Душанбе, 26.10.2020, 10:48
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Апрел » 10 » Фарҷоми туғёнгар
Фарҷоми туғёнгар
20:58

Сайидюнуси Истаравшанӣ

"Оре, ҳар ойина одамӣ чунон аст, ки ҳар гоҳ худро бениёз ва тавонгар бинад, аз ҳад мегузарад”. (Сураи Иқраъ, ояти 6).

Худованди мутаол, дар ин ояти карима, одамиро чунин васф мекунад, ки вақте дорои қудрату сарват гардид ва замоне ки мақому мансабе насибаш шуд, хештанро бениёз мебинад, аз худ меравад, фикр мекунад ин қудрату сарват дигар аз ӯ зоилшуданӣ нест, ба ҳадде масти қудрату сарват мегардад ва ба андозае туғён мекунад, ки мисли Фиръавн арбада мекашад, ки "Ман парвардигори волои шумоям”, ҳол, агар забони қолаш чунин нагӯяд, забони ҳолаш гӯёи ин маъност, чунин меангорад, ки мардумон дигар бардаҳои ҳалқабардӯши вай ҳастанд, ҳар коре ки дилаш мехоҳад бо эшон раво медорад.

Фаромӯшаш мешавад, ки дунё соҳибе дорад Худо ном; Худое, ки мегӯяд: "Оё чунин пиндоштед, ки мо шуморо беҳуда офаридаем ва шумо ба сӯйи мо бознахоҳед гашт?” (Сураи Мӯъминун, ояти 115).

Фаромӯшаш мешавад, ки зиллату хориву пушаймонӣ, на танҳо дар ҷаҳони дигар гиребонгири амсоли ӯ аз туғёнгарон аст, балки дар ҳамин дунё Худо ваъда дода аст фарҷоми некӯе нахоҳанд дошт: "Оё (гумон мекунед) мо мусалмононро ҳамчу ҷинояткорон қарор хоҳем дод? Шуморо чӣ шуда аст, ки чунин доварӣ мекунед?” (Сураи Қалам, оятҳои 35 ва 36), "Оё (гумон мекунанд) мо касонеро, ки имон оварданд ва амалҳои нек анҷом доданд мисли фасодкорон дар рӯи замин қарор медиҳем, ё парҳезкоронро мисли фоҷирон қарор хоҳем дод?” (Сураи Сод, ряти 28).

Эй он касе ки масти қудратӣ ва ба мардумонат ситам раво медорӣ! Бингар ба фарҷоми ҳамтоёнат аз Фиръавну Намруду Чингизу Темуру Гитлеру Сталину дигару дигарон, ки вақте ба ғазаби Худову хашми халқи Худо гирифтор шуданд, чӣ поёни талхе гиребонгирашон шуд?

Хабар дорӣ аз Хусравони аҷам

ки карданд бар зердастон ситам?

На он шавкату подшоӣ бимонд

на он зулм бар рустоӣ бимонд

Гӯянд, Намруд, ки аз фарти туғён замоне хештанро "худо” меангошт, саранҷом ба дасти як мӯрчаи хурдакаке, ки ба гӯши вай ворид шуда буд, залилона мурд.

Гитлер, ки замоне одам куштан барояш мисли як ҳашара куштанро мемонд, ҳангоми суқут, бо як хориву зиллат хештанро ба дастони худ нобуд сохт ва мурду рафт.

Сталини хуношом, ки аз он дигарӣ дар зулму ситаму одамкушӣ кам надошт, ба гуфтаи духтараш Светлана, дар поёнҳои умри худ, ҳолу вазъе дошт, ки ҳатто хондани он барои инсон ваҳшатофарин аст. Духтараш мегӯяд, вақте вориди утоқе шудам, ки падарам дар поёнҳои зиндагии худ дар он ба сар мебурд, дидам аз шиддати азобе, ки падарам ҳангоми эҳтизор дошта, ба ҳадде хештанро хафа намуда то зудтар ҷон бисупорад, ки ду ангуштонаш аз гардан вориди ҳанҷарааш гардида.

"Пас, чун он чиро бад-он панд дода шуданд фаромӯш карданд, дарҳои ҳама чизро бар рӯи онон гушодем, он гоҳ чун бад-он чи дода шуданд шодмон гаштанд, ногаҳон бигрифтемашон, пас, ҳамон дам (аз наҷоту раҳмат) навмед шуданд. Пас, беху буни гурӯҳе, ки ситам карданд бурида шуд ва сипосу ситойиш Худорост парвардигори ҷаҳониён” (Сураи Анъом, оятҳои 44 ва 45).

Эй он касе ки аз доштани қудрату шавкат ҳанӯз дар ҳоли мастӣ ба сар мебарӣ! Бидон, ки оҳи мазлум пеши Худованд бас азим ва оҳу нолаву дуои ӯ бар зидди ту дар пешгоҳи Худованд ҳатман мустаҷоб хоҳад буд. Дар ривоёт омада аст:

"Аз дуои мазлум битарс, зеро ӯ ҳаққашро аз Худо талаб менамояд ва Худо низ аз ҳаққи ҳеҷ ҳақдоре дареғ намекунад”. (Канзул-уммол: 3/507/7650).

"Аз дуои мазлум битарсед, зеро дуои ӯ бар фарози абрҳо ҳамл мегардад ва Худованди мутаол хитоб (ба ӯ) мефармояд: Савганд ба иззату ҷалолам, ки ҳар ойина туро гар чи баъд аз муддате, ёрӣ хоҳам расонд”. (Ал-муъҷамул-кабир: 4/84/3718).

"Аз нафрини мазлум битарсед, зеро ҳамонанди шӯълаи оташ ба сӯйи осмон забона мекашад”. (Мустадрак: 1/29).

"Аз нафрини мазлум битарсед гар чи кофир бошад, зеро байни дуои вай ва иҷобати Худо пардае нест”. (Муснади Аҳмад: 3/153).

Пас, эй касе ки дар маснади қудрат қарор дорӣ! Қабл аз сипарӣ шудани фурсат, ба доди мазлумон бирас, эшонро аз озодиҳои ба ҳаққашон, ки Худояшон ба онон ато фармуда маҳрум масоз, рафоҳро ба ҷои маҳрумият, эҳсоси амну амон аз худатро ба ҷои тарсу ҳарос аз ҷонибат, хидмат ба мардумонатро ба ҷои кулфат бар эшон ва аз ҳама муҳим шоистасолориро ба ҷои хешовандсолорӣ баргузин, ки агар панду насиҳати носеҳ ба гӯши шунавоят ворид нашуд, пас, бидон, ки фарҷоми ту ҳамон хоҳад буд, ки гиребонгири ҳамтоёнат гардид.

Комёб бошед

Бахш: Достонҳои ибратангез | Просмотров: 776 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz