Панҷшанбе, 25.04.2024, 17:25
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Март » 14 » Фалсафаи Наврӯз
Фалсафаи Наврӯз
20:35

Зиндаёд Алии Шариатӣ

Сухани тоза аз Наврӯз гуфтан душвор аст. Наврӯз як ҷашни миллист. Ҷашни миллиро ҳама мешиносанд, ки чист. Наврӯз ҳарсола барпо мешавад ва ҳарсола аз он сухан меравад. Бисёр гуфтаанд ва бисёр шунидаед.

Пас, ба такрор ниёзе нест?

Чаро, ҳаст. Магар Наврӯзро худ такрор намекунед?

Пас, сухан аз Наврӯзро низ мукаррар бишнавед. Дар илму адаб такрор малоловар аст ва беҳуда. "Ақл” такрорро намеписандад, аммо "эҳсос” такрорро дӯст дорад. Табиат такрорро дӯст дорад. Ҷомеа ба такрор ниёзманд аст. Табиатро аз такрор сохтаанд, ҷомеа бо такрор нерӯманд мешавад, эҳсос бо такрор ҷон мегирад ва Наврӯз, достони зебоест, ки дар он, табиат, эҳсос ва ҷомеа, ҳар се дастандаркоранд.

Наврӯз, ки қарнҳои дароз аст бар ҳамаи ҷашнҳои ҷаҳон фахр мефурӯшад, аз он рӯ "ҳаст”, ки як қарордоди маснуии иҷтимоӣ ва ё як ҷашни таҳмилии сиёсӣ нест; ҷашни ҷаҳон аст ва рӯзи шодмонии замин, осмону офтоб ва ҷӯши шукуфтанҳо ва шӯри зоданҳо ва саршор аз ҳаяҷони ҳар "оғоз”.

Ҷашнҳои дигарон, ғолибан инсонҳоро аз коргоҳҳо, мазрааҳо, дашту саҳро, кӯчаву бозор, боғҳову киштзорҳо дар миёни утоқҳо ва зери сақфҳо ва пушти дарҳои баста ҷамъ мекунад: қаҳвахонаҳо, кабареҳо, зерзаминиҳо, солунҳо, хонаҳо ... дар фазои гарм аз нафт, рӯшан аз чароғ, ларзон аз дуд, зебо аз ранг ва ороста аз гулҳои коғазӣ, муқаввоӣ, мумӣ, бӯи кундур ва атр ва ...

Аммо Наврӯз дасти мардумро мегирад ва аз зери сақфҳо, дарҳои баста, фазоҳои хафа, лойи деворҳои баланд ва наздики шаҳрҳо ва хонаҳо ба домани озод ва бекаронаи табиат мекашонад: гарм аз баҳор, рӯшан аз офтоб, ларзон аз ҳаяҷони офариниш ва офаридан, зебо аз ҳунармандии боду борон, ороста бо шукӯфа, ҷавона, сабза ва муаттар аз:

"Бӯи борон, бӯи пуна, бӯи хок,

Шохаҳои шуста, боронхӯрда, пок ...”

Наврӯз, таҷдиди хотираи бузургест; хотираи хешовандии инсон бо табиат. Ҳар сол, ин фарзанди фаромӯшкор, ки саргарми корҳои маснуӣ ва сохтаҳои печидаи худ, модари хешро аз ёд мебарад, бо ёдовариҳои васвасаомези Наврӯз, ба домани вай бозмегардад ва бо ӯ, ин бозгашт ва таҷдиди дидорро ҷашн мегирад. Фарзанд дар домани модар, худро бозмеёбад ва модар дар канори фарзанд, чеҳрааш аз шодӣ мешукуфад, ашки шавқ меборад, фарёдҳои шодӣ мекашад, ҷавон мешавад, ҳаёти дубора мегирад ва бо дидори Юсуфаш бино ва бедор мешавад.

Тамаддуни маснуии мо ҳар чи печидатар ва сангинтар мегардад, ниёз ба бозгашт ва бозшинохти табиатро дар инсон ҳаётитар мекунад ва бад-ин гуна аст, ки Наврӯз, бар хилофи баъзе суннатҳо, ки пир мешаванд ва фарсуда ва гоҳ беҳуда; рӯ ба тавоноӣ меравад ва дар ҳар ҳол, ояндаи ҷавонтар ва дурахшонтар дорад, чи, Наврӯз роҳи севвумест, ки ҷанги деринаеро, ки аз рӯзгори Лаоцзи ва Конфуций то замони Руссо ва Волтер даргир аст ба оштӣ мекашонад.

Наврӯз танҳо фурсате барои осойиш, тафреҳу хушгузаронӣ нест, ниёзи зарурии ҷомеа, хӯроки ҳаётии як миллат низ ҳаст. Дунёе, ки бар тағйиру таҳаввул, гусехтану зойил шудан, дар ҳам рехтану аз даст рафтан бино шуда аст; ҷое ки дар он, он чи собит аст ва ҳамвора лоятағайяр ва ҳамеша пойдор, танҳо тағйир аст ва нопойдорӣ, чӣ чиз метавонад миллатеро, ҷомеаеро, дар баробари арробаи бераҳми замон − ки бар ҳама чиз мегузарад ва леҳ мекунад ва меравад, ҳар пояеро мешиканад ва шерозаеро мегусалад – аз завол масун дорад?

Ҳеҷ миллате бо як насл ва ду насл шакл намегирад; миллат, маҷмӯаи пайвастаи наслҳои мутаволии бисёр аст, аммо замон, ин тири бераҳм, пайванди наслҳоро қатъ мекунад; миёни мо ва гузаштагони мо – онҳо, ки руҳи ҷомеаи мо ва миллати моро сохтаанд – даррраи ҳавлноки таърих ҳафр шуда аст; қарнҳои туҳӣ моро аз онон ҷудо сохтаанд; танҳо суннатҳо ҳастанд, ки пинҳон аз чашми ҷаллоди замон, моро аз ин дарраи ҳавлнок гузар медиҳанд ва бо гузаштагонамон ва бо гузаштаҳоямон ошно месозанд. Дар чеҳраҳои муқаддаси ин суннатҳост, ки мо ҳузури ононро дар замони хеш, канори хеш ва дар "худи хеш”, эҳсос мекунем; ҳузури худро дар миёни онон мебинем ва ҷашни Наврӯз яке аз устувортарин ва зеботарин суннатҳост.

Дар он ҳангом ки маросими Наврӯзро бапо медорем, гӯи худро дар ҳамаи Наврӯзҳое, ки ҳарсола дар ин сарзамин бапо мекардаанд, ҳозир меёбем ва дар ин ҳол, саҳнаҳои торику рӯшан ва сафаҳоти сиёҳу сафеди таърихи миллати куҳанамон дар баробари дидагонамон варақ мехӯрад, режа меравад. Имон ба ин ки Наврӯзро миллати мо ҳарсола дар ин сарзамин бапо медошта аст, ин андешаҳои пурҳаяҷонро дар мағзамон бедор мекунад, ки: оре, ҳарсола! Ҳатто ҳамон соле ки Искандар чеҳраи ин хокро ба хуни миллати мо рангин карда буд, дар канори шӯълаҳои маҳибе, ки аз тахти Ҷамшед забона мекашид, ҳамон ҷо, ҳамон вақт, мардуми мусибатзадаи мо Наврӯзро ҷиддитар ва бо имони бештаре барпо мекардаанд; оре, ҳарсола! Ҳатто ҳамон сол, ки сарбозони Қутайба бар канораи Ҷайҳуни сурхранг, хайма барафрошта буданд ва Муҳаллаби Хуросонро паёпай қатои омм мекард, дар оромиши ғамгини шаҳрҳои маҷрӯҳ ва дар канори оташкадаҳои сарду хомӯш, Наврӯзро гарму пуршӯр ҷашн мегирифтанд.

Таърих аз марде дар Сиистон хабар медиҳад, ки дар он ҳангом, ки араб саросари ин сарзаминро дар зери шамшери халифаи ҷоҳилӣ ором карда буд, аз қатли омми шаҳрҳо ва вайронии хонаҳо ва оворагии сипоҳиён мегуфт ва мардумро мегирёнд ва сипас, чанги хешро бармегирифту мегуфт: "Аботимор, андаке шодӣ бояд!” Наврӯз дар ин солҳо ва дар ҳамаи солҳои ҳамонандаш, шодие ин чунин буда аст, айёшӣ ва "бехудӣ” набуда аст, эъломи мондан ва идома доштан ва будани ин миллат буда ва нишонаи пайванд бо гузаштае, ки замон ва ҳаводиси вайронкунандаи замон ҳамвора дар гусастани он мекӯшида аст.

Наврӯз ҳама вақт азиз буда аст; дар чашми муғон, дар чашми мӯбадон ва дар чашми мусалмонон. Ҳама Наврӯзро азиз шумурдаанд ва бо забони хеш, аз он сухан гуфтаанд. Ҳатто файласуфону донишмандон, ки гуфтаанд: "Наврӯз, рӯзи нахустини офариниш аст, ки Урмазд даст ба хилқати ҷаҳон зад ва шиш рӯз дар ин кор буд ва шишумин рӯз, хилқати ҷаҳон поён гирифт ва аз ин рӯст, ки нахустин рӯзи Фарвардинро Ҳурмазд ном додаанд ва шишумин рӯзро муқаддас шумурдаанд”.

Чи афсонаи зебое; зеботар аз воқеият! Ростӣ магар ҳар кас эҳсос намекунад, ки нахустин рӯзи баҳор, гӯи нахустин рӯзи офариниш аст? Агар рӯзе Худо ҷаҳонро оғоз карда аст, мусалламан он рӯз, ин Наврӯз буда аст. Мусалламан, баҳор нахустин фасл ва Фарвардин нахустин моҳ ва Наврӯз нахустин рӯзи офариниш аст. Ҳаргиз Худо ҷаҳонро ва табиатро бо пойиз ё зимистон ё тобистон оғоз накарда аст. Мусалламан, аввалин рӯзи баҳор, сабзаҳо рӯйидан оғоз кардаанд ва рӯдҳо рафтан ва шукӯфаҳо сар задан ва ҷавонаҳо шукуфтан, яъне Наврӯз.

Бешак, руҳ дар ин фасл зода аст ва ишқ дар ин рӯз сар зада аст ва нахустин бор офтоб дар нахустин рӯзи Наврӯз тулӯъ карда аст ва замон бо вай оғоз шуда аст.

Ислом, ки ҳамаи рангҳои қавмиятро зудуд ва суннатҳоро дигаргун кард, Наврӯзро ҷалои бештаре дод, шероза баст ва онро бо пуштвонаи устувор, аз хатари завол дар даврони мусалмонии ирониён масун дошт... Наврӯз, ки бо ҷони миллият зинда буд, руҳи мазҳаб низ гирифт; суннати миллӣ ва нажодӣ, бо имони мазҳабӣ ва ишқи нерӯманди тозае, ки дар дилҳои мардуми ин сарзамин барпо шуда буд пайванд хӯрд ва муҳкам гашт, муқаддас шуд ва дар даврони сомониён, расман як шиори мазҳабӣ гардид, мамлув аз ихлосу имону ҳамроҳ бо дуоҳо ва авроди вижаи хеш...

Наврӯз – ин пире, ки ғубори қарнҳои бисёр бар чеҳрааш нишаста аст – дар тӯли таърихи куҳани хеш, рӯзгоре дар канори муғон, авроди меҳрпарастонро хитоб ба хеш мешунида аст; пас аз он, дар канори оташкадаҳои зардуштӣ, суруди муқаддаси мӯбадон ва замзамаи Авесто ва суруши Аҳуромаздоро ба гӯшаш мехонданд; аз он пас, бо оёти Қуръон ва забони Аллоҳ аз ӯ таҷлил мекарданд ва акнун, илова бар он, бо намозу дуои мусалмон ва ишқ ба ҳақиқати ислом ӯро ҷон мебахшанд ва дар ҳамаи ин чеҳраҳои гуногунаш, ин пири рӯзгоролуд, ки дар ҳамаи қарнҳо ва бо ҳамаи наслҳо ва ҳамаи аҷдоди мо – аз рӯзгори афсонаии Ҷамшеди бостонӣ то кунун – зиста аст ва бо ҳамаамон буда аст, рисолати бузурги хешро, ҳама вақт, бо қудрат ва ишқу вафодорӣ ва самимият анҷом дода аст ва он, зудудани ранги пажмурдагӣ ва андӯҳ аз симои ин миллати навмед ва маҷруҳ аст ва дар омехтани руҳи мардуми ин сарзамини балохез бо руҳи шоду ҷонбахши табиат ва азимтар аз ҳама, пайванд додани наслҳои мутаволии ин қавм – ки бар сари чаҳорроҳи ҳаводиси таърих нишаста ва ҳамвора теғи ҷаллодону ғоратгарон ва созандагони калламанораҳо банд-бандашро аз ҳам мегусаста аст ва низ паймони ягонагӣ бастан миёни ҳамаи дилҳои хешовандӣ, ки девори абус ва бегонаи давронҳо дар миёнаашон ҳоил мегашта ва дарраи амиқи фаромӯшӣ миёнашон ҷудоӣ меафканда аст.

Ва мо, дар ин лаҳза, дар ин нахустин лаҳазоти оғози офариниш, нахустин рӯзи хилқат, рӯзи Урмазд, оташи аҳуроии Наврӯзро боз бармеафрӯзем ва дар умқи виҷдони хеш, ба поймардии хаёл, аз саҳроҳои сиёҳ ва маргзадаи қуруни туҳӣ мегузарем ва дар ҳамаи Наврӯзҳое, ки дар зери осмони пок ва офтоби рӯшани сарзамини мо барпо мешуда аст, бо ҳамаи занону мардоне, ки хуни онон дар рагҳои мо медавад ва руҳи онон дар дилҳои мо мезанад ширкат мекунем ва бад-ин гуна, "будани хеш”-ро, ба унвони як миллат, дар тундбоди решабарандози замонҳо ва ошӯби гусехтанҳо ва дигаргун шуданҳо хулуд мебахшем ва дар ҳуҷуми ин қарни душманкомӣ, ки моро бо худ бегона сохта ва "холӣ ах хеш”, бардаи ром ва туъмаи зудуда аз "шахсият” ин Ғарби ғортагар карда аст, дар ин миъодгоҳе, ки ҳамаи наслҳои таърих ва асотири миллати мо ҳузур доранд, бо онон пайванди вафо мебандем ва "амонати ишқ”-ро аз онон ба вадиа мегирем, ки "ҳаргиз намемирем” ва "давоми ростин”-и хешро ба номи миллате, ки дар ин саҳрои азими башарӣ, реша дар умқи фарҳангии саршор аз ғино ва қадосат ва ҷалол дорад ва бар пояи "асолат”-и хеш, дар раҳгузари таърих истода аст, "бар саҳифаи олам сабт” кунем.

Алии Шариатӣ

Фароҳамоваранда: Ҳанифахон Юнусзодаи Истаравшанӣ

http://www.kemyaesaadat.com/

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 1220 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz