Чоршанбе, 24.04.2024, 13:10
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 9 » Қиёми Имом Ҳусайн аз нигоҳи Аллома Иқболи Лоҳурӣ
Қиёми Имом Ҳусайн аз нигоҳи Аллома Иқболи Лоҳурӣ
22:32

Рамзи Қуръон аз Ҳусайн омӯхтем

З-оташи ӯ шӯълаҳо андӯхтем

Тори мо аз захмааш ларзон ҳанӯз

Тоза аз такбири ӯ имон ҳанӯз

Эй сабо, эй пайки дурафтодагон

Ашки мо бар хоки поки ӯ расон

Аллома Иқболи Лоҳурӣ, ки ба ҳақ яке аз мафохири олами ислом ва аз эҳёгарони андешаи тавҳидӣ дар қуруни муосир аст, дар ашъори худ, ба наҳзати Ошуро, илал ва ангезаҳо, аҳдоф ва дастовардҳо ва паёмадҳои он, ишороте дорад. Дар Маснавии Рамзи бехудӣ, аз Имом Ҳусайн ва наҳзати хунинаш сухан гуфта ва дар маънои ҳуррияти исломӣ ва сайри ҳодисаи Карбало ба гуфтугӯ нишастааст:

Марям аз як нисбати Исо азиз

Аз се нисбат ҳазрати Заҳро азиз

Нури чашми "раҳматан лил-оламин”

Он имоми аввалину охирин

Бонуи он тоҷдори "Ҳал ато”

Муртазо, мушкилгушо, шери Худо

Модари он маркази паргори ишқ

Модари он корвонсолори ишқ

Он яке шамъи шабистони ҳарам

Ҳофизи ҷамъияти хайрул-умам

В-он дигар мавлои аброри ҷаҳон

Қуввати бозуи аҳрори ҷаҳон

Дар навои зиндагӣ сӯз аз Ҳусайн

Аҳли ҳақ, ҳуррият омӯз аз Ҳусайн

Ҳар кӣ паймон бо ҳувал-мавҷуд баст

Гарданаш аз банди ҳар маъбуд раст

Мӯъмин аз ишқ асту ишқ аз мӯъмин аст

Ишқро номумкини мо мумкин аст

Ақлро сармоя аз биму шак аст

Ишқро азму яқин лоянфак аст

Ақл гӯяд, шод шав, обод шав

Ишқ гӯяд, банда шав, озод шав

Ишқро ороми ҷон ҳуррият аст

Ноқаашро сорбон ҳуррият аст[1]

Дар нигоҳи Иқбол, Ҳусайн ҳамосаи ситези ишқ бо ақлу ҳавас аст:

Он шунидастӣ, ки ҳангоми набард

Ишқ бо ақли ҳаваспарвар чӣ кард?

Он имоми ошиқон, пури Батул

Сарви озодӣ зи бӯстони Расул

Аллоҳ Аллоҳ, бои Бисмиллоҳ падар

Маънии зибҳи азим омад писар[2]

Ситези Ҳобилу Қобил, Мусову Фиръавн, Масиҳу Қайсар, Муҳаммаду Абӯлаҳаб, Ҳусайну Язид, ҳама ва аҳама ҳалқаҳое аст аз занҷираи ситези ҳаққу ботил, ки аз бидояти торих то ниҳояти он густарда аст. Ҳақиқат, аз хуни бузургмардоне чун Ҳусайн ҳаёт мегирад ва ботил бақои худро вомдори бақои язидиён аст. Дар фалсафаи Иқбол, ин тазоддҳо ва даргириҳо, дар ниҳоят ба суди нерӯҳои ҳақҷӯ ва адолатхоҳ поён хоҳад ёфт ва Сомирии ботил, саранҷом доғи мотам бар дил, дар зери пои Мӯсо шикаста ва дар қурбонгоҳи ишқ, сарбурида хоҳад шуд.

Мусаву Фиръавну Шуббайру Язид

Ин ду қувват аз ҳаёт омад падид

Иқбол барои мутолеаи Ошуро ва беҳтар нигаристан ба он, аз хилофати исломӣ ва Паёмбар (с) оғоз мекунад. Ӯ бад-ин нукта изъон дорад, ки хилофати исломӣ лоақалл баъди Имом Алӣ ибни Абӯтолиб ришта аз Қуръон гусехта ва роҳ бар кажроҳа бурдааст. Самараи ин ҳокимияти сиёсии аз Қуръон гусаста чист?

Иқбол эътиқод бар он дорад, ки ҷудоии дин аз сиёсат, дастоварде ҷуз заҳр дар коми озодӣ рехтан надорад. Озодӣ дар нигоҳи Иқбол танҳо дар сояи пайванди дину сиёсат мумкин аст ва ло ғайр. Наҳзати хунини Ҳусайн ҳамчун саҳобест, ки озодӣ меборад ва ишқ мепарварад ва рӯдест, ки аз ҳар куҷо, ки мегузарад, ҷавонмардиро аз хок бармеангезад. Ҳусайн ибни Алӣ дар нигоҳи Иқбол, табалвури айнӣ ва айнияти мутабалвари шиори асосии  тавҳид – Лоилоҳа иллаллоҳ – аст:

Чун хилофат ришта аз Қуръон гусехт

Ҳурриятро заҳр андар ком рехт

Хост он сарҷилваи хайрул-умам

Чун саҳоби қибла, борон дар қадам

Бар замини Карбало бориду рафт

Лола андар вайронаҳо кориду рафт

То қиёмат қатъи истибдод кард

Мавҷи хуни ӯ чаман эҷод кард

Баҳри ҳақ дар хоку хун ғалтида аст

Пас бинои Ло илаҳ гардида аст[3]

Иддае аз муҳаққиқон бар онанд, ки Имом Ҳусайн ба ангезаи ҳукумат ва бо адами илм ба шаҳодат, по ба Карбало ниҳод, бинобар ин, шаҳодат ҳадаф набудааст. Дар муқобили ин дидгоҳ, назарияи дигаре вуҷуд дорад, ки ҳадафи ниҳоии Имом Ҳусайнро шаҳодат ва расво намудани режими умавӣ ба василаи базли хун медонад. Андешмандон ва соҳибназароне, ки ба ин назария мӯътақиданд, бар онанд, ки Имом Ҳусайн бо огоҳӣ ба шаҳодат, пой ба сарзамини Карбало ниҳодааст ва шаҳодат, интихоби Ҳусайн ибни Алӣ аст. Шаҳодат силоҳест, ки солори шаҳидони торих, барои мубориза бо режими язидӣ огоҳона онро баргузидааст.

Иқбол аз зумраи андешмандонест, ки бад-ин назария бовар доранд. Ӯ дар исботи назари хеш ба наҳваи ҳаракати Имом аз Макка ишора мекунад; хуруҷи дастаҷамъӣ ва пурсарусадо, теъдоди кам, ҳамроҳ будани занону кӯдакон, идомаи роҳ бо вуҷуди хабардор шудан аз шаҳодати Муслим (фиристодаи Имом ба Куфа), эъломи пай дар пайи ин матлаб, ки ин корвон ба сӯи шаҳодат меравад ва ...

Иқбол ҳадафи Сайидушшуҳадоро ҳифзи иззати мусалмонон ва ҳиросат аз марзҳои ҳамосаи ҷовид медонад:

Муддаояш салтанат буде агар

Худ накарде бо чунин сомон сафар

Душманон чун реги саҳро ло туад

Дӯстони ӯ ба Яздон ҳамадад

Сирри Иброҳиму Исмоил буд

Яъне он иҷмолро тафсил буд

Теғ баҳри иззати дин асту бас

Мақсади ӯ ҳифзи ойин асту бас

Мосиваллоҳро мусалмон банда нест

Пеши Фиръавне сараш афканда нест

Хуни ӯ тафсири ин асрор кард

Миллати хобидаро бедор кард

Теғи Ло чун аз миён берун кашид

Аз раги арбоби ботил хун кашид

Нақши иллаллоҳ бар саҳро навишт

Сатри унвони наҷоти мо навишт

Рамзи Қуръон аз Ҳусайн омӯхтем

З-оташи ӯ шӯълаҳо андӯхтем

Тори мо аз захмааш ларзон ҳанӯз

Тоза аз такбири ӯ имон ҳанӯз

Эй сабо, эй пайки дурафтодагон

Ашки мо бар хоки поки ӯ расон.[4]

Кимиёи саодат

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 1151 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz