Панҷшанбе, 25.04.2024, 18:52
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Апрел » 29 » Гул коштед, офарин!
Гул коштед, офарин!
16:40

Имрӯз, барои ҳар тоҷике рӯзи ифтихоромез мебошад. Имрӯз, ҳар тоҷики бошарафе бо тоҷик буданаш мефахрад. Имрӯз, рӯзест, ки умедворем аз ин пас ҳам амсоли он такрор ёбад.

Бо ба даст овардани 37 медал, он ҳам 12-тояш тилло, ва муҳимтар аз ҳама, эъломи варзишгари тоҷик Алишер Аҳмадов ба унвони қаҳрамони мутлақи Осиё дар заминаи варзиши таэквондо ITF, варзишкорони ифтихирофарини тоҷик, сари ҳар тоҷикеро ба осмон боло бурданд.

Эй кош, шаҳравандони мо, аз худи раиси ҷумҳур гирифта то оддитарин фарди тоҷик, бо як тантанаи вижае ба истиқболи ин фарзандони барӯмандашон биштобанд ва аз эшон истиқболи гарме ба амал оваранд. Ин хабари масарратбахш, имрӯз бояд сарлавҳаи ахбори ҳар расонаи тоҷик қарор гирад.

Бояд дастандаркорони марбута, ва хусусан ҳукумати Тоҷикистон, аз ин пас барои боз ҳам беҳтару некӯтар шудани вазъияти варзиши Тоҷикистон ва дар заминаҳои дигари варзишӣ низ, эҳтимом ва таваҷҷӯҳи бештаре намоянд.

Накунад чанд сабоҳи дигар бишнавем, ки амсоли Алишер Аҳмадов ва ҳамроҳонаш, ба намояндагӣ аз сӯйи кишварҳои дигар дар мусобиқот ва олимпиадҳои ҷаҳонӣ баромад кунанд ва сабаби онро адами таваҷҷӯҳи дастандаркорони марбутаи тоҷикистонӣ дар амри расидагӣ ба вазъи эшон қаламдод намоянд.

Агар ба пул ниёз доранд, бояд барояшон пули лозим аз сӯйи ҳукумат фароҳам гардад, ҳатто бештар аз он миқдоре, ки аҳёнан аз ҷониби кишварҳои дигар барояшон пешниҳод мешавад. Агар ба шароити лозим ва фазои муносиб барои тамринот эҳтиёҷ доранд, ниҳоди марбут ба варзиши Тоҷикистон, дар асраи замон барояшон ин шароит ва фазоро муҳайё созад. Хулоса, нагузорем заҳамоти ин азизон ба ҳадар равад.

Гуфтанист, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таеквондо ITF дар Қазоқистон, 37 медал – 12 тилло, 18 нуқра ва 7 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори ин радио гуфт, дар сабқати қитъавӣ, ки дар шаҳри Алматӣ баргузор шуд, 14 даста аз 12 кишвари қора ширкат карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз тими Кореяи Шимолӣ дар мақоми дуюм қарор гирифт. Дастаи мизбон – Қазоқистон ҷои сеюмро касб кард.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 739 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz