Ҷумъа, 29.03.2024, 14:37
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июл » 2 » Гоме ба сӯи таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон
Гоме ба сӯи таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон
21:54

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз тафовутҳои умдае, ки ҷаҳони имрӯз бо ҷаҳони дирӯз дорад ин аст, ки имрӯза, ва аз ин ба баъд, барои кишварҳои кучак, дигар ҷойгоҳе дар ин гетӣ вуҷуд нахоҳад дошт ҷуз ин ки аз тамомии ҷиҳот мустаҳлик (истифодабаранда) қарор гиранд, ва ҳарфи аввалу охир азони абарқудратҳо, ва ба иборати дигар, азони қутбҳои нерӯманд хоҳад буд.

Коршиносон бар ин боваранд, ки чанд сабоҳи дигар, ҷаҳон тавассути се қутб: Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Чин идора гардида ва ҳатто барои кишварҳое чун Русияву Жопон низ ҷойгоҳе ба он сурат вуҷуд нахоҳад дошт. Ҳатто мӯътақиданд, ин се қутб даст рӯи дасти ҳам гузошта, аз ин пас талош хоҳанд кард то дигар қутбе нерӯманд дар ҷаҳон падид наояд.

Ҳол, дар ин миён мо тоҷикон куҷоем? Оё розӣ хоҳем буд, ки ба унвони як кишвари кучаку заиф ва ҳамчун кишваре мустаҳлик боқӣ бимонем, ки дар ин сурат, чорае ҷуз ин нахоҳем дошт, ки зери чатри яке аз ин абарқудратҳо қарор гирифта ва ҳамвора ба табли онҳо бирақсем? Ё ин ки зимни эҷоди иттиҳод бо кишварҳои ҳамфарҳанги хеш, ҳанӯз имкони ақаллан табдил шудан ба қутбаке, ки рӯи пои худ биистад-ро дорем?

Ду гузина дар ин миён аз сӯйи коршиносони масоили сиёсӣ матраҳ аст: яке эҷоди Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар сохтор, шакл ва моҳият, тақрибан шабеҳи Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд. Камина мӯътақидам ин гузина дар сурати таҳаққуқ шояд беҳтарин гузина бошад, аммо монеаҳои пеши рӯи таҳаққуқи як чунин иттиҳод, ба андозае зиёд аст, ки амалӣ шуданашро тақрибан шибҳи маҳол нишон медиҳад. На худи сардамдорони ин кишварҳо ҳозиранд инчунин иттиҳоде падид ояд, на мардумонаш фикр мекунам ба он сурат розӣ бошанд ва на кишварҳои зинуфуз дар ин кишварҳо мисли Русия, Чин ва то ҳудуде Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо хоҳони барқарории он бошанд.

Гузинаи дуввум, таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон аст. Бештари коршиносони масоили сиёсии тоҷик мӯътақиданд ин гузина, ҳарчанд бо монеаҳое мувоҷеҳ аст, аммо таҳаққуқаш, ҳам шуданӣ ва ҳам хостгоҳи мардумони се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон мебошад.

Ба ақидаи устод Аъзам Хуҷаста, коршиноси маъруфи масоили сиёсии тоҷик, "таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон як заруратест, ки бархоста аз манофеи муштараки се кишвари Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон мебошад”.

Назир Мӯъминзода, яке дигар аз коршиносони масоили сиёсии минтақа, бар ин бовар аст, ки "ҳам эрониён ва ҳам афғонҳо ва ҳам тоҷикон, агар бихоҳанд ҷойгоҳ ва мавқеияте дар ҷаҳони фардо дошта ва зиндагии шарофатмандонае барои худ фароҳам оваранд, роҳи дигаре ҷуз ин ки ба сурати ҷиддӣ ба фикри таъсиси иттиҳод бошанд надоранд”.

Мӯъминзода мӯътақид аст, ки "агар ҳамин ҳозир, шурӯъ ба ин кор накунем, фардо дер мешавад. Худо медонад душманони мо дар ҳоли ҳозир дар ҳоли рехтани чӣ барномаҳои шум ва шайтонӣ бар зидди мо мебошанд? Манзарае, ки чанд ҳафта пеш дар Қирғизистон дидем, яке аз аҳдофаш вобаста нигоҳ доштани Қирғизистон ба кишварҳои абарқудрат буд. Баъзе аз масъулони амниятии кишвари мо бар ин боваранд, ки иллати он, заъфу нотавонии нерӯҳои амниятии кишвари Қирғизистон буд. Шояд яке аз сабабҳояш ҳамин бошад, вале ҳамаи сабаб ин нест. Душман агар бихоҳад шарре бапо хезонад, садҳо равзана пайдо мекунад. Набояд ба худ болид. Муҳимтарин сабабаш, ҳамин кучак будану пуштибони воқеӣ надоштани Қирғизистон мебошад. Тоҷикистони мо ҳам, мавқеияте назири мавқеияти Қирғизистонро дорад. Ба назари ман, имрӯз мо бояд ҳар чи зудтар ба фикри эҷоди иттиҳод бошем”.

Мавонеи сари роҳ...

Камина мӯътақидам, барои таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон монеаҳое ҳаст, ки ҳарчанд бузург, вале убурпазиранд, яъне метавон аз онҳо убур кард. Яке аз онҳо, иродаи ҷиддӣ надоштани сарони ду кишвари Афғонистон ва Тоҷикистон барои таъсиси ин иттиҳод аст.

Сарони кунунии Афғонистон, чи бихоҳем ва чи нахоҳем, то андозае иродаи сиёсии мустақил аз иродаи Амрико ва муттаҳидонаш надоранд. Ва рӯшан аст, ки Амрико ва муттаҳидонаш, ҳаргиз хоҳони таъсиси ин иттиҳод намебошанд.

Аз сӯи дигар, Толибон низ, ки бештари ҳаводоронашро мардуми паштун ташкил медиҳанд, фикр намекунам розӣ ба эҷоди иттиҳоди номбурда бошанд.

Покистон ҳам, ба унвони пуштибони таърихии мардуми паштузабони Афғонистон, ҳаргиз зери бори ҳамсояе нерӯманд нахоҳанд рафт. Вуҷуди миллияти ӯзбак дар қаламрави Афғонистон, ки таърихан кишварҳое чун Туркия ва Ӯзбакистон аз ҳомиёни асосии онҳо ба шумор меоянд, қатъан аз мухолифони эҷоди як чунин иттиҳод хоҳанд буд.

Ва аммо Тоҷикистон... Давлатмадорон ва низ порае аз элитаи зинуфуз дар ҷомеаи Тоҷикистон, қатъан ин ҳарос ба сар доранд, ки таъсиси иттиҳоди мазкур, шояд мӯҷиби вуруди афкори мухолифи он чи хостгоҳи мардум ва ҷомеаи тоҷик аст ба Тоҷикистон шуда ва дарди сарҳои фаровоне дуруст кунад.

Аз сӯи дигар, нуфузи ҳанӯз нерӯманди Русия дар Тоҷикистонро набояд аз зеҳнҳо дур кард. Эҷоди иттиҳоди номбурда яъне худоҳофизии ҳамешагӣ бо нуфузи русҳо дар Тоҷикистон аст, ва дар сурати иқдом ба ташкили ин иттиҳод, найрангу шайтанати русҳо дар ҷиҳати амалӣ нашудани он, тоза шурӯъ хоҳад шуд. Он гоҳ амалан хоҳем дид, ки мухолифону "оппозиция”-ҳои сохта ва пардохта аз сӯйи русҳо қад алам карда ва бо пуштибонии Русия ва соири кишварҳои ҳамсоя, даст ба кор шуда ва он гоҳ Худо худ медонад, ки чӣ балое ба сари ҷомеаи мо хоҳанд овард.

Монеаи дигар, адами шинохти кофии мардумони ин се кишвар аз якдигар аст. Ҳарчанд ҳар як аз ин се кишвар дорои тақрибан фарҳанг ва забони муштарак мебошанд, вале набояд ин воқеиятро ҳам аз назар дур кунем, ки ҳанӯз мо ҳамдигарро ба гунаи бояд ва шоиста намешиносем. Бовар кунед ҳанӯз мо тоҷикон афғонҳоро куллан, ҳатто тоҷикони Афғонистонро низ, ва ҳамчунин мардуми Эронро бегона аз хеш меҳисобем. Албатта, ин монеа, дар сурати рафту омаду доду ситади бештар қобили бартараф шудан аст.

Монеаи дигар, тафовути аз замин то осмони сохтори сиёсии ин се кишвар аз якдигар аст. Агар кишварҳои аврупоӣ муваффақ ба таъсиси Иттиҳодияи Аврупо шуданд, бе шак яке аз авомили мусоид барои ташаккули он, сохтори сиёсии ба ҳам мушобеҳи ин кишварҳо буд. Тамомии ин кишварҳо дорои низоми демократик (-и воқеӣ), муассисот ва ниҳодҳои мадании қавӣ, мардумони то ҳудуде бедор ва иқтисоди побарҷо буданд.

Аммо сохтори сиёсии се кишвари форсизабон, аз замин то осмон бо ҳам фарқ дорад. Эрон дорои низоми исломӣ, ва он ҳам исломии махсус ба мазҳаби ташаюъ, ки "вилояти фақеҳ” ном дорад мебошад. Афғонистон, гар чи давлати исломӣ унвон дорад, аммо дар воқеъ дорои сохторест махсус ба худаш, ки на метавон рӯйи он унвони исломӣ гузошт ва на метавон онро низоми демократик хонд. Хулоса, як низомест фақат махсуси Афғонистон ва дар ҳеҷ ҷои дигар аз дунё назири онро наметавон пайдо кард. Рӯшан нест лойиҷирга чӣ ҷойгоҳе дорад, маҷлис аз чӣ мавқеияте бархӯрдор аст, риёсати ҷумҳурӣ чӣ нақшеро ифо мекунад ва ғайра...

Тоҷикистон ҳам, гар чи хештанро давлати демократик мехонад, аммо дар воқеъ ҳукуматест аз назари сиёсӣ то ҳудуде номушаххас, назири соири ҳукуматҳои мавҷуд дар Осиёи Марказӣ, ки зоҳиран дар ҳамаи онҳо порлумон ҳаст, интихобот ҳаст, раиси ҷумҳур аз тариқи раъйдиҳии мардум интихоб мешавад ва... аммо дар воқеъ қудрат дар дасти як шахси муайян, ки раиси ҷумҳур бошад қарор дорад ва ӯст, ки ҳама кора мебошад.

Ба ҳар ҳол, ин се кишвар, аз назари сиёсӣ, бо ҳам тафовутҳое умда доранд, ки дар эҷоди иттиҳод миёни онҳо, метавонанд мушкилот ва мавонеи бузургеро ба вуҷуд оваранд.

Роҳи убур аз ин мавонеъ...

Аммо бо вуҷуди монеаҳои номбурда, боз ҳам роҳи убур аз онҳо вуҷуд дорад. Ба назари камина, муҳимтарин омили мусоид барои эҷоди Иттиҳоди кишварҳои форсизабон, ин вуҷуди иродаи ҷиддӣ дар миёни бархе аз сиёсатмадорон, табақаи рӯшанфикр ва ҳатто мардумони зиёди ин се кишвар мебошад. Ҳамин ирода худ кофист ин ҳадаф рӯзе ҷомаи амал бипӯшад. Ҳол, барои таҳаққуқи ин ҳадаф чӣ бояд кард ва аз куҷо бояд корро шурӯъ намуд?

Камина мӯътақидам, бо таваҷҷӯҳ ба мавонеи номбурда дар боло, ин кор дар яке ду сол ва ҳатто то даҳ соли оянда шуданӣ нест. Агар матолибе, ки дар поён ёдовар хоҳам шуд, ба сурати ҷиддӣ пайгирӣ шаванд, умед меравад баъд аз тақрибан 15 сол – агар мавонеи дигаре эҷод нашавад – ин кор таҳаққуқ хоҳад ёфт.

Пеш аз ҳама лозим аст ба ин нукта ишора гардад, ки ин кор қабл аз он ки бо иродаи дастгоҳҳои сиёсӣ ва давлатии ин се кишвар таҳаққуқ пазирад, бояд мавриди қабул ва ризояти комили мардумони ин кишварҳо қарор гирад. Яъне агар мардумон розӣ буданд, ҳатман ҷомаи амал хоҳад пӯшид. Ҳол, бояд чӣ кор кард?

1. Нахустин гом дар ин замина он аст, ки бояд ҳудуду марзҳои иттиҳоди мавриди назар дақиқан мушаххас шавад. Ин се кишвар, дар айни доштани низомҳои сиёсии мустақил ва мутафовит аз якдигар, дар кадом заминаҳое мехоҳанд, ва ё бояд, бо ҳам муттаҳид бошанд: пули воҳид, артиши воҳид, иқтисоди ба ҳам пайваста ва аз ин қабил чизҳо?.. Инҳо бояд мушаххас гардад. Барои ин кор, ниёз аст дар ҳар як аз ин се кишвар, гурӯҳе муташаккил аз афроди ботаҷриба, бо мадди назар қарор додани тафовути сохтори сиёсии ин се кишвар, ба тарҳрезии дақиқи ин мушаххасот бипардозанд;

2. Гоми баъдӣ он аст, ки дар сурати тавофуқ ва иттифоқи гурӯҳҳои номбурда дар ҳар як аз ин се кишвар бар сари ҳудуду марзҳои иттиҳоди мазкур, ҳар як ба сурати ҷудогона, дар кишвари матбӯи худ тарҳи мавриди назарро барои мардум ва ҷомеа пешкаш ва мардумро ба ҳар тариқи мумкин рӯшан кунанд; чи аз тариқи ҳафтаномаву рӯзномаҳо, чи аз тариқи расонаи садо ва симо ва ғайра;

3. Гоми севвум, баъд аз он ки мардум ва ҷомеа ба гунаи рӯшан аз тарҳи иттиҳоди ин се кишвар огоҳ шуданд, тарҳи мавриди назар барои райъгирии умумӣ дар ҳар як аз ин се кишвар ба сурати ҷудогона гузошта шавад. Яъне дар ҳар як аз Эрону Афғонистону Тоҷикистон ҳамапурсӣ баргузор гардад. Дар сурати баргузории ҳамапурсӣ ва мувоқифати мардуми ин се кишвар, бовар кунед ҳеҷ монеае, чи дохилӣ ва чи берунӣ, наметавонад садди роҳи таъсиси ин иттиҳод гардад.

Монеаҳое чун мухолифати бархе аз ақаллиятҳои ғайри форсӣ дар ин се кишвар, мухолифати баъзе аз кишварҳои ҳамсоя, мухолифати абарқудратҳое чун Русияву Амрикову Иттиҳодияи Аврупову Чин ва дигар мавонеъ, ҳамагӣ, бо баргузории ҳамапурсӣ дар ҳар як аз ин се кишвар ва мувофиқати мардумони он, ҳама ба осонӣ қобили дафъ аст. Ҳеҷ чиз наметавонад садди роҳи хосту иродаи мардум бошад.

Ҳол, агар мардум раъйи манфӣ доданд, дар он сурат дигар ниёзе барои таъсиси он нест. Билохира ин мардум ҳастанд, ки бояд ҳарфи аввалу охир дар ин маҷолро бизананд.

Қобили ёдоварист, ки муваффақияти ин барнома дар дараҷаи аввал марҳуни гурӯҳест, ки аз ибтидо камари ҳиммат ба тарҳрезӣ, сипас тафҳими ҳудуду марзҳои он барои мардум ва дар поён пешниҳоди он барои ҳамапурсӣ хоҳанд баст. Ҳатман ин гурӯҳ – дар ҳар як аз ин се кишвар - бояд муташаккил аз афроде таҷрибадида, соҳибназар ва дорои нуфузи қобили таваҷҷӯҳ дар ҷомеа бошанд.

Масалан, дар Тоҷикистон, чи монее дорад, ки яке аз аҳзоб, чи ҳизби ҳоким бошад ва ё ҳизбе дигар, аз ҳамин ҳоло даст ба кор шуда, бо ташкили гурӯҳе муташаккил аз устодони барҷастаи донишгоҳ, соҳибназарон, рӯшанфикрон ва мутафаккирони ҷомеа ва бархе аз масъулони давлатӣ, ки хоҳони эҷоди як чунин иттиҳод мебошанд, пешоҳанг дар ин кор шаванд? Шояд ҳамин кор худ ҷараққае шавад то дар Афғонистону Эрон низ шабеҳи чунин гурӯҳе ба роҳ андохта шуда ва айни ҳамин аҳдофро думбол кунанд. Албатта, дар Эрон бо ташаббуси оқои Шабистарӣ, собиқ сафири Эрон дар Тоҷикистон, шабеҳи ин кор кайҳо сурат гирифтааст. Агар иштибоҳ накунам, эшон бо роҳандозии анҷумане бо унвони Анҷумани кишварҳои форсизабон, назири як чунин аҳдофро думбол мекарданд, ва ҳоло намедонам кори эшон то кунун ба куҷо расида.

Ба ҳар ҳол, ин буд дидгоҳи камина дар ин маҷол.

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 686 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июл 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz