Ҷумъа, 19.04.2024, 06:00
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Май » 8 » Фирқагароӣ ба ҷои исломгароӣ
Фирқагароӣ ба ҷои исломгароӣ
03:52

Суханронӣ дар ҷамъи фарогирони Маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддат

Бахши аввал

Ишора: Ахиран, дар Маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ва фурсатҳои мутолиотии Донишгоҳи Мустафо (с)-и Эрон, нишасте таҳти унвони "Эҳёи тафаккури динӣ” бо ширкати ҷамъе аз фарогирон ва донишҷӯён баргузор гардид ва дар ин нишаст камина (Сайидюнуси Истаравшанӣ) суханроние бо мавзӯи "Фирқагароӣ ба ҷои исломгароӣ” доштам, ки дар зайл матни комили он пешкаши хонандагони пойгоҳи Кимиёи саодат хоҳад шуд.

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим,

Унвоне, ки барои нишасти имрӯз дӯстон интихоб карданд ва хостанд банда барои азизон сӯҳбат бикунам, "Эҳёи тафаккури динӣ” аст. Азизон медонанд, ки наметавон дар як ҷаласа перомуни ин мавзӯъ, ки дорои абъоди бисёр густарда аст баҳс кард, балки ба чанд ҷаласа ва нишаст ниёз дорад.

Ба илова, дар ин замина, баҳсҳои бисёр ҷолиб ва дар хӯри таваҷҷӯҳ тавассути андешмандон ва мутафаккирони барҷастаи исломӣ амсоли Шаҳид Мутаҳҳарӣ, марҳуми дуктур Шариатӣ, Аллома Иқбол ва дигарон матраҳ шудааст, ки азизон мутолиа кардаанд ва агар накардаанд, бояд мутолиа кунанд ва ман ниёзе намебинам онҳоро ин ҷо такрор кунам.

Ҳол, мавзӯе, ки банда барои ҷаласаи имрӯз интихоб кардам ва мехоҳам дар атрофи он сӯҳбат бикунам, марбут аст ба ҳамин унвони куллӣ, ва дар воқеъ, яке аз масоилест, ки бояд дар он амали эҳё сурат бигирад, ва то ҷое ки медонам, ба гунаи бояд дар атрофи он баҳс нашудааст.

Дар ибтидо, ва ба унвони даромад ва муқаддимаи баҳс, ончи лозим аст арз кунам ин аст, ки вақте мегӯянд, "Эҳёи тафаккури динӣ”, мурод ин аст, ки як силсила мафоҳим ва ё омӯзаҳои динӣ ҳастанд, ки бо гузашти айём ва бар асари инҳирофоте, ки дар уммат ҳосил шуд, тағйири маъно намуданд ва бо ончи ки дар садри ислом аз он фаҳм мешуд мутафовит ва аҳёнан муғойир бо он гардид, ва имрӯз, матлуб ин аст, ки он мафоҳим ва омӯзаҳоро аз нав ва чунон ки дар садри ислом роиҷ буд, табйин кунем, ва ба иборати дигар, онҳоро эҳё намоем.

Бавижа мафоҳим ва омӯзаҳое, ки дар амали мусалмонон таъсиргузор ҳастанд. Зеро, бархе мафоҳим ва омӯзаҳо агар тағйири маъно намоянд, ҳарчанд матлуб он аст, ки онҳо низ эҳё бишаванд, аммо дар амали мусалмонон таъсире надоранд. Масалан, баҳси ин ки оё Қуръон қадим аст ё ҳодис, ихтилоф дар ин мавзӯъ, ҳеч таъсире дар амал надорад. Аммо порае аз мафоҳим ва омӯзаҳо ҳастанд, ки агар тағйири маъно пайдо кунанд, дар амали мусалмонон таъсир мегузорад.

Ба унвони мисол, мафҳуми "қазо ва қадар” дар садри ислом, як маънои комилан рӯшане дошт ва мусалмонони садри ислом, дар партави омӯзаҳои Қуръони Карим ва таълимоти Паёмбари Акрам (с), ҳаргиз аз ин мафҳум, на ҷабри мутлақ мефаҳмиданд ва на ихтиёри комил. Аммо, баъдан, касоне пайдо шуданд, ки аз "қазо ва қадаре”, ки ислом матраҳ мекунад, маънои дигаре ироа намуданд. Бархе гуфтанд, "қазо ва қадар” ин аст, ки инсон дар афъоле, ки аз ӯ содир мешавад, комилан маҷбур аст ва ихтиёре надорад; гумон мекунад, ки ихтиёр дорад, аммо ҳеч ихтиёре надорад. Ин гурӯҳ дар торих ба номи "Ҷабрийин” маъруфанд.

Хуб, рӯшан аст, ки касе ки як чунин бардоште аз "қазо ва қадар” менамояд, чӣ таъсири баде дар амали ӯ хоҳад гузошт. Як танбали ба тамоми маъно хоҳад шуд; ҳар иттифоқе рух диҳад, онро тавҷеҳ хоҳад кард ва хоҳад гуфт, Худо худ чунин хоста.

Дар муқобил, касоне ҳам пайдо шуданд, ки пиндоштанд, Худованд дар қаламрави афъоли иродии инсон ҳеч кора аст; ин худи инсон аст, ки ҳамакора аст. Ин ҳам навъе инҳироф буд. Ин ҷамоат дар торих ба номи "Қадарийин” маъруфанд.

Оқои Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар китоби арзишманди "Инсон ва сарнавишт”-ашон дар ин замина баҳси нисбатан мабсуте доранд, ки дӯстон ҳатман онро мутолиа кунанд.

Аммо мавзӯе, ки банда барои ин нишаст интихоб кардам ва мехоҳам андаке ба тафсил дар атрофи он сӯҳбат кунам, унвонаш "Фирқагароӣ ба ҷои исломгароӣ” аст.

Марзи "худӣ” бо "ғайри худӣ” дар садри ислом

Тавзеҳ он ки дар садри ислом, марзи "худӣ” бо "ғайри худӣ” дар назари як нафар мусалмон, танҳо мусалмон будан ва гароиши шахс ба мактаби ислом буд; ҳамин ки як нафар калимаи шаҳодатайн ба забон ҷорӣ созад ва худро мусалмон унвон бикунад, дигар ӯ "худ” маҳсуб мегардид. Дар ривоят аст, ки аз Анас ибни Молик (р) суол шуд, ки чӣ чизе хуну моли бандаро ҳаром мекунад? Яъне кадом вақт хуну молу номуси як нафар инсон барои ман мӯҳтарам мегардад ва таҷовуз ба он ҳаром аст? Анас посух дод, "ҳар кас шаҳодат диҳад, ки худое ҷуз Худои Ягона нест ва ба сӯи қиблаи мо рӯй оварад ва мисли мо намоз бихонад ва аз забиҳаи мо бихӯрад, мусалмон аст ва аз ҳамаи ҳуқуқ ва имтиёзоти мусалмонӣ бархӯрдор ва ҳамаи вазоиф ва таколифи мусалмонон бар ӯҳдаи ӯст.”[1]

Гароишҳо ва аҳёнан ихтилофоти ду нафар мусалмон дар баъзе аз масоили исломӣ дар садри ислом, ҳаргиз сабаб намешуд, ки миёни онҳо марз эҷод бишавад. Ҳатто мо маъмур нестем роҷеъ ба нияти дарунии як нафар инсон, ки калимаи шаҳодатайн дар забон ҷорӣ сохтааст, тафтиш кунем, ки оё аз рӯи нифоқ калима оварда ё аз рӯи садоқат? Ин дигар кори Худост. Аз ин рӯ, дар ривоят мехонем, ки Паёмбари Акрам (с) фармуда: "Ҳар кас мисли мо намоз бихонад ва ба сӯи қиблаи мо рӯй оварад ва аз забиҳаи мо бихӯрад, ӯ мусалмон буда ва дар паноҳи Худо ва фиристодаи Ӯст. Пас шумо дар қаламрави Худо муроқиби ӯ набошед.”[2]

"Дар қаламрави Худо муроқиби ӯ набошед”, яъне ин ки нияти дарунии ӯ дигар ба мову шумо марбут нест, ки оё содиқ аст ё дурӯғгӯ, ин дигар марбут ба худи Худост, ки агар дурӯғгӯ буд, Худо худаш медонад бо ӯ чӣ кор кунад. Мо танҳо маъмурем бар ҳасаби зоҳир бо ӯ рафтор кунем.

Ҳамчунин ихтилофоти дарунии мусалмонон низ, чунон ки ишора шуд, боис намегардид миёни онҳо марз эҷод бишавад ва бо ҳам эҳсоси бегонагӣ бикунанд; ба тавре ки (масалан) мусалмононе, ки роҷеъ ба масъалае аз масоили исломӣ, гунае дидгоҳ дошта бошанд, ки хилофи назари як иддаи дигар аз мусалмонон роҷеъ ба он масъала бошад, гирди ҳам ҷамъ бишаванду барои худ дору дастгоҳи ҷудогона роҳ андозанд ва масҷиде ҷудо дошта бошанд. Ҳаргиз чунин падидае дар садри ислом, бавижа қарни аввал ва дуюми ҳиҷрӣ ба чашм намехӯрд. Масоҷид муштарак буд. Шумо торихро варақ бизанед, хусусан торихи мусалмонон дар қарни аввалу дуюми ҳиҷриро. Оё дар ҷое хондаед, ки пайравони Алӣ (к) масҷиди ҷудогона дошта бошанд, пайравони хулафо масҷиди ҷудогона дошта бошанд, зайдиҳо масҷидашон ҷудо бошад?

Маънои ин, он ҳам нест, ки онҳо бо ҳам ихтилоф надоштанд. Китобҳое, ки дар заминаи фирақу мазоҳиби исломӣ навишта шудааст-ро нигоҳ кунед, бухусус китоби "Милалу Ниҳал”-и Шаҳристонӣ, ки мӯътабартарин китоб дар ин замина ба шумор меравад. Онҳо тасреҳ мекунанд, ки ихтилоф миёни мусалмонон билофосила баъд аз реҳлати Паёмари Акрам (с) оғоз шуд ва мусалмонон ба ду гурӯҳ тақсим шуданд; гурӯҳе бар ин бовар буданд, ки халифаи Паёмбар (с) тавассути худи он ҷаноб (с) таъйин шудааст, ки Алӣ (к) аст, ва гурӯҳе бар ин ақида шуданд, ки интихоби халифа ба ӯҳдаи худи уммат аст ва бар ҳамин асос Абӯбакр (р)-ро халифа интихоб карданд.

Ихтилоф буд, на ин ки набуд, аммо он ихтилофот боис намегардид миёни онҳо деворе ба баландии девори Чин эҷод гардад. Ҳама бо ҳам дар якҷо ва пушти сари якдигар намоз мехонданд. Далелҳои фаровон дорем мабнӣ бар ин ки дар садри ислом, мусалмонон, бо вуҷуди ихтилофоти фимобайн, пушти сари якдигар намоз мегузориданд. Ҳам дар кутуби аҳли тасаннун далелҳои фаровон дорем ва ҳам дар кутуби ривоии шиъа.

Марҳуми Шайхи Садуқ (р) китобе дорад ба унвони "Сифотуш шиъа” ва дар он, ривоётеро, ки аз Имомони Аҳли Байт (а) дар хусуси сифоти шиъаён ва ин ки як нафар шиъа бояд чӣ вижагӣ ва сифоте дошта бошад, гирд овардааст. Садуқ (р) дар ин китоб аз Имом Содиқ (а) чунин ривояте нақл мекунад, ки ба шиъаёни худ дастур медиҳад: "Тавсия мекунам шуморо, ки тақвои илоҳӣ пеша кунед... Худованд дар китобаш мефармояд, бо мардум хушгуфтор бошед, шумо – эй шиъаён! – беморони он даста аз мусалмонҳоеро, ки бо шумо ихтилоф доранд (яъне аҳли суннат) иёдат кунед, дар маросими ташйеъи ҷанозаи амвоти онон ширкат кунед, агар аз шумо хостанд бар нафъашон ё бар зараршон дар маҳкама шаҳодат диҳед, ҳамроҳ бо онон дар масоҷидашон намоз гузоред, ҳуқуқашонро адо намоед ва...

Дар кутуби аҳли тасаннун ҳам ривоёте ба ҳамин мазмун нақл шудааст. Муҳаддисон ва ҳадиспажӯҳони маъруфи аҳли суннат, аз ровиёни шиъа ҳадис нақл мекарданд ва онҳоро сиқа (мавриди эътимод) медонистанд. Яке аз дӯстон ахиран китобе таълиф карда ба номи "Алӣ ва ёронаш” ва дар он, исми ҳудуди 100 нафар аз ровиёне, ки дар торих ба унвони "шиъа” ё "рофизӣ” маъруф буданд меоварад, ки муҳаддисоне чун Бухорӣ, Муслим, Абӯдовуд, Насоӣ ва ғайра, ки ҳамагӣ аз ҳадиспажӯҳони машҳури аҳли суннат ба шумор меоянд, аз эшон ривоят нақл кардаанд. Ровиёне чун Абон ибни Тағлаб (ки Муслим дар Саҳеҳи худ аз ӯ 8 ривоят нақл кардааст), Аҳмад ибни Муфаззал (ки Муслим аз ӯ ривоят нақл кардааст), Усайд ибни Зайд (ки аз машойихи Бухорӣ маҳсуб мегардад), Асбағ ибни Набота (Ибни Моҷа аз ӯ ҳадис нақл кардааст), Аёс ибни Омир (ки Абӯдовуд, Насоӣ ва Ибни Моҷа аз вай ҳадис нақл кардаанд) ва ғайра, ки ин бародарамон ҳудуди 100 нафар аз ровиёни шиъаро зикр намудааст.

Идома дар бахши дуюм


[1] Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.2, саҳ.151).

[2] Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.2, саҳ.150).

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 819 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz