест, балки суннатҳо ва одоти ғалати мо буда ва ҳаст, ки дидгоҳамон нисбат ба занро таъйин карда ва мекунад, ки мутаассифона, ҳамин чиз боис гардида дигарон бипиндоранд, ки дини ислом нисбат ба зан, диде ғайри мунсифона дорад. Ба иборати дигар, порае аз суннату одоти ғалати шарқӣ дар робита бо зан, барои баъзе аз бегонагон чунин вонамуд карда, ки ин дидгоҳ бархоста аз таълимоти исломӣ мебошад.

Ва ин дар ҳолест, ки аз дидгоҳи Қуръон, агар паёмбарон, паёмбаронанд ва шоистагии дарёфти паёми осмониро пайдо кардаанд, ин шоистагӣ ва лаёқат, пеш аз ҳама, марҳуни касест, ки ин паёмбар дар домони ӯ парвариш ёфта ва руҳияи паёмбарӣ дар ӯ, аз руҳияи он зан бар ӯ тобида.

Агар Исо Исост, чун дар домони зане ба номи Марями Муқаддас парвариш ёфта. Агар зан аз назари руҳия солим ва озода бошад, касе ба номи Мӯсо аз домони ӯ берун меояд, гар чи ҳамин Мӯсо дар кохи марде ба номи Фиръавн ба воя расидааст. Зеро, Мӯсоро зане ба номи Осия, ки ҳамсари Фиръавн буд парвариш дода; зане ки дар озодагӣ камназир буд, то ҷое ки Қуръони Карим борҳо ӯро меситояд.

Аммо агар зан аз ҷиҳати руҳия солим набошад, гар чи ҳамсари паёмбар ва нутфаи фарзандаш аз паёмбар ҳам ки бошад, фарзанде нохалаф ва белаёқатеро ба дунё хоҳад овард, ва дар манзили паёмбар ба воя расидани он фарзанд ҳеҷ таъсире дар ӯ нахоҳад дошт.

Аз миёни паёмбарони илоҳӣ, ду паёмбар ҳастанд, ки фарзандоне нохалаф ва фосиқ доштанд. Яке писари ҳазрати Нуҳ (а), ва дигаре писари ҳазрати Лут (а). Чаро? Чун модарони ин ду писар, модарони носолиме буданд, гар чи ин ду писар аз нутфаи поки ду паёмбари азимушшаън ба дунё омадаанд:

"Худо барои касоне ки кофир шуданд, масале овардааст: зани Нуҳ ва зани Лутро, ки ин ду зери ду банда аз бандагони шоистаи мо буданд, пас ба он ду хиёнат карданд, ва он ду (паёмбар) дар баробари Худо ҳеҷ суде барои он ду (зан) надоштанд, ва (ба он ду зан) гуфта шуд: ба оташ даройед бо дарояндагон. Ва Худо барои касоне ки имон овардаанд масале овардааст: зани Фиръавнро он гоҳ ки гуфт: Парвардигоро! Барои ман назди хеш дар биҳишт хонае бисоз ва маро аз Фиръавну кирдору ӯ бираҳон, ва маро аз гурӯҳи ситамкорон бираҳон. Ва Марям духтари Имронро, ки домани хеш (аз ҳаром) нигоҳ дошт, пас мо аз руҳи худ дар он дамидем. Ва ӯ (Марям) калимоти парвардигори хеш ва китобҳояшро бовар дошт ва аз фармонбардорон буд”. (Сураи Таҳрим/10-12).

Ҳол, ки мехоҳем зани тоҷик абармард бизояд, бояд ҷойгоҳи ӯро гиромӣ дорем, ҳамчун як "хидматкор” ва ё "навкар” ӯро надонем. Ӯ пеш аз ҳама инсон аст. Падарон, ҳамон тавр ки нисбат ба саводи фарзандони писари худ меандешанд, нисбат ба саводи фарзандони духтари хеш ҳам таваҷҷӯҳ намоянд. Зеро, дар ислом, талаби илму дониш, ҳам ба писарон фарз аст ва ҳам ба духтарон, ҳеҷ тафовуте дар ин замина нест.

Шавҳарон, ки аз субҳ то шом дар берун аз манзил ба сар мебаранд, бояд бидонанд, ки фарзандонашон дар домони ҳамсарашон бузург мешавад ва ҳар руҳия, ки модар дорад дар ӯ таҷассум меёбад, бинобар ин, талош кунанд ҳамсарашон руҳияи озодманешона дошта бошад.

Шавҳар, бо ҳамсари худ ҳамон гуна ҷиддӣ муносибат намояд, ки дар маҳалли кораш бо дигарон муносибат дорад. Фикр накунад, ки дидгоҳу назари ҳамсараш барои ӯ "муҳим” нест.

Изҳору муҳаббату ишқ ба ҳамсар, дил холӣ кардан ба ӯ, гаҳ-гоҳе ӯро ба ин ё он маросим (дар доираи аҳкоми шаръӣ) ҳамроҳ бурданаш, бо ӯ дар бораи корҳои муҳим ва сарнавиштсоз сӯҳбат кардан, ҳамроҳ нишаста аҳволу авзои ҷаҳонро таҳлил намудан, назари ӯро дар ҳар амре шунидан, дар корҳои манзил ӯро кӯмак кардан, ҳатто дар он корҳое, ки одатан ва ба ғалат ба унвони "корҳои занона” машҳур шудаанд, мисли таҳияи таом, шустани васоили ошпазӣ, пухтани нон, ҷомашӯӣ ва ғайраву золик ҳамагӣ заминасози шаклгирии шахсият ва руҳияи солим дар занон аст. Аз зеҳни худ ин андешаро, ки мегӯяд, чунин корҳое аз шахсияту убуҳҳати мард мекоҳад-ро дур резем.

Камина фурсати кофӣ барои нақли ривоёте, ки дар онҳо перомуни муносибати паёмбари азимушшаъни ислом ҳазрати Муҳаммад (с) бо ҳамсарони худ, хусусан бо ҳазрати Хадиҷа (р) ва ҳазрати Оиша (р), ва низ муносибати саҳобагони бузург, хусусан ҳазрати Алӣ (к) бо ҳамсари гиромии хеш, сарвари занони ҷаҳониён, ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) достонҳое нақл шудааст-ро надорам. Барои азизон пешниҳод мекунам ин достонҳоро мутолеа кунанд ва бибинанд, ки бузургони дини мо чӣ ҷойгоҳе барои зан қоил буданд ва амалан чӣ муносибате бо онҳо доштанд.

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Ислом ва занон | Просмотров: 1089 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июл 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz